Ирмиё
41 Дар моҳи ҳафтум Исмоили+ писари Натанёи писари Элишомаъ, ки аз насли шоҳон ва аз калоншавандагони подшоҳ буд, ҳамроҳи даҳ нафар назди Ҷадалёҳуи писари Аҳиқом ба Мисфо омад.+ Ҳангоме ки онҳо дар Мисфо хӯрок мехӯрданд, 2 Исмоили писари Натанё ҳамроҳи даҳ нафаре, ки бо ӯ буданд, бархеста, Ҷадалёҳуи писари Аҳиқом, писари Шофонро, бо шамшер куштанд. Ҳамин тавр Исмоил шахсеро, ки подшоҳи Бобил бар он ҷо таъйин карда буд, кушт. 3 Исмоил ҳамчунин ҳама сарбозони калдониву яҳудиёнеро, ки бо Ҷадалёҳу дар Мисфо буданд, кушт.
4 Як рӯз пас аз кушта шудани Ҷадалёҳу, вақте касе ҳанӯз дар ин бора хабар надошт, 5 аз Шакем,+ Шилӯ+ ва Сомария+ 80 кас омад. Ришҳои онҳо тарошидаву либосҳояшон чокзада буд ва бар баданашон чокҳо буданд.+ Онҳо дар даст ҳадияҳои ғаллаву лодан+ доштанд ва мехостанд онҳоро ба хонаи Яҳува биёранд. 6 Исмоили писари Натанё аз Мисфо нолакунон ба пешвози онҳо баромад ва, вақте бо онҳо рӯ ба рӯ шуд, гуфт: «Назди Ҷадалёҳуи писари Аҳиқом биёед». 7 Аммо, вақте онҳо ба шаҳр омаданд, Исмоили писари Натанё ҳамроҳи одамонаш онҳоро кушта, ба чоҳ партофт.
8 Вале даҳ нафар аз миёни онҳо ба Исмоил гуфтанд: «Моро накуш, мо дар саҳро захираи ниҳонии гандум, ҷав, равған ва асал дорем». Ӯ ба гапашон гӯш дода, онҳоро дар қатори бародаронашон накушт. 9 Исмоил ҷасади ҳама одамони куштаашро ба чоҳи калоне партофт, ҳамон чоҳе, ки подшоҳ Осо таҳдиди подшоҳи Исроил, Баъшоро, шунида сохта буд.+ Исмоили писари Натанё он чоҳро аз ҷасади куштагон пур кард.
10 Сипас ӯ духтарони подшоҳро бо бақияи мардум дар Мисфо,+ ки Набузаръадони сардори посбонон ба Ҷадалёҳуи+ писари Аҳиқом супурда буд, асир кард. Исмоили писари Натанё онҳоро асир гирифта, сӯйи аммӯниён+ равона шуд.
11 Вақте Юҳонони+ писари Қореаҳ ва тамоми сарлашкароне, ки бо ӯ буданд, дар бораи ҳама бадиҳои Исмоили писари Натанё шуниданд, 12 ҳама одамони худро гирифта, ба ҷанги Исмоили писари Натанё рафтанд ва ӯро назди обҳои бузург*, дар Ҷибъӯн, ёфтанд.
13 Вақте мардуме, ки бо Исмоил буданд, Юҳонони писари Қореаҳ ва тамоми сарлашкаронро ҳамроҳаш диданд, хурсанд шуданд. 14 Ҳамаи мардуме, ки онҳоро Исмоил дар Мисфо+ асир карда буд, баргашта, назди Юҳонони писари Қореаҳ рафтанд. 15 Аммо Исмоили писари Натанё ҳамроҳи ҳашт одами худ аз Юҳонон гурехта, сӯйи аммӯниён рафт.
16 Юҳонони писари Қореаҳ ва ҳама сарлашкароне, ки ҳамроҳаш буданд, бақияи мардумро, ки Исмоили писари Натанё баъди куштани Ҷадалёҳуи+ писари Аҳиқом дар Мисфо асир карда буд, аз дасти Исмоил раҳо карда, ҳамроҳи худ бурданд. Онҳо мардону занон, кӯдакон ва сарбозону ходимони дарборро аз Ҷибъӯн гардонда оварданд 17 ва рафта, дар мусофирхонаи Кимҳом, ки назди Байт-Лаҳм+ буд, истоданд, то шабро рӯз кунанд. Онҳо мақсад доштанд ба Миср раванд,+ 18 чунки Исмоили писари Натанё шахсеро, ки подшоҳи Бобил бар он ҷо таъйин карда буд, яъне Ҷадалёҳуи писари Аҳиқомро, кушт+ ва акнун онҳо аз калдониён метарсиданд.