МАҚОЛАИ ОМӮЗИШИИ 20
СУРУДИ 47 Хушхабарро мавъиза менамоем
Аз муҳаббат мавъизаро давом диҳед
«Лозим аст, ки аввал ин хушхабар ба тамоми халқҳо эълон карда шавад» (МАРҚ. 13:10).
МАҚСАД
Мо мефаҳмем, ки чӣ хел муҳаббат дар кори мавъиза ба мо ғайрату завқ мебахшад.
1. Мо дар вохӯрии солонаи 2023 чӣ фаҳмидем?
ДАР вохӯрии солонаи 2023a фаҳмиши мо дар бораи баъзе масъалаҳо аз Китоби Муқаддас равшантар гашт ва мо дар бораи хизмат эълонҳои ҳаяҷонбахше шунидем. Масалан, мо фаҳмидем, ки ҳатто баъди нест шудани Бобили бузург баъзе одамон имкон хоҳанд дошт, ки ба халқи Яҳува ҳамроҳ шаванд. Мо ҳамчунин фаҳмидем, ки аз ноябри соли 2023 сар карда аз воизон талаб карда намешавад, ки дар ҳисоботашон ҳама чиро қайд кунанд. Оё ин дигаргуниҳо аҳамияти хизмати моро кам мекунанд? Оё онҳо нишон медиҳанд, ки кори мо чандон фаврӣ нест? Не!
2. Чаро кори мавъиза рӯз ба рӯз фавритар шуда истодааст? (Марқус 13:10).
2 Бо гузашти ҳар як рӯз хизмати мо фавритар мешавад. Чаро чунин гуфтан мумкин аст? Чунки вақт камтару камтар монда истодааст. Бинед, ки Исо дар бораи кори мавъиза дар замони охир чӣ гуфтааст. (Марқус 13:10-ро хонед.) Мувофиқи китоби Матто Исо гуфт, ки хушхабар дар тамоми замин то вақти «анҷом» паҳн мешавад (Мат. 24:14). «Анҷом» гуфта, поёни дунёи бадкори Шайтон дар назар аст. Яҳува «рӯз ва соат»-и тамоми воқеаҳоеро, ки бояд рӯй диҳанд, муқаррар кардааст (Мат. 24:36; 25:13; Кор. 1:7). Бо гузашти ҳар рӯз ин замон наздиктар мешавад (Рум. 13:11). Мо бошем, то вақти анҷом бояд мавъиза карданро давом диҳем.
3. Барои чӣ мо хушхабарро паҳн мекунем?
3 Биёед саволи муҳимеро дар бораи хизматамон дида бароем. Барои чӣ мо хушхабарро паҳн мекунем? Одӣ карда гӯем, мо ин корро аз муҳаббат мекунем. Мо хабаррасониро ба хотири муҳаббат ба хушхабар, муҳаббат ба одамон ва, аз ҳама муҳимаш, муҳаббат ба Яҳува ва номаш мекунем. Биёед ҳар кадоми онҳоро як ба як дида бароем.
МО ХУШХАБАРРО ДӮСТ МЕДОРЕМ
4. Вақте хабари хушеро мешунавем, чӣ ҳис мекунем?
4 Ба ёд биёред, ки, вақте хабари хушеро шунидед, чӣ ҳис кардед, масалан, вақте фаҳмидед, ки дар оилаатон ягон кӯдак таваллуд мешавад ё ягон ҷойи кори нағз ёфтед. Бешак, шумо мехостед ин хабарро ба ёру наздиконатон ҳар чӣ зудтар расонед. Оё, вақте беҳтарин хабар, хушхабари Подшоҳиро, шунидед, дар дилатон чунин хоҳиш пайдо шуд?
5. Вақте якум бор ростии Каломи Худоро шунидед, чӣ ҳис кардед?
5 Вақте шумо бори аввал ростии Каломи Худоро шунидед, чӣ ҳис кардед? Шумо фаҳмидед, ки Падари осмониятон шуморо дӯст медорад, мехоҳад шумо ба хонаводаи бузурги парастандагони ӯ ҳамроҳ шавед. Шумо фаҳмидед, ки барои дидани наздикони аз дунё гузаштаатон умеде ҳаст, шумо дар бораи дунёи нав ва чизҳои зиёди дигаре фаҳмидед (Марқ. 10:29, 30; Юҳ. 5:28, 29; Рум. 8:38, 39; Ошкор. 21:3, 4). Фаҳмидани ин ҳақиқатҳо дар дили шумо шуълаи умедро афрӯхт (Луқ. 24:32). Ин ҳақиқатҳои бебаҳо ба дилатон рафта расиданд ва шумо аз нақл кардани онҳо ба дигарон худро боздошта наметавонистед. (Бо Ирмиё 20:9 муқоиса кунед.)
Вақте бори аввал хушхабарро шунидем, аз нақл кардани ҳақиқатҳои бебаҳо ба дигарон худро боздошта наметавонистем (Ба сархати 5 нигаред.)
6. Аз саргузашти Эрнесту Роуз чӣ меомӯзем?
6 Мисоли бародареро бо номи Эрнестb дида мебароем. Вақте падараш аз дунё гузашт, ӯ даҳсола буд. Эрнест ба ёд меорад: «Ман аз худ мепурсидам: “Падарам ба осмон рафта бошад ё дигар вуҷуд надорад?” Ман ба дигар кӯдаконе, ки падар доштанд, ҳасад мебурдам». Эрнест зуд-зуд ба қабристон рафта, сари гӯри падараш зону мезаду дуо мегуфт: «Худоҷон, илтимос, ба ман гӯй, ки падарам дар куҷост». Тақрибан 17 сол баъди марги падараш ба Эрнест омӯзиши Китоби Муқаддас пешкаш карданд ва ӯ розӣ шуд. Ӯ аз Китоби Муқаддас фаҳмид, ки мурдаҳо дар ҳолати хоби гаронанд ва Худо ваъда медиҳад, ки дар оянда онҳоро зинда мекунад (Пандгӯ 9:5, 10; Кор. 24:15). Аз фаҳмидани ин ӯ ба ваҷд омад. Эрнест ниҳоят ба саволҳое, ки солҳои зиёд ӯро ором намемонданд, ҷавоб ёфт. Он чӣ Эрнест аз Китоби Муқаддас мефаҳмид, ба ӯ шодии зиёд мебахшид. Занаш Роуз низ ба омӯзиши ӯ ҳамроҳ шуда, ошиқи паёми Подшоҳӣ гашт. Соли 1978 онҳо таъмид гирифтанд. Онҳо ҳақиқатҳои гаронбаҳоро аз Калом ба аҳли оила, дӯстон ва дигар шавқмандон нақл мекарданд. Дар натиҷа, Эрнест ва Роуз ба беш аз 70 нафар ёрӣ расонданд, ки сӯйи таъмид қадам гузоранд.
7. Вақте оташи меҳри Калом дар диламон паҳн мешавад, мо чӣ кор мекунем? (Луқо 6:45).
7 Маълум аст, ки, вақте оташи меҳри Калом дар диламон паҳн мешавад, мо хомӯш истода наметавонем. (Луқо 6:45-ро хонед.) Мо бо масеҳиёни асри як ҳамовоз мешавем ва мегӯем: «Мо наметавонем дар бораи чизҳои дидаву шунидаамон гап заданро бас кунем» (Кор. 4:20). Мо ростиро чунон дӯст медорем, ки мехоҳем онро ба одамони ҳар чӣ бештар расонем.
МО ОДАМОНРО ДӮСТ МЕДОРЕМ
8. Чаро мо хушхабарро ба дигарон мерасонем? (Ба чорчӯбаи «Одамонро дӯст дореду шогирд тайёр кунед» нигаред.)
8 Мисли Яҳува ва Писараш мо одамонро дӯст медорем (Пнм. 8:31; Юҳ. 3:16). Дили мо ба касоне, ки аз Худо бехабар ва «бе умед»-анд месӯзад (Эфс. 2:12). Онҳо дар душвориҳои зиндагӣ ғарқ шуда истодаанд, мо бошем, ба онҳо банди наҷотро дароз карда метавонем. Ин банди наҷот хушхабар дар бораи Подшоҳии Худост. Аз муҳаббату дилсӯзӣ мо сад роҳу илоҷ ҷуста, хушхабари наҷотро ба чунин касон мерасонем. Ин паёми бебаҳо дили онҳоро аз нури умед пур мекунад, барои ба сомон даровардани зиндагияшон ба онҳо ёрӣ мерасонад ва имкон медиҳад, ки домани «ҳаёти ҳақиқиро» маҳкам доранд — зиндагии абадиро дар дунёи нави Худо (1 Тим. 6:19).
Аз муҳаббату дилсӯзӣ мо сад роҳу илоҷ ҷуста, хушхабари наҷотро ба одамон мерасонем (Ба сархати 8 нигаред.)
9. Мо одамонро аз чӣ огоҳ мекунем ва чаро? (Ҳизқиёл 33:7, 8).
9 Азбаски мо одамонро дӯст медорем, онҳоро аз наздикии анҷоми ин дунёи бадкор огоҳ мекунем. (Ҳизқиёл 33:7, 8-ро хонед.) Дили мо ба ҳамсояҳо ва хешу таборамон, ки ба Яҳува бовар надоранд, месӯзад. Онҳо бо корҳои рӯзгори худ машғуланду намедонанд, ки чӣ воқеае дар оянда рӯй медиҳад — азоби азиме, ки «аз аввали ҷаҳон то ба ҳол рӯй надода буд ва дигар ҳеҷ гоҳ рӯй намедиҳад» (Мат. 24:21). Мо мехоҳем онҳо донанд, ки дар он замони доварӣ чӣ рӯй медиҳад — дини дурӯғ нест мешаваду тамоми одамони бадкор дар Ҳармаҷиддӯн нобуд мегарданд (Ошкор. 16:14, 16; 17:16, 17; 19:11, 19, 20). Мо дуогӯйи онем, ки одамони ҳар чӣ бештар ба огоҳиямон гӯш андозанду ба мо дар парастиши пок ҳамроҳ шаванд. Вале бо онҳое, ки имрӯз ба огоҳиямон гӯш намедиҳанд, масалан, бо аъзои оилаамон, чӣ рӯй медиҳад?
10. Чаро мо бояд имрӯз одамонро аз воқеаҳои оянда огоҳ кунем?
10 Чуноне ки дар мақолаи гузашта гуфтем, шояд, Яҳува онҳоеро, ки шоҳиди нестшавии Бобили бузург гашта, фикрашонро дигар мекунанд, наҷот диҳад. Агар чунин бошад, пас, огоҳиро расондан бароямон аз пештара фавритар аст. Охир, он чиро мо имрӯз мегӯем, онҳо фардо ба ёд оварда метавонанд. (Бо Ҳизқиёл 33:33 муқоиса кунед.) Шояд, онҳо иҷро шудани пешгӯйиро дида, огоҳии моро ба ёд оранд. Ҳамон тавре ки зиндонбони филиппӣ танҳо баъди заминҷунбии сахте фикрашро дигар кард, баъзеҳо низ, шояд, баъди зеру забар шудани Бобили бузург ба ҳуш оянд (Кор. 16:25–34).
МО ЯҲУВА ВА НОМИ ӮРО ДӮСТ МЕДОРЕМ
11. Мо чӣ тавр Яҳуваро ҷалол дода, иззат мекунем ва қуввату қудратамонро фидои ӯ месозем? (Ошкорсозӣ 4:11). (Ҳамчунин ба расм нигаред.)
11 Муҳимтарин сабаби мавъиза кардани мо ин аст, ки мо Яҳува Худо ва номи поки ӯро дӯст медорем. Хизматро мо як роҳи ситоиш кардани Худои азизамон медонем. (Ошкорсозӣ 4:11-ро хонед.) Мо сад дар сад бо суханони ин суруд розием: Яҳува Худо сазовори он аст, ки хизматгорони содиқаш ӯро ҷалол диҳанд, иззат кунанд ва қудрату қувваташонро фидои ӯ кунанд. Мо бо кадом рафторамон Худоро ҷалол медиҳем ва ҳурмату иззат мекунем? Вақте бо далелҳои боварибахш ба дигарон исбот мекунем, ки Яҳува ҳама чиро офаридааст ва моро ҳаст кардааст. Вақте мо ба қадри имконамон ба Яҳува хизмат мекунем ва дар кори ӯ вақт, қувват ва дороиямонро дареғ намедорем, мо қудратамонро ба ӯ медиҳем (Мат. 6:33; Луқ. 13:24; Қӯл. 3:23). Хулоса, мо дар бораи Худои азизамон гап заданро дӯст медорем. Мо дар бораи номи ӯ ва маънояш бо ҷӯшу хурӯш ба дигарон нақл мекунем.
Вақте ба қадри имконамон ба Яҳува хизмат мекунем ва дар кори ӯ вақт, қувват ва дороиямонро дареғ намедорем, мо қудратамонро ба ӯ медиҳем (Ба сархати 11 нигаред.)
12. Мо чӣ тавр бо хизмати худ номи Яҳуваро аз доғ пок месозем?
12 Мо Яҳуваро дӯст медорем, барои ҳамин мехоҳем номи ӯро аз доғи туҳматҳои Шайтон пок созем (1 Мӯсо 3:1–5; Айюб 2:4; Мат. 6:9; Юҳ. 8:44). Мо мехоҳем дар хизмат бо дили пурҳарорат ба ҳама шавқмандон ҳақиқатро дар бораи Худо ошкор кунем. Мо мехоҳем ҳама донанд, ки сифати бузургтарини Худо муҳаббат аст, ҳукмронии ӯ ҳаққонию одилона аст ва Подшоҳияш ба наздикӣ тамоми азобҳоро хотима бахшида, барои одамизод осоиштагию хушбахтӣ меорад (Заб. 37:10, 11, 29; 1 Юҳ. 4:8). Вақте дар хизмат дар бораи Худо ростиро ошкор мекунем, номи ӯро аз доғҳои сиёҳи дурӯғ пок месозем. Ҳамчунин мо бо ин корамон сазовори номи худ рафтор мекунем. Ин чӣ маъно дорад?
13. Чаро бо Шоҳиди Яҳува буданамон мефахрем? (Ишаъё 43:10–12).
13 Яҳува моро «шоҳидони» худ номидааст. (Ишаъё 43:10–12-ро хонед.) Якчанд сол пеш дар як номаи Ҳайати роҳбарикунанда гуфта шуда буд: «Бузургтарин шарафе, ки инсон дошта метавонад, Шоҳиди Яҳува номида шудан аст»c. Чаро чунин гуфтан мумкин? Биёед мисолеро дида бароем. Тасаввур кунед, ки шуморо мурофия мекунанд ва шумо ба шоҳиде ниёз доред, ки барои ҳимояатон дар додгоҳ баромад кунад. Шумо киро шоҳиди худ интихоб мекунед? Ягон одамеро, ки нағз мешиносед ва аз ӯ дилпуред, касеро, ки обрӯйи хуб дошта бошаду гапаш дар пеши дигарон вазну қурб дошта бошад. Яҳува моро Шоҳидони худ интихоб карда нишон дод, ки моро нағз мешиносаду дилаш аз мо пур аст. Мо дар пеши дигарон шоҳидӣ медиҳем, ки Яҳува Худои ягонаи ҳақиқӣ аст. Мо инро шарафи бемисл меҳисобем ва ҳар як фурсатро истифода бурда, ба одамон номи Худоро мегӯем ва дурӯғҳоеро, ки дар ҳаққи ӯ паҳн кардаанд, фош месозем. Ин тавр карда мо номи Шоҳиди Яҳуваро ҳалол мекунем, номи пуршараферо, ки Худо бар мо гузоштааст (Заб. 83:18; Рум. 10:13–15).
ТО ДАМИ АНҶОМ ХАБАРРАСОНӢ МЕКУНЕМ
14. Моро чӣ гуна оянда дар пеш аст?
14 Моро ояндаи аҷоибе дар пеш аст. Мо умед дорем, ки аз баракати Яҳува одамони бештар пеш аз азоби азим ростиро қабул мекунанд. Ҳангоми азоби азим низ, ки ториктарин замон дар таърихи инсонӣ мебошад, одамон аз дунёи бадкори Шайтон, ки дар дами марг аст, рӯ гардонда, Яҳуваро ҳамроҳи мо васфу ситоиш мекунанд. Дар ин бора андеша кардан диламонро аз ҳаяҷон пур мекунад (Кор. 13:48).
15, 16. Мо бояд кадом корро давом диҳем ва то ба кай?
15 Алҳол мо кори бисёре дорем. Мо дар коре иштирок мекунем, ки ҳеҷ гоҳ дигар такрор намешавад — мо хушхабари Подшоҳии Худоро дар тамоми замин паҳн мекунем. Ҳамзамон мо бояд одамонро аз анҷоми хеле наздики дунёи бадкори Шайтон огоҳ кунем. Он гоҳ, вақте замони доварӣ фаро расад, онҳо мефаҳманд, ки хабаре, ки мо мерасондем, аз ҷониби Худо буд.
16 Мо барои кадом кор миён бастаем? Мо мехоҳем аз муҳаббат ба хушхабар, муҳаббат ба одамон ва, аз ҳама муҳимаш, аз муҳаббат ба Худоямон ва номи ӯ ин хабари муҳиму фавриро расонем. То даме ки Яҳува бас нагӯяд, мо бо ғайрату завқи зиёд ин корро давом медиҳем.
СУРУДИ 65 «Роҳ ин аст»
a Вохӯрии солона 7-уми октябри соли 2023 дар Толори анҷуманҳои Шоҳидони Яҳува дар шаҳри Нюбурги Ню-Йорк (ИМА) гузашт. Баъдтар қисми пурраи ин вохӯрӣ дар барномаи Бродкастинг нашр шуд: қисми якумаш моҳи ноябри 2023 ва қисми дуюмаш моҳи январи 2024.
b Ба мақолаи «Китоби Муқаддас ҳаётро дигаргун месозад. Ҷавобҳои аниқу бомантиқи Китоби Муқаддас ба дилам рафта расиданд» (рус.) нигаред, ки дар «Бурҷи дидбонӣ» аз 1-уми феврали соли 2015 нашр шудааст.
c Ба китоби «Солномаи Шоҳидони Яҳува» аз соли 2007, саҳ. 3 (рус.) нигаред.