Ба фарзандонатон мавъиза карданро таълим диҳед
1. Забур 148:12, 13 аз волидони масеҳӣ чиро талаб мекунад?
1 Яҳува ҷавононро даъват мекунад, ки Ӯро ҳамду сано гӯянд (Заб. 148:12, 13). Барои ҳамин, волидони масеҳӣ ба фарзандонашон на танҳо ҳақиқатҳои Китоби Муқаддас ва қонунҳои ахлоқии Худоро ёд медиҳанд, ҳамчунин мавъиза кардани хушхабарро таълим медиҳанд. Чӣ тавр волидон метавонанд мавъизакуниро пайдарпай таълим диҳанд?
2. Чӣ гуна намунаи хуби падар ё модар ба фарзандон таъсир расонда метавонад?
2 Намунаи хуб. Ҷидъӯни довар ба 300 марди худ гуфта буд: «Ба ман нигоҳ карда, мисли ман амал намоед» (Дов. 7:17). Барои кӯдакон табиист, ки ба волидонашон нигоҳ кунанд ва ба онҳо пайравӣ намоянд. Як падаре, ки кораш шабона аст, саҳари рӯзи шанбе ба хона омада, ба ҷои он ки хоб равад, фарзандонашро гирифта ба мавъиза меравад, гарчанд хаста бошад ҳам. Ӯ аз ҳама муҳим будани кори мавъизаро на бо сухан, балки бо рафтор таълим медиҳад (Мат. 6:33). Оё фарзандонатон мебинанд, ки шумо бо хурсандӣ бо намудҳои гуногуни ибодат машғулед? Масалан бо дуогӯӣ, хониши Китоби Муқаддас, шарҳдиҳӣ дар вохӯриҳо ва мавъиза. Албатта шумо намунаи комил буда наметавонед. Лекин агар фарзандонатон кӯшишу ғайрати шуморо дар хизмат бинанд, онҳо ба қабул кардани таълимоти рӯҳонӣ майли бештар пайдо хоҳанд кард (Такр. Ш. 6:6, 7; Рум. 2:21, 22).
3. Волидон бояд ба фарзандонашон барои гузоштани кадом мақсадҳои пайдарпай ва ба даст овардани онҳо ёрӣ расонанд?
3 Мақсадҳои пайдарпай. Волидон бо пуртоқатӣ ба фарзандонашон роҳгардӣ, сухангӯӣ, либоспӯшӣ ва ғайраро таълим медиҳанд. Ва вақте ки фарзандон ба синни муайян мерасанд, дар наздашон мақсадҳои нав гузошта мешаванд. Агар волидон масеҳӣ бошанд, онҳо инчунин ба фарзандонашон аз рӯи синну сол ва қобилияташон барои гузоштани мақсадҳои рӯҳонӣ ва ба даст овардани онҳо кӯмак мерасонанд (1 Қӯр. 9:26). Оё шумо ба фарзандонатон таълим медиҳед, ки дар вохӯриҳо бо суханони худашон ҷавоб диҳанд ва дар Мактаби таълими мавъиза нутқҳои худро тайёр кунанд? (Заб. 34:18). Оё ба онҳо дар намудҳои гуногуни хизмат иштирок карданро ёд медиҳед? Оё дар назди онҳо мақсади таъмид гирифтан ва пурравақт хизмат карданро мегузоред? Оё шумо кӯшиш карда барои фарзандонатон шароитеро фароҳам меоваред, то ки онҳо бо воизони хушҳолу боғайрат сӯҳбат кунанд? (Мас. 13:20).
4. Фарзандон аз волидоне, ки ба онҳо аз хурдсолӣ таълим додани мавъизаро сар мекунанд, чӣ манфиате мегиранд?
4 Забурнавис чунин гуфта буд: «Худоё! Ту маро аз хурдсолиам таълим додаӣ ва то ҳол корҳои аҷоиби Туро ҳикоят мекунам» (Заб. 70:17). Фарзандонатонро аз хурдсолӣ таълим диҳед, то ки хизматгори Худо гарданд. Вақте ки шумо ба фарзандонатон барои таҳкурсии рӯҳонӣ гузоштан кӯмак мерасонед, он албатта дар калонсолӣ ба онҳо манфиат хоҳад расонд (Мас. 22:6).