Доварон
2 Пас аз ин фариштаи Яҳува+ аз Ҷилҷол+ ба Бӯким баромад ва ба Исроил гуфт: «Ман шуморо аз Миср ба замине, ки дар борааш ба бобоёнатон қасам хӯрда будам, овардам.+ Ман ба шумо гуфтам: “Ман ҳеҷ гоҳ аҳди худро бо шумо намешиканам.+ 2 Шумо бошед, бо сокинони ин замин аҳду паймон набандед+ ва қурбонгоҳҳои онҳоро бишканед”.+ Лекин шумо ба овози ман гӯш надодед.+ Чаро ин тавр кардед? 3 Барои ҳамин ман гуфтам: “Ман онҳоро аз пешатон намеронам.+ Онҳо банд барои поятон+ ва худоёнашон доми сари роҳатон мегарданд”».+
4 Вақте фариштаи Яҳува ин суханонро ба ҳамаи исроилиён гуфт, халқ ба гиряву нола даромад. 5 Барои ҳамин онҳо он ҷоро Бӯким* ном карданд ва дар он ҷо ба Яҳува қурбонӣ оварданд.
6 Вақте Юшаъ халқро ҷавоб дод, ҳар як исроилӣ ба замини меросии худ равона шуд, то онро соҳиб шавад.+ 7 Халқ тамоми рӯзҳои Юшаъ ва тамоми рӯзҳои пироне, ки баъд аз Юшаъ дар қайди ҳаёт буданду ҳамаи корҳои бузурги Яҳуваро, ки барои халқи Исроил карда буд, диданд, ба Яҳува хизмат мекард.+ 8 Юшаи писари Нун, бандаи Яҳува, дар синни 110-солагӣ вафот кард.+ 9 Ӯро дар мулки меросияш, дар Тимнат-Ҳорас,+ ки дар кӯҳистони Эфроим, дар шимоли кӯҳи Ҷоаш, буд, ба хок супурданд.+ 10 Тамоми он насл ба гузаштагони худ пайваст* ва баъди онҳо насли дигаре ба миён омад, ки Яҳува ва корҳоеро, ки ӯ барои Исроил карда буд, намедонист.
11 Исроилиён он чиро, ки дар назари Яҳува бад буд, ба амал оварданд ва Баалҳоро парастиш намуданд.+ 12 Ҳамин тавр онҳо Яҳува, Худои падаронашонро, ки онҳоро аз замини Миср берун оварда буд, тарк карданд.+ Онҳо аз пайи худоёни дигар, худоёни халқҳои гирду атрофашон, рафтанд+ ва ба онҳо саҷда бурда Яҳуваро ба хашму ғазаб оварданд.+ 13 Онҳо Яҳуваро монда, бутҳои Баалу Аштораро парастиш намуданд.+ 14 Он гоҳ ғазаби Яҳува бар Исроил аланга зад ва ӯ онҳоро ба дасти ғоратгароне супурд, ки онҳоро тороҷ мекарданд.+ Ӯ онҳоро ба дасти душманоне, ки дар гирду атрофашон буданд, супурд*+ ва онҳо дигар ба бадхоҳони худ муқобилат карда натавонистанд.+ 15 Ҳамон тавре ки Яҳува ба онҳо гуфта буд ва ҳамон тавре ки Яҳува қасам хӯрда буд,+ ба ҳар ҷое ки мерафтанд, дасти Яҳува бар зидди онҳо буд ва ба сарашон бало меовард+ ва онҳо дар тангии сахт буданд.+ 16 Аз ин рӯ Яҳува ба онҳо доваронро медод, то онҳоро аз дасти тороҷгаронашон халос кунанд.+
17 Лекин онҳо ба доварон низ гӯш намедоданд, балки хиёнаткорона худоёни дигарро парастиш мекарданд* ва ба онҳо саҷда мебурданд. Онҳо зуд аз роҳе, ки бобоёнашон бо он рафта, амрҳои Яҳуваро риоя менамуданд, дур шуданд+ ва мисли онҳо амал накарданд. 18 Ҳар дафъае ки Яҳува барои онҳо доваронро таъйин мекард,+ Яҳува бо довар буд ва тамоми рӯзҳои ӯ онҳоро аз дасти душманонашон наҷот медод, чунки Яҳува фиғони онҳоро аз дасти золимон ва ситамгаронашон+ шунида дилаш ба онҳо месӯхт*.+
19 Лекин, вақте довар мемурд, онҳо боз ба корҳои нопоки худ баргашта, аз падаронашон бадтар рафтор мекарданд ва аз пайи худоёни дигар равона шуда онҳоро парастиш менамуданд ва ба онҳо саҷда мебурданд.+ Онҳо аз корҳои худ ва якравии худ ҳеҷ даст намекашиданд. 20 Оқибат хашми Яҳува бар Исроил аланга зад+ ва ӯ гуфт: «Азбаски ин халқ аҳдеро, ки бо бобоёнашон бастаам, шикаст+ ва ба ман беитоатӣ кард,+ 21 ман низ ҳеҷ яке аз он халқҳоеро, ки баъд аз сари Юшаъ боқӣ мондаанд, аз пеши онҳо бадар намеронам,+ 22 то исроилиёнро бисанҷам ва бинам, ки онҳо мисли падаронашон бо роҳи Яҳува+ равона мешаванд ё не». 23 Аз ин сабаб Яҳува гузошт, ки ин халқҳо боқӣ монанд. Ӯ онҳоро ба зудӣ наронд ва ба дасти Юшаъ насупурд.