Ирмиё
42 Он гоҳ ҳамаи сарлашкарон, Юҳонони+ писари Қореаҳ, Езанёи писари Ҳушаъё ва тамоми мардум — аз хурд то бузург, 2 назди пайғамбар Ирмиё омада, гуфтанд: «Илтимос, зории моро бишнав ва дар ҳаққи мову дар ҳаққи бақияи мардум ба Худоят Яҳува дуо бигӯ, зеро, чи тавре ки мебинӣ, мо бисёр будему хеле кам мондаем.+ 3 Бигзор Худоят Яҳува ба мо бигӯяд, ки куҷо равему чӣ кор кунем».
4 Пайғамбар Ирмиё ба онҳо ҷавоб дод: «Ман гапатонро фаҳмидам ва ба Худоятон Яҳува мувофиқи хостатон дуо мегӯям. Ҳар сухане, ки Яҳува барои шумо бигӯяд, ман мерасонам ва ҳеҷ суханеро аз шумо пинҳон намекунам».
5 Онҳо ба Ирмиё гуфтанд: «Бигзор Яҳува шоҳиди мо бошад, шоҳиди ҳақгӯву боваринок: мо қавл медиҳем, ки ҳар чӣ Худоят Яҳува ба мо ба воситаи ту бифармояд, ба ҷо меорем. 6 Хоҳ гапи хуб бошад, хоҳ бад, мо ба овози Худоямон Яҳува, ки туро барои аз ӯ пурсидан мефиристем, итоат мекунем. Мо ба овози Худоямон Яҳува гӯш медиҳем, зеро мехоҳем ҳоламон хуб бошад».
7 Даҳ рӯз пас паёми Яҳува ба Ирмиё омад 8 ва ӯ Юҳонони писари Қореаҳ, тамоми сарлашкаронеро, ки бо ӯ буданд, ва тамоми мардумро, аз хурд то бузург, назди худ хонда,+ 9 ба онҳо гуфт: «Яҳува, Худои Исроил, ки маро фиристодед, то зориятонро ба ӯ бирасонам, чунин мегӯяд: 10 “Агар шумо дар ин замин бимонед, ман шуморо обод мегардонам, на хароб ва шуморо мешинонаму решакан намесозам, зеро аз бадбахтие, ки бар саратон овардаам, ғамгинам.+ 11 Аз подшоҳи Бобил ин қадар натарсед.+
Аз ӯ натарсед,— мегӯяд Яҳува,— зеро ман бо шумо ҳастам, то шуморо наҷот диҳам ва аз дасти ӯ халос кунам. 12 Ман ба шумо раҳм мекунам+ ва шоҳи Бобил низ ба шумо раҳм мекунад ва шуморо ба заминатон бармегардонад.
13 Аммо, агар шумо ба овози Худоятон Яҳува гӯш надиҳед ва бигӯед: “Не, дар ин замин намемонем! 14 Мо ба замини Миср меравем,+ ки дар он ҷо на ҷангро мебинем, на овози шохро мешунавем ва на аз гушнагиву бенонӣ азоб мекашем. Мо ба он ҷо рафта, зиндагӣ мекунем”, 15 агар чунин карданӣ бошед, пас, паёми Яҳуваро бишнавед, эй бақияи Яҳудо! Яҳува, Худованди лашкарҳо, Худои Исроил, чунин мегӯяд: “Агар шумо азми сафар ба Мисрро дошта бошед ва дар он ҷо сокин шудан хоҳед*, 16 ҳамон шамшере, ки аз он метарсед, шуморо дар Миср меёбад ва гушнагие, ки аз он метарсед, аз қафоятон ба Миср сур карда меравад ва шумо дар он ҷо мемиред.+ 17 Ҳама касоне, ки азми сафар ба Мисрро доранд ва дар он ҷо зиндагӣ кардан мехоҳанд, дар он замин аз шамшер, гушнагӣ ва вабо мемиранд. Ҳеҷ яке аз онҳо зинда намемонад ва аз фалокате, ки бар сарашон меорам, раҳо намеёбад”.
18 Яҳува, Худои лашкарҳо, чунин мегӯяд: “Агар ба Миср биравед, ҳамон тавре ки ман хашму ғазабамро бар сокинони Ерусалим рехтам,+ бар шумо низ мерезам. Агар ин корро кунед, лаънатзадаву шарманда мегардед, одамон шуморо дуои бад мекунанду ҳолатонро дида ба даҳшат меоянд+ ва шумо дигар ин маконро намебинед”.
19 Яҳува бар зидди шумо сухан гуфтааст, эй бақияи Яҳудо. Ба Миср наравед. Бидонед, ки ман имрӯз шуморо хабардор кардам, 20 ки бо ин коратон ҷони худро дар хатар мегузоред. Худи шумо аз ман хоҳиш карда будед, ки аз Худоятон Яҳува бипурсам. Шумо гуфта будед: “Дар ҳаққи мо ба Худоямон Яҳува дуо бигӯ ва ҳар чӣ Худоямон Яҳува бигӯяд, ба мо бирасон ва мо онро ба ҷо меорем”.+ 21 Ман ба шумо имрӯз гуфтам, валекин шумо ба овози Худоятон Яҳува, ки маро фиристодааст, то ба шумо инро расонам, гӯш доданӣ нестед.+ 22 Аз ин рӯ бидонед, ки шумо, дар ҷое ки рафта, дар он сокин шудан мехоҳед, аз шамшер ва гушнагиву вабо мемиред».+