4 Подшоҳон
23 Подшоҳ паём фиристода ҳамаи пирони Яҳудо ва Ерусалимро ҷамъ овард.+ 2 Пас аз ин подшоҳ ҳамроҳи тамоми мардуми Яҳудо, сокинони Ерусалим, коҳинон ва пайғамбарон — бо тамоми халқ, аз хурд то калон, ба хонаи Яҳува рафт. Ӯ ҳамаи суханони китоби+ аҳдро,+ ки дар хонаи Яҳува ёфт шуда буд,+ хонд, то онҳо бишнаванд. 3 Подшоҳ дар назди сутун истода, ба ҳузури Яҳува аҳд баст*,+ ки Яҳуваро пайравӣ мекунад ва суханони аҳдро, ки дар ин китоб навишта шудааст, ба ҷо оварда, амрҳо, ёдовариҳо ва фармудаҳои ӯро бо тамоми дили худ ва бо тамоми ҷони* худ риоя мекунад. Тамоми халқ бо суханони аҳд розӣ шуд.+
4 Пас аз он подшоҳ ба Ҳилқиёҳуи+ саркоҳин, коҳинони ёвар ва дарвозабонон фармон дод, ки ҳама ашёеро, ки барои Баал, Ашера* ва тамоми лашкари осмон сохта шуда буд,+ аз ибодатгоҳи Яҳува бароранд. Ӯ он чизҳоро берун аз Ерусалим, дар нишебиҳои Қидрӯн, сӯзонда, хокистарашро ба Байт-Ил овард.+ 5 Ӯ коҳинони худоёни бегонаро, ки подшоҳони Яҳудо таъйин карда буданд, то дар баландиҳои шаҳрҳои Яҳудо ва гирду атрофи Ерусалим қурбонӣ сӯзонда дуд кунанд, ронд. Ҳамчунин касонеро, ки ба Баал, офтоб, моҳ, бурҷҳои дувоздаҳгона ва тамоми лашкари осмон қурбонӣ сӯзонда дуд мекарданд,+ пеш кард. 6 Ӯ Ашераро*+ аз хонаи Яҳува бароварда, берун аз Ерусалим, ба водии Қидрӯн бурд ва дар водии Қидрӯн онро сӯзонду+ кӯфта гард-гард кард ва бар болои қабрҳои мардум пошид.+ 7 Боз ӯ хонаҳои мардони танфурӯшеро*,+ ки дар хонаи Яҳува ҷойгир буданд ва занон дар он ҷо барои Ашера* хаймаҳо мебофтанд, вайрон кард.
8 Баъд аз ин ӯ тамоми коҳинонро аз шаҳрҳои Яҳудо баровард ва баландиҳоеро, ки коҳинон дар он ҷо қурбонӣ сӯзонда дуд мекарданд, аз Ҷабъа+ то Баир-Шобаъ+ барои ибодат ношоям кард. Ҳамчунин ӯ баландиҳои дарвозаҳоеро, ки дар даҳани дарвозаи Юшаи мири шаҳр, аз тарафи чапи касоне, ки ба шаҳр медаромаданд, ҷойгир буданд, валангор намуд. 9 Ҳарчанд ба коҳинони баландиҳо иҷозат дода нашуд, ки дар назди қурбонгоҳи Яҳува, дар Ерусалим, хизмат кунанд,+ онҳо ҳамроҳи бародаронашон аз фатир* мехӯрданд. 10 Ӯ ҳамчунин Тӯфетро,+ ки дар водии Писарони Ҳиннӯм*+ буд, барои ибодат ношоям кард, то ки ҳеҷ кас писар ё духтари худро барои Мӯлик* қурбон накунад.+ 11 Ӯ дигар иҷозат надод, ки аспоне, ки подшоҳони Яҳудо ба офтоб бахшида* буданд, аз ҳуҷраи* Нотонмалики ходими дарбор, ки дар айвон ҷойгир буд, гузашта, ба хонаи Яҳува дароянд. Аробаҳои офтобро+ бошад, ӯ дар оташ сӯзонд. 12 Подшоҳ қурбонгоҳҳоеро, ки подшоҳони Яҳудо бар боми болохонаи Оҳоз гузошта буданд,+ ва қурбонгоҳҳоеро, ки Менашше дар ду саҳни хонаи Яҳува гузошта буд,+ вайрон кард. Ӯ онҳоро майда-майда карда, хокашонро дар водии Қидрӯн пошид. 13 Подшоҳ баландиҳоеро, ки дар рӯ ба рӯйи Ерусалим, дар тарафи ҷанубии* кӯҳи Харобот*, буданд, барои ибодат ношоям кард, ҳамон баландиҳоеро, ки Сулаймон барои Аштора — олиҳаи ҳароми сидӯниён, Камуш — худои ҳароми Мӯоб, ва Милкӯм+ — худои нафратовари аммӯниён, сохта буд.+ 14 Ӯ сутунҳоеро, ки мепарастиданд, шикаста пора-пора намуд, Ашераҳоро* бурид+ ва ҷойҳояшонро аз устухонҳои одамон пур кард. 15 Ӯ қурбонгоҳи Байт-Ил ва баландиеро, ки Ёробъоми писари Набот бунёд карда, Исроилро ба гуноҳ тела дода буд,+ вайрон кард. Баъд аз ин ӯ баландиро сӯзонду кӯфта гард-гард кард ва Ашераро* низ сӯзонд.+
16 Вақте Юшиё рӯяшро гардонда, қабрҳоеро, ки бар кӯҳ буданд, дид, фармуд, ки устухонҳоро аз қабрҳо гиранд ва дар қурбонгоҳ сӯзонда, онро барои ибодат ношоям кунанд, ҳамон тавре ки марди Худо суханони Яҳуваро гуфта, ин воқеаҳоро пешгӯйӣ карда буд.+ 17 Сипас ӯ гуфт: «Он санге, ки ман мебинам, дар сари қабри кист?» Мардуми шаҳр гуфтанд: «Ин қабри марди Худост, ки аз Яҳудо омада,+ корҳоеро, ки ту бо қурбонгоҳи Байт-Ил кардӣ, пешгӯйӣ намуда буд». 18 Юшиё гуфт: «Устухонҳои ӯро нарасед, бигзор ором хобад». Аз ин рӯ онҳо устухонҳои ӯву пайғамбареро, ки аз Сомария омада буд, нарасиданд.+
19 Юшиё инчунин тамоми ибодатхонаҳоеро, ки дар баландиҳои шаҳрҳои Сомария буданду подшоҳони Исроил онҳоро сохта,+ Худоро ба хашм меоварданд, нест кард. Ӯ бо онҳо ҳамон тавре кард, ки бо баландии Байт-Ил карда буд.+ 20 Ӯ ҳамаи коҳинони баландиҳоро, ки дар он ҷо буданд, бар қурбонгоҳҳо қурбон кард ва устухонҳои одамонро бар онҳо сӯзонд.+ Пас аз ин ӯ ба Ерусалим баргашт.
21 Подшоҳ ба тамоми мардум фармуд: «Иди Раҳоиро, чуноне ки дар ин китоби аҳд навишта шудааст,+ барои Худоятон Яҳува ҷашн бигиред».+ 22 На дар замони Исроилро доварӣ кардани доварон ва на дар айёми шоҳони Исроилу шоҳони Яҳудо Иди Раҳоиро чунин ҷашн нагирифта буданд.+ 23 Фақат дар соли 18-уми шоҳ Юшиё чунин Иди Раҳоӣ барои Яҳува дар Ерусалим ҷашн гирифта шуд.
24 Ғайр аз ин, Юшиё пурсандагони арвоҳ, фолбинон,+ терафимҳо*,+ бутҳои ҳаром* ва тамоми чизҳои нафратангезеро, ки дар замини Яҳудо ва дар Ерусалим буд, нест кард, то суханонеро, ки дар китоби Таврот*,+ ки Ҳилқиёҳуи коҳин дар хонаи Яҳува ёфта буд,+ ба ҷо орад. 25 Пеш аз Юшиё чунин подшоҳе набуд, ки бо тамоми дил, бо тамоми ҷон*+ ва бо тамоми қуввати худ, чуноне ки дар тамоми Тавроти* Мӯсо навишта шудааст, сӯйи Яҳува баргашта бошад, ва пас аз ӯ низ ба миён наомад.
26 Аммо Яҳува аз сари хашму ғазабаш, ки бар зидди Яҳудо аланга зада буд, нафаромад, зеро Менашше бадкориҳои бисёр карда, ӯро ба хашм оварда буд.+ 27 Яҳува гуфт: «Ман Яҳудоро низ мисли Исроил+ аз пеши назарам дур месозам.+ Ман аз Ерусалим, шаҳре, ки хуш карда будам, ва аз хонае, ки дар борааш гуфта будам: “Номи ман дар он ҷо хоҳад буд”,+ рӯй мегардонам”».
28 Воқеаҳои дигари ҳаёти Юшиё, тамоми корҳои ӯ, дар таърихномаи шоҳони Яҳудо навишта шудааст. 29 Дар замони ӯ Накӯҳи фиръавн, подшоҳи Миср, назди подшоҳи Ошур сӯйи дарёи Фурот рафт ва шоҳ Юшиё ба муқобили Накӯҳ баромад, вале ӯ Юшиёро дида, дар Маҷиддӯ+ кушт. 30 Ходимонаш ҷасади ӯро бо ароба аз Маҷиддӯ ба Ерусалим оварданд ва ӯро дар қабраш гӯронданд. Пас аз ин мардуми он замин Еҳуоҳози писари Юшиёро тадҳин намуда* ба ҷойи падараш подшоҳ кард.+
31 Еҳуоҳоз+ дар 23-солагиаш подшоҳ шуд ва се моҳ дар Ерусалим ҳукмронӣ кард. Модараш Ҳамутали+ духтари Ирмиёи либноӣ буд. 32 Ӯ он чиро, ки дар назари Яҳува бад буд, ба амал овард, чуноне ки бобоёнаш карда буданд.+ 33 Накӯҳи+ фиръавн Еҳуоҳозро дар замини Ҳамот, дар Рибло,+ ба зиндон партофт, то ки бар Ерусалим ҳукмронӣ накунад, ва бар мамлакат 100 киккар* нуқра ва як киккар тилло ҷарима андохт.+ 34 Илова бар ин, Накӯҳи фиръавн Элёқимро ба ҷойи падараш Юшиё подшоҳ кард ва номашро Еҳуёқим гузошт, Еҳуоҳозро бошад, ба Миср бурд+ ва ӯ дар он ҷо мурд.+ 35 Еҳуёқим ба фиръавн нуқраву тилло дод, аммо барои додани нуқрае, ки фиръавн талаб кард, ба вай лозим омад, ки аз мардуми кишвар андоз ситонад. Ӯ аз ҳар як сокини мамлакат, аз рӯйи дороияш, нуқраву тилло ҷамъ кард, то ба Накӯҳи фиръавн бидиҳад.
36 Еҳуёқим+ дар 25-солагиаш подшоҳ шуд ва 11 сол дар Ерусалим ҳукмронӣ кард.+ Модари ӯ Забуддои духтари Фадоёи румоӣ буд. 37 Ӯ он чиро, ки дар назари Яҳува бад буд, ба амал меовард,+ чуноне ки бобоёнаш карда буданд.+