МАҚОЛАИ ОМӮЗИШИИ 22
СУРУДИ 61 Мехоҳам, ки ба Ту дилписанд бошам
Чӣ хел мулоқоти бобаракат дошта бошед?
«Ороиши дарунӣ... хеле пурарзиш аст» (1 ПЕТ. 3:4).
МАҚСАД
Чӣ тавр ду масеҳии муҷаррад мулоқоти бобаракат дошта метавонанд ва чӣ тавр дигар аъзои ҷамоат вақти мулоқоташон онҳоро дастгирӣ карда метавонанд.
1, 2. Баъзеҳо дар бораи замони мулоқоташон чӣ мегӯянд?
МУЛОҚОТ замони ҳаяҷонбахшу хурсандиовар аст. Агар шумо бо касе мулоқот карда истода бошед, бешак, мехоҳед, ки он нағз гузарад. Барои бисёр ҷуфтҳо ҳамин тавр ҳам мешавад. Тсионa ном хоҳаре аз Эфиопия мегӯяд: «Яке аз хушбахттарин замони зиндагиям вақте буд, ки ману шавҳарам бо якдигар вомехӯрдем. Мо баъзан суҳбатҳои ҷиддӣ мекардему баъзан чақ-чақ карда механдидем. Ман дарк кардам, ки касеро ёфтаам, ки маро дӯст медораду ман дӯсташ медорам. Аз ин хеле шод будам».
2 Вале бародаре аз Голландия бо номи Алесио чунин мегӯяд: «Ба ман маъқул буд, ки бо занам вохӯрда ӯро нағзтар мешинохтам, аммо мулоқоти мо душвориҳо низ дошт». Чи хеле мебинем, ҳангоми мулоқот баъзе мушкилиҳо пеш омада метавонанд. Дар ин мақола гап дар бораи якчанд чунин мушкилӣ меравад ва мо мефаҳмем, ки чӣ тавр бо ёрии принсипҳои Китоби Муқаддас онҳоро ҳал кунем. Инчунин мо мебинем, ки чӣ тавр аҳли ҷамоат онҳоеро, ки бо якдигар мулоқот мекунанд, дастгирӣ карда метавонад.
МАҚСАДИ МУЛОҚОТ
3. Мақсади мулоқот чист? (Панднома 20:25).
3 Замони мулоқот хурсандибахш буда метавонад. Он ҳамчунин қадами ҷиддиест, ки метавонад сӯйи издивоҷ барад. Дар рӯзи тӯй зану шавҳар дар пеши Яҳува аҳд мебанданд, ки, то даме зиндаанд, якдигарро дӯст медоранду ҳурмат мекунанд. Аз ин рӯ, пеш аз чунин қадами ҷиддӣ гузоштан шахс бояд масъаларо ҳаматарафа баркашад. (Панднома 20:25-ро хонед.) Вақти мулоқот бародару хоҳар пеш аз қарори дуруст кардан имкон доранд бо якдигар хуб шинос шаванд. Баъзан натиҷаи мулоқот қарори оиладор шудан аст, баъзан бошад, бас кардани мулоқот. Агар бародару хоҳаре, ки бо якдигар вомехӯранд, аз ҳам ҷудо шаванд, гумон накунед, ки корашон барор наёфт. Баръакс, мулоқот ба онҳо ёрӣ расонд, ки ба қарори дуруст биёянд.
4. Чаро ҳар яки мо бояд ба вақти мулоқот назари дуруст дошта бошем?
4 Барои чӣ ба мулоқот назари дуруст доштан зарур аст? Вақте масеҳиёни муҷаррад ба мулоқот назари дуруст доранд, онҳо бо касе вохӯриро бе нияти ҷиддӣ сар намекунанд. Аммо на фақат масеҳиёни муҷаррад, балки ҳамаи мо бояд ба мулоқот назари дуруст дошта бошем. Масалан, баъзе одамон чунин фикр доранд, ки, агар ду нафар мулоқотро сар кунанд, онҳо бояд ҳатман оиладор шаванд. Ин фикрронӣ ба масеҳиёни муҷаррад чӣ тавр таъсир кардааст? Хоҳари муҷарраде аз Иёлоти Муттаҳида бо номи Мелиса мегӯяд: «Ба Шоҳидоне, ки мулоқот мекунанд, дигарон бисёр фишор меоранд. Аз ин рӯ баъзе касоне, ки дигар мулоқотро давом додан намехоҳанд, ҷуръат намекунанд онро бас кунанд. Дигар масеҳиёни муҷаррад бошанд, аз мулоқот тамоман дурӣ меҷӯянд. Ба чунин фишор тоб овардан осон нест».
ЯКДИГАРРО НАҒЗ ШИНОСЕД
5, 6. Онҳое, ки мулоқот мекунанд, бояд дар бораи якдигар чиро фаҳманд? (1 Петрус 3:4).
5 Агар шумо аллакай мулоқот карда истода бошед, чӣ тавр фаҳмед, ки оиладор шавед ё не? Якдигарро нағз шиносед. Пеш аз сар кардани мулоқот шумо, бешак, каму беш якдигарро шинохтед, аммо акнун шумо имкон доред, ки аз дилу даруни ҳамдигар огоҳ шавед. (1 Петрус 3:4-ро хонед.) Шумо метавонед дар бораи рӯҳоният, феълу шахсият ва фикрронии якдигар хубтар фаҳмед. Бо гузашти вақт шумо бояд ба саволҳои зерин ҷавоб ёбед: оё ин шахс барои ман ҳамсари хуб шуда метавонад? (Пнм. 31:26, 27, 30; Эфс. 5:33; 1 Тим. 5:8). Оё мо ниёзҳои эҳсосии якдигарро қонеъ карда метавонем? Оё мо ба камбудиҳои якдигар чашм пӯшида метавонем?b (Рум. 3:23). Дар ёд доред, ки ҷуфти мувофиқ ду нафаре нестанд, ки ба якдигар сахт монанданд, балки ду нафареянд, ки ба гуногунии якдигар мутобиқ мешаванд.
6 Вақти мулоқот шумо боз чиро дар бораи якдигар бояд фаҳмед? Пеш аз он ки ба якдигар сахти бад дил бандед, дар бораи баъзе масъалаҳои муҳим маълумот гиред. Масалан, дар бораи мақсадҳои якдигар фаҳмед. Вале дар бораи баъзе масъалаҳои шахсӣ чӣ гуфтан мумкин аст, масалан, бемориҳо, душвориҳои пулӣ, захмҳои дил ва гузашта? Шарт нест дар аввали мулоқот ҳамаи ин мавзуъҳоро бардоред. (Бо Юҳанно 16:12 муқоиса кунед.) Агар шумо фикр кунед, ки ҳанӯз барои бардоштани баъзе масъалаҳои нозук тайёр нестед, ба шахсе, ки ҳамроҳаш мулоқот карда истодаед, инро гӯед. Вале барои ба қарори дуруст омадан як рӯз не, як рӯз ба шумо лозим мешавад, ки дар ин мавзуъҳо дилатонро кушоед.
7. Чӣ тавр бародар ва хоҳаре, ки мулоқот мекунанд, якдигарро беҳтар шинохта метавонанд? (Ҳамчунин ба чорчӯбаи «Агар шумо аз якдигар дур зиндагӣ кунед» нигаред.) (Ҳамчунин ба расм нигаред.)
7 Чӣ хел аз таги дили одам, аз чӣ гуна инсон буданаш, бохабар шуда метавонем? Яке аз роҳҳои беҳтарин гуфтугӯйи озоду ростқавлона доштан аст. Ба якдигар савол диҳеду якдигарро бодиққат гӯш кунед (Пнм. 20:5; Яъқ. 1:19). Шумо метавонед якҷоя бо машғулиятҳои суҳбаткушо банд шавед. Масалан, якҷоя хӯред, дар ҷойҳои серодам сайругашт намоед ва якҷоя мавъиза кунед. Вақте якҷоя ҳамроҳи дӯстону наздикон вақт мегузаронед, якдигарро нағзтар мешиносед. Ҳамчунин бо машғулиятҳои ҳархела банд шавед, то бинед, ки дигар шахс дар вазъиятҳои гуногун ва бо одамони гуногун чӣ тавр рафтор мекунад. Бинед, ки Ашвин аз Голландия кадом роҳро пеш гирифт. Ӯ дар бораи мулоқоташ бо Алиша мегӯяд: «Мо машғулиятҳоеро мекофтем, ки барои якдигарро шинохтан ёрӣ мерасонданд. Аксар вақт чунин машғулиятҳо корҳои одӣ буданд, ба монанди якҷоя авқот пухтан ё корҳои хонаро якҷоя кардан. Вақти чунин машғулиятҳо мо айбу ҳунари якдигарро медидем».
Вақте якҷоя бо машғулиятҳои суҳбаткушо банд мешавед, якдигарро нағзтар мешиносед (Ба сархатҳои 7 ва 8 нигаред.)
8. Якҷоя омӯзиш кардан чӣ манфиат дорад?
8 Шумо ҳамчунин мавзуъҳои рӯҳониро якҷоя мутолиа карда, якдигарро хуб омӯхта метавонед. Вақте оиладор шавед, ба шумо лозим меояд, ки барои парастиши оилавӣ доимо вақт ҷудо кунед, то дӯстӣ бо Худо шаҳсутуни хонаводаи шумо бошад (Пандгӯ 4:12). Аз ин рӯ шумо метавонед ҳангоми мулоқотатон барои якҷоя омӯзиш кардан вақт ҷудо кунед. Албатта, масеҳиёне, ки бо якдигар мулоқот мекунанд, ҳанӯз зану шавҳар нестанд ва бародар ҳоло сарвари хоҳар нашудааст. Вале бо ҳам омӯзиш карда, шумо дар бораи рӯҳонияти якдигар фаҳмида метавонед. Зану шавҳаре бо номи Макс ва Лайса аз Иёлоти Муттаҳида дигар фоидаи омӯзиши якҷояро ёфтанд. Макс мегӯяд: «Дар аввали вохӯриямон мо аз адабиёт мавзуи мулоқот, тӯй ва оиладориро омӯхтем. Мутолиаи адабиёт сабаб шуду мо дар бисёр масъалаҳои муҳим гап задем. Агар якҷоя омӯзиш намекардем, ин суҳбатҳои муҳим худ ба худ ба амал намеомаданд».
ЯКЧАНД ОМИЛИ ДИГАР
9. Онҳое, ки дар бораи мулоқоташон ба касе гуфтаниянд, чиро бояд ба назар гиранд?
9 Дар бораи мулоқотатон шумо ба кӣ гуфта метавонед? Ин қарори шахсии ҳар дуи шумо аст. Шояд, дар аввали мулоқотатон хуб аст, ки ба одамони кам хабар диҳед (Пнм. 17:27). Бо ин кор шумо аз саволҳову фишори зиёдатӣ худро эмин медоред. Аммо, агар шумо дар ин бора касеро хабардор накунед, донед, ки пинҳониву танҳо вохӯрда, ба вазъиятҳои хатарнок дучор мешавед. Аз ин рӯ хуб аст, ки ақаллан ба касоне дар ин бора гӯед, ки маслиҳати хуб дода, ёрӣ расонда метавонанд (Пнм. 15:22). Масалан, шумо метавонед ба аъзои оилаатон, дӯстони баркамол ва пирони ҷамоат дар ин бора гӯед.
10. Чӣ ба бародару хоҳар кумак мекунад, ки ҳангоми мулоқот покиро нигоҳ доранд? (Панднома 22:3).
10 Чӣ тавр ҳангоми мулоқот ахлоқи поку одобро нигоҳ доред? Дар вақти мулоқот дилбастагию майлатон ба якдигар афзуда метавонад. Дар ин маврид чӣ ба шумо ёрӣ мерасонад, ки ахлоқи покро нигоҳ доред? (1 Қӯр. 6:18). Аз суҳбатҳои бемаъниву бадахлоқона дурӣ ҷӯед, танҳо намонед ва бисёр нанӯшед (Эфс. 5:3). Ин корҳо метавонанд шаҳвати касро зиёд кунанду азми дурусткориятонро суст кунанд. Як-як дар бораи он суҳбат кунед, ки чӣ тавр вақти мулоқот покрафтор монда метавонед. (Панднома 22:3-ро хонед.) Бинед, ки ба бародар Давит ва хоҳар Алмаз аз Эфиопия чӣ ёрӣ расонд. Онҳо мегӯянд: «Мо дар ҷойҳои серодам ё ҳалқаи дӯстонамон вақт мегузарондем. Мо ҳеҷ гоҳ дар хона ё дар мошин тоқа намемондем. Ҳамин тавр аз ҳолатҳои васвасаовар дурӣ меҷустем».
11. Бародару хоҳар дар мавриди изҳори муҳаббат ҳангоми мулоқот чиро бояд ба назар гиранд?
11 Биёед дар бораи чӣ тавр изҳор кардани муҳаббат гап занем. Меҳратон ба якдигар ки зиёд шудан гирад, бамаврид аст, ки муҳаббататонро ба тарзҳои раво изҳор намоед. Аммо хоҳишҳои ҷисм чи қадаре зӯртар шаванд, чашми хирадатон ҳамон қадар кӯртар мешавад ва дуруст баҳо додани шахси дигар бароятон душвор мегардад (Шоҳс. 1:2; 2:6). Ғайр аз ин, изҳори ишқу навозиш метавонад ба бадахлоқӣ расонад (Пнм. 6:27). Аз ин рӯ дар аввалҳои мулоқотатон аз рӯйи принсипҳои Каломи Худо чорчӯбаҳои ахлоқӣ гузоредc (1 Тас. 4:3–7). Ҳар дуятон аз худ пурсед: «Агар мардуми маҳалламон изҳори ишқу навозишро байни мо бинанд, чӣ фикр мекунанд? Оё чунин рафтор ба оташи шаҳватамон равған мерезад?»
12. Вақте нофаҳмӣ сар мезанад, чиро бояд дар ёд дошт?
12 Оё шумо мушкиливу нофаҳмиҳоро ҳал мекунед? Агар як-як миёни шумо нофаҳмӣ рӯй диҳад-чӣ? Оё ин гувоҳи он аст, ки шумо ба якдигар мувофиқ нестед? Албатта, не. Дар байни ҳама одамон нофаҳмӣ мешавад. Хонаводаи мустаҳкамро ду нафаре барпо карда метавонанд, ки вақти пайдо шудани мушкилиҳо тайёранд якдилона аз пайи ислоҳашон шаванд. Аз ин рӯ, агар имрӯз якдилона аз уҳдаи ҳалли мушкилиҳо бароед, пайванди заношӯиятон фардо мустаҳкам мешавад. Аз худатон пурсед: «Оё мо масъалаҳои гуногунро боэҳтиром ва оромона муҳокима карда метавонем? Оё мо дарҳол камбудиҳоямонро тан гирифта, аз пайи ислоҳашон мешавем? Оё бароямон гузашт кардан, бахшиш пурсидан ва бахшидан осон аст?» (Эфс. 4:31, 32). Аммо, агар вақти мулоқот миёнатон доим нофаҳмиҳо пайдо шаванд ё шумо пайваста баҳс кунед, вазъият баъди тӯй беҳтар намешавад. Агар вақти мулоқот шумо дарк кунед, ки бародар ё хоҳар бароятон ҷуфти мувофиқ нест, қатъ кардани мулоқот ба ҳар дуи шумо фоида меорадd.
13. Чӣ ба бародару хоҳар кумак мекунад, ки муҳлати мулоқоташонро муайян кунанд?
13 Мулоқотатон бояд чӣ қадар давом ёбад? Қарори шитобкорона оқибати хуб надорад (Пнм. 21:5). Шумо барои нағз шинохтани шахси дигар бояд вақти кофӣ дошта бошед. Аммо беҳуда кашол додани мулоқот ҳам кори хуб нест. Китоби Муқаддас мегӯяд: «Умедвории дурудароз дилро бемор мекунад» (Пнм. 13:12). Ғайр аз ин, бо давом ёфтани вохӯриятон лаҷоми нафсро қапидан бароятон душвортару душвортар мешавад (1 Қӯр. 7:9). Гап асосан сари ин нест, ки шумо чанд вақт боз вохӯрда истодаед, балки сари он аст, ки дар бораи якдигар чӣ қадар медонед. Аз ин рӯ аз худ пурсед: «Барои ба ягон қарор омадан ман бояд дар бораи одам боз чиро фаҳмам?»
ЧӢ ТАВР ДИГАРОН КУМАК КАРДА МЕТАВОНАНД?
14. Ҳамаи мо ба касоне, ки мулоқот мекунанд, чӣ хел ёрдам карда метавонем? (Ҳамчунин ба расм нигаред.)
14 Агар мо донем, ки бародару хоҳаре мулоқот карда истодаанд, чӣ тавр ба онҳо ёрӣ расонда метавонем? Мо метавонем онҳоро ба меҳмонӣ, парастиши оилавӣ ё ба ягон вақтхушӣ даъват кунем (Рум. 12:13). Чунин вазъиятҳо ба онҳо имкони хуб медиҳанд, ки якдигарро беҳтар шиносанд. Баъзан ба касоне, ки мулоқот мекунанд, шахсе даркор аст, ки ҳамроҳашон бошад, то ба вазъияти васвасаовар дучор нашаванд. Шояд, шумо аз ин ҷиҳат ба онҳо ёрӣ расонда тавонед. Ё, мумкин, онҳоро бо мошин ягон ҷо бурдан даркор шавад ё ба онҳо ҷой барои суҳбат даркор бошад. Оё шумо дар ин масъалаҳо кумаки худро пешкаш карда метавонед? (Ғал. 6:10). Алиша, ки дар боло дар борааш гуфтем, ба ёд меорад, ки ба ӯ ва Ашвин чӣ хел ёрӣ расонданд. Ӯ мегӯяд: «Баъзе бародарон гуфтанд, ки, агар ба мо ҷойи суҳбате даркор шавад, ки дар пешамон ягон одам бошад, метавонем ба хонаи онҳо биёем. Аз чунин пешниҳоди онҳо мо хеле хурсанд шудем». Агар бародару хоҳар аз шумо хоҳиш кунанд, ки ҳангоми мулоқоташон ҳамроҳи онҳо бошед, инро кори пуршараф шуморед. Эҳтиёт шавед, ки онҳоро тамоман танҳо намонед. Ҳамчунин аз рӯйи фаросат пай баред, ки кай ба онҳо барои гапи дилашонро ба якдигар гуфтан фурсат лозим (Флп. 2:4).
Агар мо донем, ки бародару хоҳаре мулоқот карда истодаанд, ба онҳо бо роҳҳои гуногун ёрӣ расонда метавонем (Ба сархатҳои 14 ва 15 нигаред.)
15. Барои касоне, ки вомехӯранд, боз чӣ кор карда метавонем? (Панднома 12:18).
15 Мо инчунин касонеро, ки мулоқот мекунанд, бо чӣ гуфтану чӣ нагуфтанамон дастгирӣ карда метавонем. Баъзан ба мо худдорӣ лозим мешавад. (Панднома 12:18-ро хонед.) Шояд, мо хоҳем ба дигарон дар бораи он гӯем, ки бародару хоҳаре бо якдигар мулоқот мекунанд, вале, мумкин, онҳо худашон ин хабарро расондан хоҳанд. Мо набояд дар ҳаққи касоне, ки мулоқот мекунанд, ғайбат кунем ё онҳоро барои масъалаҳои интихоби шахсияшон танқид кунем (Пнм. 20:19; Рум. 14:10; 1 Тас. 4:11). Аз рӯйи одоб нест, агар мо фишор оварда гӯем, ки онҳо бояд оиладор шаванд ё саволҳои беҷо дода пурсем, ки тӯяшон кай мешавад. Хоҳаре бо номи Элиз ва шавҳараш ба ёд меоранд: «Мо ҳанӯз нақшаҳои тӯйро накашида, дигарон дар ин бора аз мо пурсон мешуданд. Ин моро дар ҳолати ногувор мегузошт».
16. Агар бародару хоҳар мулоқотро бас кунанд, чӣ хел бояд муносибат кунем?
16 Агар бародару хоҳар мулоқотро бас кунанд-чӣ? Мо набояд кунҷкобӣ кунем ё ягон касро тарафгирӣ намоем (1 Пет. 4:15). Хоҳаре бо номи Лия мегӯяд: «Баъд аз он ки ману як бародар мулоқотро бас кардем, ҳар хел миш-мишҳо сар шуданд. Ин ба ман сахт мерасид». Чуноне дар боло гуфтем, қатъ кардани мулоқот маънои нокомиву нобарориро надорад. Аксар вақт он нишон медиҳад, ки мулоқот ба мақсади худаш расид, бародару хоҳар ба қарори нағз омаданд. Аммо ин қарор, эҳтимол, бо худ дарду ғам овард ва, шояд, бародару хоҳар баъд аз ин дарди танҳоӣ мекашанд. Дар ин ҳолат барои дастгирӣ кардани онҳо имкон ҷӯед (Пнм. 17:17).
17. Ҳангоми мулоқот бародару хоҳар бояд қувваташонро ба чӣ сарф кунанд?
17 Чуноне дидем, мулоқот бе душворӣ нест, аммо он хурсандӣ ҳам меорад. Ҷесика ба ёд меорад: «Мулоқот аз мо заҳмати зиёдро талабид. Мо вақту қуввати бисёр сарф кардем, аммо ҳамаи ин сад дар сад арзанда буд». Агар шумо бо касе вохӯрда истода бошед, барои шинохтани якдигар кӯшишро дареғ надоред. Агар чунин кунед, мулоқотатон бомуваффақият меанҷомад ва шумо қарори бохирадона мекунед.
СУРУДИ 11 Дили Яҳуваро шод гардон
a Баъзе номҳо иваз шудаанд.
b Барои мулоҳиза дигар саволҳоро аз китоби «Саволҳои ҷавонон», ҷилди 2, саҳ. 39, 40 (рус.) ёфта метавонед.
c Молиш додани узви ҷинсии шахси дигар як навъи зино буда, пирон дар асоси чунин рафтори шахс чораҳои ҳуқуқӣ меандешанд. Ҳамчунин бо суҳбати телефонӣ ё паёмакнависӣ гапҳои бадахлоқона гуфтан ё ба синаҳои зане даст расондан баъзан чораҳои ҳуқуқиро металабад.
d Маълумоти иловагиро аз «Саволҳои хонандагон» дар «Бурҷи дидбонӣ» аз 15-уми августи соли 1999 (рус.) ёфтан мумкин аст.