ОНЛАЙН-КИТОБХОНАИ Бурҷи дидбонӣ
ОНЛАЙН-КИТОБХОНАИ
Бурҷи дидбонӣ
тоҷикӣ
ӯ
  • ғ
  • ӣ
  • қ
  • ӯ
  • ҳ
  • ҷ
  • КИТОБИ МУҚАДДАС
  • АДАБИЁТ
  • ВОХӮРИҲО
  • wp23 № 1 саҳ. 8-9
  • 2 | Аз Каломи Худо тасаллӣ ёбед

Видеонавор вуҷуд надорад.

Бубахшед, видеонавор боргирӣ нашуд.

  • 2 | Аз Каломи Худо тасаллӣ ёбед
  • Бурҷи дидбонӣ Подшоҳии Яҳуваро эълон мекунад (нашри оммавӣ)—2023
  • Зерсарлавҳаҳо
  • Маводи монанд
  • Ин чӣ маъно дорад?
  • Чӣ ёрдам мекунад?
  • Депрессия. Чӣ тавр ҷавононро аз чанголи он халос кунем?
    Бедор шавед!—2017
  • 3 | Аз хизматгорони Худо ибрат гиред
    Бурҷи дидбонӣ Подшоҳии Яҳуваро эълон мекунад (нашри оммавӣ)—2023
Бурҷи дидбонӣ Подшоҳии Яҳуваро эълон мекунад (нашри оммавӣ)—2023
wp23 № 1 саҳ. 8-9
Марди пиронсоле дар бораи чизҳои аз Китоби Муқаддас хондааш мулоҳиза меронад.

2 | Аз Каломи Худо тасаллӣ ёбед

КИТОБИ МУҚАДДАС МЕГӮЯД: «Ҳар он чӣ пештар навишта шудааст, барои таълими мо навишта шудааст, то ба воситаи истодагарии худ ва тасаллие, ки аз Навиштаҳо меёбем, умедвор бошем» (РУМИЁН 15:4).

Ин чӣ маъно дорад?

Дар Китоби Муқаддас фикрҳои тасаллибахшеро ёфтан мумкин аст, ки ба мо қувват мебахшанд ва ёрдам мекунанд, ки дар мубориза бо фикрҳои манфӣ таслим нашавем. Ғайр аз ин, Китоби Муқаддас умед мебахшад, ки ба наздикӣ дигар ҳеҷ кас аз ҳиссиёти дардовар азоб намекашад.

Чӣ ёрдам мекунад?

Ҳамаи мо баъзан бо ҳиссиёти манфӣ мубориза мебарем; вале онҳое, ки депрессия ё ҳисси хавотирӣ доранд, ҳар рӯз бо ин гуна ҳиссиёт мубориза мебаранд. Чӣ тавр Китоби Муқаддас дар ин маврид ёрдам карда метавонад?

  • Фикрҳои хуби Китоби Муқаддас ҷойи фикрҳои манфиро гирифта метавонанд (Филиппиён 4:8). Онро хонда мо ақли худро бо фикрҳои тасаллибахше пур мекунем, ки барои идора кардани эҳсосотамон ёрдам мекунанд (Забур 94:18, 19).

  • Китоби Муқаддас ба мо ёрдам мекунад, ки дигар худро ночизу нодаркор ҳис накунем (Луқо 12:6, 7).

  • Бисёр порчаҳои Китоби Муқаддас моро дилпур месозанд, ки мо танҳо нестем ва Худо, ки Офаридгори мост, ҳиссиётамонро пурра мефаҳмад (Забур 34:18; 1 Юҳанно 3:19, 20).

  • Худо дар Китоби Муқаддас ваъда медиҳад, ки ба қарибӣ аз хотираҳои дардовар ному нишоне боқӣ намемонад (Ишаъё 65:17; Ошкорсозӣ 21:4). Вақте моро фикру ҳиссиёти манфӣ азоб медиҳанд, ин ваъда ба мо қувват мебахшад, ки муборизаи худро давом диҳем.

Ёрдами Китоби Муқаддас. Ҷесика

Чӣ тавр афсурдаҳолӣ ба ман таъсир мерасонад?

Ҷесика Китоби Муқаддас дар даст хобаш бурдааст.

«Дар синни 25-солагӣ асабам сахт хароб шуд. Духтурон ба ман гуфтанд, ки ба як намуди бемории депрессия гирифтор шудаам. Маро хотираҳои дардоваре азоб медоданд, ки ҳеҷ ҷилави онҳоро кашида наметавонистам. Духтурон фаҳмонданд, ки сабаби депрессияи ман фикрронии манфӣ аст, ки аз рӯйдодҳои дардоваре, ки дар ҳаёт паси сар карда будам, сарчашма мегиранд. Онҳо ба ман дору навиштанд ва тавсия доданд, ки бо мутахассиси ин соҳа гап занам. Ин ба ман ёрдам дод, ки аз худ дур кардани фикрҳои манфиро ёд гирам».

Чӣ тавр Китоби Муқаддас ба ман ёрдам медиҳад?

«Вақте сахт афсурдаҳол мешудам, ваҳму воҳима диламро зер мекард. Боз ман аз ҳад хавотир мешудаму хобам намебурд. Одатан фикрҳои манфӣ шабона дар сарам давр мезанданду маро хавотир мекарданд. Чи хеле ки дар Забур 94:19 гуфта шудааст, вақте диламонро ғаму ташвиш фаро мегирад, Худо моро тасаллӣ дода, ором мекунад. Барои ҳамин шабҳо дар болои сарам Китоби Муқаддас ва дафтареро, ки дар он оятҳои рӯҳбаландкунанда навишта шудаанду ба ман ёрдам медоданд, мемондам. Вақте хобам намебурд, ман якчанд ояти Китоби Муқаддасро мехондам ва фикрҳои Худо маро тасаллӣ медоданд.

Китоби Муқаддас моро даъват мекунад, то фикррониамонро бо тарзи фикри Яҳува ҳамоҳанг созем. Пеш ман фикр мекардам, ки ҳеҷ кас маро нағз намебинад, ман ба ягон кас даркор нестам ва ноуҳдабароям. Аммо баъд фаҳмидам, ки ин гуна фикрҳо бар зидди Китоби Муқаддас мебарояд, охир дар он гуфта шудааст, ки Худо Падари меҳрубону ғамхор аст ва ба ҳар яки мо ёрдам мекунад. Ман побанди фикрҳои манфӣ будам, лекин оҳиста-оҳиста идора кардани онҳоро ёд гирифтам ва ба худам бо чашми Яҳува нигоҳ мекардагӣ шудам. Ин қадами муҳим ба ман ёрдам дод, ки нисбати худ назари дуруст дошта бошам.

Ман медонам, ки дар ояндаи наздик хотираҳои талху дардовар, фикрҳои манфӣ ва бемориҳои равонӣ аз байн мераванд. Ин фикр ба ман қувват мебахшад, ки пурсабр бошам ва замонеро интизор шавам, ки бо ин беморӣ дигар мубориза бурдан лозим намешавад».

Маълумоти иловагӣ:

Ба сомонаи jw.org/ru дароед ва мақолаи «Кумак аз “Худои ҳар тасалло”»-ро аз маҷаллаи «Бедор шавед!»-и моҳи июли соли 2009 хонед.

Оятҳои тасаллибахши китоби Забурро аз сомонаи jw.org/tg хонед.

    Адабиёт дар забони тоҷикӣ (2000–2025)
    Баромадан
    Даромадан
    • тоҷикӣ
    • Фиристодан
    • Ҷӯркунӣ
    • Copyright © 2025 Watch Tower Bible and Tract Society of Pennsylvania
    • Шарти истифодабарӣ
    • Сиёсати ҳифзи асрор
    • Танзимоти ҳифзи асрор
    • JW.ORG
    • Даромадан
    Фиристодан