AspctStyle/stock.adobe.com
Ҳазрати Исо ба ҷанг хотима мебахшад
Ҳазрати Исо ҳангоми дар замин буданаш ба одамон меҳру муҳаббати зиёд нишон медод. Ӯ аз муҳаббат ҳатто ҷонашро барои одамон қурбон кард (Матто 20:28; Юҳанно 15:13). Ба наздикӣ Исо бори дигар исбот мекунад, ки одамонро дӯст медорад ва ҳамчун шоҳи Подшоҳии Худо «ҷангҳоро то ба канори замин барҳам медиҳад» (Забур 46:9).
Диққат диҳед, Китоби Муқаддас дар бораи корҳое, ки ҳазрати Исо дар оянда мекунад, чӣ мегӯяд:
«Ӯ бечораеро, ки нола мекунад ва бенавову бепушту паноҳро халосӣ хоҳад дод. Ба камбағалу бечора раҳм хоҳад кард ва ҷони мискинро наҷот хоҳад дод. Онҳоро аз зулму ситам халос хоҳад кард» (Забур 72:12–14).
Чӣ тавр барои тамоми корҳое, ки ҳазрати Исо бароямон кард ва дар оянда мекунад, миннатдориямонро нишон дода метавонем? Як роҳаш ин аст, ки дар бораи «хушхабари Подшоҳии Худо», ки ӯ мавъиза мекард, маълумоти бештар гирем (Луқо 4:43). Лутфан, дар ин бора аз мақолаи «Подшоҳии Худо чист?» бештар фаҳмед.