panitan/stock.adobe.com
Ҳазрати Исо ба камбизоатӣ хотима мебахшад
Вақте ҳазрати Исо дар замин мезист, ӯ ба одамон, хусусан ба камбағалон ва касоне, ки азоб мекашиданд, меҳру муҳаббати зиёд нишон медод (Матто 9:36). Ӯ барои дигарон ҳатто ҷонашро дод (Матто 20:28; Юҳанно 15:13). Ба наздикӣ Исо бори дигар исбот мекунад, ки одамонро дӯст медорад. Ӯ чун шоҳи Подшоҳии Худо гушнагиву камбағалиро аз рӯйи замин нест мекунад.
Дар бораи корҳое, ки ҳазрати Исо мекунад, дар Китоби Муқаддас шоирона чунин гуфта шудааст:
«Бигзор подшоҳ бечорагони халқро пуштибонӣ кунад, бигзор фарзандони камбағалро наҷот бахшад» (Забур 72:4).
Чӣ тавр барои тамоми корҳое, ки ҳазрати Исо бароямон кард ва дар оянда мекунад, миннатдориамонро нишон дода метавонем? Як роҳаш ин аст, ки дар бораи «хушхабари Подшоҳии Худо», ки ӯ мавъиза мекард, маълумоти бештар гирем (Луқо 4:43). Лутфан, дар ин бора аз мақолаи «Подшоҳии Худо чист?» бештар фаҳмед.