ОНЛАЙН-КИТОБХОНАИ Бурҷи дидбонӣ
ОНЛАЙН-КИТОБХОНАИ
Бурҷи дидбонӣ
тоҷикӣ
ӯ
  • ғ
  • ӣ
  • қ
  • ӯ
  • ҳ
  • ҷ
  • КИТОБИ МУҚАДДАС
  • АДАБИЁТ
  • ВОХӮРИҲО
  • kl боби 11 саҳ. 98-107
  • Мо дар замони охир зиндагӣ мекунем

Видеонавор вуҷуд надорад.

Бубахшед, видеонавор боргирӣ нашуд.

  • Мо дар замони охир зиндагӣ мекунем
  • Донише, ки роҳнамои ҳаёти ҷовидонист
  • Зерсарлавҳаҳо
  • Маводи монанд
  • ХУСУСИЯТҲОИ ОХИРЗАМОН
  • ҲАҚИҚАТРО ДОНИСТА АМАЛ БОЯД КАРД
  • Оё мо дар «охирзамон» зиндагӣ мекунем?
    Таълимоти Китоби Муқаддас
  • Оё мо дар охирзамон зиндагӣ мекунем?
    Китоби Муқаддас ба мо чиро таълим медиҳад?
  • Аз куҷо мо медонем, ки дар «айёми охир» зиндагӣ дорем?
    Оё Худо дар ҳақиқат ба мо ғамхор аст?
Донише, ки роҳнамои ҳаёти ҷовидонист
kl боби 11 саҳ. 98-107

Боби 11

Мо дар замони охир зиндагӣ мекунем

1. Чаро бисёре аз мардум аз мушоҳидаи вазъи имрӯзаи ҷаҳон ба таҳлука меафтанд ва дар куҷо тавзеҳи дурусти рӯйдодҳои ҷаҳониро метавон ёфт?

ҶАҲОНИ ноороми мо чӣ гуна ба ин ҳол расид? Моро чӣ интизор аст? Оё шумо ба чунин саволҳо рӯ ба рӯ шудаед? Вазъи имрӯзаи ҷаҳон одамони зиёдеро ба ташвиш меорад. Оянда чиро меоварад, охир дар атроф фақат ҷангҳо, бемориҳо ва ҷинояткорист. Сарварони давлатҳо чандон умедбахш нестанд. Аммо Худо дар Каломи худ моҳияти аслии ин рӯзҳои пуризтиробро баён мекунад. Китоби Муқаддас чун манбаъи эътимоднок моро ёрӣ медиҳад, то ҷои худро дар ҷараёни замон бубинем. Ин китоб нишон медиҳад, ки мо дар «айёми охир»-и ин тартиботи шарирона зиндагӣ дорем (2 Тимотиюс 3:1).

2. Шогирдони Исо аз ӯ чиро пурсиданд ва ӯ дар ҷавоб чӣ гуфт?

2 Масалан, гуфтаи Исоро дар ҷавоб ба пурсишҳои шогирдонаш дар назар бигиред. Се рӯз пеш аз марги Исо онҳо аз ӯ пурсиданд: «Аломати омадани Ту ва охирзамон [«охири тартиботи шарирона», ТОН] чӣ гуна аст?» (Матто 24:3). Исо дар ҷавоб рӯйдодҳо ва шароитҳои мушаххасеро тасвир кард, ки онҳо возеҳ нишон медоданд, ки рӯзҳои охири ин тартиботи шарирона расидааст.

3. Чаро вазъият дар рӯи замин бо оғози ҳукмронии Исо бадтар шуд?

3 Ҳамон тавре ки дар боби гузашта омадааст, мувофиқи солномаи Китоби Муқаддас Салтанати Худо аллакай ба ҳукмронӣ оғоз кардааст. Магар ин имконпазир аст? Охир вазъи атроф бадтар шуда истодааст, на беҳтар. Маҳз ҳамин шаҳодат медиҳад, ки Салтанати Худо аллакай ҳукмрон аст. Чаро? Забур 109:2 ба мо баён мекунад, ки Исо муддате бояд «дар миёни душманони Худ» ҳукмронӣ мекард. Дар ҳақиқат, аввалин коре, ки ӯ ҳамчун Подшоҳи осмонӣ кард, сарнагун сохтани Шайтон ва девҳои вай бар ҳудуди замин буд (Ваҳй 12:9). Натиҷаи ин амал чӣ буд? Ҳамон чизе ки дар Ваҳй 12:12 пешгӯӣ шуда буд: «Вой бар ҳоли замин ва сокинони баҳр, чунки назди шумо иблис бо хашми зӯре нузул кардааст, чун медонад, ки вақташ кам мондааст!» Ҳоло мо дар ҳамин замони охир, ки ба анҷом ёфтанаш кам мондааст, зиндагӣ дорем.

4. Баъзе хусусиятҳои охирзамон кадоманд ва онҳо ба чӣ ишора мекунанд? (Ба маълумоти замима бингаред.)

4 Бинобар ин, ҳайратовар нест, ки ҷавоби Исо ба суол дар бобати омадани ӯ ва поёни тартиботи шарирона огоҳкунанда буд. Рӯйдодҳои гуногуне, ки ин нишонаро таркиб медиҳанд, дар замимаи саҳифаи 102 оварда шудаанд. Чуноне ки мебинед, ҳаввориёни масеҳӣ Павлус, Петрус ва Юҳанно ҷузъиёти дигари рӯзҳои охирро ёдрас мекунанд. Оре, нишонаҳои охирзамон рӯйдодҳои пурмусибатанд. Аммо бо ин ҳол, иҷрошавии ин пешгӯиҳо бояд моро мӯътакид созад, ки поёни ин тартиботи шарирона наздик аст. Биёед ба баъзе аз хусусиятҳои асосии охирзамон нигоҳи дақиқтар биандозем.

ХУСУСИЯТҲОИ ОХИРЗАМОН

5, 6. Пешгӯиҳо дар бораи ҷангҳо ва қаҳтиҳо чӣ гуна иҷро шуда истодаанд?

5 «Қавме бар зидди қавме ва салтанате бар зидди салтанате қиём хоҳад кард» (Матто 24:7; Ваҳй 6:4). Нависанда Эрнест Ҳемингуэй Ҷанги Якуми Ҷаҳонро “азимтарин, бераҳмтарин ва хунхортарин куштори идоранашаванда дар замин” номид. Мувофиқи иқтибос аз китоби “Ҷаҳон дар солҳои тағироти куллӣ: 1914–1919” (“The World in the Crucible—1914–1919”), ин “ҷанге буд бо вусъати диданашуда, ҷанги якуми ҷаҳонӣ дар таърихи башар. Аз рӯи муддат, шиддат ва миқёс ин ҷанг аз ҳар чизе ки то он замон маълум буд, ё эҳтимолан аз он интизорӣ мерафт, афзалият дошт”. Пас аз он Ҷанги Дуюми Ҷаҳонӣ ба вуқӯъ омад, ки назар ба Ҷанги Якуми Ҷаҳонӣ хеле харобиовартар буд. “Дар асри бист,— мегӯяд профессори илми таърих Ҳю Томас,— автомат, танк, ҳавопаймоҳои Б-52, бомбаи ядроӣ ва билохира мушакҳо ҳукмфармоянд. Ин аср бо ҷангҳои хунхортарин ва харобиовари худ аз ҷангҳои ҳар асри дигар фарқ мекунад”. Дуруст аст, ки суханҳои зиёде дар бобати халъи силоҳ гуфта шуда буданд ва Ҷанги Сард ба анҷом расидааст. Лекин мувофиқи гузорише ҳатто пас аз ихтисорҳои тахминӣ, боз аз 10 000 то 20 000 адад силоҳи атомӣ боқӣ хоҳад монд, ки қудрати оташфишониаш 900 маротиба зиёдтар аз Ҷанги Дуюми Ҷаҳон аст.

6 «Қаҳтиҳо рӯй хоҳад дод» (Матто 24:7; Ваҳй 6:5, 6, 8). Аз соли 1914 ҳадди ақал 20 қаҳтии бузург рух додааст. Он минтақаҳои Бангладеш, Бурунди, Юнон, Ҳиндустон, Камбоҷа, Хитой, Нигерия, Русия, Руанда, Сомалӣ, Судан, Эфиопияро фаро гирифт. Вале сабаби гуруснагӣ на ҳамеша нарасидани маводи ғизоӣ аст. “Таи даҳсолаи охир захираи хӯрокворӣ дар ҷаҳон назар ба аҳолӣ бештар меафзуд”,— ин аст хулосаи гурӯҳи олимони соҳаи кишоварзӣ ва иқтисод. “Аммо аз оне ки миқдори камтар аз 800 миллион нафар дар қашшоқии сахт зиндагӣ мекунанд ...наметавонанд, ки маводи зарурии хӯрокаро, ки ба қадри кофӣ вуҷуд дорад, бихаранд, то ки аз чанголи гуруснагии музмин раҳоӣ ёбанд”. Дар мавридҳои дигар дахолати сиёсӣ нақш мебозад. Доктор Абделгалил Элмекки аз донишгоҳи Торонто чун намуна ду мамлакатеро меорад, ки маводи азими хӯрокаро ба мамлакатҳои дигар содирот мекарданд, дар ҳоле ки ҳазорон нафар сокинони он гуруснагӣ мекашиданд. Аз афти кор, ҳукуматдорон ба ҷои он ки шаҳрвандони худро бо ғизо таъмин кунанд, дар фикри ба даст овардани арзи хориҷӣ барои бо маблағ таъмин кардани қӯшунҳои худ буданд. Хулосаи доктор Элмекки аз ин ҳама чӣ гуна аст? Аксаран қаҳтӣ “аз тақсимоти маводи ғизоӣ ва сиёсати ҳукумат вобаста аст”.

7. Санадҳои имрӯза дар бораи эпидемияҳо чӣ мегӯянд?

7 «Вабоҳо» (Луқо 21:11; Ваҳй 6:8). Эпидемияи гриппи испанӣ дар байни солҳои 1918–1919 қариб 21 миллион нафарро аз байн бурд. Дар китоби “Эпидемияи азим” (“The Great Epidemic”) А. А. Ҳоэлинг менависад: “Дар таърихи ҷаҳон қотиле вуҷуд надоштааст, ки бо чунин суръате ин қадар одамонро ба ҳалокат расонад”. Имрӯз бемориҳо ҳанӯз шиддат мегиранд. Ҳар сол саратон қариб ҳафт миллион нафарро талаф мекунад, бемориҳои меъдаю рӯда тақрибан 1,5 миллион навзодону кӯдаконро аз байн мебаранд, аз бемории сил бошад, беш аз 1,5 миллион одам ҳалок мегардад. Бемориҳои сирояткунандаи роҳи нафас, хусусан илтиҳоби шуш, ҳамасола тақрибан 2 миллион кӯдакони синни то панҷсоларо ба коми марг мефиристад. Ва шумораи ҳайратовар: 2,5 миллиард — қариб ними аҳолии замин аз бемориҳое, ки сабабашон норасоӣ ё ифлосии об ва ё ҳолати бади санитарӣ аст, азоб мекашанд. СПИД — бемории дигаре аст, ки оҷиз будани инсонро дар хотима додани эпидемияҳо, бо вуҷуди дастовардҳои калон дар соҳаи тиб хотиррасон мекунад.

8. Аз куҷо маълум аст, ки одамон «зарпараст» ҳастанд?

8 «Одамон зарпараст хоҳанд шуд» (2 Тимотиюс 3:2). Дар ҳама кишварҳои ҷаҳон гӯё тамаъ ва иштиёқи серинопазир барои ҳарчӣ бештар ба даст овардани моли дунё вуҷуд дорад. “Муваффақият” аксаран аз рӯи миқдори моҳона, “комёбӣ” аз рӯи сарвати шахсӣ андоза мешавад. “Безобитагиву ташвиш аз боиси некӯаҳволии моддӣ яке аз қувваҳои пешбарандаи ҷомеаи амрикоӣ боқӣ монда ва рӯз ба рӯз нерӯи асосӣ дар бозорҳои бузургтарин мегардад” — изҳор кард ноиби раиси як агентии таблиғот. Оё дар маҳалли зисти шумо низ ба ҳамин минвол аст?

9. Дар бораи беитоатии фарзандон, ки пешгӯӣ шудааст, чӣ метавон гуфт?

9 «Беитоатӣ ба падарону модарон» (2 Тимотиюс 3:2). Имрӯз волидон, муаллимон ва дигарон гувоҳӣ медиҳанд, ки бисёре аз кӯдакон беодоб ва саркаш ҳастанд. Аксаран чунин рафтори кӯдакон дар ҷавоби амали нодурусти худи волидон аст, ё кӯшиши пайравӣ бар онҳост. Торафт кӯдакони зиёде боварии худро нисбати тартиботи мактаб, қонун, дин ва волидон гум карда, бар зидди онҳо бармехезанд. Яке аз муаллимони таҷрибадори мактаби миёна мегӯяд: “Ба назар чунин мерасад, ки онҳо ба ҳеҷ чиз эҳтиром надоранд”. Аммо бо вуҷуди ин, хушбахтона бисёре аз кӯдакони худотарс рафтори намунавӣ доранд.

10, 11. Чӣ гуна далелҳо ҳастанд, ки мардум сангдил шуда ва ҳамбастагии табиӣ ба ҳамдигар надоранд?

10 «Бераҳм» (2 Тимотиюс 3:3). Калимаи юноние, ки “бераҳм” тарҷума шудааст, чунин маъно дорад: “хашмгин, ваҳшӣ, ки бе эҳсоси ҳамдардӣ ва дилсӯзӣ аст”. Воқеан, чӣ тур ин тасвир ба золимону ситамгарони имрӯза мувофиқ меояд! “Зиндагӣ он қадар пур аз изтироб, хунрезӣ ва даҳшат аст, ки барои фаҳмидани ахбори ҳаррӯза асабҳои мустаҳкам лозиманд”,— мегӯяд сардабири рӯзномае. Як полиси маҳаллӣ қайд кард, ки бисёре аз ҷавонон хоҳиши оқибатҳои рафтори худро андеша кардан надоранд. Ӯ гуфт: «Ҳиссиёте ба вуҷуд меояд, ки онҳо ба худ мегӯянд: “Намедонам пагоҳ чӣ мешавад, чизи хостаамро имрӯз мегирам”».

11 «Номуросо» (2 Тимотиюс 3:3). Чунин тарҷума шудааст калимаи юноние, ки маънои “сангдил, ноодам”-ро дошта, ба “норасогии ҳамбастагии табии хешовандӣ” ишора мекунад (“Фарҳанги нави байналмиллалии худошиносии Аҳди Ҷадид” — “The New International Dictionary of New Testament Theology”). Бале, дилбастагӣ аксаран дар ҷое ки бояд бошад — дар хона, вуҷуд надорад. Нақлҳо дар бораи муносибати золимона бо ҳамсар, фарзандон ва ҳатто волидони солхӯрда хеле ташвишоваранд. Ақидаи гурӯҳи муҳаққиқон: “Таҷовуз, хоҳ торсакӣ бошад, хоҳ лағат, кордкашӣ ё тирандозӣ дар муҳити хонавода бештар аз ҳар ҷои дигари ҷомеа рух медиҳад”.

12. Чаро метавон гуфт, ки мардум зоҳиран диндоранд, вале воқеият инро инкор мекунад?

12 «Намуди зоҳирии диндориро доранд, вале қуввати онро инкор мекунанд» (2 Тимотиюс 3:5). Китоби Муқаддас қудрати ба сӯи беҳбудӣ тағир додани зиндагии одамонро дорад (Эфсӯсиён 4:22–24). Аммо имрӯз бисёриҳо дини худро чун ниқоб, ки дар паси он ноинсофӣ ва корҳои ба Худо писанднабударо мекунанд, истифода мебаранд. Дурӯғ, дуздӣ ва рафтори ношоистаи ҷинсиро роҳбарони динӣ аксар вақт раво медонанд. Бисёре аз динҳо муҳаббатро мавъиза мекунанд, вале ҷангро ҷонибдорӣ мекунанд. “Ба номи Ҳаққи Таоло инсонҳо фоҷиаҳои нафратангезтарин бар сари ҳамимонони худ меоранд”,— қайд шудааст дар маҷаллаи “India Today”. Аслан, ду низоъи хунинтарини давраи мо — Ҷанги Якум ва Дуюми Ҷаҳонӣ дар батни ҷаҳони масеҳият шӯълавар шуд.

13. Чӣ гуна далелҳо мавҷуданд, ки замин нобуд шуда истодааст?

13 «Нобудкунандагони замин» (Ваҳй 11:18). Зиёда аз 1 600 олимони дунё, ки 104 нафари онҳо дорандаи мукофоти Нобелианд, ба огоҳномае имзо гузоштанд, ки тавассути “Иттифоқи олимони баташвишомада” нашр шуд ва дар он гуфта мешавад: “Инсон ва муҳити табиӣ қариб аст, ки бо ҳам бархӯранд ... барои пешгирии хатари таҳдидкунанда фақат чанд даҳсолаи дигар фурсат дорем”. Дар гузориш гуфта мешавад, ки аъмоли хавфноки инсон “метавонад чунон тағйироте дар ҷаҳон ба вуҷуд оварад, ки замин дигар ба нигоҳ доштани шакли зиндагие ки моро маълум аст, қодир нахоҳад буд”. Тунукшавии қабати озон, ифлосии об, бурида нест кардани ҷангалҳо, беқувватшавии замин ва нобудшавии бисёре аз намудҳои растанӣ ва ҳайвонот ба ҳайси душвориҳое, ки бояд фавран ҳаллу фасл шаванд, оварда мешуданд. “Иттифоқи олимони баташвишомада” изҳор кард: “Мудохилаи мо ба печдарпечии мураккаби ҳаёт метавонад ба оқибатҳои умумӣ ва ҳамчунин ба пошхӯрии системаҳои биологӣ орад, ки ҷараёни инкишофи онро мо ҳанӯз пурра дарк намекунем”.

14. Чӣ гуна исбот мекунед, ки Матто 24:14 дар ҳоли иҷрост?

14 «Ин Инҷили Малакут дар тамоми олам мавъиза хоҳад шуд» (Матто 24:14). Исо пешгӯӣ кард, ки Инҷили Салтанат дар саросари замин мавъиза хоҳад шуд, то шаҳодате бошад барои ҳамаи халқҳо. Бо ёрӣ ва баракати Худо миллионҳо Шоҳидони Йеҳӯва миллиардҳо соатро ба ин мавъиза ва кори шогирдсозӣ мебахшанд (Матто 28:19, 20). Оре, Шоҳидон дарёфтанд, ки агар ин башоратро эълон накунанд, хун ба гардан хоҳанд дошт (Ҳизқиёл 3:18, 19). Онҳо хеле хушнуданд, ки ҳар сол ҳазорон нафар бо қадршиносӣ ба паёми Малакут ҷавоби мусбат дода, ҷонибдори масеҳиёни ҳақиқӣ — Шоҳидони Йеҳӯва мегарданд. Хидмат ба Йеҳӯва ва бо ҳамин тариқ бурдани дониш дар бораи Худо бартариест бузург. Ва пас аз он ки ин хушхабар дар тамоми қитъаҳои маскуни замин мавъиза мешавад, поёни ин тартиботи шарирона фаро хоҳад расид.

ҲАҚИҚАТРО ДОНИСТА АМАЛ БОЯД КАРД

15. Ин тартиботи шарирона чӣ гуна ба поён мерасад?

15 Ин тартибот чӣ гуна поён хоҳад ёфт? Китоби Муқаддас «мусибати бузург»-ро пешгӯӣ мекунад, ки бо ҳамлаи сиёсатмадорони ҷаҳон ба «Бобили бузург», яъне ҳокими ҷаҳонии дини дурӯғин оғоз мешавад (Матто 24:21; Ваҳй 17:5, 16). Исо гуфта, ки дар таи ин давра «офтоб хира шавад, ва моҳ рӯшноии худро надиҳад, ва ситорагон аз осмон фурӯ резанд, ва қувваҳои афлок мутазалзил шаванд» (Матто 24:29). Ин метавонад маънои ҳодисаҳои воқеии осмониро дошта бошад. Ба ҳар ҳол, ситораҳои дурахшон — чеҳраҳои барҷастаи ҷаҳони дин фош шуда, аз миён бардошта хоҳанд шуд. Пас аз он Шайтон, ки «Ҷуҷ дар замини Моҷуҷ» хонда мешавад, бо истифода аз инсонҳои бадахлоқ ҳамлаи умумие бар халқи Йеҳӯва хоҳад овард. Аммо Шайтон муваффақ нахоҳад шуд, зеро Худо ба кӯмаки халқи худ меояд (Ҳизқиёл 38:1, 2, 14–23). «Мусибати бузург» ба арши худ дар Ҳармиҷидӯн — «ҷанги рӯзи бузурги Худои Қодири Мутлақ» хоҳад расид. Ин ҷанг ҳеҷ асаре аз созмони заминии Шайтон боқӣ намегузорад ва роҳро барои баракатҳои бепоёне, ки бар инсонҳои боқимонда ҷорӣ хоҳанд шуд, боз мекунад (Ваҳй 7:9, 14; 11:15; 16:14, 16; 21:3, 4).

16. Аз куҷо медонем, ки аломатҳои пешгӯишудаи охирзамон ба рӯзҳои мо тааллуқ доранд?

16 Мумкин аст ба назар чунин тобад, ки баъзе хусусиятҳои охирзамонро тасвиркунанда ба давраҳои дигари таърих ҳам мувофиқ меоянд. Аммо аломатҳои пешгӯишуда дар якҷоягӣ диққати моро ба рӯзҳои мо равона мекунанд. Масалан, хатҳои ангуштони як шахс расмеро ба вуҷуд меоранд, ки ба шахси дигаре мансуб шуда наметавонад. Ба ҳамин шакл, охирзамон низ расми муайян ё рӯйдодҳои худро дорад. Онҳо монанди “нақши ангуштон” расмеро месозанд, ки ба ягон давраи дигари вақт тааллуқ дошта наметавонад. Агар ин рӯйдодҳо ва ишороти Китоби Муқаддасро дар мавриди он ки Салтанати Осмонии Худо аллакай ҳукмронӣ мекунад дар назар бигирем, гувоҳии қатъие дар даст хоҳем дошт, ки мо ҳақиқатан дар охирзамон умр ба сар мебарем. Илова бар ин, далелҳои возеҳи Китоби Муқаддас нишон медиҳанд, ки тартиботи шариронаи кунунӣ ба зудӣ нобуд мешавад.

17. Донистани он ки дар охирзамон зиндагӣ дорем, моро ба чӣ бояд барангезонад?

17 Шумо бар он ки дар охирзамон зиндагӣ дорем, чӣ муносибате доред? Андеша намоед: агар тӯфони харобиовар наздик шуда истода бошад, мо бетаъхир тадбирҳои бехатариро меҷӯем. Ба ҳамин сурат, чизе ки Китоби Муқаддас дар бобати тартиботи шариронаи кунунӣ пешгӯӣ мекунад, бояд моро ба амал барангезонад (Матто 16:1–3). Равшан аст, ки мо дар рӯзҳои охири ин тартиботи ҷаҳонӣ зиндагӣ мекунем. Донистани ин бояд моро ба ҳар тағироте, ки барои ба даст овардани ризоияти Худо лозим аст, барангезад (2 Петрус 3:3, 10–12). Исо ба худ, чун ба омили наҷот ишора карда бо қатъият гуфт: «Бохабар бошед аз худатон, ки мабодо дилҳои шумо аз пурхӯрӣ ва мастӣ ва ғамхӯриҳои зиндагӣ сахт шавад, ва он рӯз бар шумо ногаҳон ояд; зеро ки он, монанди доме, бар ҳамаи сокинони тамоми рӯи замин хоҳад омад; пас, ҳама вақт бедор бошед ва дуо гӯед, то ки сазовор бошед аз ҳамаи ин мусибатҳои оянда раҳо шавед ва дар пеши Писари Одам биистед» (Луқо 21:34–36).

ДОНИШИ ХУДРО БИСАНҶЕД

Кадом рӯйдодҳои ҷаҳониеро, ки дар оғози ҳукмронии Масеҳ бояд ба вуқӯъ оянд, Китоби Муқаддас пешгӯӣ кардааст?

Баъзе хусусиятҳои охирзамон кадоманд?

Чӣ шуморо мӯътакид месозад, ки дар охирзамон умр ба сар мебарем?

[Замимаи саҳифаи 102]

БАЪЗЕ ХУСУСИЯТҲОИ ОХИРЗАМОН

• Ҷангҳои диданашуда (Матто 24:7; Ваҳй 6:4).

• Қаҳтӣ (Матто 24:7; Ваҳй 6:5, 6, 8).

• Вабоҳо (Луқо 21:11; Ваҳй 6:8).

• Афзудани ҷинояткорӣ (Матто 24:12).

• Нобудкунии замин (Ваҳй 11:18).

• Зилзилаҳо (Матто 24:7).

• Замонҳои сахте, ки ҳалли мушкилоташ душвор аст (2 Тимотиюс 3:1).

• Муҳаббати зиёд ба пул (2 Тимотиюс 3:2).

• Беитоатӣ ба волидайн (2 Тимотиюс 3:2).

• Норасогии ҳамбастагии табиӣ (2 Тимотиюс 3:3).

• Айшу ишратро бештар аз Худо дӯст медоранд (2 Тимотиюс 3:4).

• Норасоии худдорӣ (2 Тимотиюс 3:3).

• Нафрат ба некӯӣ (2 Тимотиюс 3:3).

• Беэътиноӣ ба хатари омадаистода (Матто 24:39).

• Истеҳзогароне, ки далелҳои охирзамонро рад мекунанд (2 Петрус 3:3, 4).

• Мавъизаи умумиҷаҳонӣ дар бобати Салтанати Худо (Матто 24:14).

[Тасвири саҳифаи 101]

    Адабиёт дар забони тоҷикӣ (2000–2025)
    Баромадан
    Даромадан
    • тоҷикӣ
    • Фиристодан
    • Ҷӯркунӣ
    • Copyright © 2025 Watch Tower Bible and Tract Society of Pennsylvania
    • Шарти истифодабарӣ
    • Сиёсати ҳифзи асрор
    • Танзимоти ҳифзи асрор
    • JW.ORG
    • Даромадан
    Фиристодан