ОНЛАЙН-КИТОБХОНАИ Бурҷи дидбонӣ
ОНЛАЙН-КИТОБХОНАИ
Бурҷи дидбонӣ
тоҷикӣ
ӯ
  • ғ
  • ӣ
  • қ
  • ӯ
  • ҳ
  • ҷ
  • КИТОБИ МУҚАДДАС
  • АДАБИЁТ
  • ВОХӮРИҲО
  • wp23 № 1 саҳ. 10-11
  • 3 | Аз хизматгорони Худо ибрат гиред

Видеонавор вуҷуд надорад.

Бубахшед, видеонавор боргирӣ нашуд.

  • 3 | Аз хизматгорони Худо ибрат гиред
  • Бурҷи дидбонӣ Подшоҳии Яҳуваро эълон мекунад (нашри оммавӣ)—2023
  • Зерсарлавҳаҳо
  • Маводи монанд
  • Ин чӣ маъно дорад?
  • Чӣ ёрдам мекунад?
  • 2 | Аз Каломи Худо тасаллӣ ёбед
    Бурҷи дидбонӣ Подшоҳии Яҳуваро эълон мекунад (нашри оммавӣ)—2023
  • 4 | Маслиҳатҳои Китоби Муқаддасро ба кор баред
    Бурҷи дидбонӣ Подшоҳии Яҳуваро эълон мекунад (нашри оммавӣ)—2023
  • 1 | Дуо. «Ҳамаи ғамҳои худро ба Худо партоед»
    Бурҷи дидбонӣ Подшоҳии Яҳуваро эълон мекунад (нашри оммавӣ)—2023
  • Шумо барои Яҳува гаронбаҳоед!
    Бурҷи дидбонӣ Подшоҳии Яҳуваро эълон мекунад — (нашри омӯзишӣ) 2021
Маълумоти бештар
Бурҷи дидбонӣ Подшоҳии Яҳуваро эълон мекунад (нашри оммавӣ)—2023
wp23 № 1 саҳ. 10-11
Ҳазрати Мӯсо ғамгин асту ба осмон нигоҳ карда дуо мегӯяд.

3 | Аз хизматгорони Худо ибрат гиред

ДАР КИТОБИ МУҚАДДАС ДАР БОРАИ... мардону занони ба Худо содиқе гуфта шудааст, ки «мисли мо ҳиссиёт» доштанд (ЯЪҚУБ 5:17, поварақ).

Ин чӣ маъно дорад?

Дар Китоби Муқаддас мисоли бисёр занону мардоне навишта шудааст, ки бо ҳар гуна ҳиссиёти манфӣ мубориза мебурданд. Саргузашти онҳоро хонда, мо, шояд, қаҳрамонеро ёбем, ки ҳиссиёташ ба мо монанд аст.

Чӣ ёрдам мекунад?

Ҳамаи мо мехоҳем, ки дигарон ҳиссиётамонро фаҳманд, хусусан вақте бо бемории равонӣ мубориза мебарем. Вақте Китоби Муқаддасро мехонем, бо нафароне шинос мешавем, ки фикру ҳиссиёташон ба мо монанд аст. Он гоҳ мефаҳмем, ки дигарон низ мисли мо азоб кашидаанд. Ин чиз ба мо ёрдам мекунад, ки ҳангоми бо ҳиссиёти манфӣ мубориза бурдан худро танҳо ҳис накунем.

  • Дар Китоби Муқаддас мисоли бисёр касоне оварда шудааст, ки баъзан ночору ноумед мешуданд. Оё шумо боре ба худ гуфта будед: «Ман дигар наметавонам, тоқатам тоқ шуд»? Пайғамбар Мӯсо, Илёс ва Довуд ҳам суханони ба ин монандро гуфта буданд (4 Мӯсо 11:14; 3 Подшоҳон 19:4; Забур 55:4).

  • Дар Китоби Муқаддас дар бораи зане бо номи Ҳанно навишта шудааст. Ҳанно бефарзанд буд ва дигарон ӯро таъна мезаданд, барои ҳамин ин зани бечора худро зиқу рӯҳафтода ҳис мекард (1 Подшоҳон 1:6, 10).

  • Дар Китоби Муқаддас дар бораи Айюб ном марде гуфта мешавад. Ӯ имони бақувват дошт, лекин як рӯз ҷонаш ба лаб омаду ба Яҳува чунин гуфт: «Аз ҷон безор шудаам, дигар зиндагӣ кардан намехоҳам» (Айюб 7:16).

Одамоне, ки дар боло номбар кардем, бар ҳиссиёти манфии худ дастболо шуданд. Донистани он ки чӣ тавр онҳо тарзи фикрашонро дигар карданд, ба мо қувват мебахшад, ки муборизаро давом диҳем.

Ёрдами Китоби Муқаддас. Кевин

Чӣ тавр бемории биполярӣ ба ман таъсир мерасонад?

Кевин бо ду дӯсташ қаҳва нӯшида истодааст.

«Вақте қариб 50-сола будам, духтурон ба ман гуфтанд, ки бемории биполярӣ дорам. Баъзан ба назарам чунин менамояд, ки ба тамоми душвориҳои ҳаёт бардошт карда метавонам. Лекин гоҳе ҳис мекунам, ки зиндагӣ маъное надорад».

Чӣ тавр Китоби Муқаддас ба ман ёрдам медиҳад?

«Ҳиссиёти як қаҳрамони Китоби Муқаддас, яъне Петруси расул, ба ман монанд аст. Вай дар ҳаёт ба хатоҳо роҳ дод ва аз ин сабаб худро нодаркор ҳис мекард. Ба ҷойи ба фикрҳои манфӣ дода шудан Петрус аз дӯстони мушфиқу ғамхораш кумак мепурсид. Вақте бемориам авҷ мегирад, ман худро нокомилтарин ва нодаркортарин инсон ҳис мекунам. Дар чунин лаҳзаҳо ман ҳаракат мекунам, ки мисли Петрус бо дӯстонам бештар вақт гузаронам. Онҳо ба ман ёрдам мекунанд, ки таслим нашавам.

Мисоли ҳазрати Довуд ҳам, маро тасаллӣ медиҳад. Ӯ тез-тез дар бораи вазъияташ фикр карда зиқ мешуд ва аз хатоҳои кардааш пушаймон мегашт. Ҳолати ман ба ӯ монанд аст, чунки баъзан корҳое мекунам ё суханоне мегӯям, ки баъд пушаймон мешавам. Суханони Довуд, ки дар таронаи 51-уми Забур навишта шудаанд, маро тасаллӣ медиҳанд. Дар ояти 3 ӯ мегӯяд: “Аз ҷиноятҳои худ огоҳам ва гуноҳам доимо пеши назарам аст”. Дар лаҳзаҳои тираву тори ҳаёт ман худро айнан ҳамин хел ҳис мекунам. Он вақт дар бораи худам дуруст фикр кардан бениҳоят душвор мешавад. Баъд мисли Довуд, ки суханонаш дар ояти 10 оварда шудаанд, чунин мегӯям: “Эй Худоям, андарунам дили поке биофар ва сиришти наву пойдоре ба вуҷуд ор”. Ман ҳам Худоро зора мекунам, ки фикррониямро ислоҳ кунад. Сипас ояти 17-ро хонда, тасаллӣ меёбам. Он ҷо гуфта шудааст: “Дили шикаставу решро, эй Худо, ту рад намекунӣ”. Ин оят маро дилпур месозад, ки Худо маро дӯст медорад.

Дар бораи мисолҳои Китоби Муқаддас мулоҳиза рондан ва диққатро ба корҳое, ки ҳозир Худо бароям мекунад, равона кардан умедамро ба оянда қавӣ месозад. Ба туфайли ин ваъдаҳои Китоби Муқаддас бароям воқеӣ мегарданд ва ин ба ман кумак мекунад, ки дар зиндагӣ таслим нашавам».

Маълумоти иловагӣ:

Ба сомонаи jw.org/ru дароед ва мақолаи «Мубориза бо бемории рӯҳию равонӣ»-ро аз маҷаллаи «Бедор шавед!», аз 8-уми январи соли 2004, хонед.

    Адабиёт дар забони тоҷикӣ (2000–2025)
    Баромадан
    Даромадан
    • тоҷикӣ
    • Фиристодан
    • Ҷӯркунӣ
    • Copyright © 2025 Watch Tower Bible and Tract Society of Pennsylvania
    • Шарти истифодабарӣ
    • Сиёсати ҳифзи асрор
    • Танзимоти ҳифзи асрор
    • JW.ORG
    • Даромадан
    Фиристодан