ОНЛАЙН-КИТОБХОНАИ Бурҷи дидбонӣ
ОНЛАЙН-КИТОБХОНАИ
Бурҷи дидбонӣ
тоҷикӣ
ӯ
  • ғ
  • ӣ
  • қ
  • ӯ
  • ҳ
  • ҷ
  • КИТОБИ МУҚАДДАС
  • АДАБИЁТ
  • ВОХӮРИҲО
  • 3 Подшоҳон 14
  • Китоби Муқаддас — Тарҷумаи Дунёи Нав

Видеонавор вуҷуд надорад.

Бубахшед, видеонавор боргирӣ нашуд.

Шарҳи мухтасари 3 Подшоҳон

      • Пешгӯйии Аҳиё бар зидди Ёробъом (1–20)

      • Ҳукмронии Раҳабъом бар Яҳудо (21–31)

        • Ҳамлаи Шишақ (25, 26)

3 Подшоҳон 14:2

Оятҳои иловагӣ

  • +3Пш 11:30, 31

3 Подшоҳон 14:4

Оятҳои иловагӣ

  • +Юш 18:1; 1Пш 4:3

3 Подшоҳон 14:5

Эзоҳҳо

  • *

    Ё «Ба вай чунин ва чунин бигӯ».

3 Подшоҳон 14:7

Оятҳои иловагӣ

  • +3Пш 11:30, 31; 12:20

3 Подшоҳон 14:8

Оятҳои иловагӣ

  • +3Пш 12:16
  • +3Пш 15:5; Крн 13:22

3 Подшоҳон 14:9

Эзоҳҳо

  • *

    Ё «ҳайкалҳои филизӣ».

Оятҳои иловагӣ

  • +5Мс 27:15; 2Вқ 11:15
  • +Нҳё 9:26; Зб 50:17

3 Подшоҳон 14:10

Эзоҳҳо

  • *

    Дар матни асл «ҳар касеро, ки ба девор пешоб мекунад». Ин ибораи ибронӣ таҳқиромез буда, ба мардон ишора мекунад.

Оятҳои иловагӣ

  • +3Пш 15:25–29

3 Подшоҳон 14:14

Оятҳои иловагӣ

  • +3Пш 15:25–29

3 Подшоҳон 14:15

Эзоҳҳо

  • *

    Яъне дарёи Фурот.

  • *

    Ашера — ниг. ба луғат.

Оятҳои иловагӣ

  • +5Мс 8:7–9; 29:28; Юш 23:15; 4Пш 17:6
  • +5Мс 28:64; 4Пш 15:29; 18:11
  • +5Мс 12:3

3 Подшоҳон 14:16

Оятҳои иловагӣ

  • +3Пш 12:28–30; 13:33, 34

3 Подшоҳон 14:19

Оятҳои иловагӣ

  • +2Вқ 12:15; 13:3

3 Подшоҳон 14:20

Оятҳои иловагӣ

  • +2Вқ 13:20
  • +3Пш 15:25

3 Подшоҳон 14:21

Оятҳои иловагӣ

  • +Зб 78:68; 132:13
  • +2Мс 20:24; 5Мс 12:5, 6; 3Пш 8:16, 17
  • +3Пш 11:1; 2Вқ 12:13

Индексҳо

  • Роҳнамо

    Бурҷи дидбонӣ,

    15.12.2011, саҳ. 8

3 Подшоҳон 14:22

Оятҳои иловагӣ

  • +3Пш 11:7; 2Вқ 12:1
  • +Иш 65:2

3 Подшоҳон 14:23

Эзоҳҳо

  • *

    Ашера — ниг. ба луғат.

Оятҳои иловагӣ

  • +Иш 65:7
  • +5Мс 12:2, 3; Иш 57:5; Ир 2:20; Ҳш 4:13
  • +3Мс 26:1

3 Подшоҳон 14:24

Эзоҳҳо

  • *

    Ин ҷо касоне дар назаранд, ки танфурӯшӣ як қисми бутпарастияшон буд.

Оятҳои иловагӣ

  • +5Мс 23:17, 18; 3Пш 15:11, 12; 22:46; 4Пш 23:7; Ҳш 4:14

3 Подшоҳон 14:25

Оятҳои иловагӣ

  • +3Пш 11:40
  • +2Вқ 12:2–4

3 Подшоҳон 14:26

Оятҳои иловагӣ

  • +3Пш 7:51; 15:18; 4Пш 18:14, 15; 24:12, 13
  • +3Пш 10:16, 17; 2Вқ 12:9–11

3 Подшоҳон 14:27

Эзоҳҳо

  • *

    Дар матни асл «шотироне». Шотир — сарбозе, ки пеш-пеши аробаи подшоҳ медавид.

3 Подшоҳон 14:29

Оятҳои иловагӣ

  • +1Вқ 27:24; 2Вқ 12:15

3 Подшоҳон 14:30

Оятҳои иловагӣ

  • +3Пш 15:6

3 Подшоҳон 14:31

Эзоҳҳо

  • *

    Ҳамчунин Абиё номида мешуд.

Оятҳои иловагӣ

  • +3Пш 11:43
  • +3Пш 11:1; 2Вқ 12:13
  • +1Вқ 3:10; Мт 1:7

Асосӣ

3 Подш. 14:23Пш 11:30, 31
3 Подш. 14:4Юш 18:1; 1Пш 4:3
3 Подш. 14:73Пш 11:30, 31; 12:20
3 Подш. 14:83Пш 12:16
3 Подш. 14:83Пш 15:5; Крн 13:22
3 Подш. 14:95Мс 27:15; 2Вқ 11:15
3 Подш. 14:9Нҳё 9:26; Зб 50:17
3 Подш. 14:103Пш 15:25–29
3 Подш. 14:143Пш 15:25–29
3 Подш. 14:155Мс 8:7–9; 29:28; Юш 23:15; 4Пш 17:6
3 Подш. 14:155Мс 28:64; 4Пш 15:29; 18:11
3 Подш. 14:155Мс 12:3
3 Подш. 14:163Пш 12:28–30; 13:33, 34
3 Подш. 14:192Вқ 12:15; 13:3
3 Подш. 14:202Вқ 13:20
3 Подш. 14:203Пш 15:25
3 Подш. 14:21Зб 78:68; 132:13
3 Подш. 14:212Мс 20:24; 5Мс 12:5, 6; 3Пш 8:16, 17
3 Подш. 14:213Пш 11:1; 2Вқ 12:13
3 Подш. 14:223Пш 11:7; 2Вқ 12:1
3 Подш. 14:22Иш 65:2
3 Подш. 14:23Иш 65:7
3 Подш. 14:235Мс 12:2, 3; Иш 57:5; Ир 2:20; Ҳш 4:13
3 Подш. 14:233Мс 26:1
3 Подш. 14:245Мс 23:17, 18; 3Пш 15:11, 12; 22:46; 4Пш 23:7; Ҳш 4:14
3 Подш. 14:253Пш 11:40
3 Подш. 14:252Вқ 12:2–4
3 Подш. 14:263Пш 7:51; 15:18; 4Пш 18:14, 15; 24:12, 13
3 Подш. 14:263Пш 10:16, 17; 2Вқ 12:9–11
3 Подш. 14:291Вқ 27:24; 2Вқ 12:15
3 Подш. 14:303Пш 15:6
3 Подш. 14:313Пш 11:43
3 Подш. 14:313Пш 11:1; 2Вқ 12:13
3 Подш. 14:311Вқ 3:10; Мт 1:7
  • Китоби Муқаддас — Тарҷумаи Дунёи Нав
  • 1
  • 2
  • 3
  • 4
  • 5
  • 6
  • 7
  • 8
  • 9
  • 10
  • 11
  • 12
  • 13
  • 14
  • 15
  • 16
  • 17
  • 18
  • 19
  • 20
  • 21
  • 22
  • 23
  • 24
  • 25
  • 26
  • 27
  • 28
  • 29
  • 30
  • 31
Китоби Муқаддас — Тарҷумаи Дунёи Нав
3 Подшоҳон 14:1–31

3 Подшоҳон

14 Дар он вақт Абиёи писари Ёробъом касал шуд. 2 Ёробъом ба занаш гуфт: «Илтимос, хеста, андоми худро дигар кун, то зани Ёробъом буданатро нафаҳманд, ва ба Шилӯ бирав. Аҳиёи пайғамбар, ки бар ин халқ подшоҳ шудани маро гуфта буд, дар ҳамон ҷо мебошад.+ 3 Бо худ даҳто нон, кулча ва кӯзаи асал гирифта, ба наздаш рав ва ӯ ба ту мегӯяд, ки аҳволи писар чӣ мешавад».

4 Зани Ёробъом ба гуфти ӯ кард. Вай хеста, ба Шилӯ+ рафт ва ба хонаи Аҳиё омад. Аҳиё ба пеш назар дӯхта меистод, зеро чашмонаш аз пирӣ нобино шуда буданд.

5 Вале Яҳува ба Аҳиё гуфт: «Ана, зани Ёробъом омада истодааст, то ки аз ту дар бораи писари бемораш пурсон шавад. Ман ба ту мегӯям, ки ба вай чӣ гӯӣ*. Ӯ омада, кӣ будани худро пинҳон мекунад».

6 Ҳамин ки Аҳиё шарфаи пойи ӯро дар дами дар шунид, гуфт: «Даро, эй зани Ёробъом. Барои чӣ кӣ буданатро пинҳон мекунӣ? Ба ман фармуда шудааст, ки ба ту хабари шумеро расонам. 7 Бирав ва ба Ёробъом бигӯ: “Яҳува, Худои Исроил, чунин мегӯяд: “Ман туро аз байни мардум интихоб намуда, пешвои халқам Исроил кардам.+ 8 Ман подшоҳиро аз хонадони Довуд кашида гирифтаму ба ту додам.+ Ту бошӣ, мисли бандаам Довуд, ки амрҳои маро риоя мекард ва бо тамоми дили худ маро пайравӣ намуда, танҳо он чиро, ки дар назарам дуруст аст, ба ҷо меовард, амал нанамудӣ.+ 9 Ту аз ҳамаи онҳое, ки пеш аз ту буданд, бадтар рафтор кардӣ ва барои худ худои дигар ва бутҳои рехта* сохтӣ, то ки маро ба хашм орӣ,+ ва ба ман пушт гардондӣ.+ 10 Аз ин сабаб ман ба сари хонадони Ёробъом мусибате меорам ва аз хонадони ӯ ҳар мардинаро*, аз он ҷумла ҳар каси ӯро, ки дар Исроил сусту нотавон аст, нобуд месозам ва хонадони Ёробъомро аз рӯйи замин пок мекунам,+ чуноне ки кас ҷоеро, ки ахлот дорад, то ба охир пок месозад. 11 Ҳар касеро, ки аз Ёробъом дар шаҳр бимирад, сагон ва ҳар касеро, ки дар саҳро бимирад, парандагони осмон мехӯранд, зеро Яҳува чунин гуфтааст”.

12 Ҳоло бошад, бархеста, ба хонаат рав ва, ҳамин ки ба шаҳр қадам гузорӣ, бача мемирад. 13 Тамоми Исроил мотам гирифта, ӯро мегӯронанд ва аз Ёробъом танҳо ӯ ба қабр гузошта мешавад, зеро аз хонадони Ёробъом Яҳува, Худои Исроил, фақат дар ӯ чизи хубе ёфтааст. 14 Яҳува барои худ бар Исроил подшоҳеро таъйин мекунад, ки хонадони Ёробъомро дар он рӯз нест месозад,+ ва он рӯз наздик аст. 15 Яҳува Исроилро мисли қамише, ки дар об мекалавад, зарба мезанад. Ӯ Исроилро аз ин замини хубе, ки ба бобоёнашон дода буд, решакан карда,+ дар он тарафи дарёи бузург* пароканда месозад,+ зеро онҳо Ашераҳо*+ сохта Яҳуваро ба хашм оварданд. 16 Ӯ Исроилро аз пушти гуноҳҳои Ёробъом ва гуноҳҳое, ки Исроил бо айби ӯ кард, тарк мекунад».+

17 Пас аз ин зани Ёробъом хеста, ба роҳ баромад ва ба Тирсо омад. Ҳамин ки ӯ ба остонаи хона қадам монд, писараш мурд. 18 Онҳо мувофиқи сухане, ки Яҳува ба воситаи бандааш, Аҳиёи пайғамбар, гуфта буд, ӯро гӯронданд ва тамоми Исроил барояш мотам гирифт.

19 Воқеаҳои дигари ҳаёти Ёробъом, чӣ тавр ӯ меҷангид+ ва чӣ тавр ҳукмронӣ мекард, дар таърихномаи шоҳони Исроил навишта шудааст. 20 Ёробъом 22 сол ҳукмронӣ кард ва пас аз ин ором гирифта бо бобоёни худ хобид+ ва писараш Нодоб ба ҷойи ӯ подшоҳ шуд.+

21 Дар он вақт Раҳабъоми писари Сулаймон дар Яҳудо подшоҳ буд. Раҳабъом дар 41-солагиаш подшоҳ шуд ва 17 сол дар Ерусалим, дар шаҳре, ки Яҳува аз байни ҳамаи қабилаҳои Исроил хуш кард,+ то номаш бар он бошад,+ ҳукмронӣ кард. Модари Раҳабъом Наамои аммӯнӣ буд.+ 22 Аҳли Яҳудо он чиро, ки дар назари Яҳува бад буд, ба амал меовард+ ва бо гуноҳҳои худ аз бобоёнашон бештар рашки Худоро бедор мекард.+ 23 Онҳо дар ҳар теппаи+ баланд ва зери ҳар дарахти сершоху барг+ барои парастиш баландиҳо, сутунҳо ва Ашераҳо* месохтанд.+ 24 Дар кишвари онҳо мардони танфурӯш* низ буданд.+ Мардум тамоми корҳои нафратовари халқҳоеро, ки Яҳува аз пеши исроилиён ронда буд, ба ҷо меовард.

25 Дар соли панҷуми подшоҳии Раҳабъом Шишақи+ подшоҳи Миср бар зидди Ерусалим баромад.+ 26 Ӯ ганҷҳои хонаи Яҳува ва ганҷҳои қасри подшоҳро гирифт.+ Ӯ ҳама чизро, аз он ҷумла ҳамаи сипарҳои тиллоиеро, ки Сулаймон сохта буд, гирифт.+ 27 Шоҳ Раҳабъом ба ҷойи он сипарҳо сипарҳои мисин сохта, онҳоро ба дасти сардорони посбононе*, ки даромадгоҳи хонаи подшоҳро посбонӣ мекарданд, супурд. 28 Ҳар дафъае ки подшоҳ ба хонаи Яҳува мерафт, посбонон сипарҳоро ба даст мегирифтанд ва сипас онҳоро боз ба хонаи посбонон мегузоштанд.

29 Воқеаҳои дигари ҳаёти Раҳабъом, тамоми корҳои ӯ, дар таърихномаи шоҳони Яҳудо навишта шудааст.+ 30 Дар байни Раҳабъом ва Ёробъом доимо ҷанг буд.+ 31 Раҳабъом ором гирифта бо бобоёни худ хобид ва бо падарони худ дар Шаҳри Довуд гӯронда шуд.+ Модари ӯ Наамои аммӯнӣ буд.+ Ба ҷойи ӯ писараш Абиём*+ подшоҳ шуд.

Адабиёт дар забони тоҷикӣ (2000–2025)
Баромадан
Даромадан
  • тоҷикӣ
  • Фиристодан
  • Ҷӯркунӣ
  • Copyright © 2025 Watch Tower Bible and Tract Society of Pennsylvania
  • Шарти истифодабарӣ
  • Сиёсати ҳифзи асрор
  • Танзимоти ҳифзи асрор
  • JW.ORG
  • Даромадан
Фиристодан