2 Подшоҳон
6 Довуд боз дар Исроил тамоми ҷанговарони беҳтаринро, ки шумораашон 30 000 нафар буд, ҷамъ овард. 2 Ӯ бо тамоми одамоне, ки ҳамроҳаш буданд, ба Баалои Яҳудо рафт, то сандуқи Худоро,+ ки дар пеши он номи Яҳува, Худои лашкарҳоро,+ мехонанд, Худоеро, ки бар* каррубиён+ бар тахт менишинад, аз он ҷо гирифта биёрад. 3 Онҳо сандуқи Худоро ба аробаи нав гузоштанд,+ то онро аз хонаи Абинодоб,+ ки бар теппа буд, бибаранд. Аробаро Уззо ва Аҳю, писарони Абинодоб, меронданд.
4 Онҳо сандуқи Худоро аз хонаи Абинодоб, ки бар теппа буд, бурданд ва Аҳю пешопеши сандуқ мерафт. 5 Довуд ва тамоми хонадони Исроил дар пеши Яҳува ҳар навъ асбоберо, ки аз чӯби арча буд, чангу дигар созҳои торӣ,+ даф,+ шақшақа ва санҷ+ навохта, базму шодӣ мекарданд. 6 Аммо, вақте ки онҳо ба хирмангоҳи Нокӯн расиданд, Уззо дасти худро дароз карда сандуқи Худоро дошт,+ зеро қариб буд, ки говон онро чаппа кунанд. 7 Он гоҳ оташи ғазаби Яҳува бар Уззо аланга гирифт. Худо ӯро барои дастдарозияш+ зарба зад+ ва ӯ дар назди сандуқи Худо мурд. 8 Вале Довуд ба хашм омад*, ки ғазаби Яҳува бар Уззо аланга гирифт. Аз ин рӯ он ҷой то имрӯз Форас-Уззо* номида мешавад. 9 Дар он рӯз Довуд аз Яҳува тарсида+ гуфт: «Пас, чӣ тавр сандуқи Яҳуваро ба назди худ орам?»+ 10 Довуд нахост, ки сандуқи Яҳуваро назди худ, ба Шаҳри Довуд,+ барад. Ӯ онро ба хонаи Убайд-Адӯми+ ҷаттӣ фиристод.
11 Сандуқи Яҳува дар хонаи Убайд-Адӯми ҷаттӣ се моҳ истод ва Яҳува Убайд-Адӯм ва тамоми хонадонашро баракат дод.+ 12 Ба шоҳ Довуд хабар дода гуфтанд: «Яҳува хонадони Убайд-Адӯм ва тамоми дороии ӯро баракат додааст, чунки сандуқи Худо дар хонаи ӯст». Он гоҳ Довуд бо хурсандӣ рафт, то сандуқи Худоро аз хонаи Убайд-Адӯм ба Шаҳри Довуд орад.+ 13 Вақте бардорандагони+ сандуқи Яҳува шаш қадам монданд, Довуд як буққа ва як моли парвории дигарро қурбон кард.
14 Довуд, ки пешбанди катон+ дар тан дошт, аз таҳти дил дар пеши Яҳува чарх зада мерақсид. 15 Ӯ ва тамоми хонадони Исроил сандуқи+ Яҳуваро бо нидои шодӣ+ ва садои шох+ меоварданд. 16 Вақте сандуқи Яҳуваро ба Шаҳри Довуд оварданд, Микали+ духтари Шоул аз тиреза дид, ки шоҳ Довуд ҷастухез карда ва чарх зада дар пеши Яҳува рақс мекунад, ва дар дили худ аз Довуд нафрат кард.+ 17 Онҳо сандуқи Яҳуваро оварда, дар хаймае, ки Довуд барои он зада буд, дар ҷояш гузоштанд.+ Сипас Довуд ба ҳузури Яҳува+ қурбониҳои сӯхтанӣ+ ва қурбониҳои осоиштагӣ+ овард. 18 Пас аз овардани қурбониҳои сӯхтанӣ ва қурбониҳои осоиштагӣ Довуд халқро ба номи Яҳува, Худои лашкарҳо, дуои нек кард. 19 Ҳамчунин ӯ ба халқ, ба тамоми мардуми Исроил, ба ҳар як мард ва зан, яктогӣ ҳалқакулчаи нонӣ, кулчаи хурмои хушк ва кулчаи мавизӣ дод. Баъд аз ин тамоми халқ хона ба хона рафт.
20 Вақте Довуд баргашт, то аҳли хонадони худро дуои нек кунад, Микали духтари Шоул+ ба пешвозаш баромад. Ӯ гуфт: «Имрӯз шоҳи Исроил худро дар пеши чашми канизони ходимонаш мисли аҳмақ нимбараҳна карда, хуб обрӯ гирифт!»+ 21 Довуд ба Микал ҷавоб дод: «Ман дар пеши Яҳува рақсу бозӣ кардам, зеро ӯ падарат ва хонадонашро неву маро интихоб карда, пешвои халқи Яҳува, пешвои Исроил, таъйин намуд.+ Аз ин сабаб ман дар ҳузури Яҳува рақсу бозӣ мекунам 22 ва худро аз ин ҳам бештар ночиз месозам ва дар назари худ паст мешавам, вале дар назари канизоне, ки ту гуфтӣ, обрӯ меёбам». 23 Аз ин рӯ Микали духтари Шоул+ то рӯзи маргаш бефарзанд буд.