3 Подшоҳон
17 Илёси*+ тишбӣ, сокини Ҷилъод,+ ба Аҳъоб гуфт: «Ба номи Яҳува, Худои зинда, ки ба ӯ хизмат мекунам*, қасам ки, дар давоми ин солҳо, то нагӯям, шабнам ё бороне намеборад».+
2 Яҳува ба Илёс паём фиристода гуфт: 3 «Аз ин ҷо баромада, ба тарафи шарқ равона шав ва дар водии Карит, ки дар шарқи Урдун аст, пинҳон шав. 4 Ту аз ҷӯй об менӯшӣ ва ман ба зоғон мефармоям, ки ба ту хӯрок биёранд».+ 5 Илёс дарҳол рафта, мувофиқи сухани Яҳува амал кард. Ӯ рафта, дар водии Карит, ки дар шарқи Урдун аст, бимонд. 6 Зоғон ҳар саҳару ҳар бегоҳ ба Илёс нону гӯшт меоварданд ва ӯ аз оби ҷӯй менӯшид.+ 7 Аммо баъди чанд рӯз ҷӯй хушк шуд,+ зеро дар он замин борон набуд.
8 Сипас Яҳува ба ӯ паём фиристода гуфт: 9 «Бархеста, ба Сорефоти Сидӯн бирав ва дар он ҷо бимон. Ман дар он ҷо ба бевазане мефармоям, ки ба ту хӯрду хӯрок диҳад».+ 10 Илёс хеста, ба Сорефот рафт. Вақте ки ӯ ба дарвозаи шаҳр расид, бевазанеро дид, ки ҳезум ҷамъ мекард. Вай он занро ҷеғ зада, гуфт: «Илтимос, ба ман як пиёла об биёр, ки нӯшам».+ 11 Вақте зан барои овардани об рафт, Илёс аз пасаш фарёд карда гуфт: «Илтимос, ба ман як бурда нон ҳам биёр». 12 Зан ба вай гуфт: «Ба номи Худоят Яҳува, Худои зинда, қасам ки, ман нон надорам, фақат як каф орд дар хум ва андак равған дар кӯза мондааст.+ Ҳоло ман ҳезум ҷамъ мекунам ва рафта, барои худаму писарам ягон чиз мепазам ва мо мехӯрему баъд мемирем».
13 Он гоҳ Илёс ба ӯ гуфт: «Хавотир нашав, рафта, чизе, ки гуфтӣ, бикун, фақат ки аввал аз он барои ман кулчае пухта, биёр ва баъд барои худату писарат бипаз, 14 зеро Яҳува, Худои Исроил, чунин мегӯяд: “То рӯзе ки Яҳува бар замин борон биборонад, орди хум ва равғани кӯза тамом намешавад”».+ 15 Он зан рафта, ба гуфти Илёс кард ва ӯ бо аҳли хонаводаашу Илёс рӯзҳои зиёд чизи хӯрданӣ доштанд.+ 16 Мувофиқи сухане, ки Яҳува ба воситаи Илёс гуфта буд, орди хум ва равғани кӯза тамом нашуд.
17 Баъд аз ин писари он занаки соҳибхона касал шуд ва аҳволаш чунон вазнин шуд, ки ӯ мурд.+ 18 Он гоҳ зан ба Илёс гуфт: «Ман ба ту чӣ кардам, эй марди Худо? Оё ту барои хотиррасон кардани гуноҳам ва куштани писарам омадӣ?»+ 19 Вале ӯ гуфт: «Писаратро ба ман деҳ». Ӯ писаракро аз бағали модараш гирифту ба болохона, ки дар он ҷо мезист, бурда, бар рӯйи каташ гузошт.+ 20 Вай сӯйи Яҳува хонда, гуфт: «Эй Худоям Яҳува,+ наход ту писари ин бевазанро, ки дар хонааш меистам, бикушӣ ва ба сари вай низ мусибат орӣ?» 21 Ӯ бар тани бача се бор хам шуда, сӯйи Яҳува фарёд зад: «Эй Худоям Яҳува, илтимос, ин бачаро ба ҳаёт баргардон». 22 Яҳува ба илтимоси Илёс гӯш дод+ ва бачаро аз нав зинда кард.+ 23 Илёс бачаро гирифта, аз болохона поён овард ва ӯро ба дасти модараш супурда, ба ӯ гуфт: «Бубин, писарат зинда аст».+ 24 Инро дида зан ба Илёс гуфт: «Акнун донистам, ки ту ҳақиқатан марди Худо ҳастӣ+ ва каломи Яҳува, ки дар даҳони туст, ҳақ аст».