Ишаъё
21 Паём бар зидди биёбоне, ки мисли баҳр аст*:+
Аз биёбон, аз замини даҳшатангезе, фалокат меояд,+
Он монанди тундбодҳоест, ки дар ҷануб мевазанд.
2 Рӯъёи воҳиманоке ба ман дода шуд:
Хиёнаткор хиёнат мекунад
Ва тороҷгар тороҷ мекунад.
Бархез, эй Элом! Муҳосира намо, эй Модай!+
Ман ба тамоми ситамҳои вай* хотима мебахшам.+
3 Аз ин рӯ дар азоби сахтам*.+
Дард маро фаро гирифтааст,
Чуноне ки занро дарди зоиш мегирад.
Беҳад ғамзадаам ва тоби шунидани гаперо надорам,
Бениҳоят парешонам ва тоқати дидани чизеро надорам.
4 Дилам суст шуд, ба тарсу ларз афтодаам.
Шоме, ки интизораш будам, маро ба ҳарос меорад.
5 Мизро биороед, ҷойҳои нишастро тайёр кунед!
Бихӯред ва бинӯшед!+
Бархезед, эй мирон, сипарро равған кунед!
6 Зеро Яҳува ба ман чунин гуфт:
«Бирав, дидбоне бимон, то ҳар чиро дид, хабар диҳад».
7 Ӯ аробаи ҷангиро бо ҷуфти асп,
Аробаи ҷангиро бо харон,
Аробаи ҷангиро бо шутурон дид.
Ӯ бодиққат, бо тамоми диққат, нигарист
8 Ва мисли шер наъра зада гуфт:
9 Ана, бубинед:
Саворон бар аробае бо ҷуфти асп омада истодаанд!»+
Сипас ӯ фарёд зада гуфт:
«Фурӯ ғалтид! Бобил фурӯ ғалтид!+
Тамоми бутҳои худоёнаш ба замин зада шикаста шуданд!»+
10 Эй халқи кӯфташудаи ман,
Он чиро аз Яҳува, Худои лашкарҳо, аз Худои Исроил, шунидам, ба ту хабар додам.
11 Паём бар зидди Думо*:
Касе аз Сеир+ сӯйи ман фарёд мезанад:
«Эй дидбон! Кадом вақти шаб аст?
Бигӯ, эй дидбон! Кадом вақти шаб аст?»
12 Дидбон гуфт:
«Қарибии саҳар аст, вале шаб боз меояд.
Агар боз пурсиданӣ бошед, бипурсед.
Бори дигар биёед».
13 Паём бар зидди дашт:
Эй корвонҳои Дадон,+
Дар ҷангалзори дашт шабро рӯз хоҳед кард.
14 Ба пешвози ташна баромада, об биёред
Ва ба гуреза нон оред,
Эй сокинони замини Темо,+
15 Зеро онҳо аз шамшерҳо, аз шамшери бараҳна,
Аз камони кашида ва аз ҷанги бераҳмона гурехтаанд.
16 Яҳува ба ман чунин гуфт: «Дар миёни як сол, бо ҳисоби солҳои мардикор*, тамоми ҷалоли Қедор+ аз байн меравад. 17 Аз ҷанговарони камонвари Қедор бақияи каме мемонад, зеро Яҳува, Худои Исроил, чунин гуфтааст».