БОБИ 78
Ғуломи боваринок бояд тайёр бошад
ИСО ДАР БОРАИ ҒУЛОМИ БОВАРИНОК ГАП МЕЗАНАД
ИСО ОМАДААСТ, ТО ДАР БАЙНИ ОДАМОН ҶУДОӢ АНДОЗАД
Исо фаҳмонд, ки танҳо шумораи ками одамон, ки «рамаи хурд» ном дорад, дар Подшоҳии Худо ҳукмронӣ мекунад (Луқо 12:32). Лекин аз касоне, ки соҳиби чунин мукофот мешаванд, кӯшишу ғайрат дар талаб аст. Исо қайд мекунад, ки онҳо бояд рӯҳияи дуруст дошта бошанд.
Исо шогирдонашро ташвиқ мекунад, ки ба омадани ӯ тайёр бошанд. Ӯ мегӯяд: «Миёни худро баста, чароғҳоятонро фурӯзон нигоҳ доред. Шумо бояд мисли касоне бошед, ки аз базми тӯёна омадани хӯҷаинашонро интизоранд, то, вақте ӯ омада, дарро мекӯбад, зуд ба рӯяш кушоянд. Хушбахтанд он ғуломоне, ки хӯҷаинашон омада, онҳоро бедор меёбад» (Луқо 12:35–37).
Исо мехоҳад шогирдонаш мисли касоне бошанд, ки аз базми тӯёна омадани хӯҷаинашонро интизоранд. Ӯ мегӯяд: «Хушбахтанд он ғуломон, агар хӯҷаинашон нисфи шаб [тақрибан аз соати нӯҳи бегоҳ то дувоздаҳи шаб] ё ҳатто вақти бонги хурӯс [аз соати дувоздаҳи шаб тақрибан то сеи саҳар] омада, онҳоро тайёр ёбад» (Луқо 12:38).
Ин ҷо гап дар бораи он намеравад, ки шогирдон хизматгор ё коргари боғайрат бошанд. Исо дар бораи воқеае гап мезанад, ки бояд дар оянда рӯй диҳад, яъне дар бораи омадани худ. Ӯ мегӯяд: «Шумо низ тайёр бошед, зеро дар соате, ки гумон надоред, Писари одам [худи Исо] меояд» (Луқо 12:40). Исо мехоҳад пайравонаш, махсусан аъзоёни «рамаи хурд», ба омадани ӯ тайёр бошанд.
Петрус мехоҳад маънои суханони Исоро хубтар фаҳмад, барои ҳамин мепурсад: «Ҳазрат, ин мисолро танҳо барои мо гуфтӣ ё барои ҳама?» Дар ҷавоб Исо мисоли дигаре меорад: «Кист он идоракунандаи боваринок, он шахси боандеша, ки хӯҷаинаш ӯро бар хизматгорони худ таъйин мекунад, то ба онҳо миқдори лозимаи хӯрокро сари вақт диҳад? Хушбахт аст он ғулом, агар хӯҷаинаш омада, вайро машғули ҳамин кор ёбад. Ба ростӣ ба шумо мегӯям: ӯ ғуломро бар тамоми молу мулки худ таъйин хоҳад кард» (Луқо 12:41–44).
Дар мисоли якум «хӯҷаин», аз афташ, ба Исо — Писари одам ишора мекунад. Пас, хулоса баровардан мумкин аст, ки ибораи «идоракунандаи боваринок» ба касоне ишора мекунад, ки қисми «рамаи хурд» мебошанд ва дар оянда дар Подшоҳии Худо ҳукмронӣ мекунанд (Луқо 12:32). Аз суханони Исо бармеояд, ки баъзе аъзоёни «рамаи хурд» ба «[хизматгорон] миқдори лозимаи хӯрокро сари вақт» медиҳанд. Ҳамин тавр, Петрус ва дигар шогирдоне, ки Исо онҳоро таълим медиҳаду бо ғизои рӯҳонӣ таъмин мекунад, хулоса бароварда метавонанд, ки Писари одам дар оянда боз меояд. Он вақт Исо чора меандешад, ки ба хизматгорони Хӯҷаин, яъне ба пайравонаш, сари вақт хӯроки рӯҳонӣ дода шавад.
Баъд Исо мегӯяд: «Лекин, агар он ғулом дар дили худ “хӯҷаинам ба ин зудӣ намеояд” гуфта, ба задани ғуломону канизон сар кунад ва ба хӯрдан, нӯшидан ва мастигарӣ машғул гардад, хӯҷаини он ғулом дар рӯзе, ки вай интизор нест, ва дар соате, ки вай намедонад, омада, ӯро сахт ҷазо медиҳаду ба назди хиёнаткорон мепартояд» (Луқо 12:45, 46). Ин тавр Исо бори дигар қайд мекунад, ки шогирдон бояд ҳушёру тайёр бошанд. Лекин барои чӣ ӯ чунин мегӯяд? Барои он ки оҳиста-оҳиста шахс метавонад қадр кардани чизҳои фаҳмидаашро бас кунад ва ҳатто ба ҳамимонони худ зид барояд.
Сипас Исо дар бораи худаш чунин мегӯяд: «Ман барои он омадам, ки дар замин оташ даргиронам». Дар ҳақиқат, Исо баъзе масъалаҳоеро мебардорад, ки ба танӯри баҳсу мунозираҳо ҳезум мепартояд ва дар он таълимот ва урфу одатҳои нодуруст месӯзанд. Дар натиҷа байни аъзоёни оила тухми ҷудоӣ кошта мешавад ва «падар бар зидди писар ва писар бар зидди падар, модар бар зидди духтар ва духтар бар зидди модар, хушдоман бар зидди келин ва келин бар зидди хушдоман мебарояд» (Луқо 12:49, 53).
Ҳамаи ин суханонро Исо асосан ба шогирдонаш гуфт. Акнун бошад, Исо ба мардум рӯ меорад: «Вақте шумо мебинед, ки дар ғарб абр пайдо мешавад, ҳамон лаҳза мегӯед: “Борони сахт меборад” ва суханони шумо ба амал меоянд. Ва, вақте шамоли ҷанубӣ мевазад, мегӯед: “Ҳаво хеле гарм мешавад” ва ҳамин тавр ҳам мешавад. Эй дурӯягон, шумо ба осмону замин нигариста вазъи обу ҳаворо муайян карда метавонеду маънои воқеаҳои ба амал омадаистодаро муайян карда наметавонед?» (Луқо 12:54–56). Ҳарчанд далелҳои зиёд исбот мекунанд, ки Исо Масеҳ аст, бисёриҳо якравӣ карда ба ӯ имон намеоранд. Афсӯс ки, онҳо ба қабул кардани Масеҳ тайёр нестанд.