ОНЛАЙН-КИТОБХОНАИ Бурҷи дидбонӣ
ОНЛАЙН-КИТОБХОНАИ
Бурҷи дидбонӣ
тоҷикӣ
ӯ
  • ғ
  • ӣ
  • қ
  • ӯ
  • ҳ
  • ҷ
  • КИТОБИ МУҚАДДАС
  • АДАБИЁТ
  • ВОХӮРИҲО
  • 4 Подшоҳон 9
  • Китоби Муқаддас — Тарҷумаи Дунёи Нав

Видеонавор вуҷуд надорад.

Бубахшед, видеонавор боргирӣ нашуд.

Шарҳи мухтасари 4 Подшоҳон

      • Еҳу шоҳи Исроил таъйин мешавад (1–13)

      • Еҳу Еҳуром ва Аҳазёро мекушад (14–29)

      • Изобал кушта мешавад; сагон гӯшти ӯро мехӯранд (30–37)

4 Подшоҳон 9:1

Оятҳои иловагӣ

  • +4Пш 8:25, 28

4 Подшоҳон 9:2

Оятҳои иловагӣ

  • +3Пш 19:16, 17

4 Подшоҳон 9:3

Эзоҳҳо

  • *

    Ё «тадҳин». Ниг. ба луғат, ба калимаи «тадҳин».

Оятҳои иловагӣ

  • +2Вқ 22:7

4 Подшоҳон 9:5

Индексҳо

  • Роҳнамо

    Бурҷи дидбонӣ,

    15.11.2011, саҳ. 3

4 Подшоҳон 9:6

Эзоҳҳо

  • *

    Ё «тадҳин». Ниг. ба луғат, ба калимаи «тадҳин».

Оятҳои иловагӣ

  • +3Пш 19:16

4 Подшоҳон 9:7

Оятҳои иловагӣ

  • +3Пш 18:4; 19:2; 21:15, 25; Лқ 18:7

4 Подшоҳон 9:8

Эзоҳҳо

  • *

    Дар матни асл «ҳар касеро, ки ба девор пешоб мекунад». Ин ибораи ибронӣ таҳқиромез буда, ба мардон ишора мекунад.

Оятҳои иловагӣ

  • +3Пш 21:20, 21

Индексҳо

  • Роҳнамо

    Дафтари вохӯрии «Ҳаёт ва хизмат»,

    11.2022, саҳ. 7

4 Подшоҳон 9:9

Оятҳои иловагӣ

  • +3Пш 15:28, 29
  • +3Пш 16:11, 12

4 Подшоҳон 9:10

Оятҳои иловагӣ

  • +3Пш 21:23
  • +4Пш 9:3

4 Подшоҳон 9:12

Эзоҳҳо

  • *

    Ё «тадҳин». Ниг. ба луғат, ба калимаи «тадҳин».

Оятҳои иловагӣ

  • +4Пш 9:6

4 Подшоҳон 9:13

Оятҳои иловагӣ

  • +Мт 21:7
  • +2Пш 15:10; 3Пш 1:34, 39

4 Подшоҳон 9:14

Эзоҳҳо

  • *

    Ё «Сурия».

Оятҳои иловагӣ

  • +3Пш 19:16
  • +4Пш 8:28
  • +3Пш 19:15; 4Пш 8:15; 10:32

Индексҳо

  • Роҳнамо

    Бурҷи дидбонӣ,

    15.11.2011, саҳ. 3

4 Подшоҳон 9:15

Оятҳои иловагӣ

  • +Юш 19:17, 18; 3Пш 21:1
  • +2Вқ 22:6

Индексҳо

  • Роҳнамо

    Бурҷи дидбонӣ,

    15.11.2011, саҳ. 3

4 Подшоҳон 9:17

Эзоҳҳо

  • *

    Бурҷ — бинои манорашакле, ки барои дидбонӣ сохта мешуд.

Индексҳо

  • Роҳнамо

    Бурҷи дидбонӣ,

    15.11.2011, саҳ. 3

4 Подшоҳон 9:20

Эзоҳҳо

  • *

    Дар матни асл «писари».

Индексҳо

  • Роҳнамо

    Бурҷи дидбонӣ,

    15.11.2011, саҳ. 4

4 Подшоҳон 9:21

Оятҳои иловагӣ

  • +4Пш 8:25, 29; 2Вқ 22:7
  • +3Пш 21:1, 15

4 Подшоҳон 9:22

Оятҳои иловагӣ

  • +3Пш 16:31; 18:4; 19:2; 21:7
  • +3Мс 20:6; 5Мс 18:10; 3Пш 18:19

4 Подшоҳон 9:25

Эзоҳҳо

  • *

    Ё «бар аробаҳо».

Оятҳои иловагӣ

  • +3Пш 21:19
  • +3Пш 21:29

4 Подшоҳон 9:26

Оятҳои иловагӣ

  • +1Мс 4:8, 10; Зб 9:12; 72:14
  • +1Мс 9:5; 3Мс 24:17
  • +3Пш 21:24

4 Подшоҳон 9:27

Оятҳои иловагӣ

  • +4Пш 8:29; 2Вқ 22:7
  • +Юш 17:11

4 Подшоҳон 9:28

Оятҳои иловагӣ

  • +2Пш 5:7

4 Подшоҳон 9:29

Оятҳои иловагӣ

  • +4Пш 8:24; 2Вқ 22:2

4 Подшоҳон 9:30

Оятҳои иловагӣ

  • +3Пш 21:1
  • +3Пш 16:31; 21:25

4 Подшоҳон 9:31

Оятҳои иловагӣ

  • +3Пш 16:15–19

4 Подшоҳон 9:32

Оятҳои иловагӣ

  • +2Мс 32:26; Зб 94:16

4 Подшоҳон 9:34

Оятҳои иловагӣ

  • +3Пш 16:31

4 Подшоҳон 9:35

Оятҳои иловагӣ

  • +4Пш 9:10

4 Подшоҳон 9:36

Оятҳои иловагӣ

  • +Иш 55:10, 11
  • +3Пш 21:23

Асосӣ

4 Подш. 9:14Пш 8:25, 28
4 Подш. 9:23Пш 19:16, 17
4 Подш. 9:32Вқ 22:7
4 Подш. 9:63Пш 19:16
4 Подш. 9:73Пш 18:4; 19:2; 21:15, 25; Лқ 18:7
4 Подш. 9:83Пш 21:20, 21
4 Подш. 9:93Пш 15:28, 29
4 Подш. 9:93Пш 16:11, 12
4 Подш. 9:103Пш 21:23
4 Подш. 9:104Пш 9:3
4 Подш. 9:124Пш 9:6
4 Подш. 9:13Мт 21:7
4 Подш. 9:132Пш 15:10; 3Пш 1:34, 39
4 Подш. 9:143Пш 19:16
4 Подш. 9:144Пш 8:28
4 Подш. 9:143Пш 19:15; 4Пш 8:15; 10:32
4 Подш. 9:15Юш 19:17, 18; 3Пш 21:1
4 Подш. 9:152Вқ 22:6
4 Подш. 9:214Пш 8:25, 29; 2Вқ 22:7
4 Подш. 9:213Пш 21:1, 15
4 Подш. 9:223Пш 16:31; 18:4; 19:2; 21:7
4 Подш. 9:223Мс 20:6; 5Мс 18:10; 3Пш 18:19
4 Подш. 9:253Пш 21:19
4 Подш. 9:253Пш 21:29
4 Подш. 9:261Мс 4:8, 10; Зб 9:12; 72:14
4 Подш. 9:261Мс 9:5; 3Мс 24:17
4 Подш. 9:263Пш 21:24
4 Подш. 9:274Пш 8:29; 2Вқ 22:7
4 Подш. 9:27Юш 17:11
4 Подш. 9:282Пш 5:7
4 Подш. 9:294Пш 8:24; 2Вқ 22:2
4 Подш. 9:303Пш 21:1
4 Подш. 9:303Пш 16:31; 21:25
4 Подш. 9:313Пш 16:15–19
4 Подш. 9:322Мс 32:26; Зб 94:16
4 Подш. 9:343Пш 16:31
4 Подш. 9:354Пш 9:10
4 Подш. 9:36Иш 55:10, 11
4 Подш. 9:363Пш 21:23
  • Китоби Муқаддас — Тарҷумаи Дунёи Нав
  • 1
  • 2
  • 3
  • 4
  • 5
  • 6
  • 7
  • 8
  • 9
  • 10
  • 11
  • 12
  • 13
  • 14
  • 15
  • 16
  • 17
  • 18
  • 19
  • 20
  • 21
  • 22
  • 23
  • 24
  • 25
  • 26
  • 27
  • 28
  • 29
  • 30
  • 31
  • 32
  • 33
  • 34
  • 35
  • 36
  • 37
Китоби Муқаддас — Тарҷумаи Дунёи Нав
4 Подшоҳон 9:1–37

4 Подшоҳон

9 Элишои пайғамбар яке аз писарони пайғамбаронро ба назди худ хонда, гуфт: «Лаби либосатро ба камарат бибанд ва зудтар кӯзачаи равғанро гирифта, ба Ромӯт-Ҷилъод+ бирав. 2 Вақте ба он ҷо бирасӣ, Еҳуи+ писари Еҳушофоти писари Нимширо биёб. Даромада, ӯро аз миёни бародаронаш бархезон ва бо ӯ ба ҳуҷраи дарунӣ даро. 3 Сипас кӯзачаи равғанро гирифта, ба сари ӯ бирез ва бигӯ: “Яҳува чунин мегӯяд: “Ман туро подшоҳи Исроил таъйин* мекунам”.+ Баъд дарро кушода, зудтар гурез».

4 Дастёри пайғамбар ба Ромӯт-Ҷилъод равона шуд. 5 Вақте ба он ҷо расид, сарони лашкар нишаста буданд ва ӯ гуфт: «Ман ба ту хабаре дорам, эй сардор». Еҳу пурсид: «Ба кадоме аз мо?» Ӯ ҷавоб дод: «Ба ту, эй сардор». 6 Еҳу бархеста, ба хона даромад ва дастёри пайғамбар равғанро ба сараш рехта, гуфт: «Яҳува, Худои Исроил, чунин мегӯяд: “Ман туро бар халқи Яҳува, бар Исроил, подшоҳ таъйин* мекунам.+ 7 Ту бояд аҳли хонаводаи хоҷаат Аҳъобро нест кунӣ ва ман барои хуни бандаҳоям пайғамбарон ва ҳамаи хизматгорони Яҳува, ки аз дасти Изобал мурдаанд, интиқом мегирам.+ 8 Тамоми хонадони Аҳъоб ба ҳалокат хоҳад расид. Ман ҳар мардинаи* Аҳъоб, аз он ҷумла ҳар каси ӯро, ки дар Исроил сусту нотавон аст, қир мекунам.+ 9 Ман хонадони Аҳъобро мисли хонадони Ёробъоми+ писари Набот ва мисли хонадони Баъшои+ писари Аҳиё мегардонам. 10 Изобалро бошад, дар қитъаи замини Изреъил сагон мехӯранд+ ва касе ӯро намегӯронад”». Бо ин суханон вай дарро кушода, гурехт.+

11 Вақте ки Еҳу ба назди ходимони хоҷааш баргашт, онҳо аз вай пурсиданд: «Тинҷист? Барои чӣ ин девона пеши ту омада буд?» Ӯ ҷавоб дод: «Шумо худатон гапу кори ин одамонро медонед-ку». 12 Аммо онҳо гуфтанд: «Моро фиреб надеҳ. Илтимос, росташро бигӯ». Еҳу гуфт: «Ӯ ба ман фалон гапҳоро зада боз гуфт: “Яҳува чунин мегӯяд: “Ман туро подшоҳи Исроил таъйин* мекунам”».+ 13 Инро шунида ҳар яки онҳо дарҳол либосашро гирифт ва рӯйи зинапоя, таги пойи ӯ партофт.+ Онҳо шох навохта, эълон карданд: «Еҳу подшоҳ шуд!»+ 14 Сипас Еҳуи+ писари Еҳушофоти писари Нимшӣ бо онҳо забон як карда Еҳуромро куштанӣ шуд.

Еҳуром бо тамоми Исроил Ромӯт-Ҷилъодро+ аз Ҳазоили+ подшоҳи Арам* муҳофизат мекард. 15 Еҳуроми подшоҳ ба Изреъил+ баргашт, то аз захмҳое, ки арамиён ҳангоми бо Ҳазоили подшоҳи Арам ҷангиданаш ба ӯ расонда буданд, шифо ёбад.+

Еҳу гуфт: «Агар бо ман якдил бошед, нагузоред, ки касе аз шаҳр гурехта, ба Изреъил хабар барад». 16 Пас аз ин ӯ ба аробааш савор шуда, ба Изреъил рафт, зеро Еҳуроми захмдор дар он ҷо буд. Он вақт Аҳазёи подшоҳи Яҳудо ба хабар гирифтани Еҳуром омада буд. 17 Дидбоне, ки дар Изреъил бар бурҷ* меистод, наздик шудани тӯдаи одамони Еҳуро дид. Ӯ дарҳол хабар дод: «Ман тӯдаи одамонро мебинам». Еҳуром гуфт: «Савореро наздашон бифирист, то аз онҳо бипурсад, ки тинҷист ё не». 18 Аспсавор ба назди онҳо рафта, гуфт: «Подшоҳ мепурсад, ки тинҷист ё не». Вале Еҳу гуфт: «Ту ба тинҷӣ чӣ кор дорӣ?! Аз паси ман биё!»

Дидбон хабар дод: «Хабаррасон ба назди онҳо расид, лекин барнагашт». 19 Ӯ аспсавори дуюмро фиристод ва он савор ба наздашон расида, гуфт: «Подшоҳ мепурсад, ки тинҷист ё не». Вале Еҳу гуфт: «Ту ба тинҷӣ чӣ кор дорӣ?! Аз паси ман биё!»

20 Дидбон хабар дод: «Ӯ ба наздашон расид, лекин барнагашт. Аспронӣ ба аспронии Еҳуи набераи* Нимшӣ монанд аст, чунки ӯ девонавор меронад». 21 Еҳуром гуфт: «Аробаро бибанд!» Аробаи ҷангии ӯро тайёр карданд ва Еҳуроми шоҳи Исроилу Аҳазёи+ шоҳи Яҳудо, ҳар яке бо аробаи ҷангии худ, ба пешвози Еҳу баромаданд. Онҳо бо вай дар қитъаи замини Нобӯти+ изреъилӣ вохӯрданд.

22 Ҳамин ки Еҳуром Еҳуро дид, аз вай пурсид: «Эй Еҳу, тинҷист?» Вай бошад, гуфт: «Чӣ гуна тинҷӣ буда метавонад, модоме ки модарат Изобал+ зино мекунаду ҷодугариҳояш ин қадар бисёр аст?»+ 23 Ҳамон лаҳза Еҳуром аробаи худро гардонда, рӯ ба гурез овард ва ба Аҳазё фарёд зад: «Эй Аҳазё, моро фиреб доданд!» 24 Еҳу камонашро гирифта, ба байни шонаҳои Еҳуром тир зад ва тир аз дили Еҳуром гузашт ва ӯ афтида, дар аробааш ҷон дод. 25 Он гоҳ Еҳу ба Бидқари фармондеҳаш гуфт: «Вайро бардошта, ба киштзори Нобӯти изреъилӣ парто.+ Ба ёд ор, ки, вақте ману ту аз паси Аҳъоби падари ӯ ҳамроҳ* савора мерафтем, Яҳува бар зидди ӯ чунин фармуд:+ 26 “Ман дирӯз хуни Нобӯт ва хуни писарони ӯро дидам,+— мегӯяд Яҳува,— ва ҳатман дар ин қитъаи замин сазои туро медиҳам,+— мегӯяд Яҳува”. Пас, ӯро, чуноне ки Яҳува гуфта буд, гирифта, ба ин қитъаи замин парто».+

27 Вақте Аҳазёи+ шоҳи Яҳудо дид, ки чӣ гап шуд, бо роҳи хонаи боғ рӯ ба гурез овард. (Баъдтар Еҳу аз паси ӯ сур карда, гуфт: «Ӯро низ бикушед!» Аз ин рӯ одамони Еҳу Аҳазёро дар аробааш, дар роҳи Ҷур, ки назди Иблеом+ аст, захмдор карданд, вале ӯ то Маҷиддӯ гурехта, дар он ҷо мурд. 28 Ходимонаш ӯро бо ароба ба Ерусалим оварданд ва бо бобоёнаш дар Шаҳри Довуд,+ дар қабраш, гӯронданд. 29 Аҳазё+ дар соли 11-уми Еҳуроми писари Аҳъоб подшоҳи Яҳудо шуда буд).

30 Еҳу ба Изреъил+ омад ва Изобал+ дар ин бора шунида ба чашмонаш сурма кашид ва мӯйи сарашро оро дода, аз тиреза нигоҳ кард. 31 Вақте ки Еҳу аз дарвоза даромад, ӯ гуфт: «Магар оқибати Зимрии кушандаи хоҷааш ба хайр буд?»+ 32 Еҳу сӯйи тиреза нигоҳ карда гуфт: «Кӣ тарафдори ман аст? Кӣ?»+ Дарҳол ду-се ходими дарбор ба вай нигаристанд. 33 Ӯ гуфт: «Вайро поён партоед!» Онҳо Изобалро партофтанду хуни ӯ бар девору аспҳо пош хӯрд ва Еҳу бо аспонаш аз болои вай гузашта, ӯро поймол кард. 34 Пас аз он ки вай даромада, хӯрду нӯшид, гуфт: «Ин лаънатиро гирифта, гӯронед, чунки вай, ҳар чӣ ҳам бошад, духтари подшоҳ аст».+ 35 Аммо, вақте онҳо рафтанд, то вайро гӯронанд, ғайр аз косахона, пойҳо ва кафи дастонаш чизе аз вай наёфтанд.+ 36 Онҳо баргашта, инро ба Еҳу хабар доданд ва ӯ гуфт: «Каломи Яҳува иҷро гашт,+ зеро ӯ ба воситаи Илёси тишбӣ чунин гуфта буд: “Гӯшти бадани Изобалро дар қитъаи замини Изреъил сагон хоҳанд хӯрд.+ 37 Ҷасади Изобал дар қитъаи замини Изреъил мисли саргини рӯйи киштзор хоҳад буд, ба тавре ки касе гуфта натавонад: “Ин Изобал аст”».

Адабиёт дар забони тоҷикӣ (2000–2025)
Баромадан
Даромадан
  • тоҷикӣ
  • Фиристодан
  • Ҷӯркунӣ
  • Copyright © 2025 Watch Tower Bible and Tract Society of Pennsylvania
  • Шарти истифодабарӣ
  • Сиёсати ҳифзи асрор
  • Танзимоти ҳифзи асрор
  • JW.ORG
  • Даромадан
Фиристодан