Яҳува моро барои иҷрои ин кор таълим медиҳад
1. Вақте ки Яҳува ба одамон супорише медиҳад, Ӯ ҳамчунин чӣ кор мекунад?
1 Вақте ки Яҳува ба одамон супорише медиҳад, Ӯ ҳамчунин барои иҷро кардани он ба онҳо кӯмак мекунад. Масалан, вақте ки Яҳува ба Нӯҳ сохтани киштиро супориш дод, Ӯ ҳамчунин чӣ тавр кардани онро фаҳмонд, зеро Нӯҳ аз ин пеш ҳеҷ гоҳ чунин корро накарда буд (Ҳас. 6:14–16). Вақте ки чӯпони ҳалим Мусо супориш гирифт, ки назди пирони Исроил ва фиръавн равад, Яҳува ӯро боварӣ бахшида гуфт: «Ман бо забонат хоҳам буд ва туро хоҳам омӯхт, ки чӣ бояд бигӯӣ» (Хур. 4:12). Вақте ки сухан дар бораи супориши мо — мавъизаи хушхабар меравад, Яҳува моро низ танҳо намегузорад. Ӯ барои иҷрои ин кор моро ба воситаи Мактаби таълими мавъиза ва вохӯрии хизматӣ таълим медиҳад. Чӣ тавр мо аз ин таълимдиҳии Ӯ манфиат гирифта метавонем?
2. Чӣ тавр мо аз Мактаби таълими мавъиза манфиат гирифта метавонем?
2 Мактаби таълими мавъиза. Пеш аз ҳар як вохӯрӣ маълумоти дар барнома пешбинишударо дида бароед. Сипас вақте шумо мебинед, ки чӣ тавр шахсони бо супориш баромадкунанда ин маълумотро истифода мебаранд, шумо чӣ тавр хубтар таълим доданро ёд мегиред (Мас. 27:17). Ба вохӯриҳо китоби Мактаби таълими мавъизаро бо худ оред ва дар он қайдҳои худро нависед. Вақте ки нозири мактаб баъди ҳар як супориш диққатро ба он китоб равона мекунад, ба зери фикрҳои асосие, ки ба кор бурдан мехоҳед хат кашед ва ҷойҳои холии китобро барои навиштани қайдҳоятон истифода баред. Лекин роҳи беҳтарини аз ин мактаб манфиат бурдан — дар он иштирок кардан аст. Оё шумо худро дар мактаб нависондаед? Вақте ки ба шумо супорише дода мешавад, ба он хуб тайёрӣ бинед ва маслиҳатҳои гирифтаатонро ба кор баред. Чизҳои ёдгирифтаатонро дар хизмат истифода баред.
3. Чӣ ба мо кӯмак мекунад, ки аз вохӯрии хизматӣ манфиат гирем?
3 Вохӯрии хизматӣ. Маслиҳатҳои дар давоми ин вохӯрӣ додашударо мо ҳамон вақт хубтар дар ёд медорем, агар пешакӣ маълумоти муҳокимашавандаро хонем ва шарҳ тайёр кунем. Агар мо шарҳҳои кӯтоҳ диҳем, дар муҳокима касони бештар иштирок карда метавонанд. Ба намоишҳо бодиққат аҳамият диҳед ва пешниҳодотеро, ки хизмати шуморо самараноктар карда метавонанд, истифода баред. Вақте ки дар «Хизмат ба Салтанати Худо» мақолаҳое чоп мешаванд, ки барои хизмати шумо муфиданд, шумо ин мақолаҳоро нигоҳ доред.
4. Чаро мо бояд аз таълимдиҳии Худо хуб истифода барем?
4 Мисли супоришҳое, ки ба Нӯҳ ва Мусо дода шуда буданд, супориши мо — дар тамоми олам мавъиза кардани хушхабар — кори осон нест (Мат. 24:14). Мо ин корро он вақт бомуваффақият иҷро карда метавонем агар ба Яҳува, Муаллими Бузурги худ, такя кунем ва чизҳоеро, ки Ӯ таълим медиҳад, хуб истифода барем (Иш. 30:20).