Ҳизқиёл
27 Яҳува боз ба ман паём фиристода гуфт: 2 «Эй фарзанди одам, барои Сӯр марсия* сароида,+ 3 ба вай бигӯ:
“Эй, ки назди бандарҳои баҳр сокинӣ
Ва бо мардуми ҷазираҳои бисёр харидуфурӯш мекунӣ,
Парвардигор Яҳува чунин мегӯяд:
“Эй Сӯр, ту гуфтаӣ: “Ҳусну ҷамоли ман бекаму кост аст”.+
4 Қаламрави ту дар миёни баҳр аст
Ва бинокоронат зебоии туро комил кардаанд.
5 Онҳо ҳамаи тахтаҳоятро аз арчаи Сенир+ тайёр карданд
Ва сутуни киштиро бароят аз сидраи Лубнон сохтанд.
6 Онҳо белҳои киштирониятро аз булути Бошон тарошиданд
Ва сари киштиро бароят аз сарви ҷазираҳои Киттим+ сохтанд, аз чӯбе, ки бо устухони фил оро ёфта буд.
7 Бодбони ту аз катони рангаи Миср
Ва соябони саҳнат аз риштаи кабуду пашми бунафши ҷазираҳои Алишо+ буд.
9 Мардони ҳунарманди Ҷабал+ сӯрохҳоятро таъмир мекарданд.+
Ҳамаи киштиҳои баҳр ва дарёнавардонашон барои харидуфурӯш назди ту меомаданд.
10 Мардони Форс, Луд ва Фут+ дар лашкари ту, дар қатори ҷанговаронат, буданд.
Онҳо сипару кулоҳҳои худро бар ту меовехтанд ва туро шукӯҳ мебахшиданд.
11 Мардони Арвод, ки дар лашкарат буданд, гирдогирд бар ҳисорат меистоданд,
Мардони далер бурҷҳоятро* муҳофизат менамуданд.
Онҳо сипарҳои гирдаи худро саросари ҳисорат меовехтанд
Ва зебоии туро комил мекарданд.
12 Таршиш+ бо ту савдо мекард, чунки боигарият бисёр буд.+ Онҳо дар ивази молат нуқра, оҳан, қалъагӣ ва сурб медоданд.+ 13 Ёвон, Тубол+ ва Машах+ бо ту харидуфурӯш мекарданд, дар ивази молат ғулом+ ва чизу чораи мисӣ медоданд. 14 Хонадони Туҷармо+ барои молат аспу хачир медод. 15 Мардуми Дадон+ бо ту савдо мекард. Ту дар ҷазираҳои бисёр савдогарон доштӣ. Онҳо ба ту устухони фил+ ва чӯби обнусро туҳфа меоварданд. 16 Адӯм бо ту савдо мекард, чунки моли фаровон доштӣ. Онҳо дар ивази молат санги фирӯза, пашми бунафш, матои рангоранги гулдӯзӣ, матои нафис, марҷон ва лаъл медоданд.
17 Яҳудо ва замини Исроил бо ту харидуфурӯш мекард ва дар ивази молат+ гандуми Минит,+ хӯроквории беҳтарин, асал,+ равған ва шилми хушбӯй+ медод.
18 Димишқ+ бо ту савдо мекард ва ба ту шароби Ҳалбуну пашми Заҳор* мефурӯхт, чунки молу сарватат фаровон буд. 19 Вадон ва Ёвони Узол дар ивази молат оҳани кӯфта, сано* ва найи хушбӯй медоданд. 20 Дадон+ барои ту зинпӯшҳо меовард. 21 Арабҳо ва ҳамаи сардорони Қедор,+ ки бузу гӯсфанду қӯчқор мефурӯхтанд, савдогарони ту буданд.+ 22 Савдогарони Сабо ва Раъмо+ бо ту харидуфурӯш мекарданд, дар ивази молат ҳар навъ атри беҳтарин, санги қиматбаҳову тилло медоданд.+ 23 Ҳоррон,+ Канна, Адан,+ савдогарони Сабо,+ Ашшур+ ва Килмод бо ту харидуфурӯш мекарданд. 24 Онҳо дар бозорҳоят либосҳои зебо, ҷомаҳои кабуди гулдӯзияшон ҳарранга ва қолинҳои рангоранг мефурӯхтанд. Ҳамаи ин чизҳо бо бандҳо баста шуда буданд.
25 Киштиҳои Таршиш+ барои харидуфурӯши ту хизмати корвонро ба ҷо меоварданд
Ва ту дар миёни баҳр пурбору лабрез шудӣ*.
26 Белзанонат туро ба баҳрҳои бузург оварданд
Ва боди шарқӣ туро дар миёни баҳр дарҳам шикаст.
27 Боигарият, молҳоят, савдоят, киштиронҳоят, дарёнавардонат,
Таъмиргарони сӯрохҳоят, савдогаронат,+ ҳамаи ҷанговаронат+ —
Ҷамъи одамоне, ки дар ту буданд —
Рӯзи шикастат дар миёни баҳр таги об мешаванд.+
28 Вақте дарёнавардонат фиғон бардоранд, соҳилҳо ба ларза меоянд.
29 Ҳамаи белзанон, киштиронҳо ва дарёнавардон
Аз киштиҳояшон ба замин мефароянд.
30 Онҳо овоз баланд карда, дар ҳаққи ту зор-зор хоҳанд гирист,+
Бар сарашон хок пошида, дар хокистар ғел хоҳанд зад.
31 Онҳо сарашонро кал карда, палос* мепӯшанд
Ва дар ҳаққи ту гиряҳои талху нолаҳои зор мекунанд.
32 Онҳо нола хоҳанд кард ва дар ҳаққат марсия суруда хоҳанд гуфт:
“Кист мисли Сӯр, ки дар миёни баҳр хомӯш гардидааст?!+
33 Вақте молҳоят аз баҳр меомад, ту халқҳои бисёрро сер мекардӣ.+
Бо сарвати фаровон ва савдои худ подшоҳони заминро бой мегардондӣ,+
34 Ҳоло бошад, дар баҳр шикаст хӯрда, ба қаъри обҳо рафтаӣ,+
Тамоми моли савдоят ва мардумат бо ту ғарқ шудааст.+
35 Тамоми мардуми ҷазираҳо бо ҳайрат ба ту назар мекунанд.+
Подшоҳони онҳо аз даҳшат ба ларза омада,+
Дар рӯяшон тарсу ҳарос нақш бастааст.
36 Савдогарони ҷаҳон ҳоли туро дида, аз ҳайрат ҳуштак мекашанд.
Марги ту даҳшатовару ногаҳонӣ буд
Ва ту бебозгашт аз байн рафтӣ”».+