МАҚОЛАИ ОМӮЗИШИИ 21
СУРУДИ 50 Муҳаббати илоҳӣ, ки ба мо намуна аст
Чӣ хел ҳамсар ёбам?
«Кист, ки зани некукорро биёбад? Баҳои вай аз марҷон гаронтар аст» (ПНМ. 31:10).
МАҚСАД
Дар ин мақола принсипҳои Китоби Муқаддасро мебинем, ки аз рӯйи онҳо ҳамсари хубро ёфтан мумкин аст. Мо ҳамчунин мебинем, ки чӣ тавр аҳли ҷамоат ба касоне, ки дар ҷустуҷӯйи ҳамсаранд, кумак карда метавонанд.
1, 2. а) Шахс чӣ хел фаҳмад, ки оё ба мулоқот тайёр аст? б) Мулоқот чист? (Ба «Маънои баъзе калимаву ибораҳо» нигаред.)
ОЁ ШУМО оиладор шудан мехоҳед? Ҳарчанд оиладорӣ барои хушбахтӣ шарту зарур нест, бисёр масеҳиёни муҷаррад хоҳ ҷавон бошанд, хоҳ калонсол, мехоҳанд хонадор шаванд. Албатта, пеш аз сар кардани мулоқот шумо бояд аз ҷиҳати пулӣ, рӯҳонӣ ва равонӣ барои оиладорӣ тайёр бошедa (1 Қӯр. 7:36). Он гоҳ зиндагии шумо бо ҳамсаратон хушбахттар мешавад.
2 Аммо ҳамсари хубро ёфтан кори осон нест (Пнм. 31:10). Ҳатто вақте шумо ягон касеро меёбед, ки ӯро беҳтар шинохтан мехоҳед, мулоқотро сар кардан бароятон душвор буда метавонадb. Маслиҳатҳои ин мақола дар ин масъала ба масеҳиёни безан ва бешавҳар ёрӣ мерасонанд. Ҳамчунин мо дида мебароем, ки чӣ тавр аҳли ҷамоат онҳоеро, ки хоҳиши оиладор шудан доранд, дастгирӣ карда метавонанд.
ЁФТАНИ ҲАМСАРИ ХУБ
3. Пеш аз сар кардани мулоқот шахс бояд чиро ба назар гирад?
3 Агар шумо оиладор шудан хоҳед, пеш аз сар кардани мулоқот бояд донед, ки ҳамсари табъи дилатон бояд чӣ гуна сифатҳо дошта бошад. Дар акси ҳол шумо бо касе вохӯриро сар карда метавонед, ки бароятон зан ё шӯйи мувофиқ намешавад. Албатта, масеҳӣ бояд вохӯриро танҳо бо масеҳии таъмидёфта сар кунад (1 Қӯр. 7:39). Вале на ҳар як шахси таъмидёфта барои шумо ҳамсари хуб шуда метавонад. Аз ин рӯ аз худ пурсед: «Ман дар зиндагӣ кадом мақсадҳо дорам? Кадом сифатҳоро ман дар ҳамсари ояндаам қадр мекунам? Оё ман аз ҳамсари ояндаам чизҳои воқеиро интизорам?»
4. Баъзе бародару хоҳарон дар бораи чӣ дуо мегӯянд?
4 Агар шумо хоҳиши оиладор шудан дошта бошед, бешак, шумо дар ин бора дуо гуфтаед (Флп. 4:6). Албатта, Яҳува ба ҳар як нафар зан ва шавҳар ваъда намедиҳад. Вале ӯ дар бораи ниёзҳои шумо ғамхорӣ мекунад ва эҳсосоти шумо барои ӯ муҳим аст. Аз ин рӯ, вақте шумо барои худ ҳамсар мекобед, ӯ дар ин кор метавонад ба шумо ёрӣ расонад. Пас, дилатонро доимо дар дуо холӣ карда, дар бораи ҳиссиёту хоҳишҳоятон ба ӯ гуфтан гиред (Заб. 62:8). Аз ӯ сабру хирад пурсед (Яъқ. 1:5). Бародари безане аз Иёлоти Муттаҳида бо номи Ҷонc мегӯяд, ки дар дуоҳояш аз чӣ ёдовар мешавад: «Ман ба Яҳува мегӯям, ки дар зани ояндаам кадом сифатҳоро дидан мехоҳам. Ман ҳамчунин дуо мегӯям, ки барои вохӯрдани касе, ки ҳамсарам шуда метавонад, фурсате пайдо шавад. Ман ҳамчунин аз Яҳува дар инкишоф додани хислатҳое, ки маро шавҳари хуб мегардонанд, мадад мепурсам». Хоҳаре аз Шри-Ланка бо номи Таня мегӯяд: «Ман барои худ шавҳари хуб мекобам, вале то ёфтани ҳамсар аз Яҳува хоҳиш мекунам, ки ба ман ёрӣ расонад, то ба ӯ вафодор монаму хурсанду некандеш бошам». Ҳатто агар шумо дарҳол касеро наёбед, ки бароятон ҳамсари хуб шуда тавонад, Яҳува нисбати ниёзҳои ҷисмониву эҳсосии шумо ғамхорӣ карданро бас намекунад (Заб. 55:22).
5. Ба масеҳиёни муҷаррад чӣ кумак мекунад, ки бо касоне шинос шаванд, ки Яҳуваро дӯст медоранд? (1 Қӯринтиён 15:58). (Ҳамчунин ба расм нигаред.)
5 Каломи Худо ба мо насиҳат медиҳад, ки «дар кори Худо ҷидду ҷаҳд» кунем. (1 Қӯринтиён 15:58-ро хонед.) Бо хизмати Худо банд шудаву бо бародару хоҳарони гуногун вақт гузаронда, шумо на фақат аз суҳбати онҳо хурсандӣ мегиред, балки дигар муҷаррадонеро вомехӯред, ки мисли шумо хизмати Худо дар ҷойи аввали ҳаёташон аст. Барои соҳиб шудани ризои Яҳува ҷон канда, шумо хушбахтии ҳақиқиро ҳис мекунед.
Бо хизмати Худо банд шудаву бо масеҳиёни гуногун вақт гузаронда, шумо дигар муҷаррадонеро вомехӯред, ки мисли шумо оиладор шуданиянд (Ба сархати 5 нигаред.)
6. Масеҳиёне, ки оиладор шудан мехоҳанд, бояд аз чӣ эҳтиёт шаванд?
6 Вале аз як чиз эҳтиёт шуданатон даркор: нагузоред, ки шӯкобӣ ё занкобӣ маркази зиндагии шумо шавад (Флп. 1:10). Хушбахтии инсон на ба оиладор будан ё набудани ӯ, балки ба дӯстияш бо Яҳува вобаста аст (Мат. 5:3). Вақте шумо оиладор нестед, барои васеъ кардани доираи хизмататон вақту озодии бештар доред (1 Қӯр. 7:32, 33). Аз ин вақт ба хубӣ истифода кунед. Хоҳаре бо номи Ҷесика аз Иёлоти Муттаҳида, вақти синнаш ба 40 наздик шудан оиладор шуд. Ӯ мегӯяд: «Ман доим саргарму андармони хизмат будам, аз ин рӯ то вақти оиладор шуданам хурсанду қаноатманд будам».
МУШОҲИДАКОР БОШЕД
7. Пеш аз пешниҳоди мулоқот чаро нағз мебуд шахсро хуб мушоҳида кунем? (Панднома 13:16).
7 Агар шумо фикр кунед, ки касе бароятон ҳамсари хуб шуда метавонад, чӣ кор бояд кард? Оё шумо ба ин кас дарҳол пешниҳоди мулоқот мекунед? Китоби Муқаддас мегӯяд, ки одами боақл пеш аз амал кардан маълумот ҷамъ мекунад. (Панднома 13:16-ро хонед.) Аз ин рӯ, пеш аз он ки бо одам дар ин масъала гап занед, муддате ӯро боэҳтиёт мушоҳида кунед. «Ҳиссиёти одам як пайдо шуда, дарҳол гум шуда метавонад,— мегӯяд бародаре бо номи Ашвин аз Голландия. — Аз ин рӯ вақте шитоб накарда шахсро мушоҳида мекунед, шумо дар сари эҳсосот мулоқотро сар намекунед». Шояд, шумо касеро таги чашм мекунед, вале муддате ӯро мушоҳида намуда ба хулосае меоед, ки ӯ бароятон ҷуфти мувофиқ нест.
8. Чӣ тавр дар бораи шахсе, ки таги чашм кардаед, бештар фаҳмида метавонед? (Ҳамчунин ба расм нигаред.)
8 Чӣ тавр шумо метавонед номаълумакак касеро мушоҳида кунед? Дар ҷамъомадҳо, зиёфатҳо ва вохӯриҳои дӯстона шумо дар бораи рӯҳонияти одам, шахсият ва рафтораш ягон чизро пай бурда метавонед. Дӯстони ӯ киянд? Ӯ дар бораи чӣ бисёр гап мезанад? (Луқ. 6:45). Оё мақсадҳояш бо мақсадҳои шумо мувофиқанд? Шумо метавонед бо пирони ҷамоати вай ё масеҳиёни баркамоле, ки ӯро нағз мешиносанд, суҳбат кунед ё дар бораи обрӯяш ва сифатҳояш пурсон шавед (Рут 2:11; Пнм. 20:18). Вақте шахсро мушоҳида мекунед, эҳтиёт шавед, ки ӯро нороҳат насозед. Боодоб бошед ва ҳиссиёту озодии шахсро эҳтиром кунед.
Пеш аз пешниҳод кардани мулоқот шахсро номаълумак мушоҳида кунед (Ба сархатҳои 7 ва 8 нигаред.)
9. Пеш аз он ки ба касе мулоқотро пешниҳод кунед, бояд аз чӣ дилпур шавед?
9 Пеш аз он ки ба одам мулоқотро пешниҳод кунед, бояд чӣ қадар ӯро мушоҳида кунед? Агар шумо одамро хуб нашинохта пешниҳоди вохӯрӣ кунед, дар назари кас булҳавас тофта метавонед (Пнм. 29:20). Вале, агар ин корро кашол диҳед, беҷуръат тофта метавонед, хусусан агар бародар ё хоҳар дар бораи шавқи шумо донад (Пандгӯ 11:4). Фаромӯш насозед: мулоқот пешниҳод кардан ҳоло пешниҳоди оиладорӣ нест,— шояд, кор бо тӯй наанҷомад. Лекин, агар шумо барои зиндагии оилавӣ тайёр набошед ва ё он бародар ё хоҳар дар назаратон ҳамсаршавандаи мувофиқ натобад, ин қадамро нагузоред.
10. Агар ба шумо шахсе таваҷҷуҳ кунад, ки табъи дилатон нест, бояд чӣ кор кард?
10 Агар пай баред, ки касе шуморо маъқул кардааст, чӣ кор карда метавонед? Агар шумо ҳам нисбати ӯ чунин ҳиссиёт надошта бошед, бо рафторатон инро маълум созед. Агар шумо ба он бародар ё хоҳар шавқ надошта бошед, вале бо ҳиссиёташ бозӣ кунеду бағалашро бо чормағзи пуч пур кунед, бераҳмӣ мешавад (1 Қӯр. 10:24; Эфс. 4:25).
11. Агар аз мо хоҳиш кунанд, ки барои дигарон ҳамсар ёбем, чиро бояд дар ёд дорем?
11 Дар баъзе ҷойҳо падару модар ё дигар калонҳо аз миёни хешу табор барои муҷаррадон ҳамсар интихоб мекунанд. Дар мамлакатҳои дигар бошад, ёру дӯстон барои муҷаррадон мулоқотро ташкил карда, барояшон имконият медиҳанд, ки бо ҳамдигар шинос шаванд ва бинанд, ки ҷуфти мувофиқ шуда метавонанд ё не. Агар аз шумо хоҳиш кунанд, ки барои касе ҷуфти мувофиқ ёбед, хоҳишу ниёзҳои ҳар ду ҷонибро ба назар гиред. Ҳамин ки ҳамсаршавандаеро ёбед, дар бораи ӯ маълумоти ҳар чӣ бештар гиред: дар бораи шахсияташ, сифатҳояш ва, аз ҳама муҳимаш, дар бораи рӯҳонияташ. Дӯстии қавӣ доштан бо Яҳува аз пул, маълумот ва обрӯю мартаба ҳазор баробар муҳимтар аст. Вале дар ёд доред, ки қарори ниҳоии оиладор шудан ё нашуданро бародару хоҳари муҷаррад худашон қабул мекунанд (Ғал. 6:5).
САР КАРДАНИ МУЛОҚОТ
12. Чӣ тавр ба касе мулоқотро пешниҳод кардан мумкин?
12 Чӣ хел ба одам пешниҳоди мулоқот карда метавонед?d Шумо метавонед ба одам занг занед ё ки дар ҷое вохӯрӣ ташкил кунед, ки одамони дигар низ ҳастанд. Ниятатонро равшан баён кунед (1 Қӯр. 14:9). Агар лозим шавад, барои ба одам ҷавоб гуфтан вақт диҳед (Пнм. 15:28). Агар шахс гӯяд, ки ба ин пешниҳоди шумо шавқманд нест, қарори ӯро ҳурмат кунед.
13. Агар касе ба шумо дар бораи ҳиссиёташ гӯяд, чӣ кор карда метавонед? (Қӯлассиён 4:6).
13 Агар касе ба шумо пешниҳоди мулоқот кунад-чӣ? Эҳтимол, барои дар ин бора гап задан ба ӯ ҷуръату далерӣ даркор буд, аз ин рӯ меҳрубону боэҳтиром бошед. (Қӯлассиён 4:6-ро хонед.) Агар барои пешниҳодро қабул ё рад кардан ба шумо вақт даркор бошад, инро ба вай фаҳмонед. Вале кӯшиш кунед, ки корро кашол надиҳед ва ҳар чӣ зудтар ба ӯ ҷавобашро гӯед (Пнм. 13:12). Агар шумо шавқ надошта бошед, инро рӯйирост ва меҳрубонона гӯед. Бародаре аз Австрия бо номи Ҳанс мегӯяд, ки вақте хоҳаре ба ӯ чунин пешниҳод кард, ӯ чӣ ҷавоб дод: «Ман боодобона ва рӯйирост қарорамро ба ӯ гуфтам. Ман дарҳол ҷавоб додам, то ки ӯро беҳуда умедвор накунам. Баъд аз ин бошад, вақти муомила кардан бо ӯ ман боэҳтиёт будам». Вале, агар шумо шавқманд бошед, ҳиссиётатонро гӯед ва фаҳмонед, ки аз мулоқот чиро интизоред. Эҳтимол, назару ақидаҳои шумо дар мавриди мулоқот ба сабаби маданият ё чизи дигар фарқ кунанд.
ЧӢ ТАВР МАСЕҲИЁНИ МУҶАРРАДРО ДАСТГИРӢ КУНЕМ?
14. Мо чӣ тавр масеҳиёни муҷаррадро бо суханонамон дастгирӣ карда метавонем?
14 Чӣ тавр ҳамаи мо метавонем масеҳиёни муҷаррадеро, ки оиладор шудан мехоҳанд, дастгирӣ кунем? Як роҳаш ин дар сухан эҳтиёткор будан аст (Эфс. 4:29). Мо аз худ пурсида метавонем: «Оё ман онҳоеро, ки оиладор шудан мехоҳанд, масхара мекунам? Вақте ман мебинам, ки бародару хоҳари муҷаррад гап зада истодаанд, дарав тахмин мекунам, ки онҳо ба якдигар маъқуланд?» (1 Тим. 5:13). Ҳамчунин мо набояд дар рафтору суханамон нишон диҳем, ки масеҳиёни муҷаррадро бечораву бадбахт меҳисобем. Ҳанс, ки суханонашро дар боло овардем, мегӯяд: «Баъзе бародарон мегӯянд: “Ту ҳолиям зан нагирифтӣ? Ту он қадар ёш нестӣ дигар”. Чунин суханон қадру арзиши масеҳиёни муҷаррадро дар чашми худашон паст мекунанд ва фишореро, ки онҳо барои оиладор шудан ҳис мекунанд, дучанд мегардонанд». Хубаш, сари ҳар фурсат масеҳиёни муҷаррадро таъриф кунем (1 Тас. 5:11).
15. а) Мувофиқи Румиён 15:2 пеш аз ҳамсаркобӣ барои касе бояд чиро ба назар гирифт? (Ҳамчунин ба расм нигаред.) б) Аз тамошои видеонавор чиро фаҳмидед?
15 Агар фикр кунем, ки ягон бародару хоҳар барои ҳамдигар ҷуфти мувофиқанд, чӣ кор карда метавонем? Китоби Муқаддас мегӯяд, ки ҳиссиёти дигаронро ба назар гирем. (Румиён 15:2-ро хонед.) Бисёр масеҳиёни муҷаррад намехоҳанд, ки онҳоро ба касе тӯғрӣ кунанд, барои ҳамин бояд хоҳишашонро ба назар гирем (2 Тас. 3:11). Шояд, баъзеи дигар ба ягон хел ёрдам муҳтоҷ бошанд, вале мо онҳоро напурсида набояд аз пеши худ амал кунемe (Пнм. 3:27). Хоҳари муҷарраде бо номи Лидия аз Олмон мегӯяд, ки ба баъзе масеҳиёни муҷаррад чӣ хел ёрдам даркор аст: «Агар шумо ду касро бо ҳам шинос карданӣ бошед, онҳоро ба вохӯрие таклиф кунед, ки он ҷо гурӯҳи калони хоҳару бародарон ҳастанд, он сӯяшро худашон медонанд».
Дар вохӯриҳои дӯстона масеҳиёни муҷаррад бо якдигар шинос шуда метавонанд (Ба сархати 15 нигаред.)
16. Масеҳиёни муҷаррад бояд чиро дар ёд доранд?
16 Ҳамаи мо, хоҳ муҷаррад, хоҳ оиладор бошем, метавонем ҳаёти хушбахтонаву қаноатбахш ба сар барем (Заб. 128:1). Агар шумо оиладор шудан хоҳеду касеро наёфта бошед, чашматонро ба хизмати Яҳува дӯзед. Хоҳаре аз Макао бо номи Син Ви мегӯяд: «Замони кӯтоҳи муҷаррадиятон, дар пеши ҳаёти беохире, ки бо ҳамсаратон дар биҳишт мегузаронед, ҳеҷ аст. Ин вақтро қадр кунеду аз он дуруст истифода намоед». Вале, агар шумо аллакай касеро ёфта, бо ӯ мулоқот карда истода бошед, маслиҳатҳои мақолаи навбатӣ ба шумо ёрӣ мерасонанд.
СУРУДИ 3 «Худо муҳаббат аст»
a Барои фаҳмидани он ки ба оиладорӣ тайёред ё не, дар сомонаи jw.org ба мақолаи «Мулоқот. Қисми 1. Оё ман тайёрам?» (рус.) нигаред.
b МАЪНОИ БАЪЗЕ КАЛИМАВУ ИБОРАҲО: Дар ин ва мақолаи дигар калимаи мулоқот ба вақте ишора мекунад, ки марду зан бо мақсади хубтар шинохтани якдигар мегузаронанд, то фаҳманд, ки оё ҷуфти муносибанд ё не. Дар баъзе ҷойҳо ин давра ҳамчунин вақти вохӯрӣ ё шинохтани ҳамдигар номида мешавад. Мулоқот вақте сар мешавад, ки марду зан дар бораи ҳиссиёташон ба ҳамдигар мегӯянд ва он то дами қарори оиладоршавиро баровардан ё бас кардани мулоқот давом меёбад.
c Баъзе номҳо иваз шудаанд.
d Дар баъзе мамлакатҳо одатан бародар ба хоҳар мулоқотро пешниҳод мекунад, вале, хоҳар низ, агар хоҳад, метавонад инро ба бародар пешниҳод намояд. Барои гирифтани маълумоти бештар ба мақолаи «Саволҳои ҷавонон. Чӣ хел дар бораи ҳиссиётам ба ӯ гӯям?» аз «Бедор шавед»-и 22-юми октябри соли 2004 (рус.) нигаред.
e Дар сомонаи jw.org видеонавори «Касоне, ки барои имон мубориза мебаранд. Онҳое, ки оиладор нашудаанд»-ро тамошо кунед.