Ҳизқиёл
32 Дар соли 12-ум, дар рӯзи якуми моҳи 12-ум, Яҳува боз ба ман паём фиристода гуфт: 2 «Эй фарзанди одам, дар ҳаққи фиръавни подшоҳи Миср марсия* суруда, ба вай чунин бигӯ:
“Ту дар миёни халқҳо шери пурзӯре будӣ,
Вале туро нобуд карданд.
Ту мисли ҷонвари бузурги баҳрӣ будиву+ дар дарёҳои худ даступо мезадӣ,
Бо пойҳоят обро лой ва дарёҳоро чиркин мекардӣ.
3 Парвардигор Яҳува чунин мегӯяд:
“Бо дасти халқҳои бисёр бар ту тӯр меандозам
Ва онҳо туро кашида мебароранд.
4 Ман туро ба рӯйи замин мепартоям,
Туро ба саҳро ҳаво медиҳам.
Ҳама мурғони ҳаворо бар ту мешинонам
Ва ҷонварони ваҳшии тамоми заминро аз гӯшти ту сер мекунам.+
5 Ман гӯшти баданатро бар кӯҳҳо мепартоям
Ва водиҳоро аз лошаҳоят пур мекунам.+
6 Ман заминро то ба кӯҳҳо аз хуни ту тап-тар мекунам
Ва дарёҳо аз хунат пур мешаванд.
7 Ҳангоме ки ту нобуд шавӣ, ман осмонро пӯшонда, ситораҳоро торик месозам.
Ман офтобро бо абрҳо мепӯшонам
Ва моҳтоб равшанӣ намедиҳад.+
8 Ман ҳамаи ҷирмҳои тобони осмонро аз сабаби ту торик месозам
Ва замини туро бо торикӣ мепӯшонам,— мегӯяд Парвардигор Яҳува.—
9 Ман мардуми туро асир карда,
Сӯйи халқҳои дигар мебарам, ба заминҳое, ки ту намедонистӣ,+
Ва дили халқҳои бисёрро ғамгин месозам.
10 Ман халқҳои бисёрро ба ҳайрат меорам
Ва, вақте шамшерамро пеши чашми онҳо алвонҷ диҳам, подшоҳонашон ба тарсу ларз меоянд.
Дар рӯзи шикасти ту тани онҳо аз бими марг аз ларза нахоҳад монд”.
11 Парвардигор Яҳува чунин мегӯяд:
“Шамшери подшоҳи Бобил бар сари ту меояд.+
12 Ман мардуми сершуморатро аз дами шамшери ҷанговароне мегузаронам,
Ки ҳамаашон бераҳмтарини халқҳоянд.+
Онҳо ифтихори Мисрро сарнагун карда, тамоми мардуми сершуморашро нобуд месозанд.+
13 Ман тамоми чорвои онро назди обҳои фаровонаш нест мекунам+
Ва пойи одам ё суми чорпо онҳоро дигар лой нахоҳад кард.+
14 Дар он вақт ман обҳои онҳоро софу зулол мекунам
Ва дарёҳояшонро мисли равған равон месозам,— мегӯяд Парвардигор Яҳува.—
15 Ман Мисрро харобазори беодам мегардонам,
Заминашро аз ҳар чӣ дар он аст, холӣ месозам+
Ва тамоми сокинонашро ба ҳалокат мерасонам.
Он гоҳ онҳо мефаҳманд, ки ман Яҳува ҳастам.+
16 Ин марсия аст ва мардум онро ҳатман месарояд,
Духтарони халқҳо онро хоҳанд хонд.
Онҳо ин марсияро дар ҳаққи Миср ва тамоми мардумаш хоҳанд хонд”,— мегӯяд Парвардигор Яҳува».
17 Пас аз ин, дар соли 12-ум, дар рӯзи 15-уми моҳ, Яҳува ба ман паём фиристода, гуфт: 18 «Эй фарзанди одам, барои мардуми сершумори Миср нола кун ва ӯву духтарони халқҳои пурзӯрро ҳамроҳи онҳое, ки ба гӯр мераванд, ба зери хок фуруд ор.
19 “Ту аз кӣ зеботарӣ? Фурӯ ғалтида, бо бехатнагон бихоб!”
20 Онҳо ҳамроҳи куштагони шамшер меафтанд.+ Ӯ ба дасти шамшер супурда шудааст. Ӯро бо мардуми сершумораш кашола карда, баред.
21 Аз қаъри гӯр ҷанговарони пурзӯртарин бо ӯву мададгоронаш сухан хоҳанд гуфт. Онҳо ба зери хок рафта, мисли бехатнагон, мисли куштагони шамшер, хоҳанд хобид. 22 Ошур низ бо ҷамоати худ он ҷост. Гӯрҳои онҳо, ки ҳамаашон бо дами шашмер кушта шудаанд,+ гирдогирди ӯст. 23 Қабрҳои ӯ дар қаъри замин аст ва мардуми ӯ гирдогирди қабраш гӯронда шудааст. Ҳамаи онҳо аз дами шамшер мурдаанд, чунки дар замини зиндагон одамонро ба даҳшат меандохтанд.
24 Элом+ низ он ҷост ва мардуми сершумораш гирдогирди қабри ӯ гӯронда шудааст. Ҳамаи онҳо аз дами шамшер мурдаанд. Онҳо хатна нашуда таги хок гаштаанд, онҳое, ки одамонро дар замини зиндагон ба даҳшат меоварданд. Ҳоло онҳо бо касоне, ки ба гӯр фурӯ мераванд, бори шармандагияшонро хоҳанд бардошт. 25 Онҳо барои ӯ* дар миёни куштагон ҳамроҳи мардуми сершумораш, ки гирдогирди қабрҳояш гӯронда шудааст, ҷойхобе тайёр кардаанд. Ҳамаи онҳо бехатнаанд ва бо шамшер кушта шудаанд, чунки дар замини зиндагон одамонро ба даҳшат меоварданд. Онҳо бо касоне, ки ба гӯр фурӯ мераванд, бори шармандагияшонро хоҳанд бардошт. Ӯро дар миёни куштагон ҷойгир кардаанд.
26 Машаху Тубол+ ва тамоми мардуми сершуморашон дар он ҷо мебошанд. Гӯрҳои онҳо гирдогирди ӯянд*. Ҳамаи онҳо бехатнаанд ва бо шамшер қатл шудаанд, чунки дар замини зиндагон одамонро ба даҳшат меоварданд. 27 Онҳо бо паҳлавонони бехатнае, ки кушта шуда, бо силоҳи ҷангияшон ба гӯр фурӯ рафтаанд, хоҳанд хобид. Онҳо шамшерҳои худро дар таги сар* ва гуноҳҳояшонро бар устухонҳояшон хоҳанд гузошт, зеро ин паҳлавонон замини зиндагонро ба даҳшат меоварданд. 28 Ту низ дар миёни бехатнагон шикаст хоҳӣ хӯрд ва бо куштагони шамшер хоҳӣ хобид.
29 Адӯм+ низ бо подшоҳону тамоми сарваронаш он ҷост. Онҳо бо вуҷуди тавоноияшон дар қатори куштагони шамшер хобидаанд. Онҳо низ бо бехатнагон+ ва касоне, ки ба гӯр фурӯ мераванд, хоҳанд хобид.
30 Тамоми мирони шимол низ бо ҳамаи сидӯниён+ дар он ҷоянд. Онҳо бо вуҷуди бузургии даҳшатоварашон бо шармандагӣ ба куштагон ҳамроҳ шуданд. Онҳо бе хатна дар қатори куштагони шамшер хоҳанд хобид ва ҳамроҳи касоне, ки ба гӯр фурӯ мераванд, бори шармандагии худро хоҳанд бардошт.
31 Фиръавн ҳамаи онҳоро дида, аз он чӣ бар сари мардуми сершумораш омадааст, тасаллӣ меёбад.+ Фиръавн бо тамоми лашкараш бо шамшер кушта мешавад,— мегӯяд Парвардигор Яҳува.—
32 Фиръавн ва тамоми мардуми сершумораш бо бехатнагон, бо куштагони шамшер, ором гирифта, хоҳад хобид, чунки ӯ дар замини зиндагон одамонро ба даҳшат меовард,— мегӯяд Парвардигор Яҳува».