ОНЛАЙН-КИТОБХОНАИ Бурҷи дидбонӣ
ОНЛАЙН-КИТОБХОНАИ
Бурҷи дидбонӣ
тоҷикӣ
ӯ
  • ғ
  • ӣ
  • қ
  • ӯ
  • ҳ
  • ҷ
  • КИТОБИ МУҚАДДАС
  • АДАБИЁТ
  • ВОХӮРИҲО
  • w24 ноябр саҳ. 31
  • Чӣ тавр омӯзиши шахсиямро мунтазам гузаронам?

Видеонавор вуҷуд надорад.

Бубахшед, видеонавор боргирӣ нашуд.

  • Чӣ тавр омӯзиши шахсиямро мунтазам гузаронам?
  • Бурҷи дидбонӣ Подшоҳии Яҳуваро эълон мекунад — (нашри омӯзишӣ) 2024
  • Маводи монанд
  • Нагузоред, ки серкорӣ ба шумо монеъ шавад
    Хизмат ба Салтанати Худо 2012
  • Омӯзишатонро беҳтар гардонед
    Бурҷи дидбонӣ Подшоҳии Яҳуваро эълон мекунад — (нашри омӯзишӣ) 2019
  • Омӯзиши Китоби Муқаддас, ки Шоҳидони Яҳува пешкаш мекунанд, чиро дар бар мегирад?
    Саволҳое, ки зуд-зуд дода мешаванд
Бурҷи дидбонӣ Подшоҳии Яҳуваро эълон мекунад — (нашри омӯзишӣ) 2024
w24 ноябр саҳ. 31
Хоҳаре ҳангоми омӯзиши шахсияш компютер, Китоби Муқаддас ва дафтарро истифода мебарад. Дар компютер Замимаи Б9 «Империяҳое, ки Дониёл пешгӯйӣ кард» аз «Тарҷумаи Дунёи Нав» кушода истодааст.

Чӣ тавр омӯзиши шахсиямро мунтазам гузаронам?

ОЁ ОМӮЗИШИ шахсиятон мунтазаму шавқовар мегузарад? Ё аз ин ҷиҳат азоб мекашед? Эҳтимол, ҳар яки мо бо чунин душворӣ рӯ ба рӯ шуда меистем. Вале дар бораи корҳое фикр кунед, ки мунтазам мекунед, масалан, шустушӯ. Барои ин вақту қувват даркор аст, лекин баъди шустушӯ сабук шуда, қувват мегирем. Омӯзиши Китоби Муқаддасро ба чунин шустушӯ монанд кардан мумкин (Эфс. 5:26). Дар ин бора биёед якчанд маслиҳатҳои муфидро дида бароем:

  • Нақша кашед. Омӯзиши шахсӣ яке аз чизҳои «муҳимтар» мебошад ва ҳар як масеҳӣ бояд чунин омӯзиш дошта бошад (Флп. 1:10). Барои он ки аз рӯйи нақшаи кашидаатон амал карда тавонед, онро дар ҷойи намоён овезед, масалан, дар тахтаи қайдмонӣ ё дари яхдон. Ё ин ки дар таҷҳизоти электрониятон вақти омӯзишатонро қайд кунед, то шуморо хабар диҳад.

  • Вақту тарзи бароятон муносибро интихоб кунед. Оё шумо бо як шиштан вақти зиёд омӯзиш карда метавонед ё кам-каму тез-тез бароятон қулай аст? Худатон хубтар медонед. Барои ҳамин вақту тарзи бароятон мувофиқро интихоб кунед. Агар вақти омӯзишатон ояду барои гузарондани он хушатон набошад, зӯр зада, аққалан даҳ дақиқа тадқиқ кунед. Ин аз ҳичӣ ҳарчӣ. Ҳамин ки корро сар кунед, эҳтимол, хоҳишатон зиёдтар мешаваду шумо омӯзишро давом медиҳед (Флп. 2:3).

  • Мавзуъро пешакӣ интихоб кунед. Агар мавзуъро вақти омӯзиш интихоб кунед, шумо «фурсатро ғанимат» намедонед (Эфс. 5:16). Беҳтараш рӯйхати мақолаву мавзуъҳоеро, ки кофтуков карданиед, пешакӣ тартиб диҳед. Ҳар боре ки ягон савол пайдо мешавад, онро дарҳол ба рӯйхат дароред. Дар охири ҳар омӯзишатон, шояд, фикрҳое пайдо шаванд, ки таҳқиқ кардан мехоҳед. Онҳоро низ ба рӯйхататон илова кунед.

  • Тағйирпазир бошед. Дар масъалаи чӣ қадар вақт сарф кардану кадом мавзуъро дида баромадан ба реҷаатон тағйиротҳо дароварда метавонед. Фикри асосӣ он нест, ки шумо кай, чӣ қадар ё чиро таҳқиқ мекунед, балки мунтазам омӯзиши шахсиятонро мегузаронед.

Агар мунтазам омӯзиш кунем, фоидаашро мебинем: ба Яҳува наздиктар мешавем, бохирадона қадам монданро ёд мегирем ва қуввати тоза меёбем (Юшаъ 1:8).

    Адабиёт дар забони тоҷикӣ (2000–2025)
    Баромадан
    Даромадан
    • тоҷикӣ
    • Фиристодан
    • Ҷӯркунӣ
    • Copyright © 2025 Watch Tower Bible and Tract Society of Pennsylvania
    • Шарти истифодабарӣ
    • Сиёсати ҳифзи асрор
    • Танзимоти ҳифзи асрор
    • JW.ORG
    • Даромадан
    Фиристодан