МАҚОЛАИ ОМӮЗИШИИ 47
Чӣ хел муҳаббатамонро ба якдигар қавӣ нигоҳ дорем?
«Эй азизон, биёед якдигарро дӯст дорем, зеро муҳаббат аз Худост» (1 ЮҲ. 4:7).
СУРУДИ 25 Исботи шогирди Масеҳ будани мо
ПЕШГУФТОРa
1, 2. а) Чаро Павлус гуфт, ки муҳаббат бузургтарин сифат аст? б) Кадом саволҳоро мо дида мебароем?
ПАВЛУСИ расул дар бораи имон, умед ва муҳаббат сухан ронда, гуфт, ки «муҳаббат аз ҳамаи онҳо бузургтар аст» (1 Қӯр. 13:13). Чаро Павлус чунин гуфт? Вақте суханони Яҳува дар бораи дунёи нав иҷро шаванд, ба мо умеду имон даркор намешавад, чунки ваъдаҳояш аллакай амалӣ гаштаанд. Вале ба мо он вақт ҳам лозим мешавад, ки муҳаббатамонро ба Яҳува ва ба одамон нигоҳ дорем. Мо бояд ин сифати некро беохир инкишоф додан гирем.
2 Азбаски муҳаббат ба мо ҳамеша лозим мешавад, мо се саволро дида мебароем. Якум, чаро мо бояд ба якдигар муҳаббат дошта бошем? Дуюм, чӣ тавр муҳаббатамонро ба якдигар нишон диҳем? Сеюм, чӣ тавр муҳаббатро нисбати якдигар қавӣ нигоҳ дорем?
ЧАРО БОЯД ЯКДИГАРРО ДӮСТ ДОРЕМ?
3. Бо кадом сабабҳо мо бояд якдигарро дӯст дорем?
3 Чаро мо бояд якдигарро дӯст дошта бошем? Чунки маҳз аз рӯйи муҳаббат одамон мефаҳманд, ки мо масеҳии ҳақиқием. Исо ба расулонаш чунин гуфта буд: «Агар дар байнатон муҳаббат бошад, ҳама мефаҳманд, ки шогирдони ман ҳастед» (Юҳ. 13:35). Муҳаббат ҳамчунин моро муттаҳид месозад. Павлуси расул муҳаббатро «пайванди комили» ягонагӣ номид (Қӯл. 3:14). Лекин боз як сабаби ҷиддие ҳаст, ки мо бояд бародару хоҳаронро дӯст дорем. Юҳаннои расул ба ҳамимононаш навишта буд: «Касе, ки Худоро дӯст медорад, бародари худро низ бояд дӯст дорад» (1 Юҳ. 4:21). Вақте мо ба якдигар муҳаббат нишон медиҳем, исбот мекунем, ки Яҳуваро дӯст медорем.
4, 5. Кадом мисол нишон медиҳад, ки худодӯстӣ бо дӯст доштани ҳамдинонамон пайваст аст?
4 Чӣ тавр худодӯстии мо бо бародардӯстӣ алоқаманд аст? Мисоле меорем. Дар бораи он фикр кунед, ки дили мо бо дигар қисмҳои баданамон чӣ тавр пайваст аст. Духтур ба банди дасти мо ангушт гузошта, дар бораи тапиши диламон маълумот мегирад. Ин мисол ба муҳаббат чӣ дахл дорад?
5 Ҳамон тавре ки духтур набзамонро санҷида, аз ҳолати диламон хабардор мешавад, мо низ метавонем муҳаббатамонро ба бародару хоҳарон санҷида, фаҳмем, ки чӣ қадар Яҳуваро дӯст медорем. Агар пай барем, ки дар одамдӯстӣ суст шуда истодаем, ин нишонаи он аст, ки муҳаббатамон ба Яҳува низ суст шуда истодааст. Вале, агар зуд-зуд ба бародару хоҳаронамон муҳаббат нишон диҳем, маълум мешавад, ки муҳаббатамон ба Яҳува зиндаву қавӣ аст.
6. Хунук шудани муҳаббат ба ҳамдинонамон аз чӣ шаҳодат медиҳад? (1 Юҳанно 4:7–9, 11).
6 Агар бинем, ки муҳаббатамон ба бародару хоҳарон суст шуда истодааст, ин боиси хавотирист. Чаро? Ин нишонаи он аст, ки ба мо хатари рӯҳонӣ таҳдид мекунад. Юҳаннои расул рӯирост мегӯяд: «Агар кас бародари худро, ки мебинад, дӯст надорад, чӣ тавр метавонад Худоро, ки надидааст, дӯст дорад?» (1 Юҳ. 4:20). Мо аз ин чӣ дарс мегирем? Агар хоҳем дили Яҳуваро ёбем, бояд «якдигарро дӯст» дорем. (1 Юҳанно 4:7–9, 11-ро хонед.)
ЧӢ ТАВР МУҲАББАТАМОНРО БА ЯКДИГАР НИШОН ДИҲЕМ?
7, 8. Бо кадом роҳҳо муҳаббатамонро ба якдигар нишон додан мумкин аст?
7 Каломи Худо гаштаю баргашта моро насиҳат мекунад, ки «якдигарро дӯст доред» (Юҳ. 15:12, 17; Рум. 13:8; 1 Тас. 4:9; 1 Пет. 1:22; 1 Юҳ. 4:11). Вале муҳаббат сифати дарунии инсон аст ва мо медонем, ки ҳеҷ як кас дили одами дигарро дида наметавонад. Пас, чӣ кор кунем, ки ҳамимононамон муҳаббати моро бинанд? Агар инро дар сухану рафторамон нишон диҳем.
8 Муҳаббатамонро ба бародару хоҳарон мо бо роҳҳои гуногун нишон дода метавонем. Баъзе аз онҳо инҳоянд: «Ба якдигар рост гӯед» (Зак. 8:16). «Бо якдигар муросо кунед» (Марқ. 9:50). «Дар ҳурмату иззати якдигар пешдастӣ кунед» (Рум. 12:10). «Якдигарро қабул кунед» (Рум. 15:7). «Якдигарро... бахшед» (Қӯл. 3:13). «Минбаъд низ борҳои якдигарро бардоред» (Ғал. 6:2). «Якдигарро... тасаллӣ диҳед» (1 Тас. 4:18). «Якдигарро... қувват бахшед» (1 Тас. 5:11). «Дар ҳаққи якдигар дуо гӯед» (Яъқ. 5:16).
Мо ба ҳамимоне, ки аҳволаш бад аст, чӣ тавр кумак карда метавонем? (Ба сархатҳои 7–9 нигаред.)
9. Чаро тасаллӣ бахшидани дигарон нишонаи муҳими муҳаббат аст? (Ҳамчунин ба расм нигаред.)
9 Биёед як роҳи нишон додани муҳаббатро, ки дар сархати гузашта гуфта гузаштем, дида бароем. Павлуси расул чунин насиҳат додааст: «Якдигарро... тасаллӣ диҳед». Чаро гуфтан мумкин аст, ки тасаллӣ додани дигарон нишонаи муҳаббати мост? Мувофиқи як маълумотномаи Китоби Муқаддас, калимае, ки ин ҷо «тасаллӣ» тарҷума шудааст, дар забони асл маънои зеринро дорад: «Дар бари касе истодану вақти душвории сахташ ӯро дилбардорӣ кардан». Вақте мо ҳамимонеро тасалло медиҳем, ба ӯ ёрӣ мерасонем, ки ба по хезаду сафарашро дар роҳи ҳаёт давом диҳад. Ҳар гоҳ мо ғамшарику дардшунави бародаре мешавем, муҳаббатамонро ба ӯ нишон медиҳем (2 Қӯр. 7:6, 7, 13).
10. Ҳамдардию тасаллӣ чӣ алоқае доранд?
10 Тасаллӣ додану ҳамдард будан пайванди наздике доранд. Одами ҳамдарду дилсӯз мехоҳад ғамзадагонро тасалло диҳаду дилбардорӣ кунад. Аввал дили одам ба касе месӯзаду сипас ӯ амал карда, шахсро тасаллӣ мебахшад. Павлуси расул мефаҳмонад, ки чӣ тавр дилсӯзии Яҳува бо тасаллӣ доданаш алоқаманд аст. Ӯ Яҳуваро «Сарчашмаи раҳму шафқат ва Худои ҳар тасалло» меномад (2 Қӯр. 1:3). Яҳува ба он сабаб «Сарчашмаи меҳру шафқат» номида мешавад, ки дилсӯзию ҳамдардӣ аз ӯ сар мезанад. Яҳува ҳангоми озмоишҳо аз раҳму дилсӯзӣ моро тасаллӣ медиҳад (2 Қӯр. 1:4). Ҳамон тавре ки оби софи чашма ташнагонро қувват мебахшаду сероб мегардонад, Яҳува, «Сарчашмаи раҳму шафқат», ғамзадагонро тасалливу ҷони тоза мебахшад. Чӣ тавр аз Яҳува тасаллибахшӣ ва раҳму шафқатро ёд гирифта метавонем? Инкишоф додани баъзе сифатҳо дар ин ба мо ёрӣ мерасонад.
11. Мувофиқи Қӯлассиён 3:12 ва 1 Петрус 3:8 барои зиёд кардани хоҳиши тасалло додани дигарон боз кадом хислатҳоро инкишоф диҳем?
11 Чӣ кор кунем, ки муҳаббатамон фурӯзон бошаду дигаронро тасаллӣ додан гирем? Бояд як қатор сифатҳои некро инкишоф диҳем, ба монанди бародардӯстӣ, дилсӯзӣ ва меҳрубонӣ. (Қӯлассиён 3:12; 1 Петрус 3:8-ро хонед.) Исо гуфта буд: «Дар дил чизе бошад, ба забон ҳамон меояд. Одами нек аз ганҷинаи дилаш чизи нек берун меорад» (Мат. 12:34, 35). Агар мо ганҷинаи диламонро пур аз ин сифатҳои зебо гардонем, боғайратона ғамзадагонро тасалло додан мегирем. Тасаллӣ додану дилбардорӣ кардани бародару хоҳарони ба кумак муҳтоҷ як нишонаи муҳаббати мо ба онҳост.
ЧӢ ТАВР МУҲАББАТРО НИСБАТИ ЯКДИГАР ҚАВӢ НИГОҲ ДОРЕМ?
12. а) Чаро мо бояд ҳушёр бошем? б) Акнун кадом саволҳоро дида мебароем?
12 Мо мехоҳем пайваста «якдигарро дӯст дорем» (1 Юҳ. 4:7). Вале Исо огоҳ карда буд, ки «муҳаббати бисёриҳо сард мегардад» (Мат. 24:12). Исо гуфтанӣ набуд, ки дар байни шогирдонаш вабои бемеҳрӣ сар мезанад. Ӯ онҳоро огоҳ кард, ки аз таъсири одамони бемеҳру муҳаббати гирду атрофашон эҳтиёт шаванд. Пас, чӣ тавр санҷем, ки меҳру муҳаббати мо ба бародару хоҳарон ҳанӯз қавӣ аст?
13. Чӣ муҳаббати моро озмуда метавонад?
13 Як роҳи санҷидани қувватнокии муҳаббатамон мушоҳида кардани рафторамон дар вазъиятҳои гуногун аст (2 Қӯр. 8:8). Барои мисол, сифати муҳаббати моро камбудиҳо ё сустиҳои дигарон озмуда метавонанд. Петруси расул гуфта буд: «Пеш аз ҳама якдигарро аз дилу ҷон дӯст доред, зеро муҳаббат гуноҳҳои бисёрро рӯпӯш мекунад» (1 Пет. 4:8).
14. Мувофиқи 1 Петрус 4:8 мо ба бародару хоҳарон бояд чӣ хел муҳаббат дошта бошем? Мисол оред.
14 Биёед ба суханони Петрус бодиққат назар кунем. Дар аввали ояти 8 ӯ мегӯяд, ки «якдигарро аз дилу ҷон дӯст доред». Иборае, ки дар ин ҷо «аз дилу ҷон» тарҷума шудааст, дар матни асл маънои «кашидашуда ё ёзондашуда»-ро дорад. Дар давоми оят гуфта мешавад, ки муҳаббати мо чунон сахт бошад, ки гуноҳҳои бародару хоҳаронро рӯпӯш кунад. Мисоле меорем. Тасаввур кунед, ки шумо матои ёзандаеро аз ду тарафаш мекашеду мекашед, он меёзаду меёзад ва паҳн мешавад, ба дараҷае, ки як гуноҳ не, балки «гуноҳҳои бисёрро рӯпӯш» карда метавонад. Ҳамон тавре ки пораи матоъ метавонад доғро рӯпӯш кунад, муҳаббат низ сустиҳову камбудиҳои дигаронро мепӯшонад.
15. Агар мо ба ҳамдинон муҳаббати ҷӯшон дошта бошем, чӣ кор мекунем? (Қӯлассиён 3:13).
15 Муҳаббати мо ба бародару хоҳарон бояд чунон қавӣ бошад, ки айбу хатои онҳоро бахшида тавонем. Баъзан ин кор хеле мушкил аст. (Қӯлассиён 3:13-ро хонед.) Агар мо бахшидани дигаронро нағз аз худ кунем, нишон медиҳем, ки муҳаббати қавӣ дорему дили Яҳуваро ёфтан мехоҳем. Боз чӣ ба мо ёрӣ мерасонад, ки ба айбу нуқсони бародару хоҳарон чашм пӯшем?
Чи хеле расмҳои хубро мемонему гандаҳояшро кӯр мекунем, ҳамин тавр хотираҳои хубро бо ҳамимонон нигоҳ медорему нофорамро фаромӯш мекунем (Ба сархатҳои 16 ва 17 нигаред.)
16, 17. Боз чӣ ба мо кумак мекунад, ки ба хатоҳои ночизи дигарон аҳамият надиҳем? Мисол оред. (Ҳамчунин ба расм нигаред.)
16 Ба камбудиҳо неву ба феълу сифатҳои хуби ҳамимонон чашм дӯзед. Мисоле меорем. Тасаввур кунед, ки шумо дар зиёфате бо бародару хоҳарон нишаста, вақти хуш доред. Дар охир шумо тамоми гурӯҳро сурат гирифтанӣ мешавед. Барои дилпурӣ ду-се бор сурат гирифта, шумо пай мебаред, ки дар акси якум ҳама табассум мекунанду бародаре қошу қавоқ кардааст. Шумо чӣ кор мекунед? Шумо акси якумро кӯр мекунед, чунки дар ду сурати навбатӣ ҳам он бародару ҳам дигарон табассум кардаанд.
17 Биёед он суратҳоро бо хотираҳоямон монанд кунем. Мо одатан дар бораи бародару хоҳарон хотираҳои хуб дорем. Вале фарз кардем бародар ё хоҳаре бо ягон гап ё рафтораш моро хафа мекунад. Мо онро аз лавҳи хотирамон тоза мекунем, чунки бо он бародар ё хоҳар дигар хотираҳои хуб дорем (Пнм. 19:11; Эфс. 4:32). Бароямон фақат хотираҳои нек кирои нигоҳ доштананд.
АҲАМИЯТИ МУҲАББАТ ДАР РӮЗҲОИ МО
18. Мо аз ин мақола дар бораи муҳаббат чиро фаҳмидем?
18 Чаро мо мехоҳем муҳаббат ба якдигарро қавӣ нигоҳ дорем? Чуноне ки дида баромадем, вақте мо ба бародару хоҳарон муҳаббат нишон медиҳем, исбот мекунем, ки Яҳуваро дӯст медорем. Чӣ тавр муҳаббатамонро ба ҳамимонон зоҳир намоем? Як роҳаш тасаллӣ додани онҳо аст. Агар мо дилсӯзу ҳамдард бошем, аз тасаллӣ додани бародару хоҳарон бознамемонем. Боз бо кадом роҳ муҳаббатамонро ба дигарон қавӣ нигоҳ дошта метавонем? Агар кӯшиши зиёд карда, хатоҳои дигаронро бахшем.
19. Чаро имрӯз аз пештара дида бояд ба якдигар муҳаббат нишон диҳем?
19 Чаро хусусан имрӯз муҳим аст, ки ба якдигар муҳаббат нишон диҳем? Бинед, ки Петруси расул чӣ сабабе меорад: «Охири ҳама чиз наздик аст. Бинобар ин... якдигарро аз дилу ҷон дӯст доред» (1 Пет. 4:7, 8). Бо наздик гаштани анҷоми ин дунёи бадкор чӣ рӯй медиҳад? Исо ба шогирдони худ гуфт: «Ҳамаи халқҳо аз барои номи ман аз шумо нафрат мекунанд» (Мат. 24:9). Барои ба ин сели нафрат тоб овардан мо бояд дасти якдигарро гирифта, тифоқ монем. Агар чунин кунем, муҳаббат, ки «пайванди комили ягонагист», моро якҷоя медорад ва тири Шайтон хок мехӯрад (Қӯл. 3:14; Флп. 2:1, 2).
СУРУДИ 35 Барои пурсабрии Худо сипосгузорем
a Имрӯз ба бародару хоҳарон муҳаббат доштану нишон додан аз пештара муҳимтар аст. Чаро чунин гуфтан мумкин аст ва чӣ кор кунем, ки дар нишон додани муҳаббатамон моҳиртар шавем?