ОНЛАЙН-КИТОБХОНАИ Бурҷи дидбонӣ
ОНЛАЙН-КИТОБХОНАИ
Бурҷи дидбонӣ
тоҷикӣ
ӯ
  • ғ
  • ӣ
  • қ
  • ӯ
  • ҳ
  • ҷ
  • КИТОБИ МУҚАДДАС
  • АДАБИЁТ
  • ВОХӮРИҲО
  • w25 июл саҳ. 14-19
  • Аз таълимоти асосии Калом минбаъд ҳам фоида гиред

Видеонавор вуҷуд надорад.

Бубахшед, видеонавор боргирӣ нашуд.

  • Аз таълимоти асосии Калом минбаъд ҳам фоида гиред
  • Бурҷи дидбонӣ Подшоҳии Яҳуваро эълон мекунад — (нашри омӯзишӣ) 2025
  • Зерсарлавҳаҳо
  • Маводи монанд
  • ЯҲУВА ОФАРИДГОР АСТ
  • ЧАРО ХУДО БА АЗОБҲО РОҲ МЕДИҲАД?
  • МО ДАР «РӮЗҲОИ ОХИР» ЗИНДАГӢ ДОРЕМ
  • ЁДОВАРИҲОИ ЯҲУВАРО ҚАДР КУНЕД
  • Ҳадшинос бошед — он чиро намедонед, тан гиред
    Бурҷи дидбонӣ Подшоҳии Яҳуваро эълон мекунад — (нашри омӯзишӣ) 2025
  • Оё қарорҳоятон нишон медиҳанд, ки шумо ба Яҳува такя мекунед?
    Ҳаёт ва хизмати мо. Дафтари вохӯрӣ (2023)
  • Оё шумо ростиро аз дурӯғ фарқ мекунед?
    Бурҷи дидбонӣ Подшоҳии Яҳуваро эълон мекунад — (нашри омӯзишӣ) 2024
  • Аз муҳаббат мавъизаро давом диҳед
    Бурҷи дидбонӣ Подшоҳии Яҳуваро эълон мекунад — (нашри омӯзишӣ) 2024
Маълумоти бештар
Бурҷи дидбонӣ Подшоҳии Яҳуваро эълон мекунад — (нашри омӯзишӣ) 2025
w25 июл саҳ. 14-19

МАҚОЛАИ ОМӮЗИШИИ 30

СУРУДИ 36 Дили худро ҳифз намо

Аз таълимоти асосии Калом минбаъд ҳам фоида гиред

«Ман ният дорам ҳамаи чизҳои навиштаамро доимо ба шумо хотиррасон кунам, гарчанд шумо онҳоро медонед ва дар дониши ростии гирифтаатон устувор ҳастед» (2 ПЕТ. 1:12).

МАҚСАД

Мо мефаҳмем, ки аз шинохтани ҳақиқатҳои асосии Калом солҳо гузашта бошад ҳам, метавонем аз онҳо дарсҳои нав гирифта, ҳаётамонро ободтар созем.

1. Чӣ тавр ҳақиқатҳои асосии Калом ҳаётатонро дигар кард?

ТАЪЛИМОТИ асосии Китоби Муқаддас ҳаёти моро дигар кард. Масалан, вақте мо фаҳмидем, ки номи Худо Яҳува аст, барои дӯсти ӯ шудан қадами аввал гузоштем (Иш. 42:8). Вақте мо дар бораи ҳолати мурдагон фаҳмидем, хотирамон ҷамъ шуд, ки наздикони аз дунё гузаштаамон азоб намекашанд (Пандгӯ 9:10). Боз вақте фаҳмидем, ки Худо заминро ба биҳишт табдил медиҳад, ба оянда умед пайдо кардем. Мо дилпур гаштем, ки умри мо фақат 70 ё 80 сол неву абадӣ буда метавонад (Заб. 37:29; 90:10).

2. Чӣ тавр аз 2 Петрус 1:12, 13 маълум мешавад, ки ҳатто ба масеҳиёни баркамол дар бораи таълимоти асосӣ мулоҳиза кардан зарур аст?

2 Мо ҳаргиз набояд ба таълимоти асосии Китоби Муқаддас бо чашми кам нигарем. Петруси расул номаи дуюмашро ба масеҳиёне навишта буд, ки «дар дониши ростӣ» устувор буданд. (2 Петрус 1:12, 13-ро хонед.) Лекин, акнун аз пеши роҳи онҳо хатарҳои рӯҳонӣ баромада буданд, масалан, дар ҷамоат муаллимони дурӯғгӯй ва худобехабарон ба миён омаданд (2 Пет. 2:1–3). Петрус мехост онҳоро қувват бахшад, то аз ин хавфу хатари рӯҳонӣ худро эмин доранд. Ба ҳамин хотир ӯ ба онҳо баъзе таълимоти барояшон шиносро ёдрас кард. Дар бораи ин ҳақиқатҳо мулоҳиза ронда, онҳо то охир истодагӣ карда метавонистанд.

3. Чаро масеҳиёни пухта бояд пайваста дар бораи таълимоти асосии Калом фикр кунанд? Мисол оред.

3 Дар роҳи Худо пухтатар шуда, мо аз фикрҳои шиноси Калом дарсҳои нав ба нав мегирем. Мисоле меорем. Агар ба ошпази навшогирд якчанд маҳсулоти одиро диҳӣ, ӯ аз он хӯроки бисёре тайёр карда наметавонад. Вале ошпази моҳир ва ботаҷриба аз ҳамон маҳсулоти одӣ метавонад хӯрокҳои болаззат ва нав ба нав тайёр кунад. Ба ҳамин монанд, омӯзандагони нави Калом ва хизматгорони ботаҷрибаи Яҳува ба ҳамон як таълимоти одии Калом аз паҳлуҳои гуногун менигаранд. Ба эҳтимоли зиёд аз вақти таъмид гирифтанамон вазъияти зиндагӣ ва таъйиноти мо дигар шуд. Вақте мо таълимотеро, ки солҳои пеш омӯхтем, ба вазъияти имрӯзаамон ба кор мебарем, дарсҳои наву судманд мегирем. Биёед бинем, ки масеҳиёни пухта аз се таълимоти асосии Китоби Муқаддас чӣ дарс гирифта метавонанд.

ЯҲУВА ОФАРИДГОР АСТ

4. Донистани он ки Яҳува Офаридгори мост ба ҳаётамон чӣ таъсире расондааст?

4 «Созандаи ҳама чиз» Худост (Ибр. 3:4). Мо медонем, ки сайёраи мо ва тамоми мавҷудоти онро Худоямон Яҳува офаридааст. Ӯ Худои тавоно ва пурхирад аст. Ӯ моро офаридааст ва сириштамонро ба хубӣ медонад. Яҳува ғами моро мехӯрад ва ҳар маслиҳаташ ба фоидаи мост. Донистани ин ҳақиқати одӣ, ки Яҳува Офаридгори мост, ҳаёти моро дигаргун кардааст ва ба он рангу маъно бахшидааст.

5. Дар ёд доштани он ки Яҳува Офаридгор аст, моро чӣ меомӯзад? (Ишаъё 45:9–12).

5 Дар ёд доштани он ки Яҳува Офаридгор аст, моро хоксорӣ меомӯзад. Як замоне диққати Айюб аз ҳад зиёд ба худаш ва дигар одамон шуд. Он гоҳ Яҳува ба ӯ ёдрас кард, ки ӯ Худои Қодир ва Офаридгор аст (Айюб 38:1–4). Ҳамин хотиррасонии Яҳува чашмони ӯро кушод ва Айюб дид, ки хираду адолати Худо аз инсон беандоза болотар аст. Пайғамбар Ишаъё низ фикри ба ҳамин монандро навиштааст: «Оё лой ба Кӯзагар мегӯяд: “Ин чист, ки ту месозӣ?”» (Ишаъё 45:9–12-ро хонед.)

6. Хусусан кай мо бояд дар бораи бузургии Офаридгорамон андеша ронем? (Ҳамчунин ба расмҳо нигаред.)

6 Вақте масеҳӣ таҷриба зиёд мекунад, шояд, чунин шавад, ки бештар ба донишу малакаи худ такя кунад, на ба ҳикмати Каломи Яҳува (Айюб 37:23, 24). Вале, агар дар бораи бузургии Офаридгор фикр кунад, ӯ мебинад, ки хиради Яҳува аз хиради ӯ беандоза болотар аст (Иш. 40:22; 55:8, 9). Ҳамин ҳақиқати одиро ба ёд оварда, ӯ хоксор мемонад ва донишу таҷрибаи худро аз будаш баланд баҳо намедиҳад.

Силсиларасм: 1. Дар вохӯрии пирон бародаре як пешниҳод мекунад, лекин дигарон ба ӯ шубҳаомез менигаранд. 2. Баъдтар он бародар ба осмони пурситора назар карда, мулоҳиза меронад.

Чӣ ёрӣ медиҳад, ки ақидаи худро аз ҳама боло наҳисобем? (Ба сархати 6 нигаред.)d


7. Чӣ ба Раҳела ёрӣ расонд, ки дигаргуниро қабул кунад?

7 Раҳела аз Словения дар бораи Офаридгор будани Яҳува андеша карда, як дигаргуниро дар ташкилот қабул карда тавонист. Ӯ нақл мекунад: «Баъзан бароям қабул кардани қарорҳои ташкилот мушкил буд. Масалан, ҳарчанд ман “Муроҷиати Ҳайати роҳбарикунанда № 8 (2023)”-ро тамошо карда будам, вақте бори аввал суханронии бародари ришдорро гӯш кардам, ҳуш аз сарам канд. Бароям қабул кардани ин душвор буд. Аз ин рӯ ба Яҳува дуо гуфта, аз ӯ ёрӣ пурсидам, то ба ин дигаргунӣ одат кунам». Раҳела дарк кард, ки Яҳува Офаридгори осмону замин аст ва ӯ беҳтар медонад, ки ташкилоташро ба кадом самт равона кунад. Агар бароятон қабул кардани фаҳмиши нав ё ягон дигаргунӣ душвор бошад, хоксориро пеша карда, дар бораи хираду қудрати бузурги Офаридгор андеша ронед (Рум. 11:33–36).

ЧАРО ХУДО БА АЗОБҲО РОҲ МЕДИҲАД?

8. Донистани он ки чаро Худо ба ранҷу азоб роҳ медиҳад, ба мо чӣ таъсир кард?

8 Чаро Худо ба ранҷу азоб роҳ медиҳад? Баъзе одамон ба ин савол ҷавоб наёфта, Худоро айбдор мекунанд ё хулоса мекунанд, ки ӯ вуҷуд надорад (Пнм. 19:3). Вале шумо фаҳмидед, ки сабаби ранҷу азоби мо Худо не, балки гуноҳу нокомилии меросиямон аст. Шумо ҳамчунин фаҳмидед, ки Худои пурсабр, Яҳува, барои одамон сӯйи худаш роҳ кушод ва миллионҳо нафар ба ӯ наздик шуда, фаҳмиданд, ки Яҳува ба ранҷу азоб хотима мебахшад (2 Пет. 3:9, 15). Ин ҳақиқатҳоро фаҳмида дили шумо гарм шуду шумо ба Яҳува наздик шудед.

9. Дар кадом мавридҳо мо ба ёд оварда метавонем, ки чаро Яҳува ба азобу ранҷ роҳ медиҳад?

9 Албатта, мо мефаҳмем, ки бояд замонеро пурсаброна интизор шавем, ки Яҳува ба тамоми бадиҳо поён мебахшад. Вале, вақте ба сари мо ё ягон наздикамон ғам, фалокат, беадолатӣ меояд ё ягон шахси азизамон мемирад, шояд, мо аз худ пурсем: «Барои чӣ Яҳува зудтар бадиҳоро яктарафа намекунад? Барои чӣ ӯ корро кашол медиҳад?» (Ибр. 1:2, 3). Дар чунин лаҳзаҳо мо метавонем ба ёд орем, ки чаро Яҳува иҷозат медиҳад, ки одилон азоб кашандa (Заб. 34:19). Мо ҳамчунин нияти Яҳуваро ба ёд оварда метавонем: ӯ заминро аз азобу бадиҳо пок месозад.

10. Бо ёрии чӣ Энн ба марги модараш тоб овард?

10 Донистани ҳақиқат дар бораи азобҳо ба мо қуввату сабр мебахшад. Хоҳарамон бо номи Энн, сокини ҷазираи Майотта дар уқёнуси Ҳинд, чунин мегӯяд: «Вақте модарам аз дунё гузашт, ман бисёр гиря кардам. Якчанд сол гузашта бошад ҳам, дарди ин фоҷиа аз дилам нарафтааст. Вале ман доим ба худ ёдрас мекунам, ки барои азобҳои мо Яҳува айбдор нест. Ӯ муштоқи он аст, ки тамоми азобҳоямонро бартараф кунад ва наздиконамонро зинда кунад. Худам ҳам ҳайронам, ки дар бораи ин ҳақиқатҳо мулоҳиза карда, ман чӣ қадар оромӣ пайдо мекунам».

11. Чаро Яҳува ба азобҳо роҳ медиҳад ва донистани ин чӣ тавр завқамонро ба хизмат зиёд мекунад?

11 Донистани он ки чаро Яҳува ба азобу ранҷ роҳ медиҳад, ҳамчунин ба мо дар хизмат қувват мебахшад. Петруси расул гуфт, ки сабри Яҳува ба одамон имкон медиҳад, ки тавба карда, наҷот ёбанд. Сипас ӯ чунин навишт: «Пас, то чӣ андоза шумо бояд диққат диҳед, ки чӣ гуна инсонед! Рафтори шумо бояд пок бошад ва корҳоятон аз худотарсӣ шаҳодат диҳанд» (2 Пет. 3:11). Хизмати мо ҳам бояд «аз худотарсӣ» шаҳодат диҳад. Мо ҳам мисли Падари осмониямон, Яҳува, одамонро дӯст медорем. Мо мехоҳем онҳо дар дунёи нави Худо зиндагӣ кунанд, ки он ҷо адолат ҳукмфармост. Худои пурсабрамон, Яҳува, ба одамони маҳалли шумо имкон медиҳад, ки парастандаи ӯ шаванд. То замони анҷом бо Худо ҳамкорӣ карда, одамонро бо ӯ шиносондан бароямон шарафи бузург аст (1 Қӯр. 3:9).

МО ДАР «РӮЗҲОИ ОХИР» ЗИНДАГӢ ДОРЕМ

12. Донистани он ки мо дар «рӯзҳои охир» зиндагӣ дорем, ба мо чӣ таъсире мегузорад?

12 Дар Китоби Муқаддас як ба як пешгӯйӣ карда мешавад, ки одамони «рӯзҳои охир» чӣ хел мешаванд (2 Тим. 3:1–5). Ба гирду атрофамон назар карда, мо мебинем, ки ин пешгӯйӣ иҷро шуда истодааст. Охир, феълу рафтори одамон бадтару бадтар шуда истодааст. Иҷро шудани ин пешгӯйӣ моро дилпурии зиёдтар мебахшад, ки Каломи Худо боваринок аст (2 Тим. 3:13–15).

13. Луқо 12:15–21-ро ба назар гирифта, мо аз худ чӣ пурсида метавонем?

13 Дар рӯзҳои охир зиндагӣ карданамонро ба назар гирифта, мо ҳар як фурсатро ғанимат медонем. Биёед бинем, ки аз масали Исо дар Луқо 12:15–21 мо дар ин бора чӣ дарс мегирем. (Оятҳоро хонед.) Барои чӣ он марди бой «нодон» номида шуд? На барои пулдор будани ӯ, балки барои ба чизҳои рӯҳонӣ бепарво буданаш. Ӯ барои худ ганҷ ҷамъ мекард, аммо «дар назари Худо» бой набуд. Ӯ фурсатро ғанимат намедонист. Худо ба он мард чунин гуфт: «Худи ҳамин шаб ҷонатро аз ту талаб мекунанд». Имрӯз наздик шудани анҷомро дида, мо аз худ пурсида метавонем: «Оё ман дарк мекунам, ки фурсат танг аст? Оё аз мақсадҳоям маълум аст, ки ман вақтро ғанимат медонам? Оё ман ба фарзандонам ёрӣ мерасонам, ки мақсадҳои дуруст гузоранд? Ман қуввату вақту дороиямро дар кадом роҳ сарф мекунам? Дар роҳи пулу мол ҷамъ кардан ё дар осмон ганҷ ғун кардан?»

14. Андеша кардан дар бораи он ки мо дар охирзамон зиндагӣ дорем, чӣ фоида дорад?

14 Агар мо дарк кунем, ки дар охирзамон зиндагӣ дорем, назарамон ба зиндагӣ тамоман дигар мешавад. Бо хоҳарамон Мики маҳз ҳамин чиз рӯй дод. Ӯ нақл мекунад: «Вақте мактабро хатм кардам, мехостам омӯзиши ҷонваронро касби худ созам. Ман ҳамчунин мақсад доштам пешрави доимӣ шаваму дар ҷойи камвоиз хизмат кунам. Дӯстони баркамолам ба ман гуфтанд, ки нағзакак дар ин бора фикр кунам ва аз худ пурсам: “Оё ҳаётамро ҳам ба омӯзиши ҷонварон ва ҳам ба хизмати Яҳува бахшида метавонам? Агар ман ғарқи ин кор шавам ба мақсадҳои рӯҳониям мерасам?” Онҳо ба ман ёдрас карданд, ки анҷоми ин замона наздик аст. Дар дунёи нав бошад, барои омӯхтани ҳайвонот ман солҳои бешумор дорам. Барои ҳамин ман як барномаи кӯтоҳи таълимиро интихоб кардам. Сипас ҷойи коре ёфтам, ки он имкон медод пешрави доимӣ хизмат кунам. Баъдтар ман ба ҷойи камвоиз, ба Эквадор, кӯчидам». Ҳоло Мики бо шавҳараш, ки нозири ноҳиявӣ аст, дар он мамлакат якҷоя хизмат мекунад.

15. Аз саргузашти Яъқуб мо чиро меомӯзем? (Ҳамчунин ба расмҳо нигаред.)

15 Вақте одамон дар аввал ба хабари ростӣ гӯш намедиҳанд, мо набояд дилмонда шавем. Онҳо дигар шуда метавонанд. Мисоли додари Исо, Яъқубро, дида мебароем. Ӯ шоҳиди он буд, ки чӣ тавр Исо калон шуд, Масеҳ гашт ва омӯзгори нотакроре шуд. Вале солҳои зиёд Яъқуб Исоро пайравӣ намекард. Танҳо баъд аз он ки Исо зинда шуд, шогирди ӯ гашт. Бояд гуфт, ки ӯ бисёр шогирди боғайрат ҳам гаштb (Юҳ. 7:5; Ғал. 2:9). Агар ягон хешатон дари дилашро ба хушхабар накушояд, умедатонро аз ӯ наканед. Ҳамчунин як-як бо касоне, ки хабари ростиро пеш қабул накарда буданд, аз нав ҳамсуҳбат шавед. Дар ёд доред, ки мо дар рӯзҳои охир зиндагӣ дорем, аз ин рӯ кори мо фаврист. Донае, ки шумо имрӯз дар дили одамон мекоред, шояд, фардо сабзад, мумкин ҳатто баъд аз сар задани азоби азимc.

Хоҳаре омӯзиши шахсӣ мекунад ва қарор медиҳад, ки ба апааш, ки ҳамимони мо нест, занг занад. Он лаҳза апааш бо духтарчааш харид карда истодааст.

Ҳатто агар наздиконамон ба хушхабар шавқ надошта бошанд ҳам, чӣ ёрӣ медиҳад, ки аз онҳо умедамонро наканем? (Ба сархати 15 нигаред.)e


ЁДОВАРИҲОИ ЯҲУВАРО ҚАДР КУНЕД

16. Аз ёдовариҳои Яҳува чӣ фоида мегирем? (Ҳамчунин ба чорчӯбаи «Бо ёрии онҳо ба дигарон ёрӣ расонед» нигаред.)

16 Баъзе хӯроки рӯҳонӣ барои касоне тайёр шудааст, ки бори аввал таълимоти асосии Каломро мешунаванд. Масалан, суханронии оммавие, ки ҳар ҳафта гуфта мешавад, баъзе мақолаҳо ва видеоҳо дар сайти jw.org ва маҷаллаҳое, ки барои омма навишта мешаванд — барои касоне, ки Шоҳиди Яҳува нестанд. Вале мо ҳам аз хондану шунидани ин маслиҳатҳо фоида мегирем: муҳаббатамон ба Яҳува сахттар мешавад, имонамон ба Каломаш қавитар мегардад ва омӯзгори беҳтари Калом мешавем (Заб. 19:7).

Бо ёрии онҳо ба дигарон ёрӣ расонед

Баъзе мақолаҳо, видеоҳо ё суханрониҳо барои касоне тайёр шудааст, ки нав бо таълимоти асосии Калом шинос мешаванд. Вақти хондан ё шунидани чунин маълумот кӯшиш кунед онро барои ёрии дигарон истифода баред. Аз худ пурсида метавонед:

  • «Барои исботи фикр кадом далелҳо оварда шудаанд?»

  • «Дар таълим додани ҳамин ҳақиқат ман аз ҳамин ҷо кадом мисолро истифода бурда метавонам?»

  • «Кӣ ба ин мавзуъ шавқ дорад ва чӣ тавр ман ин маълумотро ба ӯ расонам?»

17. Дар кадом ҳолатҳо шумо дар бораи таълимоти асосии Калом фикр карда метавонед?

17 Мо, Шоҳидон, вақте ягон таълимоти Каломро равшантар мефаҳмем, хеле шод мешавем. Вале мо ҳамзамон набояд меҳри аввалинамонро ба таълимоти асосии Китоби Муқаддас фаромӯш кунем. Агар мо ба хиради худ такя карданӣ шавему на ба дастуроти ташкилот, бояд хоксориро пеша карда, ба ёд орем, ки ташкилотро Худои пурқудрату ҳамадон раҳбарӣ мекунад. Агар ягон шахси наздикамон ё мо аз озмоише гузашта истода бошем, мехоҳем сабрро пеша карда, дар он бора андеша кунем, ки чаро Яҳува ба ранҷу азоб роҳ медиҳад. Барои дуруст кор фармудани вақт, қувват ва дороиямон мо мехоҳем ба ёд орем, ки дар замонҳои охир зиндагӣ дорем ва фурсат танг аст. Бигзор ёдовариҳои Яҳува ба мо қувват, завқ ва хирад бахшанд.

МО АЗ ИН ҲАҚИҚАТҲОИ ОДИИ КАЛОМ ЧӢ ДАРС МЕГИРЕМ:

  • аз он ки Яҳува Офаридгор аст?

  • аз он ки Яҳува ба кадом сабаб ба азобҳо роҳ медиҳад?

  • аз он ки дар «рӯзҳои охир» зиндагӣ дорем?

СУРУДИ 77 Нур дар дунёи торик

a Ба мақолаи «Чаро ба наздикӣ ранҷу азоб намешавад?» аз «Бурҷи дидбонӣ» 15-уми майи соли 2007, саҳ. 21–25 (рус.) нигаред.

b Ба дарси 8-уми китобчаи «Одамонро дӯст дореду шогирд тайёр кунед» нигаред.

c Ба мақолаи «Мо дар бораи довариҳои ояндаи Яҳува чиро медонем?» аз «Бурҷи дидбонӣ» моҳи майи соли 2024, саҳ. 8–13 нигаред.

d ШАРҲИ РАСМ: Дар вохӯрии пирон бародаре як пешниҳод мекунад, лекин дигарон бо ӯ розӣ намешаванд. Баъдтар ӯ ба осмони пурситора назар мекунаду дар бораи хираду бузургии Офаридгор мулоҳиза меронад. Ӯ дарк мекунад, ки хости Яҳува аз хоҳиши ӯ муҳимтар аст.

e ШАРҲИ РАСМ: Ҳангоми омӯзиши шахсӣ хоҳаре далели дар охирзамон зиндагӣ карданамонро тадқиқ карда истодааст. Ӯ мехоҳад ба апааш, ки ҳамимонамон нест, занг зада, маълумоти фаҳмидаашро нақл кунад.

    Адабиёт дар забони тоҷикӣ (2000–2025)
    Баромадан
    Даромадан
    • тоҷикӣ
    • Фиристодан
    • Ҷӯркунӣ
    • Copyright © 2025 Watch Tower Bible and Tract Society of Pennsylvania
    • Шарти истифодабарӣ
    • Сиёсати ҳифзи асрор
    • Танзимоти ҳифзи асрор
    • JW.ORG
    • Даромадан
    Фиристодан