ОНЛАЙН-КИТОБХОНАИ Бурҷи дидбонӣ
ОНЛАЙН-КИТОБХОНАИ
Бурҷи дидбонӣ
тоҷикӣ
ӯ
  • ғ
  • ӣ
  • қ
  • ӯ
  • ҳ
  • ҷ
  • КИТОБИ МУҚАДДАС
  • АДАБИЁТ
  • ВОХӮРИҲО
  • w25 май саҳ. 8-13
  • Худои тасаллоро интизор шавед

Видеонавор вуҷуд надорад.

Бубахшед, видеонавор боргирӣ нашуд.

  • Худои тасаллоро интизор шавед
  • Бурҷи дидбонӣ Подшоҳии Яҳуваро эълон мекунад — (нашри омӯзишӣ) 2025
  • Зерсарлавҳаҳо
  • Маводи монанд
  • ЯҲУВА МОРО МЕБАХШАД
  • ЯҲУВА БА МО УМЕД МЕБАХШАД
  • ЯҲУВА МОРО ОРОМ МЕКУНАД
  • Яҳува дилшикастагонро шифо мебахшад
    Бурҷи дидбонӣ Подшоҳии Яҳуваро эълон мекунад — (нашри омӯзишӣ) 2024
  • Ҳадшинос бошед — он чиро намедонед, тан гиред
    Бурҷи дидбонӣ Подшоҳии Яҳуваро эълон мекунад — (нашри омӯзишӣ) 2025
  • Мо ҳеҷ вақт танҳо нестем
    Бурҷи дидбонӣ Подшоҳии Яҳуваро эълон мекунад — (нашри омӯзишӣ) 2025
  • Оё қарорҳоятон нишон медиҳанд, ки шумо ба Яҳува такя мекунед?
    Ҳаёт ва хизмати мо. Дафтари вохӯрӣ (2023)
Маълумоти бештар
Бурҷи дидбонӣ Подшоҳии Яҳуваро эълон мекунад — (нашри омӯзишӣ) 2025
w25 май саҳ. 8-13

МАҚОЛАИ ОМӮЗИШИИ 20

СУРУДИ 7 Яҳува қуввати мост

Худои тасаллоро интизор шавед

«Худо[ро], ки Сарчашмаи раҳму шафқат ва Худои ҳар тасаллост, ҳамду ситоиш бод!» (2 ҚӮР. 1:3).

МАҚСАД

Мефаҳмем, ки чӣ тавр Яҳува яҳудиёни асирро тасаллӣ дод ва мо аз он чӣ меомӯзем.

1. Вазъияти яҳудиёнеро, ки дар Бобил асир буданд, тасвир кунед.

ҲИССИЁТИ яҳудиёнеро, ки дар Бобил асир буданд, пеши назар оред. Онҳо бо чашмони худ диданд, ки ватанашон харобазор шуд. Барои гуноҳҳои худашону бобоёнашон онҳо аз хонаву дар маҳрум шуда, дар замини бегона асир гаштанд (2 Воқ. 36:15, 16, 20, 21). Рост аст ки, дар Бобил асирони яҳудӣ то ҳадде озодӣ доштанд: онҳо метавонистанд аз рӯйи диди худ рӯзгорашонро пеш баранд (Ирм. 29:4–7). Лекин зиндагӣ дар ғарибӣ осон набуд. Ин яҳудиёни аз ватан дурафтода бо ихтиёри худ чунин ҳаётро интихоб накарда буданд. Онҳо ба вазъияти худ чӣ тавр менигаристанд? Аҳамият диҳед, яҳудиёни асир чӣ мегӯянд: «Мо назди дарёҳои Бобил нишастем, вақте Сионро ба хотир овардем, гиристем» (Заб. 137:1). Ин асирони дилшикаста муҳтоҷи тасаллӣ буданд, лекин онро аз куҷо ёфта метавонистанд?

2, 3. а) Яҳува барои яҳудиёни асир чӣ кор кард? б) Дар ин мақола чиро баррасӣ мекунем?

2 Яҳува «Худои ҳар тасаллост» (2 Қӯр. 1:3). Ӯ Худои пурмуҳаббат аст, барои ҳамин дар вақти душворӣ дар бари дӯстдоронаш будан мехоҳад. Яҳува медонист, ки баъзе асирон ислоҳи ӯро қабул карда, ба наздаш бармегарданд (Иш. 59:20). Зиёда аз 100 сол пеш аз асирӣ ӯ пайғамбар Ишаъёро илҳом бахшид, то китоберо нависад. Бо кадом мақсад? Сабабаш дар худи китоб оварда шудааст: «Тасаллӣ диҳед, халқи маро тасаллӣ диҳед,— мегӯяд Худои шумо» (Иш. 40:1). Бале, ба воситаи ин китоб Яҳува яҳудиёни асирро, ки ба тасалло муҳтоҷ буданд, қувват бахшид.

3 Мисли он яҳудиён мо низ гоҳ-гоҳ ба тасаллӣ муҳтоҷ мешавем. Дар ин мақола се роҳеро, ки Яҳува он асиронро тасалло бахшида буд, дида мебароем: 1) ӯ ваъда дод, ки аз гуноҳи тавбакардагон мегузарад, 2) ба халқаш умед мебахшад ва 3) тарсу хавотириро аз онҳо дур месозад. Вақти мутолиаи ин мақола аҳамият диҳед, ки чӣ тавр Яҳува имрӯз моро тасаллӣ мебахшад.

ЯҲУВА МОРО МЕБАХШАД

4. Яҳува ба яҳудиёни асир чӣ тавр раҳмдилияшро нишон дод? (Ишаъё 55:7).

4 Яҳува «Сарчашмаи раҳму шафқат» аст (2 Қӯр. 1:3). Вақте ӯ ваъда дод, ки яҳудиёни тавбакардаро мебахшад, ин хислаташ баръало маълум шуд. (Ишаъё 55:7-ро хонед.) Ӯ гуфт: «Бо меҳру вафои абадӣ ба ту раҳм хоҳам кард» (Иш. 54:8). Чӣ тавр Яҳува ба халқаш раҳму шафқат нишон дод? Ҳарчанд яҳудиён он вақт оқибати гуноҳҳояшонро мечашиданд, Яҳува ваъда дод, ки онҳо як умр дар Бобил асир намемонанд (Иш. 40:2). Бешубҳа, ин суханон ба он яҳудиёни тавбакарда тасалливу қувват бахшид.

5. Чаро гуфта метавонем, ки мо назар ба яҳудиён раҳмдилии Яҳуваро аёнтар мебинем?

5 Мо чӣ меомӯзем? Яҳува хизматгоронашро бисёр мебахшад. Имрӯз барои мо ин хислати Яҳува назар ба замони он яҳудиён аёнтар аст. Чӣ тавр? Мо медонем, ки Яҳува барои бахшидани гуноҳҳои мо чӣ фидокориҳо кард. Садсолаҳо баъд аз пешгӯйии Ишаъё Яҳува Писари азизашро ба замин фиристода, барои тамоми гунаҳкорони тавбакарда товон дод. Дар асоси ин қурбонӣ гуноҳҳо «шуста», яъне пурра кӯр карда мешаванд (Кор. 3:19; Иш. 1:18; Эфс. 1:7). Чӣ Худои раҳмдиле дорем мо!

6. Яҳува ба хатоҳои мо чӣ назар дорад ва чаро ин моро тасаллӣ мебахшад? (Ҳамчунин ба расм нигаред.)

6 Суханони илҳомбахшидаи Ишаъё 55:7 касонеро, ки аз пушти айбу хатоҳояшон худро хӯрда мегарданд, тасаллӣ мебахшанд. Баъзеи мо, шояд, ҳатто баъди тавба кардан аз гуноҳи пештараамон ҳоло ҳам азоби виҷдон кашем. Мумкин, сабаб дар он аст, ки мо то ҳол оқибати хатоямонро чашида истодаем. Лекин, агар мо гуноҳҳоямонро тан гирифта, роҳу рафторамонро дигар карда бошем, дилпур буда метавонем, ки Яҳува моро бахшидааст. Вақте Яҳува моро мебахшад, ӯ дигар гуноҳҳоямонро хотиррасон намекунад. (Бо Ирмиё 31:34 муқоиса кунед.) Пас, агар Яҳува гуноҳҳои пешинаамонро фаромӯш карда бошад, мо ҳам бояд мисли ӯ кунем. Яҳува ба корҳое, ки имрӯз мекунем, диққат медиҳад, на ба гуноҳҳое, ки дар гузашта содир кардаем (Ҳиз. 33:14–16). Ба қарибӣ Худои раҳмдиламон моро ба таври ҳамешагӣ аз оқибати талхи хатову гуноҳҳоямон халос мекунад.

Бародаре дилпурона қадам монда истодааст. Силсиларасм: Дар саҳнасозӣ корҳое, ки ӯ пеш мекард, бо корҳои ҳозирааш муқоиса карда шудааст. Хатоҳое, ки дар гузашта карда буд: 1. Бо бозии бераҳмона машғул мешуд. 2. Бадмастӣ ва сигоркашӣ мекард. 3. Дар компютераш навори нораворо тамошо мекард. Акнун ӯ бо чӣ корҳо машғул аст: 1. Ибодатгоҳро рӯбучин мекунад. 2. Бо хоҳари пиронсоле суҳбат дорад. 3. Мавъиза мекунад.

Яҳува ба корҳое, ки имрӯз мекунем, диққат медиҳад, на ба гуноҳҳое, ки дар гузашта карда будем (Ба сархати 6 нигаред.)


7. Агар ба гуноҳи ҷиддӣ даст зада бошем, чаро бояд онро пинҳон накунем?

7 Агар аз пинҳон кардани гуноҳи ҷиддие азоби виҷдон кашем, бояд чӣ кор кунем? Китоби Муқаддас мегӯяд, ки аз пирони ҷамоат кумак пурсем (Яъқ. 5:14, 15). Баъзан ба гардан гирифтани айбу хато осон нест. Лекин, агар тавба кунем ва дар ёд дорем, ки Яҳува ва пирон ба мо ёрдам мекунанду раҳму шафқат нишон медиҳанд, мо ба ин бародарон муроҷиат мекунем. Биёед бинем, ки чӣ тавр бародаре бо номи Артурa, ки азоби виҷдон мекашид, аз раҳму шафқати Яҳува тасалло ёфт. Ӯ мегӯяд: «Қариб як сол ман порнография тамошо мекардам. Лекин баъди он ки дар бораи виҷдон як суханрониро гӯш кардам, дар пеши ҳамсарам ва пирон ба гуноҳам иқрор шудам. Баъди ин ман каме сабук шудам, лекин ба ҳар ҳол аз кори кардаам зиқ будам. Пирон ёдрас карданд, ки Яҳува аз ман рӯй нагардондааст ва ислоҳи ӯ нишонаи муҳаббаташ аст. Суханони пурмеҳри бародарон ба дилам рафта расиданд ва ман фаҳмидам, ки Яҳува маро пурра бахшидааст». Имрӯз Артур пешрави доимӣ ва хизматгузори ҷамоат аст. Вақте мефаҳмӣ, ки Яҳува гунаҳкори тавбакардаро мебахшад, тасаллӣ меёбӣ.

ЯҲУВА БА МО УМЕД МЕБАХШАД

8. а) Яҳува ба яҳудиён чӣ умед бахшида буд? б) Умед ба яҳудиёни тавбакарда чӣ хел таъсир карда метавонист? (Ишаъё 40:29–31).

8 Аз нуқтаи назари одамӣ асирони яҳудӣ дар вазъияти беилоҷ буданд. Одатан империяи ҷаҳонии Бобил асирони худро озод намекард (Иш. 14:17). Лекин Яҳува ба халқаш умед бахшид. Ӯ ваъда дод, ки онҳоро озод мекунад ва ҳеҷ касу ҳеҷ чиз пеши роҳашро гирифта наметавонад (Иш. 44:26; 55:12). Дар назари Яҳува Бобил мисли гард буд, мисли гарде, ки пуф кунӣ, шамол мебарад (Иш. 40:15). Ин умед бояд асирони яҳудиро таскину тасалло мебахшид. Беш аз ин, пайғамбар Ишаъё навишта буд: «Онҳое, ки ба Яҳува умед мебанданд, қуввати нав меёбанд». (Ишаъё 40:29–31-ро хонед.) Бале, умед бояд ба онҳо қуввату неру мебахшид ва онҳо «чун уқоб дар баландиҳо парвоз» мекарданд.

9. Чаро яҳудиён ба ваъдаи Яҳува дар бораи озодӣ бовар карда метавонистанд?

9 Яҳува асиронро дилпур сохт, ки ба ваъдаҳояш вафо мекунад. Чӣ тавр? Онҳо бояд дар бораи пешгӯйиҳое, ки аллакай иҷро шуданд, фикр мекарданд. Яҳудиён медонистанд, ки ошуриён подшоҳии шимолии Исроилро забт карда, халқро ба асирӣ бурданд (Иш. 8:4). Онҳо бо чашмони худ диданд, ки бобилиён Ерусалимро харобу валангор карда, мардумро ба асирӣ бурданд (Иш. 39:5–7). Вақте чашмони шоҳ Сидқиёҳуро кӯр карда, ба Бобил бурданд, ин яҳудиён дар қайди ҳаёт буданд (Ирм. 39:7; Ҳиз. 12:12, 13). Ҳар он чӣ Яҳува пешгӯйӣ кард, як ба як иҷро шуд (Иш. 42:9; 46:10). Ҳамаи ин ба яҳудиёни асир дилпурӣ мебахшид, ки Яҳува ҳатман онҳоро озод мекунад.

10. Чӣ кор кунем, ки дар ин рӯзҳои охир умедамонро равшан нигоҳ дорем?

10 Мо чӣ меомӯзем? Вақте дилшикастаем, умед ба мо тасалливу қувват мебахшад. Мо дар замонҳои ноором зиндагӣ дорем ва душманон ба мо фишор меоранд, лекин мо набояд рӯҳафтода шавем. Охир, Яҳува ба мо умеди олиҷаноб додааст: дар оянда мо метавонем беохир ва орому осуда зиндагӣ кунем. Мо мехоҳем умедро дар ақлу диламон равшан нигоҳ дорем. Агар умедамон хира шавад, мо гӯё ба манзараи зебое аз тирезаи чиркин нигоҳ мекунем. Чӣ тавр умедамонро равшан нигоҳ дорем? Худро дар биҳишти зебо тасаввур кунед, инро одати доимии худ созед. Дар бораи умедамон мақолаҳо хонед, видеонаворҳо тамошо кунед ва сурудҳоямонро гӯш кунед. Ҳамчунин ба Яҳува гӯед, ки махсусан кадом ваъдаҳои ӯро бесаброна интизоред.

11. Чӣ ба як хоҳарамон, ки бемории ҷиддӣ дошт, қувват бахшид?

11 Биёед бинем, ки чӣ тавр умед ба Ҷой ном хоҳарамон, ки аз касалии куҳнае азоб мекашид, тасалливу қувват бахшид. Ӯ мегӯяд: «Вақте худро зиқу ноумед ҳис мекунам, суфраи диламро ба Яҳува мекушоям, зеро медонам, ки ӯ маро нағз мефаҳмад. Яҳува бошад, дар ҷавоб ба ман “қувваи барзиёд” медиҳад» (2 Қӯр. 4:7). Ҳамчунин Ҷой худро дар дунёи нав тасаввур мекунад, дар дунёе, ки «ҳеҷ кас намегӯяд: “Ман касалам”» (Иш. 33:24). Агар мо низ диламонро ба Яҳува холӣ карда, диққати худро ба умедамон равона созем, аз нав қуввати тару тоза меёбем.

12. Барои ба ваъдаҳои Яҳува бовар кардан чӣ сабабҳо дорем? (Ҳамчунин ба расм нигаред.)

12 Мисли асирони яҳудӣ мо низ сабабҳои зиёд дорем, ки ба ваъдаҳои Яҳува бовар кунем. Дар бораи пешгӯйиҳое, ки шоҳиди иҷро шуданашон ҳастем, андеша кунед. Масалан, мо имрӯз қудрати ҷаҳониеро мебинем, ки «қисман қавӣ ва қисман суст» аст (Дон. 2:42, 43). Мо ҳамчунин мешунавем, ки чӣ тавр «дар ҳама ҷо пайи ҳам. . . заминҷунбӣ мешавад» ва хушхабар ба «ҳамаи халқҳо» паҳн шуда истодааст (Мат. 24:7, 14). Ин ва дигар пешгӯйиҳо имони моро ба ваъдаҳои Яҳува, ки ҳоло иҷро нашудаанд, қавӣ мегардонад.

Хоҳар пешгӯйиҳои Китоби Муқаддасро хонда, дар бораашон мулоҳиза дорад. Силсиларасм: 1. Ҳамсарон дар назди аробачаи адабиётдор истода бо марде суҳбат доранд. 2. Падару писар ба зараре, ки офати табиӣ овардааст, нигоҳ доранд. 3. Санге ба пойи ҳайкале, ки Набукаднесар дар хобаш дида буд, бармехӯрад. 4. Одамон аз ҳаёт дар биҳишти рӯйи замин баҳра бурда истодаанд.

Пешгӯйиҳое, ки шоҳиди иҷро шуданашон ҳастем, имони моро ба ваъдаҳои Яҳува қавӣ мегардонанд (Ба сархати 12 нигаред.)


ЯҲУВА МОРО ОРОМ МЕКУНАД

13. а) Яҳудиёнеро, ки ба наздикӣ озод мешуданд, чӣ душвориҳо дар пеш буд? б) Яҳува асиронро чӣ хел тасаллӣ бахшид? (Ишаъё 41:10–13).

13 Ҳарчанд Яҳува ба асирон умеди тасаллибахш дод, ӯ медонист, ки онҳо то озод шуданашон бо душвориҳо рӯ ба рӯ мешаванд. Ӯ пешгӯйӣ кард, ки дар охири асирии яҳудиён шоҳи пурқудрате халқҳои гирду атрофро забт карда, баъд ба Бобил ҳамла меорад (Иш. 41:2–5). Оё ин сабаби тарсу хавотирии яҳудиён шуда метавонист? Яҳува халқашро пешакӣ тасаллӣ бахшида, гуфт: «Натарс, зеро ман бо ту ҳастам, хавотир нашав, зеро ман Худои туям». (Ишаъё 41:10–13-ро хонед.) Оё «ман Худои туям» гуфта, Яҳува ба яҳудиён ёдрас карданӣ буд, ки бояд танҳо ӯро парастиш кунанд? Не. Ӯ бо ин суханон хизматгоронашро дилпур карданӣ буд, ки дар ин вақти душвор дар бари онҳо мешавад (Заб. 118:6).

14. Барои ором кардани асирон Яҳува боз чӣ кор кард?

14 Яҳува боз чӣ тавр яҳудиёни асирро ором кард? Ӯ диққати онҳоро ба қудрату дониши бепоёнаш равона сохт. Яҳува онҳоро даъват кард, ки ба осмони пурситора назар дӯзанд. Ӯ гуфт, ки ин ситораҳоро на танҳо офаридааст, балки номи ҳар яки онҳоро медонад (Иш. 40:25–28). Агар Яҳува номи ситораҳои беҷонро донад, пас, бешубҳа, номи ҳар як хизматгорашро медонад! Агар ӯ барои офаридани ситораҳо қудрат дошта бошад, пас, барои дастгирӣ кардани халқаш низ қудрат дорад. Бале, яҳудиён барои тарсу хавотирӣ ягон асос надоштанд.

15. Худо чӣ тавр яҳудиёнро барои воқеаҳои оянда тайёр кард?

15 Яҳува ҳамчунин халқашро ба рӯйдодҳои оянда тайёр кард. Дар китоби Ишаъё Яҳува ба халқаш чунин гуфт: «Ба ҳуҷраҳои даруният даро ва дарро аз пасат маҳкам кун. Лаҳзае пинҳон шав, то даме ки хашми ӯ бигзарад» (Иш. 26:20). Эҳтимол, ин пешгӯйӣ бори аввал ба яҳудиён дахл дошт. Вақте шоҳ Куруш Бобилро забт кард, аз афташ, онҳо ба ин дастур гӯш доданд. Мувофиқи суханони як таърихшиноси Юнони қадим пеш аз ба Бобил даромадан Куруш «[ба сарбозонаш] фармон дод, ки ҳар киро дар кӯча бинанд, ба қатл расонанд». Тасаввур кунед, ки сокинони Бобилро он вақт чӣ қадар тарсу ҳарос фаро гирифта буд. Яҳудиён бошанд, аз афташ, дар амон буданд, чунки ба дастуроти Яҳува итоат карда, пинҳон шуданд.

16. Чаро мо набояд дар бораи оянда аз ҳад зиёд ташвиш кашем? (Ҳамчунин ба расм нигаред.)

16 Мо чӣ меомӯзем? Ба қарибӣ азоби азим сар мешавад. Он вақт одамони ин ҷаҳон сари калобаашонро гум карда, ба даҳшат меафтанд. Мо бошем, ба ваҳму воҳима намеафтем, зеро медонем, ки Яҳува Худои мост. Мо қомати худро рост мекунем, зеро дилпурем, ки «халосия[мон] наздик аст» (Луқ. 21:28). Ҳатто вақте иттиҳоди халқҳо ба мо ҳамла меорад, мо боварамонро ба Яҳува гум намекунем. Яҳува ба воситаи фариштагон моро ҳимоя мекунад ва мо бе дастуроти наҷотбахш намемонем. Мо чӣ хел дастуротро мегирем? Ба ҳамон рӯз расем, мефаҳмем. Аз афташ, мо онро ба воситаи ҷамоатҳо мегирем. Эҳтимол, он «ҳуҷраҳои дарунӣ»-е, ки дар онҳо паноҳ меёбем, ҳамон дастуротҳоянд. Чӣ тавр мо ба рӯйдодҳои оянда тайёр шуда метавонем? Мо бояд пайванди дӯстиямонро бо хоҳару бародаронамон қавитар созем, ба дастуроти ташкилот бо омодагӣ итоат кунем ва дилпур бошем, ки онро Яҳува роҳнамоӣ мекунад (Ибр. 10:24, 25; 13:17).

Хоҳару бародарон ҳангоми азоби азим шабона дар ҳуҷрае Китоби Муқаддас хонда истодаанд. Онҳо ба тиреза нигоҳ доранд ва бародаре диққати дигаронро ба осмон равона карда истодааст.

Дар бораи қудрати Наҷотбахшамон, Яҳува, мулоҳиза ронда, дар азоби азим ба ваҳму воҳима намеафтем (Ба сархати 16 нигаред.)b


17. Мо бояд чӣ кор кунем?

17 Ҳарчанд вазъияти асирони яҳудӣ вазнин буд, Яҳува онҳоро оромӣ бахшид. Ӯ моро низ дар сахтиҳо таскину тасалло дода метавонад. Барои ҳамин дар оянда чизе ба сарамон наояд, мо ҳамеша дар паноҳи Яҳува мешавем. Ба раҳму марҳамати Худоямон умед бандед. Умедатонро зинда нигоҳ доред. Фаромӯш насозед, ки бо Худоямон Яҳува ҳеҷ сабабе барои тарсу хавотирӣ надорем.

ЧӢ ТАВР ОЯТҲОИ ЗЕРИН ШУМОРО ТАСАЛЛО МЕБАХШАНД?

  • Ишаъё 55:7

  • Ишаъё 40:29–31

  • Ишаъё 41:10–13

СУРУДИ 3 Қувват, умед ва такягоҳи мо

a Баъзе номҳо иваз шудаанд.

b ШАРҲИ РАСМ: Гурӯҳи хурди ҳамимонон якҷоя ҷамъ шудаанд. Онҳо дилпуранд, ки дар кадом гӯшаи замин зиндагӣ накунанд, Яҳува онҳоро ҳимоя мекунад.

    Адабиёт дар забони тоҷикӣ (2000–2025)
    Баромадан
    Даромадан
    • тоҷикӣ
    • Фиристодан
    • Ҷӯркунӣ
    • Copyright © 2025 Watch Tower Bible and Tract Society of Pennsylvania
    • Шарти истифодабарӣ
    • Сиёсати ҳифзи асрор
    • Танзимоти ҳифзи асрор
    • JW.ORG
    • Даромадан
    Фиристодан