Шоҳидони Яҳува — созмоншудагон барои расонидани паёми Салтанат
Беш аз 100 сол мешавад, ки Шоҳидони Яҳува чун созмоншудагон хушхабарро расонида истодаанд. Мо дар маъракаи мавъиза, ки дар чунин миқёси бузург то ҳол дида нашуда буд, иштирок карда, ба садҳо забон ва дар зиёда аз 230 мамлакатҳо ин хабарро расонда истодаем (Мат. 24:14). Чаро ин кор зарур аст? Чӣ гуна он дар чунин миқёси бузург иҷро гардида истодааст? Видеофилми «Шоҳидони Яҳува — созмоншудагон барои расонидани паёми Салтанат» дар бораи ҷиҳатҳои фаъолияти умумиҷаҳониамон муфассал маълумот медиҳад. Баъд аз тамошои ин видеофилм, ба саволҳои дар поён овардашуда ҷавоб диҳед.
Чӣ тавр ин видеофилм фаҳмиш ва миннатдориатонро зиёд гардонд, нисбати 1) кӯшишҳои созмони Яҳува барои расондани хушхабар? (2 Тим. 4:2). 2) оилаҳои Байт–Ил дар тамоми ҷаҳон? 3) пешкаш кардани барномаҳои таълимдиҳӣ барои миссионерону нозирон? (2 Тим. 2:2). 4) муҳиммияти сар кардани рӯз бо дида баромадани ояти ҳаррӯза аз Навиштаҳо ва тайёрӣ ба вохӯриҳои ҷамъомад? (Аъм. 17:11). 5) манфиате, ки аз ташриф овардан ба ҷамъомадҳои масеҳӣ мегирем? (Ибр. 10:24, 25). 6) баракатҳое, ки ҳангоми барқарор кардани биҳишти рӯи замин ба даст оварда мешавад? (Иш. 11:9). 7) имтиёзи иштирок кардан дар кори дарав? (Юҳ. 4:35).
Маълум гашт, ки барои шавқмандонро бо кори умумиҷаҳонии Шоҳидони Яҳува шинос кардан, ин видеофилм воситаи олиҷаноб аст. 8) Барои ба омӯзандагони Китоби Муқаддас, хешовандон ва дигарон нишон додани видеофилм кадом вақт беҳтар мебуд? 9) Тамошои ин филм ба онҳо чӣ тавр таъсири мусбӣ расонд?
Мулоҳиза бар корҳое, ки Яҳува иҷро карда истодааст, моро бармеангезад, ки бо чунин суханони забурнавис розӣ шавем: «Корҳои зиёде Ту кардаӣ, эй Худованд Худои ман! Корҳои аҷоиб ва андешаҳоеро, ки Ту дар ҳаққи мо зоҳир намудаӣ,— кист, ки монанди Ту бошад!» (Заб. 39:6). Биёед аз ин видеофилм истифода бурда, ба дигарон ёрдам кунем, ки миннатдориашонро ба Яҳува зиёд гардонанд ва бо созмони Ӯ хубтар шинос шаванд!