ОНЛАЙН-КИТОБХОНАИ Бурҷи дидбонӣ
ОНЛАЙН-КИТОБХОНАИ
Бурҷи дидбонӣ
Тоҷикӣ
ӯ
  • ғ
  • ӣ
  • қ
  • ӯ
  • ҳ
  • ҷ
  • КИТОБИ МУҚАДДАС
  • АДАБИЁТ
  • ВОХӮРИҲО
  • km 1.13 саҳ. 3
  • «Бародариро дӯст доред»

Видеонавор вуҷуд надорад.

Бубахшед, видеонавор боргирӣ нашуд.

  • «Бародариро дӯст доред»
  • Хизмат ба Салтанати Худо 2013
  • Маводи монанд
  • Таҳкурсии дунёи нав гузошта шуда истодааст
    Оё Худо дар ҳақиқат ба мо ғамхор аст?
Хизмат ба Салтанати Худо 2013
km 1.13 саҳ. 3

«Бародариро дӯст доред»

Суханонe, ки дар сарлавҳаи ин мақола оварда шудаанд, қариб ду ҳазор сол пеш навишта шуда буданд (1 Пет. 2:17). Вале мо бояд ин суханонро ҳоло аз ҳарвақта дида бештар ба кор барем! Чӣ гуна мо бародарияти умумиҷаҳониамонро дӯст дошта метавонем? Ва чӣ тавр мо боварӣ дошта метавонем, ки дар ин ҷаҳони пур аз нафрат муҳаббатамон сард намешавад? (Мат. 24:12). Биёед ба воситаи саволҳои зерин фикрҳоеро, ки дар филми «Бародарияти умумиҷаҳонии мо» (рус.) омадаанд, муҳокима кунем.

1) Кай мо расман қисми бародарияти масеҳиамон гаштем? 2) Дар кадом се намуди фаъолият мо дар якҷоягӣ бо бародарияти умумиҷаҳониамон иштирок мекунем? 3) Чӣ тавр бародарони мо азми мавъиза карданашонро a) дар минтақаи душворгузари Аляска, б) дар бандарҳои калони Аврупо ва в) дар ҷангалҳои анбӯҳи Перу нишон медиҳанд? 4) Чаро мо набояд мавъизаро як кори оддие ҳисобем? 5) Мисолҳо оред, ки чӣ тавр Шоҳидони Яҳува a) пас аз рӯй додани заминҷунбӣ, б) пас аз тӯфон, в) дар вақти ҷанги шаҳрвандӣ якдигарро тасаллӣ медоданд ва дастгирӣ мекарданд? 6) Бо кадом тарзҳо ҳамаи мо хусусияти фарқкунандаи бародарияти масеҳиамонро дар амал нишон дода метавонем? (Юҳ. 13:35) 7) Якҷоя дар сохтмони Толорҳои Салтанат иштирок кардан чӣ гуна манфиатҳо меорад? 8) Чӣ тавр бародарони мо дар Аврупои Шарқӣ ва Русия ҳангоми манъ будани кори мавъиза рӯҳан устувор монданд? 9) Бисёре аз Шоҳидон барои ба анҷуманҳо рафтан чӣ гуна саъю кӯшишҳо мекунанд ва барои чӣ? 10) Чӣ тавр тамошои ин филм нияти шуморо қавитар сохт, ки a) дар вохӯриҳои ҷамъомад якҷоя бо бародарон Яҳуваро ибодат намоед, б) ба дигарон дар вақтҳои мӯҳтоҷӣ ёрӣ диҳед ва в) тамоми имкониятҳоро истифода бурда, содиқона мавъиза кунед? 11) Чӣ тавр ва кадом вақт мо метавонем ин филмро дар хизмат истифода барем?

Сабаби асосии қисми бародарияти масеҳӣ буданамон ин аст, ки мо Яҳуваро дӯст медорем. Бинобар ин, ба мо дар бораи Ӯ дониш гирифтан ва ҳамчунин ин донишро ба дигарон расондан маъқул аст. Онҳоеро, ки Яҳува дӯст медорад, мо низ дӯст медорем. Вақте ки мо ба чунин одамон дар вақтҳои мӯҳтоҷиашон ёрдам медиҳем, дар ивази ин мукофотро аз Яҳува интизор намешавем. Баръакс, мо худамон ба Яҳува барои бародарияти масеҳиамон миннатдорем, чунки онро атои қимматбаҳое аз ҷониби Ӯ мешуморем. Биёед ҳоло, ки рӯзҳои охири ин дунёи бемеҳр башумор мондаанд, муҳаббати худро ба тамоми бародарияти умумиҷаҳониамон пайваста зоҳир созем!

    Адабиёт дар забони тоҷикӣ (2000–2025)
    Баромадан
    Даромадан
    • Тоҷикӣ
    • Фиристодан
    • Ҷӯркунӣ
    • Copyright © 2025 Watch Tower Bible and Tract Society of Pennsylvania
    • Шарти истифодабарӣ
    • Сиёсати ҳифзи асрор
    • Танзимоти ҳифзи асрор
    • JW.ORG
    • Даромадан
    Фиристодан