Ҳизқиёл
19 «Барои сардорони Исроил марсияе* бисаро 2 ва чунин бигӯ:
“Модари ту кӣ буд? Модашере дар миёни шерон.
Ӯ дар миёни шерони пурзӯр мехобид ва бачаҳояшро калон мекард.
3 Ӯ яке аз шербачаҳояшро калон кард ва он шери пурзӯре шуд.+
Вай даридани туъмаро ёд гирифт
Ва ҳатто одам мехӯрд.
4 Халқҳо дар борааш шунида вайро ба чоҳ афтонданд
Ва бо чангакҳо ба замини Миср оварданд.+
5 Модараш интизор шуд, вале оқибат аз баргаштани вай умедашро канд.
Он гоҳ ӯ бачаи дигарашро гирифта, шери пурзӯре гардонд.
6 Вай ҳам дар миёни шерон гашта, шери пурзӯре шуд.
Вай даридани туъмаро ёд гирифт ва ҳатто одам мехӯрд.+
7 Ӯ дар миёни қалъаҳои онҳо гашта, шаҳрҳояшонро хароб мекард,
Ба тавре ки замини хароба аз наъраи ӯ пур шуд.+
8 Халқҳои гирду атроф омада, бар ӯ тӯр андохтанд
Ва ӯ ба чоҳи онҳо афтид.
9 Онҳо ӯро бо чангакҳо ба қафас андохтанд ва назди подшоҳи Бобил бурданд.
Дар он ҷо вайро бандубаст карданд, то овозаш дигар дар кӯҳҳои Исроил шунида нашавад.
10 Модари ту мисли токе буд*,+ ки назди об шинонда шудааст.
Он сершоху сермева буд, чунки сероб мегашт.
11 Шохаҳои он чунон бақувват буданд, ки зеби чӯбдасти шоҳиро доштанд.
Он калон шуда, аз дигар дарахтон баландтар гашт
Ва сершоху барг шуда, ба чашм намоён гардид.
12 Аммо он бо хашм решакану+ ба замин партофта шуд
Ва боди шарқӣ меваи онро хушконид.
Шохаҳои бақуввати он шикаста, хушк шуданд+ ва оташ онҳоро сӯзонд.+
13 Акнун он дар биёбон,
Дар замини беобу ташналаб, шинонда шудааст.+
14 Оташ аз шохаҳои он паҳн шуда, навдаву меваашро фурӯ бурд
Ва ягон шохаи бақуввате, чӯбдасте барои подшоҳӣ, намонд.+
Ин марсия аст ва марсия мемонад”».