ГАНҶҲОИ КАЛОМИ ХУДО | ИРМИЁ 51, 52
Суханони Яҳува нуқта ба нуқта иҷро мешаванд
Яҳува аниқу равшан дар бораи воқеаҳои оянда пешгӯйӣ кард
Камонкаши подшоҳи Форс
«Тирҳоро тез кунед»
Дар Модай ва Форс камонкашони моҳир буданд ва яроқи асосии онҳо камон буд. Онҳо тирҳои худро барои чуқуртар даромадан тез мекарданд
Баҳодурони Бобил аз ҳарбу зарб даст кашиданд
Лавҳи Набонид мегӯяд: «Лашкари Куруш ба Бобил бе ҷанг даромад». Бо ин тарз дохил шудани онҳо бо пешгӯйии Ирмиё мувофиқат мекунад
Лавҳи Набонид
Бобил ба сангтӯда ва харобазори абадӣ табдил меёбад
Аз соли 539-уми то милод сар карда Бобил обрӯю эътибори худро гум кард. Искандари Мақдунӣ мехост Бобилро пойтахти худ кунад, лекин ногаҳон мурд. Дар асри як гурӯҳи яҳудиён дар Бобил то ҳол вуҷуд доштанд, аз ин рӯ Петрус онҳоро хабар гирифт. Лекин дар асри чоруми милодӣ шаҳр аллакай валангор шуда буд ва дар охир тамоман аз байн рафт