МАҚОЛАИ ОМӮЗИШИИ 28
СУРУДИ 28 Дӯстӣ бо Яҳува
Ҷӯёи маслиҳат бошед
«Хирад бо маслиҳатшунавон аст» (ПНМ. 13:10).
МАҚСАД
Мо мефаҳмем, ки барои аз маслиҳат фоида гирифтан бояд чӣ кор кунем.
1. Чӣ кор кунем, ки қарорҳои боақлона кунему нақшаҳоямон амалӣ шаванд? (Панднома 13:10; 15:22).
ҲАР яки мо мехоҳем, ки қарори хирадмандона барорему ҳамаи нақшаҳоямон ҷомаи амал пӯшанд. Дар Каломи Худо гуфта мешавад, ки барои ба ин ду мақсад расидан бояд чӣ кор кунем. (Панднома 13:10; 15:22-ро хонед.)
2. Яҳува ба мо чӣ ваъда медиҳад?
2 Беҳтарин Маслиҳатдеҳ Падари хирадмандамон, Яҳува, мебошад. Ӯ ба мо чунин ваъда медиҳад: «Туро насиҳат медиҳам, чашмам бар туст» (Заб. 32:8). Пас, Яҳува на фақат ба мо маслиҳат медиҳад, ӯ боз ба ҳар яки мо чашм дӯхта, барои корбурди гуфтааш ёрдам мекунад.
3. Мо дар ин мақола чиро мебинем?
3 Дар ин мақола бо ёрии Каломи Худо ба чор савол ҷавоб меёбем: 1) Барои аз маслиҳати хуб фоида гирифтан бояд кадом хислатҳоро дошта бошам? 2) Кӣ ба ман маслиҳати хуб дода метавонад? 3) Чӣ тавр дари дилу зеҳнамро барои маслиҳат кушоям? 4) Чаро набояд ба дигарон гӯям, ки ба ҷойи ман қарор бароранд?
ХИСЛАТҲОИ ЗАРУРӢ
4. Барои фоидаи маслиҳатро дидан бояд кадом хислатҳоро дошта бошем?
4 Агар хоҳем, ки маслиҳати хуб ба мо фоида орад, мо бояд ҳадшиносу хоксор бошем. Баъзан мо бояд тан гирем, ки барои қарори дуруст кардан таҷрибаву донишамон камӣ мекунад. Агар диламон мулоиму хоксор неву сахту сангин бошад, дар вақти хониши Каломи Худо маслиҳати онро ҷаббида наметавонад. Ҳамин тавр мо худро аз ёрдами Яҳува маҳрум мекунем (Мико 6:8; 1 Пет. 5:5). Лекин, агар мо ҳадшиносу хоксор бошем, маслиҳати Калом ба даруни диламон чакида медарояду фоида меорад.
5. Аз кадом сабаб шоҳ Довуд мағрур шуда метавонист?
5 Биёед мисоли шоҳ Довудро мебинем. Ӯ соҳиби бисёр дастовардҳо шуда буд, лекин аз худ нарафт. Чанде пеш аз шоҳ шуданаш, ӯ бо ҳунари навозандагияш ном бароварда буд. Ӯро ҳатто ба назди шоҳ даъват карда буданд (1 Подш. 16:18, 19). Баъд аз он ки Яҳува Довудро ҳамчун шоҳи навбатӣ тадҳин кард, ӯро аз рӯҳи муқаддас пур гардонд (1 Подш. 16:11–13). Ӯ ҷанговари номдор буд ва бисёр душманонро кушта буд, аз ҷумла Ҷолёти фалиштиро (1 Подш. 17:37, 50; 18:7). Агар ба ҷойи Довуд ягон шахси дигар мебуд, бо ҳамаи ин дастовардҳо фикр мекард, ки ба маслиҳати касе муҳтоҷ нест. Лекин Довуд хоксор буд.
6. Мо аз куҷо медонем, ки Довуд маслиҳатшунав буд? (Ҳамчунин ба расм нигаред.)
6 Довуд марди маслиҳатшунав буд ва баъди шоҳ шуданаш ҳам ин одаташро напартофт. Довуд бо касоне ҳамнишин буд, ки ба ӯ бемалол маслиҳат медоданд (1 Воқ. 27:32–34). Довуд маслиҳати хубро на танҳо аз мардон қабул мекард. Боре ӯ ба сухани Абиҷайл ном зане гӯш дода буд. Довуд мисли шавҳари Абиҷайл, Нобол, марди бадмуомила, кӯрнамак ва худхоҳ набуд. Довуд шахси хоксор буд ва маслиҳати Абиҷайлро қабул карду дар натиҷа аз хатои бузург худро эмин дошт (1 Подш. 25:2, 3, 21–25, 32–34).
Шоҳ Довуд хоксориро пеша карда, аз рӯйи маслиҳати Абиҷайл амал кард (Ба сархати 6 нигаред.)
7. Мо аз мисоли Довуд чӣ меомӯзем? (Пандгӯ 4:13). (Ҳамчунин ба расмҳо нигаред.)
7 Аз мисоли Довуд мо якчанд дарс мегирем. Масалан, агар мо ҳам соҳиби ягон истеъдод, мартаба ё ҳокимият бошем, набояд фикр кунем, ки мо ҳама чиро медонему ба мо маслиҳат даркор нест. Мо ҳам мисли Довуд бояд маслиҳати хубро аз ҳама қабул кунем. (Пандгӯ 4:13-ро хонед.) Ин тавр карда мо ба хатоҳои ҷиддӣ даст намезанем ва ба сари худамону дигарон нохушӣ намеорем.
Кӣ ба мо маслиҳат доданаш муҳим нест, агар он хуб бошад, ба он гӯш додан даркор (Ба сархати 7 нигаред.)c
КӢ МАСЛИҲАТИ ХУБ ДОДА МЕТАВОНАД?
8. Чаро Юнотон барои Довуд маслиҳатгари хуб буд?
8 Мо аз саргузашти Довуд боз як дарс мегирем. Ӯ ба маслиҳати онҳое гӯш медод, ки ҳам ба Яҳува наздик буданду ҳам аз вазъияти ӯ нағз бохабар буданд. Масалан, вақте ӯ хост, ки бо шоҳ Шоул оштӣ кунад, ба маслиҳати писари Шоул, Юнотон, гӯш дод. Барои чӣ Юнотон ба Довуд маслиҳати хуб дода метавонист? Юнотон ҳам ба Яҳува наздик буду ҳам падарашро хуб медонист (1 Подш. 20:9–13). Мо аз ин чӣ меомӯзем?
9. Кӣ ба мо маслиҳатгари хуб шуда метавонад? Фаҳмонед (Панднома 13:20).
9 Мо бояд аз касе маслиҳат пурсем, ки шахси рӯҳан баркамол асту дар масъалаи даркорӣ таҷриба дорадa. (Панднома 13:20-ро хонед.) Масалан, фарз кардем бародари ҷавоне мехоҳад барои худ ҳамсари мувофиқ ёбад. Кӣ ба ӯ маслиҳати хуб дода метавонад? Агар ӯ ба дӯсти муҷаррадаш муроҷиат кунад, шояд, дӯсташ дар асоси Китоби Муқаддас маслиҳати хуб дода тавонад. Лекин, агар он бародари ҷавон ба ҳамсароне муроҷиат кунад, ки бо якдигар чандин сари сол хушбахтанд ва ӯро нағз мешиносанд, шояд, маслиҳати дақиқтару фоидабахштар гирад.
10. Мо чиро дида мебароем?
10 Мо омӯхтем, ки барои маслиҳатшунав будан ба мо ду хислат — ҳадшиносӣ ва хоксорӣ даркор аст. Инчунин фаҳмидем, ки маслиҳатро бояд аз кӣ пурсем. Ҳоло бошад, биёед бинем, ки чаро вақти маслиҳатпурсӣ бояд дари дилу зеҳнамонро кушода монем ва чаро набояд аз дигарон хоҳиш кунем, ки ба ҷоямон қарор бароранд.
ДАРИ ДИЛУ ЗЕҲНАТОНРО КУШОДА МОНЕД
11, 12. а) Мо баъзан ба чӣ майл дорем? б) Вақти қарори ҷиддӣ баровардан шоҳ Раҳабъом чӣ кор кард?
11 Баъзан шахс гӯё дар ҷустуҷӯйи маслиҳат аст, лекин, дар асл, ӯ аллакай қарор баровардаасту касеро мекобад, ки хуб будани қарори ӯро тасдиқ кунад. Дари дилу зеҳни чунин кас боз нест — ӯ тайёр нест фикрашро дигар кунад. Вай бояд мисоли шоҳ Раҳабъомро дар ёд дорад.
12 Раҳабъом баъди Сулаймон подшоҳи Исроил шуд. Ӯ дар мамлакате ҳукмронӣ мекард, ки ободу шукуфон буд. Лекин мардум аз сиёсати сахтгиронаи Сулаймон ба дод омада буданд. Барои ҳамин онҳо назди Раҳабъом омада, хоҳиш карданд, ки бори зулмро аз гарданашон гирад. Раҳабъом ба онҳо гуфт, ки барои қарори боақлона баровардан ба ӯ каме вақт даркор аст. Дар аввал ӯ дуруст рафтор карда, аз мардоне, ки ба падараш кумак мекарданд, маслиҳат пурсид (3 Подш. 12:2–7). Лекин ӯ маслиҳати онҳоро рад кард. Барои чӣ? Шояд, Раҳабъом аллакай қарор бароварда буду касеро мекофт, ки бо қарори ӯ розӣ шавад. Чунин касонро ӯ аз миёни дӯстони ҷавонаш ёфт (3 Подш. 12:8–14). Раҳабъом мувофиқи маслиҳати дӯстони ҷавонаш ба мардум ҷавоб дод. Дар натиҷа, халқи Исроил ду тақсим шуду Раҳабъом ба сари худ балоҳои бисёр овард (3 Подш. 12:16–19).
13. Чӣ тавр фаҳмем, ки дари дилу зеҳнамон боз аст?
13 Мо аз саргузашти Раҳабъом чӣ меомӯзем? Вақте ки маслиҳат мепурсем, бояд дари дилу зеҳнамонро кушода монем. Инро чӣ тавр кунем? Аз худ пурсед: «Вақте маслиҳат мепурсам, агар он табъи дилам набошад, даррав онро рад мекунам?» Биёед мисолеро дида бароем.
14. Вақти маслиҳат гирифтан бояд чиро дар ёд дорем? Мисол оред. (Ҳамчунин ба расм нигаред.)
14 Фарз кардем, бародаре ҷойи кор ёфтааст. Пеш аз даромадан ба он ҷо ӯ аз пире маслиҳат мепурсад. Бародар мегӯяд, ки дар он кор ӯ бояд муддати дароз аз оилааш дур зиндагӣ кунад. Пири ҷамоат ба ӯ ёдрас мекунад, ки мувофиқи Китоби Муқаддас вазифаи асосии ӯ аз ҷиҳати рӯҳонӣ ба оилааш ғамхорӣ кардан аст (Эфс. 6:4; 1 Тим. 5:8). Бародар дар маслиҳати пир ягон айбе меёбаду аз дигар бародар маслиҳат мепурсад. Ӯ то гапи мехостагияшро нашунавад, маслиҳат пурсиданро бас намекунад. Оё бародар маслиҳат меҷӯяд ё тасдиқи фикрашро шунидан мехоҳад? Мо бояд дар ёд дорем, ки дили мо маккор аст ва баъзан дурӯғи ширину гӯшнавозро меҷӯяд (Ирм. 17:9). Аммо маслиҳати зарурӣ гоҳе талх аст.
Оё мо маслиҳати хуб мекобем ё касеро, ки фикрамонро тасдиқ кунад? (Ба сархати 14 нигаред.)
ҚАРОРРО ХУДАТОН БАРОРЕД
15. Мо бояд аз чӣ эҳтиёт шавем ва чаро?
15 Ҳамаи мо уҳдадорем, ки худамон қарор барорем (Ғал. 6:4, 5). Чи хеле фаҳмидем, одами боақл пеш аз қароре баровардан аз Каломи Худо ва масеҳии баркамол маслиҳат мепурсад. Мо бояд эҳтиёт шавем, то аз дигар кас хоҳиш накунем, ки ба ҷойи мо қарор барорад. Баъзеҳо аз бародар ё хоҳаре, ки ҳурматаш мекунанд, мепурсанд: «Агар ту ба ҷойи ман мебудӣ, чӣ кор мекардӣ?» Баъзеи дигар рафтори дигаронро кӯр-кӯрона такрор мекунанд.
16. Дар ҷамоати Қӯринт дар масъалаи гӯшти қурбонии бутҳо кадом савол пайдо шуд ва кӣ қарор мекард, ки аз он хӯранд ё не? (1 Қӯринтиён 8:7; 10:25, 26).
16 Биёед воқеаеро, ки дар асри як дар миёни масеҳиёни Қӯринт шуда буд, ба ёд орем. Онҳо бояд қарор мекарданд, ки гӯшти ба бутҳо қурбонишударо мехӯранд ё не. Павлус ба он масеҳиён чунин навишта буд: «Мо медонем, ки бут ҳеҷ аст ва ғайр аз Худои ягона худои дигаре нест» (1 Қӯр. 8:4). Баъзеҳо аз рӯйи суханони Павлус қарор карданд, ки гӯштеро, ки ба бутҳо қурбонӣ мешуду баъдтар дар бозор фурӯхта мешуд, хӯрда метавонанд. Виҷдони дигарон инро намебардошт. (1 Қӯринтиён 8:7; 10:25, 26-ро хонед.) Ҳар як масеҳӣ худаш қарор мекард, ки чӣ хел рафтор мекунад. Павлус намехост, ки қӯринтиён ба ҷойи дигарон қарор кунанд ё кӯр-кӯрона амали дигаронро такрор кунанд. Ҳар яки онҳо «дар пеши Худо барои худ ҷавоб» медоданд (Рум. 14:10–12).
17. Чаро набояд кӯр-кӯрона рафтори дигаронро такрор кунем? Мисол оред. (Ҳамчунин ба расмҳо нигаред.)
17 Ҳолати ба ин монанд имрӯз ҳам пайдо шуда метавонад. Биёед масъалаи хунро дида бароем. Ҳар масеҳӣ худаш қарор мекунад, ки вақти табобат фраксияҳои хунро қабул мекунад ё неb. Шояд, нағз фаҳмидани ин мавзуъ бароямон мушкил бошад, вале дар чунин масъалаҳо қарор кардан масъулияти ҳар яки мост. Мо инро ба гардани дигар кас бор карда наметавонем, чунки ҳар кас барои худаш дар пеши Яҳува ҷавобгар аст (Рум. 14:4). Вақте мо виҷдонамонро кор намефармоему рафтори дигаронро кӯр-кӯрона такрор мекунем, виҷдонамон сусту танбал мешавад. Мо танҳо дар он ҳолат виҷдонамонро машқу таълим дода метавонем, агар доимо онро ба кор андозем (Ибр. 5:14). Кай мо бояд аз масеҳии баркамол маслиҳат пурсем? Агар аллакай тадқиқ кардаему намедонем дар вазъиятамон чӣ хел принсипҳои Китоби Муқаддасро ба кор барем.
Танҳо баъди масъаларо хуб омӯхтан мо бояд маслиҳат пурсем (Ба сархати 17 нигаред.)
ЯК УМР ҶӮЁИ МАСЛИҲАТ БОШЕД
18. Яҳува барои мо чӣ кор кардааст?
18 Яҳува аз мо дилпур аст, барои ҳамин ба мо ихтиёри қарор карданро додааст. Инчунин ӯ ба мо Китоби Муқаддасро ҳадия кардааст. Боз ӯ дӯстони хирадмандро ато кардааст, ки маънои пандҳои Каломро бароямон равшан месозанд. Ӯ ҳамчун Падар вазифаашро иҷро кардааст (Пнм. 3:21–23). Мо чӣ тавр шукргузориямонро ба ӯ баён карда метавонем?
19. Чӣ тавр минбаъд ҳам Яҳуваро шод гардонем?
19 Вақте волидон мебинанд, ки фарзандонашон хизматгори пухта, бофаросат, бохирад ва фидокори Яҳува мешаванд, хурсанд мегарданд. Ба ҳамин монанд, вақте Падари осмониямон, Яҳува, мебинад, ки мо рӯҳан баркамол мешавем, маслиҳат меҷӯем ва бо қарорҳоямон ӯро ҷалол медиҳем, шод мегардад.
СУРУДИ 127 Мехоҳам ба ту дилписанд бошам
a Дар масъалаҳои пулӣ, тиббӣ ва ғайра бо мутахассисон маслиҳат кардан дуруст аст, ҳатто агар онҳо хизматгори Худо набошанд.
b Барои гирифтани маълумоти бештар ба китоби «То абад зинда бошед!» дарси 39, қисми 5 ва бахши «Дида бароед» назар кунед.
c ШАРҲИ РАСМ: Як бародар ба дигараш мегӯяд, ки дар вохӯрии охирини пирон ӯ нодуруст амал кард ва ба ӯ маслиҳат медиҳад.