МАҚОЛАИ ОМӮЗИШИИ 33
СУРУДИ 35 Барои пурсабрии Худо сипосгузорем
Мо аз назари Яҳува ба гунаҳкорон чӣ меомӯзем?
«Агар касе гуноҳе кунад, мо дар назди Худо мададгоре дорем» (1 ЮҲ. 2:1).
МАҚСАД
Мо дида мебароем, ки дар асри як дар шаҳри Қӯринт масъалаи гунаҳкореро чӣ хел ҳал карданд ва мо аз он чӣ дарс мегирем.
1. Яҳува барои тамоми одамон чиро хоҳон аст?
ЯҲУВА инсонро соҳибихтиёр офаридааст. Мо ин атои озодиро ҳар рӯз, вақте қарорҳои хурду калон мекунем, истифода мебарем. Лекин қарори муҳимтарине, ки инсон карда метавонад, худро ба Яҳува бахшидану қисми оилаи парастандагони ӯ шудан аст. Яҳува ҳамаро ба сафи фарзандонаш даъват мекунад. Чаро? Чунки ӯ одамонро дӯст медорад ва барояшон ҳаёти беҳтаринро хоҳон аст. Ӯ мехоҳад мо аз дӯстӣ бо ӯ лаззат барем ва дар оянда соҳиби ҳаёти ҷовидона шавем (5 Мӯсо 30:19, 20; Ғал. 6:7, 8).
2. Яҳува аз гунаҳкороне, ки ҳоло тавба накардаанд, чиро чашмдор аст? (1 Юҳанно 2:1).
2 Яҳува ҳеҷ касро маҷбур намекунад, ки ба ӯ хизмат кунад. Ӯ ба ҳар як кас ихтиёр додааст, ки хизмати ӯро интихоб кунад ё не. Лекин масеҳии таъмидёфта қонуни Худоро шикаста, гуноҳ кунад-чӣ? Агар масеҳӣ тавба накунад, ӯро аз ҷамоат дур мекунанд (1 Қӯр. 5:13). Вале баъди ин ҳам Яҳува чашмбароҳи гунаҳкор аст, ки кай сӯяш бармегардад. (1 Юҳанно 2:1-ро хонед.) Маҳз барои ҳамин Яҳува товонро додааст, то шахси гунаҳкор тавба карда, соҳиби бахшоиш шавад. Худои дилсӯзамон бо меҳрубонӣ гунаҳкоронро сӯйи тавба даъват мекунад (Зак. 1:3; Рум. 2:4; Яъқ. 4:8).
3. Дар ин мақола чиро мебинем?
3 Яҳува мехоҳад, ки мо ба хатокорӣ ва хатокорон назари ӯро аз худ кунем. Дар ин мақола мо дида мебароем, ки чӣ тавр ин корро кардан мумкин. Вақти хондани ин мақола аҳамият диҳед, ки 1) дар асри як дар шаҳри Қӯринт чӣ хел гуноҳи ҷиддиеро баррасӣ карданд, 2) баъд аз он ки шахси гунаҳкор тавба кард, Павлуси расул чӣ дастурот дод ва 3) мо аз ин воқеа дар бораи назари Яҳува нисбати масеҳие, ки гуноҳи ҷиддӣ кардааст, чӣ меомӯзем.
БАРРАСИИ ГУНОҲИ ҶИДДӢ ДАР АСРИ ЯК
4. Дар ҷамоати Қӯринт дар асри як чӣ масъала ба миён омад? (1 Қӯринтиён 5:1, 2).
4 1 Қӯринтиён 5:1, 2-ро хонед. Дар сафари сеюми миссионерии худ Павлус дар бораи ҷамоати навбунёди Қӯринт як хабари нохуш шунид. Як бародар дар он ҷо бо моиндари худ зино мекард. Ин кораш ба ақл рост намеомад ва «ҳатто дар байни халқҳои дигар дида» намешуд. Ҷамоат бошад, на танҳо инро тоқат мекард, балки то андозае бо ин фахр мекард. Шояд, баъзеҳо фикр мекарданд, ки ин нишонаи меҳрубониву дилсӯзии Худо ба гунаҳкорон аст. Лекин ҳар кӣ чунин фикр дошт, хато мекард: Яҳува ба нопокӣ дар ҷамоат чашм намепӯшад. Ин беҳаёгии гӯшношунид ба номи ҷамоат доғ меовард ва ба масеҳиёне, ки бо ӯ рафтуомад доштанд, эҳтимол, таъсири бад мерасонд. Павлус ин хабарро шунида, ба ҷамоат чӣ дастур дод?
5. Павлус ба ҷамоат чӣ дастур дод ва он чӣ маъно дошт? (1 Қӯринтиён 5:13). (Ҳамчунин ба расм нигаред.)
5 1 Қӯринтиён 5:13-ро хонед. Павлуси расул зери илҳоми илоҳӣ навишт, ки гунаҳкори тавбанакардаро аз ҷамоат дур кунанд. Масеҳиён бояд бо он мард чӣ гуна муносибат мекарданд? Павлус ба онҳо гуфт, ки бо он гунаҳкор дигар ҳамнишин нашаванд ва хӯрок ҳам нахӯранд (1 Қӯр. 5:11). Чаро Павлус чунин гуфт? Агар бо ягон кас шишта хӯрок хӯрӣ, суҳбат ҳам мекунӣ. Мақсади Павлус ин буд, ки ҷамоат бо ин гуна шахс ҳатто суҳбат накунад. Ин ҷамоатро аз таъсири бади бадахлоқӣ муҳофизат мекард (1 Қӯр. 5:5–7). Кандани алоқа бо гунаҳкор боз як фоида оварда метавонист: ӯ мефаҳмид, ки чӣ қадар аз роҳи Яҳува дур шудааст ва пушаймон шуда, тавба карданаш мумкин буд.
Павлуси расул зери илҳоми илоҳӣ навишт, ки гунаҳкори тавбанакардаро аз ҷамоат дур кунанд (Ба сархати 5 нигаред.)
6. Баъди хондани номаи Павлус аҳли ҷамоат чӣ кор кард ва ин ба гунаҳкор чӣ хел таъсир расонд?
6 Баъд аз он ки Павлус номаашро ба шаҳри Қӯринт фиристод, ӯ дар фикри он буд, ки онҳо маслиҳати ӯро қабул мекарда бошанд ё не. Титус вақти бозгаштан хабари хуш овард: ҷамоат ба насиҳати Павлус гӯш дод (2 Қӯр. 7:6, 7). Онҳо аз рӯйи дастури Павлус амал карданд. Моҳҳо пас аз навиштани ин нома шахси гунаҳкор тавба карду ислоҳ шуд ва аз рӯйи гуфтаҳои Яҳува зиндагӣ карданро сар кард (2 Қӯр. 7:8–11). Акнун Павлус ба қӯринтиён чӣ маслиҳат медода бошад?
ҶАМОАТ БО ГУНАҲКОРИ ТАВБАКАРДА ЧӢ ХЕЛ БОЯД РАФТОР МЕКАРД?
7. Аз ҷамоат дур шудани гунаҳкор чӣ натиҷа овард? (2 Қӯринтиён 2:5–8).
7 2 Қӯринтиён 2: 5–8-ро хонед. Павлус навишт, ки «барои чунин одам аз бисёриҳо ҷазо гирифтанаш басанда аст». Чораи ислоҳӣ ба мақсадаш расид. Мақсад чӣ буд? Сӯйи ислоҳ бурдани гунаҳкор (Ибр. 12:11).
8. Павлус сипас ба ҷамоат чӣ дастур дод?
8 Аз ин рӯ Павлус ба ҷамоат чунин дастурот дод: «Ӯро аз таҳти дил бахшида, дилбардорӣ кунед.., ӯро дилпур созед, ки дӯсташ медоред». Аҳамият диҳед, Павлус дар ин ҷо мегӯяд, ки халқи Яҳува на танҳо шахси тавбакардаро дар байнашон роҳ диҳанд, балки бо сухан, муомила ва рафторашон нишон диҳанд, ки ӯро аз таҳти дил бахшидаанд ва дӯсташ медоранд. Ин тавр карда, онҳо нишон медиҳанд, ки аз бозгашташ шоданд.
9. Чаро барои баъзеҳо қабул кардани шахси гунаҳкор душвор буда метавонист?
9 Оё дар байни ҷамоат касоне буданд, ки қабул кардани шахси гунаҳкор барояшон душвор буд? Дар ин бора чизе гуфта нашудааст. Лекин ин аз гумон берун нест. Охир, ӯ бо корҳояш тамоми ҷамоатро ғамгин кард ва, шояд, обрӯйи баъзеҳоро резонд. Эҳтимол, баъзеҳо мегуфтанд: «Мо ин қадар ҷон меканем, ки рафтори пок дошта бошем, лекин ин гунаҳкорро барои кадом хизматаш гарм пешвоз гирем?» (Бо Луқо 15:28–30 муқоиса кунед.) Барои чӣ аҳли ҷамоат бояд бародари тавбакардаашонро бо меҳру самимият қабул мекарданд?
10, 11. Агар пирон гунаҳкори тавбакардаро ба ҷамоат роҳ намедоданд, чӣ шуданаш мумкин буд?
10 Агар пирони ҷамоат шахси тавбакардаро ба ҷамоат роҳ намедоданд, чӣ мешуд? Ё баъди бозгашт аҳли ҷамоат ба вай хунукмуомилагӣ мекард, чӣ рӯй медод? Шахси тавбакардаро ғаму андуҳи бисёр ба коми худ кашида метавонист. Шояд, чунин фикр ба сараш меомад: «Барои ислоҳ шуданам умеде нест. Дари дӯстӣ бо Яҳува бароям маҳкам аст, дигар тақ-тақ кардан бефоида».
11 Аз ҳама бадтар ин аст, ки агар аҳли ҷамоат каси тавбакардаро намебахшиданд, муносибаташонро бо Яҳува зери хатар мегузоштанд. Чӣ хел? Бо чунин рафтор онҳо ба Падари меҳрубонашон Яҳува неву ба Шайтони сангдилу бераҳм пайравӣ мекарданд. Ҳамин тавр онҳо корде дар дасти Шайтон шуда, шахсро рӯҳан кушта метавонистанд (2 Қӯр. 2:10, 11; Эфс. 4:27).
12. Чӣ тавр ҷамоати Қӯринт ба Яҳува пайравӣ карда метавонист?
12 Набошад чӣ хел ҷамоати Қӯринт ба Шайтон неву ба Яҳува пайравӣ карда метавонист? Онҳо бояд дар муносибат бо гунаҳкори тавбакарда аз Яҳува ибрат мегирифтанд. Аҳамият диҳед, баъзе нависандагони Китоби Муқаддас дар бораи Яҳува чӣ гуфтаанд. Масалан, Довуд гуфтааст: «Ту, эй Яҳува, неку ва бахшандаӣ» (Заб. 86:5). Мико бошад, навиштааст: «Кист Худое мисли ту, ки хатои бақияи халқашро бубахшад ва аз гуноҳаш гузарад?» (Мико 7:18). Ишаъё қайд мекунад: «Бигзор бадкор аз роҳаш гардад ва бадкирдор аз фикрҳои бадаш даст кашад. Бигзор сӯйи Яҳува, ки ба ӯ раҳм мекунад, ва сӯйи Худои мо, ки бисёр мебахшад, баргардад» (Иш. 55:7).
13. Чаро шахси тавбакардаро аз нав ба ҷамоат қабул мекунанд? (Ба чорчӯбаи «Кай марди қӯринтиро дар ҷамоат барқарор карданд?» нигаред.)
13 Ба Яҳува пайравӣ карда, ҷамоати Қӯринт шахси тавбакардаро аз нав қабул кард ва ба ӯ муҳаббаташро нишон дод. Дастури Павлусро гӯш карда, масеҳиёни Қӯринт он шахсро нағз пешвоз гирифтанд ва нишон доданд, ки «дар ҳар маврид итоаткор» мемонанд (2 Қӯр. 2:9). Ҳарчанд аз вақти дур карда шудани гунаҳкор танҳо якчанд моҳ гузашта буд, ҷазо фоида оварда, ӯ тавба намуд. Аз ин рӯ ҳоҷат набуд, ки пирон барқарор шудани он шахсро ба қафо партоянд.
АЗ АДОЛАТУ ДИЛСӮЗИИ ЯҲУВА ИБРАТ ГИРЕД
14, 15. Мо аз тарзи ҳал кардани воқеаи Қӯринт чӣ меомӯзем? (2 Петрус 3:9). (Ҳамчунин ба расм нигаред.)
14 Яҳува ҳамин воқеа ва ҳалли онро «барои таълими мо» дар Каломаш ҷой додааст (Рум. 15:4). Аз он мо фаҳмидем, ки Яҳува аз хатоҳои ҷиддии хизматгоронаш чашм намепӯшад. Ӯ рафтуомад кардани гунаҳкори тавбанакардаро бо хизматгоронаш раво намедонад. Яҳува дилсӯз аст, на Худои сустиродаву бепарво. «Дилсӯзӣ» гуфта, Яҳува меъёрҳояшро паст намекунад (Яҳд. 4). Агар Яҳува дар ин масъала хунукназарӣ кунад, дигар аъзои ҷамоатро зери хатар мемонад. Ин аз рӯйи дилсӯзӣ намешавад (Пнм. 13:20; 1 Қӯр. 15:33).
15 Ба ҳар ҳол Яҳува марги ягон касро намехоҳад. Ӯ мехоҳад одамонро бо ҳар роҳ наҷот диҳад. Вақте ӯ мебинад, ки хатокор аз кардааш пушаймон аст ва пайванди дӯстияшро бо ӯ барқарор карданист, ба вай раҳм мекунад. (Ҳиз. 33:11; 2 Петрус 3:9-ро хонед.) Вақте он марди қӯринтӣ аз гуноҳаш пушаймон шуду тавба кард, Яҳува ба воситаи Павлус ба ҷамоат дастур дод, ки ӯро бахшида, аз нав қабул кунанд.
Аз меҳру дилсӯзии Яҳува ибрат гирифта, аҳли ҷамоат гунаҳкори барқароргаштаро гарму самимӣ қабул мекунанд (Ба сархатҳои 14 ва 15 нигаред.)
16. Ин тавр ҳал шудани масъалаи гунаҳкори қӯринтиро хонда, шумо чӣ ҳис мекунед?
16 Воқеаи шаҳри Қӯринтро дида, мо дар бораи хислатҳои Яҳува ба монанди муҳаббат, росткорӣ ва адолат фаҳмидем (Заб. 33:5). Оё ин воқеа меҳру миннатдории шуморо ба Яҳува зиёд кард? Бешак. Охир, ҳамаи мо гунаҳкорем ва ба бахшоиш ниёз дорем. Мо барои товон миннатдорем — он бахшоиши Худоро барои мо дастрас сохт. Донистани он ки Яҳува дӯстдору некхоҳи халқаш аст, дили моро пур аз шодиву осудагӣ мекунад.
17. Дар мақолаҳои навбатӣ гап сари чӣ меравад?
17 Имрӯз дар ҷамоат гуноҳҳои ҷиддӣ чӣ хел баррасӣ мешаванд? Чӣ хел пирон ба хости Яҳува карда, гунаҳкорро сӯйи тавба роҳнамоӣ карда метавонанд? Вақте пирон касеро аз ҷамоат дур месозанд ё барқарор мекунанд, аҳли ҷамоат бояд инро чӣ хел қабул кунад? Ин саволҳоро дар мақолаҳои навбатӣ баррасӣ мекунем.
СУРУДИ 25 Исботи шогирди Масеҳ будани мо