Бо имон рафтор кунед, на бо дидор
Чанде пеш аз иҳота кардани Ерусалим ва харобшавии он Павлуси ҳавворӣ ба масеҳиён навишт, ки чун сарбозони неки Масеҳ онҳо бояд душвориҳоро интизор бошанд ва нагузоранд, ки зиндагии бароҳат дар ҷои аввали ҳаёташон бошад (2 Тим. 2:3, 4). Бо назардошти харобшавии ҷаҳони худобехабар, ба мо имони қавӣ лозим аст, то минбаъд низ диққати худро ба чизҳои рӯҳонӣ равона созем (2 Қӯр. 4:18; 5:7). Видеофилми «Бо имон рафтор кунед, на бо дидор» (рус.), тамошо кунед. (Ба сайти jw.org/ru, ба саҳифаи ПУБЛИКАЦИИ > ВИДЕО дароед.) Аҳамият диҳед, ки чӣ тавр муносибати нодуруст ба чизҳои моддӣ барои Ноҳом ва Абитол доми марговар гашт. Сипас, саволҳои зеринро дида бароед.
1) «Кароҳати харобӣ... дар ҷои муқаддас» дар асри як чӣ маъно дошт ва масеҳиёне, ки дар Ерусалим зиндагӣ мекарданд, кадом чораи қатъиро бояд меандешиданд? (Мат. 24:15, 16). 2) Чаро аз шаҳр гурехтан имонро талаб мекард? 3) Барои аз шаҳр гурехтан чиро аз даст додан лозим меомад? 4) Чаро Ноҳом ва Абитол сустӣ мекарданд? (Мат. 24:17, 18). 5) Ҳангоми тарк кардани Ерусалим Роҳел боз бо кадом озмоиш рӯ ба рӯ шуд? (Мат. 10:34–37; Марқ. 10:29, 30). 6) Чӣ тавр Эйтон дар зоҳир кардани имон ва такя кардан ба Яҳува намуна гузошт? 7) Масеҳиён дар Пелла бо кадом душвориҳо рӯ ба рӯ шуданд? 8) Чӣ тавр имони Ноҳом ва Абитол оҳиста-оҳиста суст мешуд? 9) Чӣ гуна Яҳува нисбати масеҳиёне, ки дар Пелла зиндагӣ мекарданд, ғамхорӣ кард? (Мат. 6:33; 1 Тим. 6:6–8). 10) Дар анҷоми тартиботи шарир зиндагӣ карда, чӣ тавр мо ба намунаи Иброҳиму Соро пайравӣ карда метавонем? (Ибр. 11:8–10). 11) Чӣ тавр Ноҳом ва Абитол худро барои баргаштан ба Ерусалим бовар кунониданд ва чаро фикри онҳо хато буд? (Луқ. 21:21). 12) Вақте ки Ноҳом ва Абитол ба Ерусалим баргаштанд дар асл вазъият дар он ҷо чӣ гуна буд? 13) Барои чӣ ҳоло — пеш аз омадани анҷоми ин тартибот, мо бояд имони худро мустаҳкам кунем? (Луқ. 17:31, 32; 21:34–36).
Бо имон роҳ рафтан чунин маъно дорад: 1) доштани боварии пурра ба роҳнамоии Яҳува, 2) роҳ додан ба он ки Ӯ қадамҳои моро роҳнамоӣ кунад, 3) нишон додани он ки чизҳои рӯҳонӣ аз чизҳои моддӣ дида бароямон муҳимтар аст. Биёед, ҳамеша бо имон роҳ равем ва боварӣ дошта бошем, ки «ҷаҳон бо ҳавасҳояш гузарон аст, аммо касе ки иродаи Худоро ба ҷо меоварад, то абад боқист» (1 Юҳ. 2:17).