2 Мӯсо
12 Яҳува дар замини Миср ба Мӯсову Ҳорун гуфт: 2 «Ин моҳ барои шумо саршавии моҳҳо ва аввалин моҳи сол мешавад.+ 3 Тамоми мардуми Исроилро ҷамъ оварда, бигӯед: “Дар рӯзи 10-уми ҳамин моҳ ҳар яке барои хонаводаи худ* барраеро+ бигирад, яъне сари як хонавода як барра. 4 Лекин, агар хонавода майда бошад ва як гӯсфандро хӯрда натавонад, бигзор бо ҳамсояаш дар хонаи худ ҷамъ шавад ва мувофиқи шумораашон гӯсфандро байни ҳам тақсим кунанд. Ҳисобу китоб карда, муайян кунед, ки ҳар кас чӣ қадар мехӯрад. 5 Барои қурбонӣ метавонед қӯчқор ё нарбузи беайби+ яксоларо гиред. 6 Онро то рӯзи 14-уми ин моҳ+ парвариш кунед ва тамоми ҷамоати Исроил барраро вақти шом*+ сар бурад. 7 Бигзор аз хуни он гирифта, ба ду паҳлударӣ ва болодарии хонаҳое, ки он ҷо барраро мехӯранд, бимоланд.+
8 Бигзор онҳо гӯштро он шаб+ хӯранд. Онҳо бояд онро дар оташ бирён кунанд ва бо фатир*+ ва алафҳои талх бихӯранд.+ 9 Онро хом ё дар об ҷӯшонида нахӯред, балки дар оташ бирён кунед ва бо каллаю поча ва дилу дарунаш хӯред. 10 То саҳар ягон чизашро намонед, вале, агар то саҳар чизе боқӣ монад, онро дар оташ бисӯзонед.+ 11 Онро ин тавр хӯред: миёнатонро бандед, пойафзолатонро пӯшед, асоятонро ба даст гиред ва саросемавор бихӯред. Ин Иди Раҳоӣ, иди Яҳува, аст. 12 Ман имшаб аз замини Миср гузар мекунам ва ҳар нахустзодаро дар замини Миср, аз нахустзодаи одам сар карда то нахустзодаи чорво, зарба мезанам+ ва ҳамаи худоҳои Мисрро ҷазо медиҳам.+ Ман Яҳува ҳастам. 13 Хун бар дари хонаҳое, ки шумо дар он мебошед, аломате мешавад ва ман он хунро дида, аз назди даратон гузашта меравам. Ҳамин тавр, вақте ман замини Мисрро зарба занам, бало бар саратон намеояду шуморо нест намекунад.+
14 Ин рӯз барои шумо ёдгорӣ мешавад ва шумо онро чун иди Яҳува ҷашн гиред. Онро аз насл ба насл ҷашн гиред — ин барои шумо амри бардавом аст. 15 Ҳафт рӯз шумо бояд фатир хӯред.+ Дар рӯзи якум ҳар гуна хамиртурушро аз хонаи худ партоед, зеро ҳар кӣ дар давоми ҳафт рӯз, яъне аз рӯзи якум то рӯзи ҳафтум, чизеро, ки хамиртуруш дорад, ба даҳон гирад, бояд аз байни халқи Исроил нест шавад. 16 Дар рӯзи якум шумо бояд ҷамъомади муқаддасе баргузор кунед ва дар рӯзи ҳафтум ҷамъомади муқаддаси дигаре. Дар ин рӯзҳо ягон кор накунед.+ Шумо фақат метавонед чени хӯрданатон хӯрок пазед.
17 Шумо бояд Иди Фатирро+ ҷашн гиред, зеро худи ҳамин рӯз ман шуморо, ки халқи сершумор ҳастед, аз замини Миср берун мебарорам. Ин идро аз насл ба насл ҷашн гиред — ин барои шумо амри бардавом аст. 18 Аз бегоҳи рӯзи 14-уми моҳи якум сар карда то бегоҳи рӯзи 21-уми моҳ фатир хӯред.+ 19 Ҳафт рӯз дар хонаҳои шумо хамиртуруше ёфт нашавад, зеро ҳар кӣ чизеро, ки хамиртуруш дорад, бихӯрад, хоҳ мусофир бошад, хоҳ таҳҷоӣ,+ бигзор аз байни мардуми Исроил решакан карда шавад.+ 20 Ягон чизеро, ки хамиртуруш дорад, ба даҳон нагиред. Бигзор дар ҳама хонаҳои шумо фатир хӯранд”».
21 Мӯсо зуд ҳамаи пирони Исроилро+ назди худ хонда, ба онҳо гуфт: «Биравед ва сари ҳар як хонавода чорпои* ҷавонеро интихоб карда, онро барои Иди Раҳоӣ қурбон кунед. 22 Сипас бандчаи кокутиро ба лагани хун тар карда, ба болодарӣ ва паҳлудариҳо бимолед. Ҳеҷ кадоматон то саҳар аз хонаи худ набароед. 23 Вақте Яҳува гузар мекунад, то бар сари мисриён бало орад, Яҳува бар болодарӣ ва паҳлудариҳо хунро дида аз назди дари шумо гузашта меравад ва намегузорад, ки балои марговар ба хонаи шумо дарояд.+
24 Шумо ва писарони шумо бояд ин маросимро ҷашн гиред — ин барои шумо амри бардавом аст.+ 25 Вақте ба замине, ки Яҳува ба шумо онро ваъда дода буд, биёед, ин маросимро ҷашн гиред.+ 26 Агар писаронатон аз шумо пурсанд: “Барои чӣ ин маросимро ба ҷо меоред?”,+ 27 ба онҳо гӯед: “Ин қурбонии Иди Раҳоӣ барои Яҳува аст, ки ӯ дар Миср, вақте бар сари мисриён бало овард, аз назди хонаҳои исроилиён гузашта рафт ва хонаводаҳои моро раҳоӣ дод”».
Сипас халқ сар хам карда саҷда намуд. 28 Исроилиён рафта, ҳамон тавре ки Яҳува ба Ҳоруну Мӯсо фармуда буд, амал карданд.+ Онҳо айнан ҳамон тавр карданд.
29 Дар нисфи шаб Яҳува тамоми нахустзодаҳоро дар Миср зарба зад.+ Ӯ аз хонадони фиръавне, ки бар тахт нишаста буд, сар карда, то бандии зиндон ва ҳайвонот ҳамаи нахустзодаҳоро нест кард.+ 30 Он шаб, вақте фиръавн, хизматгоронаш ва тамоми мисриён аз хоб хестанд, фарёдашон ба осмон дакка хӯрд, зеро хонае набуд, ки дар он касе намурда бошад.+ 31 Фиръавн шабона дарҳол Мӯсо ва Ҳорунро хонда,+ ба онҳо гуфт: «Бархезед, аз миёни халқи ман баромада равед, ҳам шумо ва ҳам исроилиёни дигар. Биравед ва Яҳуваро, чи тавре ки гуфта будед, парастиш кунед.+ 32 Ҳамроҳи худ, ҳамон тавре ки гуфта будед,+ гову молатонро бигиред. Аммо дар ҳаққи ман дуои нек кунед».
33 Мисриён мардумро саросема мекарданд, то зудтар аз Миср баромада раванд,+ зеро мегуфтанд: «Мо ҳамаамон мемирем!»+ 34 Халқ хамирашонро, пеш аз он ки расад, бо худ гирифтанд ва лаганҳои хамиркуниро бо либосҳояшон печонда, бар китфашон гузоштанд. 35 Исроилиён он чиро, ки Мӯсо гуфта буд, ба амал оварда, аз мисриён нуқра, тилло ва либос пурсиданд.+ 36 Яҳува тавре кард, ки онҳо дар назари мисриён писанд омаданд ва мисриён ба онҳо ҳар чизи пурсидаашонро доданд ва онҳо мисриёнро ғорат карданд.+
37 Он гоҳ исроилиён, тахминан 600 000 марди пиёда, ғайр аз кӯдакон,+ аз Раамсис+ ба Суккӯт+ равона шуданд. 38 Мардуми зиёде аз халқҳои гуногун*+ низ бо гову моли сершуморе ҳамроҳи онҳо рафтанд. 39 Онҳо аз хамире, ки аз Миср оварданд, кулчаҳои бехамиртуруш пухтанд. Нонҳои исроилиён бехамиртуруш буд, зеро онҳоро ногаҳон аз замини Миср ронданд ва онҳо ҳатто фурсат надоштанд, ки барои худ чизе тайёр кунанд.+
40 Ҳангоми аз Миср+ баромаданашон исроилиён ҳамагӣ 430 сол+ дар замини бегона умр ба сар бурда буданд. 41 Вақте 430 сол ба охир расид, худи ҳамон рӯз, тамоми халқи сершумори Яҳува аз замини Миср берун омад. 42 Ин шабест, ки исроилиён бояд ин воқеаро ҷашн гиранд, чунки Яҳува онҳоро аз замини Миср раҳо кард. Тамоми исроилиён бояд ин шабро аз насл ба насл барои Яҳува ҷашн гиранд.+
43 Яҳува ба Мӯсову Ҳорун гуфт: «Ин аст дастурот дар бораи Иди Раҳоӣ: ҳеҷ каси бегона набояд аз қурбонии Иди Раҳоӣ бихӯрад.+ 44 Лекин, агар касе ғуломи зархарид дошта бошад, бояд аввал вайро хатна кунад.+ Танҳо он вақт вай метавонад аз қурбонӣ хӯрад. 45 Муҳоҷир ва мардикоре, ки аз халқи бегона аст, наметавонад аз қурбонӣ бихӯрад. 46 Қурбонӣ бояд дар як хона хӯрда шавад. Гӯшти онро аз хона берун набароред ва ягон устухони онро нашиканед.+ 47 Тамоми мардуми Исроил бояд онро ҷашн гирад. 48 Агар ғарибе, ки назди ту сокин аст, Иди Раҳоӣ, иди Яҳуваро, ҷашн гирифтан хоҳад, ҳар наринаи хонаводаи ӯ бояд хатна шавад. Он гоҳ ӯ мисли сокини таҳҷоӣ мешавад ва метавонад идро ҷашн гирад. Лекин шахсе, ки хатна нашудааст, наметавонад аз он қурбонӣ бихӯрад.+ 49 Бигзор барои сокини таҳҷоӣ ва ғарибе, ки дар байни шумост, як қонун бошад».+
50 Тамоми халқи Исроил, ҳамон тавре ки Яҳува ба Мӯсову Ҳорун фармуда буд, амал карданд. Онҳо айнан ҳамон тавр карданд. 51 Дар ҳамон рӯз Яҳува тамоми исроилиёнро* аз замини Миср берун овард.