ОНЛАЙН-КИТОБХОНАИ Бурҷи дидбонӣ
ОНЛАЙН-КИТОБХОНАИ
Бурҷи дидбонӣ
тоҷикӣ
ӯ
  • ғ
  • ӣ
  • қ
  • ӯ
  • ҳ
  • ҷ
  • КИТОБИ МУҚАДДАС
  • АДАБИЁТ
  • ВОХӮРИҲО
  • rk қисми 8 саҳ. 20-21
  • Омадани Масеҳ

Видеонавор вуҷуд надорад.

Бубахшед, видеонавор боргирӣ нашуд.

  • Омадани Масеҳ
  • Имони ҳақиқӣ калиди ҳаёти хушбахтона аст
  • Маводи монанд
  • Омадани Масеҳ
    Китоби Муқаддас ва мавзӯи асосии он
  • Онҳо интизори Масеҳ буданд
    Бурҷи дидбонӣ Салтанати Яҳуваро эълон мекунад — 2011
  • Назди Марям фаришта меояд
    Ҳикояҳо аз Китоби Муқаддас
  • «Ин Писари... Ман аст»
    Устоди Бузургро гӯш кун
Маълумоти бештар
Имони ҳақиқӣ калиди ҳаёти хушбахтона аст
rk қисми 8 саҳ. 20-21

ҚИСМИ 8

Омадани Масеҳ

ЗИЁДА аз 500 сол пас, баъд аз пешгӯии Дониёл–пайғамбар фариштаи Худо, Ҷаброил, ба ҷавондухтари бокира бо номи Марям, ки аз насли шоҳ Довуд буд, зоҳир шуд. «Салом бар Ту, эй пурфайз! Худованд бо туст; ту дар миёни занон муборак ҳастӣ»,— гуфт ба ӯ Ҷаброил (Луқо 1:28). Лекин Марям ба тарс омад. Саломи Ҷаброил чӣ маъно дошт?

Фариштаи Ҷаброил ба назди Марям омад

Ҷаброил ба Марям мегӯяд, ки ӯ Масеҳро таваллуд хоҳад кард

Ҷаброил ба ӯ гуфт: «Эй Марям, натарс, зеро ки ту назди Худо файз ёфтаӣ; ва инак, ҳомила шуда, Писаре хоҳӣ зоид ва Ӯро Исо хоҳӣ номид... Худованд Худо тахти падараш Довудро ба Ӯ хоҳад дод... ва салтанати Ӯ интиҳо нахоҳад дошт» (Луқо 1:30–33). Чӣ хабари олиҷаноб! Марям «насли» деринтизор, Масеҳро таваллуд мекунад!

Чанде пас Исо дар Байт–Лаҳм таваллуд шуд. Он шаб фариштаи Худо ба чӯпонон хабар расонд: «Муждаи бузурге ба шумо мерасонам... имрӯз барои шумо дар шаҳри Довуд Наҷотдиҳанда таваллуд шуд, ки Ӯ Масеҳи Худованд аст» (Луқо 2:10, 11). Баъдтар оилаи Исо ба Носира кӯчид, барои ҳамин ӯ дар он ҷо ба воя расид.

Соли 29-и эраи мо — ҳамон соле, ки Масеҳ бояд меомад — Исо чун пайғамбари Худо хизматашро сар кард. Он вақт вай «тақрибан сисола буд» (Луқо 3:23). Бисёр одамон фаҳмиданд, ки ӯ фиристодаи Худост. Онҳо чунин мегуфтанд: «Пайғамбари бузурге дар миёни мо пайдо шудааст» (Луқо 7:16, 17). Аммо Исо дар бораи чӣ таълим медод?

Исо одамонро таълим медод, ки Худоро дӯст доранд ва Ӯро ибодат намоянд. Ӯ гуфт: «Худованд Худои мо Худованди ягона аст; ва Худованд Худои худро бо тамоми дили ту ва бо тамоми ҷони ту ва бо тамоми ҳуши ту ва бо тамоми қуввати ту дӯст бидор» (Марқӯс 12:29, 30). Ӯ ҳамчунин гуфт: «Ба Худованд Худои худ саҷда кун ва танҳо Ӯро ибодат намо» (Луқо 4:8).

Исо одамонро бармеангехт, ки якдигарро дӯст доранд. «Ёри худро мисли худ дӯст бидор»,— гуфта буд ӯ (Марқӯс 12:31). Исо ҳамчунин мегуфт, ки «ҳар он чи мехоҳед, ки мардум ба шумо кунанд, шумо низ ба онҳо ҳамон тавр кунед; зеро ин аст Таврот ва суҳафи анбиё» (Матто 7:12).

Исо бо ҷидду ҷаҳд ба одамон дар бораи Салтанати Худо нақл мекард. «Ман бояд... аз Малакути Худо башорат диҳам, чунки барои ҳамин фиристода шудаам»,— гуфт Исо (Луқо 4:43). Барои чӣ дар бораи Малакут, яъне Салтанати Худо нақл кардан ин қадар муҳим аст?

Китоби Муқаддас таълим медиҳад, ки Салтанати Худо ин ҳокимияти осмониест, ки бар замин ҳукмронӣ хоҳад кард. Исои Масеҳ подшоҳест, ки Худо ӯро бар он ҳокимият таъин кардааст. Дониёл–пайғамбар рӯёе дида буд, ки дар осмон Худо ба Масеҳ «салтанат ва ҷалол ва малакут» медиҳад (Дониёл 7:14). Ин Салтанат дар рӯи замин Биҳиштро барқарор мекунад ва ба хизматгорони Худо ҳаёти ҷовидониро ҳадия мекунад. Магар ин хабар — хабари беҳтарин нест!?

Ҷавоби шумо чӣ гуна аст?

  • Фариштаи Худо, Ҷаброил, ба Марям чӣ гуфт?

  • Соли 29-и эраи мо кадом пешгӯӣ иҷро шуд?

  • Исо дар бораи чӣ таълим медод?

  • Салтанати Худо чист ва он чӣ кор хоҳад кард?

Исо ба бисёри одамон таълим дода истодааст

Чаро Исо, Масеҳ номида шудааст?

Калимаи «Масеҳ» маънои «Тадҳиншуда»-ро дорад, яъне оне ки аз тарафи Худо таъин шудааст. Худо ба Исои Масеҳ ҳаёт бахшид. Ӯ ба таври мӯъҷиза Исоро ба батни Марям гузаронид ва ӯ бе падари инсонӣ таваллуд шуд.

Чаро ин қадар одамони зиёд ба Исо имон оварданд? Инҳоянд танҳо баъзе аз сабабҳо:

  • Исо дар асоси Китоби Муқаддас таълим медод;

  • таълимоту намунаи ӯ дӯстдорандагони ҳақиқат ва адолатро ба худ ҷалб менамуд;

  • ӯ ба воситаи қудрати Худо бисёр мӯъҷизаҳо ба амал меовард;

  • ӯ бисёр пешгӯиҳоеро, ки дар Китоби Муқаддас навишта шудаанд, иҷро кард.

    Адабиёт дар забони тоҷикӣ (2000–2025)
    Баромадан
    Даромадан
    • тоҷикӣ
    • Фиристодан
    • Ҷӯркунӣ
    • Copyright © 2025 Watch Tower Bible and Tract Society of Pennsylvania
    • Шарти истифодабарӣ
    • Сиёсати ҳифзи асрор
    • Танзимоти ҳифзи асрор
    • JW.ORG
    • Даромадан
    Фиристодан