Мавод барои дафтари вохӯрии «Ҳаёт ва хизмати мо»
1—7 январ
ГАНҶҲОИ КАЛОМИ ХУДО | МАТТО 1–3
«Подшоҳии осмон наздик шудааст»
(Матто 3:1, 2) Дар он рӯзҳо Яҳёи Таъмиддиҳанда ба биёбони Яҳудия омад ва мавъиза карда чунин мегуфт: «Тавба кунед, зеро Подшоҳии осмон наздик шудааст».
nwtsty маълумоти омӯзишӣ оиди Мт 3:1, 2
мавъиза: Калимаи юноние, ки чун мавъиза тарҷума шудааст, асосан маънои «чун хабаррасон чизеро эълон кардан»-ро дорад. Ин ба тарзи расонидани хабар ишора мекунад. Одатан хабар дар назди мардум кушоду равшан гуфта мешуд, на ин ки ба як гурӯҳи одамон.
Подшоҳӣ: Дар ин оят калимаи юнонии «басилейа» бори аввал вомехӯрад, ки он ба ҳукумати подшоҳӣ ва ҳамчунин ба минтақа ё ба одамоне ишора мекунад, ки зери он подшоҳӣ қарор доранд. Ҳамчунин ин калима дар Навиштаҳои Юнонӣ 162 бор вомехӯрад, ки 55-тои он дар китоби Матто омадааст ва аксарияти ин калима ба ҳокимияти осмонии Худо ишора мекунад. Матто ин калимаро тез-тез истифода мебурд, барои ҳамин Хушхабари баёнкардаашро Хушхабари Подшоҳӣ номидан мумкин аст.
Подшоҳии осмон: Ин ибораро танҳо дар Хушхабари Матто дидан мумкин аст ва он дар матни аслӣ тақрибан 30 бор вомехӯрад. Дар Хушхабари Марқӯс ва Луқо ибораи ба ин монанд «Подшоҳии Худо» истифода шудааст. Ин нишон медиҳад, ки «Подшоҳии Худо» дар осмон барпо шудааст ва аз он ҷо ҳукмронӣ мекунад (Мт 21:43; Мқ 1:15; Лқ 4:43; Дн 2:44; 2Тм 4:18).
наздик шудааст: Ин ҷо ба маънои он омадааст, ки шоҳи ояндаи Подшоҳии осмон бояд ба қарибӣ ба миён меомад.
(Матто 3:4) Яҳё дар тан либосе аз пашми шутур ва дар миён камарбанди чармине дошт ва хӯрокаш малаху асали саҳроӣ буд.
nwtsty расмҳо
Сару либоси Яҳёи Таъмиддиҳанда
Либоси Яҳё аз пашми шутур тайёр шуда буд ва бо камарбанд баста мешуд. Ин камарбанд аз чарм буд, ки дар он чизҳои майдаро бурда метавонистанд. Либоси ӯ ба либоси Илёс-пайғамбар монанд буд (4Пш 1:8). Либоси аз пашми шутур тайёршуда дурушт буд ва одатан онро одамони камбағал мепӯшиданд. Шахсони бой бошанд, либоси нафису мулоим мепӯшиданд, ки аз катон ва шоҳӣ тайёр мешуд (Мт 11:7–9). Азбаски Яҳё аз вақти таваллуд назир буд, шояд ӯ ҳеҷ гоҳ мӯяшро қайчӣ намекард. Аз сару либоси ӯ дарҳол пай бурдан мумкин буд, ки ӯ ҳаёти одӣ ба сар мебурд ва худро пурра ба иҷрои иродаи Худо бахшида буд.
Малахҳо
Калимаи «малахҳо», ки дар Китоби Муқаддас омадааст, ба ҳар як намуди малахҳои мӯйлабчадор ишора мекунад ва хусусан ба малахҳое, ки села-села шуда мегарданд. Мувофиқи тадқиқоте, ки дар Ерусалим гузаронда шуд, 75 фоизи малахи саҳроӣ аз сафеда иборат аст. Касоне, ки имрӯз онҳоро мехӯранд сар, пойҳо, қанотҳо ва шикамашонро мепартоянд. Қисми боқимонда, яъне қафаси синаашонро хомохом ё пухта мехӯранд. Мувофиқи гуфтаи баъзеҳо он мазаи ҷародулбаҳр (креветка) ё харчанги баҳриро дорад ва дар таркибаш сафедаи бисёр ҳаст.
Асали саҳроӣ
Дар расм занбӯрхона 1) ва хоначаҳои мумии он 2) тасвир шудааст. Асале, ки Яҳё мехӯрд шояд асали занбӯрони саҳроӣ буд. Он занбӯронро бо забони лотинӣ «Апис мелифера сириака» (Apis mellifera syriaca) меноманд, ки ҷойи зисташон биёбони Яҳудо мебошад. Ин занбӯрони хашмгин дар ҳавои гарму хушки он ҷо одат кардаанд, вале одамон онҳоро парвариш карда наметавонистанд. Бо вуҷуди ин маълум гашт, ки дар аввали асри 9-уми то м. одамон дар Исроил занбӯрони асалро дар зарфҳои гилин нигоҳ медоштанд. Шумораи боқимондаи хонаҳои занбӯрро дар як маҳалли зисти водии Урдун ёфтанд. (Имрӯз Тел Реҳоб ном дорад.) Занбӯронеро, ки ин асалро тайёр мекарданд, аз афташ аз минтақае оварданд, ки имрӯз чун Туркия мешиносанд.
Ҷустуҷӯйи ганҷҳои рӯҳонӣ
(Матто 1:3) Яҳудо падари Форас ва Зораҳ буд ва модари онҳо Томор ном дошт. Форас падари Ҳесрӯн, Ҳесрӯн падари Ром
nwtsty маълумоти омӯзишӣ оиди Мт 1:3
Томор: Дар китоби Матто дар насабномаи Масеҳ номи панҷ зан оварда шудааст. Томор нахустин зане мебошад, ки дар ин насабнома омадааст. Боз чор зани дигар: Роҳоб ва Рут, ки исроилӣ набуданд (ояти 5), Батшобаъ «зани Уриё» (ояти 6), Марям (ояти 16). Одатан дар насабнома номи мардон оварда мешавад, вале ин занон аз сабаби воқеаҳои ғайриодие, ки дар ҳаёташон рӯй доданд, ба насабномаи Исо дохил карда шуданд.
(Матто 3:11) Ман шуморо аз сабаби тавба карданатон дар об таъмид медиҳам, вале касе, ки баъд аз ман меояд, қудрати бештар дорад ва ман ҳатто сазовори он нестам, ки пойафзоли ӯро кашам. Он шахс шуморо бо рӯҳи муқаддас ва оташ таъмид хоҳад дод.
nwtsty маълумоти омӯзишӣ оиди Мт 3:11
таъмид медиҳам: Ё «зери об мекунам». Калимаи юнонии «баптизо» маънои ғӯтондан ё таги об карданро дорад. Чи хеле ки дигар ҷойҳои Китоби Муқаддас нишон медиҳад, маънои таъмид «пурра зери об шудан» мебошад. Масалан, Яҳё дар водии Урдун «дар наздикии Солим таъмид медод, чунки дар он ҷо об бисёр буд» (Юҳ 3:23). Вақте Филиппус ҳабаширо таъмид дод, ҳар дуяшон «ба об даромаданд» (Ам 8:38). Айнан ҳамон калимаи юнонӣ дар тарҷумаи «Септуагинта» истифода мешавад, вақте дар 4Пш 5:14 дар бораи Наамон гуфта мешавад, ки ӯ «ҳафт карат дар Ӯрдун ғусл кард».
Хониши Китоби Муқаддас
(Матто 1:1–17) Китоб дар бораи ҳаёти Исои Масеҳ, писари Довуд, писари Иброҳим. 2 Иброҳим падари Исҳоқ, Исҳоқ падари Яъқуб, Яъқуб падари Яҳудо ва бародарони ӯ буд. 3 Яҳудо падари Форас ва Зораҳ буд ва модари онҳо Томор ном дошт. Форас падари Ҳесрӯн, Ҳесрӯн падари Ром, 4 Ром падари Аминодоб, Аминодоб падари Наҳшӯн, Наҳшӯн падари Салмӯн 5 ва Салмӯн падари Бӯаз буд ва модари Бӯаз Роҳоб ном дошт. Бӯаз падари Убид буд ва модари Убид Рут ном дошт. Убид падари Исой 6 ва Исой падари шоҳ Довуд буд. Довуд падари Сулаймон буд ва модари Сулаймон пештар зани Уриё буд. 7 Сулаймон падари Раҳабъом, Раҳабъом падари Абиё, Абиё падари Осо, 8 Осо падари Еҳушофот, Еҳушофот падари Еҳуром, Еҳуром падари Узиё, 9 Узиё падари Ютом, Ютом падари Оҳоз, Оҳоз падари Ҳизқиё, 10 Ҳизқиё падари Менашше, Менашше падари Омӯн, Омӯн падари Юшиё 11 ва Юшиё падари Еконёву бародарони ӯ буд. Дар он айём яҳудиён ба Бобул бурда шуданд. 12 Шаалтиил, писари Еконё, баъди ба Бобул бурда шудани яҳудиён ба дунё омад. Шаалтиил падари Зарубобил, 13 Зарубобил падари Абиҳуд, Абиҳуд падари Элёқим, Элёқим падари Озур, 14 Озур падари Содӯқ, Содӯқ падари Ёкин, Ёкин падари Элиҳуд, 15 Элиҳуд падари Элъозор, Элъозор падари Маттон, Маттон падари Яъқуб 16 ва Яъқуб падари шавҳари Марям, Юсуф, буд. Аз Марям Исо, ки Масеҳ ном гирифт, таваллуд ёфт. 17 Ҳамин тавр, аз Иброҳим то Довуд чордаҳ насл, аз Довуд то айёми ба Бобул бурда шудани яҳудиён чордаҳ насл ва аз вақти ба Бобул бурда шудан то Масеҳ чордаҳ насл гузаштааст.
8–14 ЯНВАР
ГАНҶҲОИ КАЛОМИ ХУДО | МАТТО 4, 5
«Аз Мавъизаи болои кӯҳ чӣ дарс мегирем?»
(Матто 5:3) Хушбахтанд онҳое, ки мӯҳтоҷи Худо буданашонро медонанд, зеро Подшоҳии осмон аз они онҳост.
nwtsty маълумоти омӯзишӣ оиди Мт 5:3
Хушбахт: Ин ба ҳолате ишора намекунад, ки шахс танҳо осудадилу хушҳол аст, балки бисёртар ба он ишора мекунад, ки шахс аз Худо баракат гирифтаасту аз лутфи Ӯ хурсандӣ мекунад. Ин ибора ҳамчунин барои тасвир кардани Худо ва барои тасвири Исо дар ҷалоли осмониаш истифода мешавад (1Тм 1:11; 6:15).
мӯҳтоҷи Худо буданашро медонад: Ибораи юноние, ки чун «мӯҳтоҷ» тарҷума шудааст, аслан маънои «камбағал (бечора, гадо, бенаво)»-ро дорад. Дар ин ҷо ба касоне ишора мекунад, ки мӯҳтоҷ буданашонро медонанд. Ин калима дар Луқо 16:20, 22 барои тасвир кардани Лаъзор, ки гадоӣ мекард, истифода шудааст. Ибораи юноние, ки дар баъзе тарҷумаҳо чун «мискинони рӯҳ» омадааст, одамонеро дар назар дорад, ки сахт мехоҳанд бо Худо муносибатҳои наздик дошта бошанд ва мӯҳтоҷи Худо буданашонро мефаҳманд.
(Матто 5:7) Хушбахтанд раҳмдилон, зеро ба онҳо раҳм зоҳир карда мешавад.
nwtsty маълумоти омӯзишӣ оиди Мт 5:7
раҳмдилон: Калимаҳое, ки дар Китоби Муқаддас чун «раҳмдилон» ва «раҳм» тарҷума шудааст, на танҳо маънои бахшидан ё сабук кардани ҷазоро дорад. Ин калима бисёртар ба он ишора мекунад, ки шахс аз ҳамдардӣ ва дилсӯзӣ ба одамони мӯҳтоҷ ёрдам мекунад.
(Матто 5:9) Хушбахтанд сулҳҷӯён, зеро онҳо писарони Худо номида мешаванд.
nwtsty маълумоти омӯзишӣ оиди Мт 5:9
сулҳҷӯён: Чунин касон на танҳо сулҳро нигоҳ медоранд, балки дар ҷое, ки сулҳ нест, онро барқарор мекунанд.
w07-U 1.12 саҳ. 17
Кӯдаконатонро таълим диҳед, ки сулҳҷӯй бошанд
Волидони масеҳӣ ҳаракат мекунанд, ки фарзандонашонро таълим диҳанд, то онҳо «сулҳу осоиштагиро» ҷӯянд «ва дар пайи он» бошанд (1 Петрус 3:11). Сулҳҷӯйӣ хушбахтӣ меорад, барои ҳамин кӯшишу ғайратро ба кор бурда бо бадгумонӣ, ноумедӣ ва бадхашмӣ мубориза бурдан, арзанда аст.
Ҷустуҷӯйи ганҷҳои рӯҳонӣ
(Матто 4:9) [Иблис] гуфт: «Ҳамаи ин чизҳоро ба ту медиҳам, агар як бор зону зада ба ман саҷда кунӣ».
nwtsty маълумоти омӯзишӣ оиди Мт 4:9
саҷда кунӣ: Феъли юноние, ки чун «саҷда кардан» тарҷума шудааст, дар шакле омадааст, ки ба амали яккарата ишора мекунад. Феъли «саҷда кунӣ» нишон медиҳад, ки Иблис аз Исо хоҳиш кард, ки ба ӯ танҳо як бор саҷда кунад, на ин ки ӯро доимо ё ба муддати дуру дароз ибодат кунад.
(Матто 4:23) Сипас ӯ дар сар то сари Ҷалил гашта, дар ибодатгоҳҳо таълим медод, хушхабарро дар бораи Подшоҳии Худо мавъиза мекард ва ҳар гуна дарду бемории одамонро шифо мебахшид.
nwtsty маълумоти омӯзишӣ оиди Мт 4:23
таълим медод... мавъиза мекард: Таълим додан аз мавъиза кардан фарқ мекунад. Муаллим на танҳо маълумот медиҳад, балки насиҳат мекунад, мефаҳмонад ва далелу исботҳо меорад.
Хониши Китоби Муқаддас
(Матто 5:31–48) Ғайр аз ин гуфта шудааст: «Касе, ки аз зани худ ҷудо мешавад, бигзор ба ӯ хати талоқ диҳад». 32 Аммо ман ба шумо мегӯям: касе, ки аз зани худ ғайр аз сабаби зино ҷудо шавад, метавонад сабаби хиёнат кардани вай гардад ва касе, ки бо зани ҷудошуда оиладор шавад, ба ҳамсараш хиёнат мекунад. 33 Боз шумо шунидаед, ки дар замонҳои қадим гуфта шуда буд: «Қасами худро нашикан, балки назри ба Яҳува кардаатро ба ҷо ор». 34 Аммо ман ба шумо мегӯям: тамоман қасам нахӯред, на ба осмон, зеро он тахти Худост, 35 на ба замин, чунки он курсии зери пойи Худост, на ба Ерусалим, чунки он шаҳри Подшоҳи бузург аст. 36 Ба сари худ низ қасам нахӯред, зеро ҳатто як тори мӯйи саратонро сафед ё сиёҳ карда наметавонед. 37 Бигзор «ҳа»-и шумо «ҳа» бошад ва «не»-и шумо «не», он чӣ зиёда аз ин аст, аз Шайтон бармеояд. 38 Шумо шунидаед, ки гуфта шудааст: «Чашм дар ивази чашм ва дандон дар ивази дандон». 39 Лекин ман ба шумо мегӯям: ба шахси бад муқобилат накун, балки, агар касе ба як тарафи рӯят торсакӣ занад, тарафи дигари рӯятро низ ба ӯ гардон. 40 Рафту касе ба ту даъво карда, куртаатро гирифтанӣ шавад, ҷомаатро низ ба ӯ деҳ; 41 ва, агар шахси ҳокимиятдор туро маҷбур кунад, ки бо ӯ як чақрим роҳро тай кунӣ, бо ӯ ду чақрим роҳ рав. 42 Ба касе, ки аз ту чизе мепурсад, бидеҳ ва аз касе, ки аз ту қарз гирифтан мехоҳад, рӯй нагардон. 43 Шумо шунидаед, ки гуфта шудааст: «Ёри худро дӯст дор ва аз душманат нафрат кун». 44 Аммо ман ба шумо мегӯям: душманони худро дӯст доред ва дар ҳаққи таъқибкунандагони худ дуо гӯед, 45 то шумо писарони Падари осмонии худ гардед, зеро Ӯ офтобро ҳам ба бадон ва ҳам ба некон тулӯъ мекунонад ва боронро ҳам ба росткорон ва ҳам ба бадкорон мефиристад. 46 Охир, агар шумо танҳо онҳоеро дӯст доред, ки шуморо дӯст медоранд, пас, мукофоти шумо чист? Магар ҷамъкунандагони андоз низ ҳамин тавр намекунанд? 47 Ва, агар шумо танҳо ба бародарони худ салом диҳед, чӣ кори ғайриодие мекунед? Магар халқҳои дигар низ ҳамин тавр намекунанд? 48 Пас, комил бошед, чуноне ки Падари осмонии шумо комил аст.
15–21 ЯНВАР
ГАНҶҲОИ КАЛОМИ ХУДО | МАТТО 6, 7
«Аввал Подшоҳии Худоро ҷӯед»
(Матто 6:10) Бигзор Подшоҳии Ту биёяд ва хости Ту, чуноне ки дар осмон иҷро шуда истодааст, дар замин ҳам иҷро гардад.
Чӣ тавр бояд дуо гӯем?
12 Пеш аз ҳама дар бораи чӣ дуо гӯем? Дар бораи Яҳува ва хости Ӯ. Мо бояд ба Ӯ барои ҳама чизи додааш раҳмат гӯем (1 Вақоеънома 29:10–13). Вақте Исо дар замин буд, ӯ ба шогирдонаш ёд дод, ки чӣ тавр дуо гӯянд. (Матто 6:9–13-ро хонед.) Якум, мо бояд дар бораи муқаддас шудани номи Яҳува дуо гӯем. Дуюм, дар бораи омадани Подшоҳии Худо ва дар тамоми замин иҷро шудани хости Ӯ. Танҳо баъди ин мо метавонем дар бораи ризқу рӯзӣ ва чизҳои бароямон даркорӣ дуо гӯем. Вақте мо аввал дар бораи Яҳува ва хосташ дуо мегӯем, нишон медиҳем, ки Ӯ дар ҷойи аввали ҳаётамон меистад.
(Матто 6:24) Ҳеҷ кас ғуломи ду хӯҷаин буда наметавонад, чунки ё аз яке нафрат карда, дигареро дӯст медорад, ё якеро эҳтиром карда, дигареро хор медорад. Шумо наметавонед ҳам ғуломи Худо ва ҳам ғуломи боигарӣ бошед.
nwtsty маълумоти омӯзишӣ оиди Мт 6:24
ғулом: Феъли юноние, ки дар ин оят омадааст, ба ғуломе ишора мекунад, ки ба як хӯҷаин хизмат мекунад. Исо дар ин оят гуфтанӣ буд, ки масеҳӣ наметавонад ҳам ба Худо, ки садоқатмандии пурраро сазовор аст, хизмат кунад ва ҳам ҳаёти худро ба ҷамъ овардани чизу чора бахшад.
(Матто 6:33) Пас, ҳама вақт аввал Подшоҳии Худоро ҷӯед ва он чиро, ки дар назари Худо дуруст аст, ба ҷо оред, он гоҳ ҳамаи ин чизҳо ба шумо ба таври илова дода хоҳад шуд.
nwtsty маълумоти омӯзишӣ оиди Мт 6:33
ҳама вақт... ҷӯед: Ин шакли феълии юноние мебошад, ки ба амали давомнок ишора мекунад ва онро чун «ҷустан гиред» тарҷума кардан мумкин аст. Шогирдони Исо набояд Подшоҳии Худоро муваққатан ҷӯянду баъд ба дигар кор машғул шаванд. Баръакс, онҳо бояд онро доимо дар ҷойи аввали ҳаёташон монанд.
дуруст: Онҳое, ки чизҳои дар назари Худо дурустро меҷӯянд, бо омодагӣ иродаи Ӯро ба ҷо меоранд ва мувофиқи меъёрҳояш амал менамоянд. Ин тамоман аз таълимоти фарисиён фарқ мекард, чунки онҳо фақат он чизеро, ки дар назари худашон дуруст аст, ба ҷо меоварданд (Мт 5:20).
Аввал Салтанати Худоро ҷӯед, на чизу чораро!
Матто 6:33-ро хонед. Агар мо кори Салтанатро дар ҷойи аввал монем он вақт Яҳува ҳама чизҳои ба мо даркориро медиҳад. Исо фаҳмонд, ки чаро мо ба ин боварӣ карда метавонем. Ӯ гуфт: «Падари шумо, ки дар осмон аст, медонад, ки шумо ба ҳамаи ин чизҳо эҳтиёҷ доред». Яҳува пеш аз мо медонад, ки мо ба чӣ ниёз дорем (Флп. 4:19). Худо медонад, ки кадом вақт ба мо сару либос лозим аст. Ҳамчунин Ӯ медонад, ки мо ба ғизо ниёз дорем ва кадом хона ба мову оилаамон мувофиқ аст. Яҳува моро боварӣ мебахшад, ки чизҳоеро, ки ба он ниёз дорем, албатта, ба мо медиҳад.
Ҷустуҷӯйи ганҷҳои рӯҳонӣ
(Матто 7:12) Пас, чи тавре мехоҳед дигарон бо шумо рафтор кунанд, шумо ҳам бо онҳо ҳамон тавр рафтор кунед, зеро мазмуни Таврот ва Навиштаҳои пайғамбарон ҳамин аст.
w14 15.5 саҳ. 14, 15, сарх. 14–16
Дар хизмати худ мувофиқи Қоидаи тиллоӣ рафтор кунед
Тасаввур кунед, ки рӯзе касе ба мо занг мезанад, лекин мо овози ӯро намешиносем. Ӯ барои мо бегона аст, вале аз мо мепурсад, ки кадом навъҳои хӯрокро мо дӯст медорем. Мо ҳайрон мешавем, ки ӯ кист ва дар асл чӣ мехоҳад. Аз рӯйи эҳтиром шояд мо бо вай кӯтоҳ гап занем, вале сипас қатъ кардани сӯҳбатро беҳтар медонистем. Аз тарафи дигар, тасаввур кунед, ки он шахсе, ки занг мезанад, дар аввал кӣ будани худро муаррифӣ мекунад ва сипас мефаҳмонад, ки кори ӯ аз он иборат аст, ки дар истеъмоли ғизои солим ба аҳолӣ кӯмак расонад. Дар чунин сурат мо ӯро шояд бо майли бештар гӯш мекунем. Чунки вақте ки кас кӣ будани худро пинҳон намекунаду боадабона муроҷиат мекунад, ба мо ин бештар маъқул аст. Чӣ тавр мо ба одамоне, ки дар хизмат вомехӯрем, аз рӯйи ин одоби муошират амал карда метавонем?
Дар бисёр маҳаллҳо ба мо лозим аст, ки мақсади омаданамонро ба соҳибхона аниқу равшан фаҳмонем. Рост аст, ки мо маълумоти муфидеро, ки соҳибхона намедонад, ба ӯ расондан мехоҳем, вале ӯ чӣ фикр мекард агар мо худро шинос накарда, якбора пешниҳодотамонро бо чунин суханон сар кунем: «Агар шумо ҳар гуна проблемаҳои ҷаҳониро ҳал карда метавонистед, кадомашро ҳал мекардед?» Мо чунин саволро бо он мақсад медиҳем, ки ақидаи шахсро фаҳмем ва сипас дар асоси Китоби Муқаддас бо ӯ сӯҳбат кунем. Лекин соҳибхона чунин фикр карданаш мумкин аст: «Ин одами бегона кӣ бошад ва барои чӣ ба ман ин хел савол дода истодааст? Умуман ӯ аз ман чӣ мехоҳад?» Барои ҳамин мо бояд кӯшиш кунем, ки соҳибхона ҳангоми бо мо гап задан худро озод ҳис кунад (Флп. 2:3, 4). Чӣ тавр мо инро карда метавонем?
Як нозири ноҳиявӣ чунин тарзро бомуваффақият истифода мебарад. Баъди саломуалейк ӯ ба дасти соҳибхона нусхаи рисолаи «Оё шумо мехостед ҳақиқатро бидонед?»-ро медиҳад ва мегӯяд: «Мо имрӯз ба ҳар як сокини ин маҳал нусхаи ин рисоларо дода истодаем. Дар он шаш саволе, ки бисёри одамонро ба ташвиш меорад, муҳокима шудааст. Инаш барои шумо». Бародар мегӯяд, ки вақте одамон мақсади ба хонаи онҳо омадани ӯро мефаҳманд, худро нисбатан озод ҳис мекунанд ва давом додани сӯҳбат бо онҳо осонтар аст. Бародар сипас аз шахс мепурсад: «Оё шумо боре оиди ягон саволи дар ин ҷо овардашуда фикр кардаед?» Агар соҳибхона яке аз саволҳоро интихоб кунад, бародар рисоларо мекушояд ва чизеро, ки оиди он дар Китоби Муқаддас гуфта шудааст, муҳокима мекунад. Агар шахс ягон саволро интихоб накунад, бародар ӯро дар хиҷолат намононда, худаш яке аз саволҳоро интихоб мекунад ва сӯҳбатро давом медиҳад. Албатта барои оғоз кардани сӯҳбат роҳҳои гуногунро истифода бурдан мумкин аст. Дар баъзе ҷойҳо одамон шояд интизоранд, ки мо пеш аз гуфтани мақсади омаданамон ба таври ба он маҳал хос бо онҳо саломуалейк ва аҳволпурсӣ мекунем. Хеле муҳим аст, ки мо пешниҳодотамонро ба табъу хоҳиши одамони маҳалламон мувофиқ гардонем.
(Матто 7:28, 29) Вақте ки Исо суханонашро тамом кард, мардум ба тарзи таълимдиҳии ӯ қоил шуданд, 29 зеро ӯ чун шахси соҳибқудрат гап мезад, на чун шариатдонони онҳо.
nwtsty маълумоти омӯзишӣ оиди Мт 7:28, 29
қоил шуданд: Феъли юноние, ки дар ин ҷо истифода шудааст, ҳолатеро мефаҳмонад, ки шахс аз чизе чунон ба ҳайрат меояд, ки ҳушу ёдаш бо он банд мешавад. Ин шакли феълӣ ба давомнокӣ ишора карда, нишон медиҳад, ки мардум суханони Исоро дер боз фаромӯш намекарданд.
тарзи таълимдиҳии ӯ: Ин ибора ба чӣ тавр таълим додани Исо ва кадом усулҳоро истифода бурдани ӯ ишора мекунад. Ба он ҳамчунин дар бораи чӣ таълим додан ва панду насиҳати пурраи Исо дар Мавъизаи болои кӯҳ, дохил мешавад.
на чун шариатдонони онҳо: Шариатдонон одатан суханони пешвоёни дини яҳудиро иқтибос меоварданд. Лекин Исо баръакси онҳо чун намояндаи Яҳува гап мезад ва чун шахси соҳибқудрат дар асоси Каломи Худо таълим медод (Юҳ 7:16).
Хониши Китоби Муқаддас
(Матто 6:1–18) Эҳтиёт шавед, то барои ҷалб кардани диққати одамон росткориатонро дар пеши онҳо нишон надиҳед, чунки, агар ин тавр кунед, аз Падари осмонии худ мукофоте нахоҳед гирифт. 2 Пас, вақте ки садақа медиҳӣ, пешопеши худ карнай нанавоз, мисли он ки дурӯягон барои шунидани таъриф дар ибодатгоҳҳо ва кӯчаҳо мекунанд. Ба ростӣ ба шумо мегӯям, ки онҳо аллакай мукофоти худро ба пуррагӣ гирифтаанд. 3 Аммо, вақте ки садақа медиҳӣ, бигзор дасти чапи ту надонад, ки дасти ростат чӣ кор карда истодааст, 4 то садақа додани ту ба ҳеҷ кас маълум набошад. Он гоҳ Падари ту, ки чизҳои аз чашми дигарон пинҳонро мебинад, ба ту мукофот хоҳад дод. 5 Ҳамчунин, вақте ки дуо мегӯед, мисли дурӯягон рафтор накунед, зеро ба онҳо маъқул аст, ки дар ибодатгоҳҳо ва дар сари чорраҳаҳои калон истода дуо гӯянд, то одамон онҳоро бинанд. Ба ростӣ ба шумо мегӯям, ки онҳо аллакай мукофоти худро ба пуррагӣ гирифтаанд. 6 Аммо, вақте дуо мегӯӣ, ба хонаи худ даромада, дарро маҳкам кун ва ба Падари худ, ки нонамоён аст, дуо гӯй. Он гоҳ Падари ту, ки чизҳои аз чашми дигарон пинҳонро мебинад, ба ту мукофот медиҳад. 7 Вақте дуо мегӯед, мисли халқҳои дигар гаштаву баргашта як чизро такрор накунед, зеро онҳо гумон мекунанд, ки агар пургӯйӣ кунанд, Худо дуои онҳоро мешунавад. 8 Пас, мисли онҳо набошед, зеро Падари шумо ҳатто пеш аз чизеро талаб карданатон ба чӣ ниёз доштани шуморо медонад. 9 Барои ҳамин ин тавр дуо гӯед: «Эй Падари мо, ки дар осмонӣ, бигзор номи Ту муқаддас гардад. 10 Бигзор Подшоҳии Ту биёяд ва хости Ту, чуноне ки дар осмон иҷро шуда истодааст, дар замин ҳам иҷро гардад. 11 Ризқу рӯзии имрӯзаамонро ба мо бидеҳ 12 ва қарзҳои моро бибахш, чи тавре ки мо низ қарздорони худро бахшидем. 13 Нагузор, ки ба васваса дода шавем, балки моро аз Шайтон халос кун». 14 Агар шумо хатоҳои одамонро бахшед, Падари осмониатон низ шуморо мебахшад, 15 лекин, агар шумо хатоҳои одамонро набахшед, Падари шумо низ хатоҳои шуморо нахоҳад бахшид. 16 Минбаъд, вақте рӯза медоред, монанди дурӯягон худро ғамгин вонамуд накунед, зеро онҳо ба намуди худ аҳамият намедиҳанд, то одамон рӯзадор будани онҳоро бинанд. Ба ростӣ ба шумо мегӯям, ки онҳо аллакай мукофоти худро ба пуррагӣ гирифтаанд. 17 Аммо ту, ҳангоме ки рӯза мегирӣ, ба сарат равған бимол ва рӯйи худро бишӯй, 18 то рӯзадориат на ба одамон, балки танҳо ба Падари ту, ки нонамоён аст, аён бошад. Он гоҳ Падари ту, ки чизҳои аз чашми дигарон пинҳонро мебинад, ба ту мукофот медиҳад.
22–28 ЯНВАР
ГАНҶҲОИ КАЛОМИ ХУДО | МАТТО 8, 9
«Исо одамонро дӯст медошт»
(Матто 8:1–3) Пас аз он ки Исо аз кӯҳ фаромад, одамони бисёре аз пайи ӯ равона шуданд. 2 Он вақт ба назди ӯ махавие омад ва таъзим карда, гуфт: «Ҳазратам, агар хоҳӣ, метавонӣ маро пок кунӣ». 3 Исо дасташро дароз карда, ба вай расонид ва гуфт: «Албатта, мехоҳам. Пок шав!» Ҳамон дам он мард аз махав пок шуд.
nwtsty маълумоти омӯзишӣ оиди Мт 8:3
дасташро дароз карда, ба вай расонид: Дар Қонуни Мӯсо гуфта шуда буд, ки махавиён бояд алоҳида зиндагӣ мекарданд, то ки одамонро сироят накунанд (Ибд 13:45, 46; Ад 5:1–4). Вале роҳбарони дин қоидаҳои иловагӣ бароварданд. Масалан, шахси махавӣ бояд аз дигар одамон чор зироъ, яъне 1,8 метр ва дар рӯзҳое, ки шамол мешуд, 100 зироъ, яъне 45 метр дур меистод. Аз сабаби чунин қоидаҳо одамон ба махавиён бераҳмона муносибат мекарданд. Ҳатто дар бораи амали пешвоёни яҳудӣ, ки якеаш аз махавӣ пинҳон шуду дигараш ба ӯ санг партофта, мехост, ки аз ӯ дур шавад, ривоятҳо навишта, онҳоро таъриф кардаанд. Баръакси онҳо Исо ба аҳволи махавиён раҳмаш омада амале кард, ки дар назари дигарон аз ақл берун метофт. Ҳарчанд Исо метавонист фақат бо як суханаш махавиро сиҳат кунад, вале ӯ ба марди махавӣ даст расонд (Мт 8:5–12).
мехоҳам: Исо дархости махавиро аз таҳти дил ба ҷо овард. Ин нишон медиҳад, ки вай ба сиҳат кардани ӯ чун ба ӯҳдадорӣ нигоҳ намекард.
(Матто 9:9–13) Сипас, вақте Исо роҳи худро давом дод, чашмаш ба Матто ном марде афтод, ки дар идораи андозҷамъкунӣ нишаста буд. Исо ба ӯ гуфт: «Биё ва маро пайравӣ кун». Ҳамон дам он мард аз ҷой хеста, аз пайи Исо равона шуд. 10 Баъдтар, вақте ки Исо ва шогирдонаш дар хонаи Матто меҳмон буданд, бисёре аз ҷамъкунандагони андоз ва гунаҳкорон омада, ҳамроҳи онҳо дар сари дастархон нишастанд. 11 Аммо фарисиён инро дида ба шогирдони ӯ чунин гуфтанд: «Чаро устоди шумо бо ҷамъкунандагони андоз ва гунаҳкорон хӯрок мехӯрад?» 12 Исо ин суханонро шунида чунин гуфт: «На солимон ба духтур мӯҳтоҷанд, балки беморон. 13 Пас, биравед ва маънои ин суханонро бифаҳмед: “Раҳму шафқат мехоҳам, на қурбонӣ”. Охир, ман барои он омадаам, ки на росткорон, балки гунаҳкоронро даъват кунам».
nwtsty маълумоти омӯзишӣ оиди Мт 9:10
дар сари дастархон нишастанд: Бо касе дар сари дастархон нишастан ё каҷпаҳлӯ задан, нишон медод, ки онҳо дӯстонанд. Одатан яҳудиёни замони Исо ҳеҷ вақт бо ғайрияҳудиён якҷоя хӯрок намехӯрданд ва ё дар сари дастархон каҷпаҳлӯ намезаданд.
ҷамъкунандагони андоз: Бисёр яҳудиён барои ҳокимияти Рум андоз ҷамъ мекарданд. Халқ аз чунин яҳудиён нафрат мекард, чунки онҳо на танҳо бо давлати бегона ҳамкорӣ мекарданд, балки аз будаш зиёд андоз меситониданд. Яҳудиён худро аз ҷамъкунандагони андоз дур мегирифтанд, зеро онҳоро бо гунаҳкорону фоҳишаҳо дар як қатор мемонданд (Мт 11:19; 21:32).
(Матто 9:35–38) Исо ба ҳамаи шаҳру деҳаҳо рафта, дар ибодатгоҳҳои онҳо таълим медод ва хушхабарро дар бораи Подшоҳии Худо мавъиза мекард. Ӯ ҳамчунин одамонро аз ҳар гуна дарду беморӣ шифо медод. 36 Вақте Исо мардумро медид, дилаш ба онҳо месӯхт, зеро онҳо монанди гӯсфандони бечӯпон захмдор ва пароканда буданд. 37 Он гоҳ ӯ ба шогирдонаш гуфт: «Ҳосил, дар ҳақиқат, бисёр аст, лекин коргарон кам. 38 Барои ҳамин аз Соҳиби ҳосил илтимос кунед, ки барои дарав коргар фиристад».
nwtsty маълумоти омӯзишӣ оиди Мт 9:36
дилаш ба онҳо месӯхт: Феъли юнонии «спланхни́зомай», ки барои ифодаи ин ибора истифода шудааст, бо калимаи ҳамрешаи «спла́нхна», ки аслан маънои «узвҳои дарунӣ»-ро дорад, алоқаманд аст. Ин калима чизеро нишон медиҳад, ки инсон дар ботини худ ҳис мекунад ва яке аз калимаҳои юнонии мувофиқе мебошад, ки барои ифодаи раҳмдилӣ истифода мешавад.
Ҷустуҷӯйи ганҷҳои рӯҳонӣ
(Матто 8:8–10) Мирисад дар ҷавоб гуфт: «Тақсир, ман сазовори он нестам, ки ту ба хонаам дароӣ, фақат сухане бигӯ ва хизматгорам шифо меёбад. 9 Охир, худи ман ҳам ба ҳокимият тобеъ ҳастам ва ҳамчунин дар зери дасти худ сарбоз дорам, ба яке “Рав!” гӯям, меравад, ба дигаре “Биё!” гӯям, меояд ва ба ғуломам “Ин корро кун!” гӯям, мекунад». 10 Исо суханони ӯро шунида дар ҳайрат монд ва ба онҳое, ки аз пасаш мерафтанд, рӯ оварда, гуфт: «Ба ростӣ ба шумо мегӯям: касеро дар Исроил надидам, ки чунин имони бузург дошта бошад».
w02-U 15.8 саҳ. 13, сарх. 16
«Ман ба шумо намуна гузоштам»
Як мирисад, ки шояд ғайрияҳудӣ ва румӣ буд, ба назди Исо омада аз ӯ хоҳиш кард, ки ғуломашро сиҳат кунад. Он вақт Исо аз афташ медонист, ки ин мирисад бегуноҳ нест. Дар он замон одатан мирисад дар тӯли ҳаёташ корҳои бераҳмона мекард, бисёр хун мерехт ва худоёни бардурӯғро ибодат мекард. Вале Исо диққати худро ба чизи хуби мирисад, яъне ба имони қавии ӯ равона кард (Матто 8:5–13). Баъдтар, вақте ки Исо бо ҷинояткоре, ки ҳамроҳаш мехкӯб шуда буд, гап зад, ӯ гуноҳҳои пештараи вайро ба рӯяш накашид, баръакс ба оянда умед бахшида ӯро рӯҳбаланд кард (Луқо 23:43). Исо нағз медонист, ки дар дигарон айб кофтан ва онҳоро танқид кардан, рӯҳафтода мекунад. Бешубҳа, Исо дар дигарон чизи хубро мекофт ва ин онҳоро ба беҳтар шудан бармеангехт.
(Матто 9:16, 17) Ҳеҷ кас матои навро ба либоси кӯҳна дарбеҳ намекунад, зеро баъди шустан матои нав ба об даромада, аз либоси кӯҳна канда мешавад ва ҷойи даридаи он аз пештарааш дида калонтар мегардад. 17 Ҳамчунин ҳеҷ кас шароби навро ба машки кӯҳна намерезад, вагарна машк медарад ва ҳам шароб мерезаду ҳам машк корношоям мегардад. Лекин шароби навро ба машки нав мерезанд, он гоҳ на шароб барбод мераваду на машк.
Барои чӣ шогирдони Исо рӯза намедоранд?
Ба воситаи ин мисолҳо Исо ба шогирдони Яҳё фаҳмонданист, ки ӯ намехоҳад пайравонаш урфу одатҳои кӯҳнашудаи дини яҳудиро дастгирӣ кунанд. Исо намехоҳад тарзи ибодати кӯҳнашударо давом диҳад, ибодатеро, ки ба наздикӣ бекор мешавад. Исо тарзи ибодатеро дастгирӣ мекунад, ки дар он барои урфу одатҳои одамӣ ҷой нест. Дини яҳудӣ бошад, дар он замон аз таълимоту маросими одамӣ пур буд. Бале, дастгирӣ кардани ин кор мисли он аст, ки шахс ба либоси кӯҳна дарбеҳи нав дӯзаду шароби навро ба машки кӯҳна резад.
Хониши Китоби Муқаддас
(Матто 8:1–17) Пас аз он ки Исо аз кӯҳ фаромад, одамони бисёре аз пайи ӯ равона шуданд. 2 Он вақт ба назди ӯ махавие омад ва таъзим карда, гуфт: «Ҳазратам, агар хоҳӣ, метавонӣ маро пок кунӣ». 3 Исо дасташро дароз карда, ба вай расонид ва гуфт: «Албатта, мехоҳам. Пок шав!» Ҳамон дам он мард аз махав пок шуд. 4 Баъд Исо ба ӯ гуфт: «Эҳтиёт шав, ки дар ин бора ба ҳеҷ кас гап назанӣ, балки рафта, худатро ба коҳин нишон деҳ ва ҳадияеро, ки Мӯсо-пайғамбар фармуда буд, пешкаш кун, то ба онҳо шаҳодат шавад». 5 Вақте ӯ вориди Кафарнаҳум шуд, мирисаде ба наздаш омада, илтиҷо кард: 6 «Тақсир, хизматгори ман фалаҷ шуда дар хона хоб аст ва дарди ҷонкоҳе ӯро азоб медиҳад». 7 Исо ба вай гуфт: «Ба хонаат меравам ва ӯро шифо медиҳам». 8 Мирисад дар ҷавоб гуфт: «Тақсир, ман сазовори он нестам, ки ту ба хонаам дароӣ, фақат сухане бигӯ ва хизматгорам шифо меёбад. 9 Охир, худи ман ҳам ба ҳокимият тобеъ ҳастам ва ҳамчунин дар зери дасти худ сарбоз дорам, ба яке “Рав!” гӯям, меравад, ба дигаре “Биё!” гӯям, меояд ва ба ғуломам “Ин корро кун!” гӯям, мекунад». 10 Исо суханони ӯро шунида дар ҳайрат монд ва ба онҳое, ки аз пасаш мерафтанд, рӯ оварда, гуфт: «Ба ростӣ ба шумо мегӯям: касеро дар Исроил надидам, ки чунин имони бузург дошта бошад. 11 Ба шумо мегӯям, ки бисёриҳо аз шарқу ғарб омада, дар Подшоҳии осмон бо Иброҳим, Исҳоқ ва Яъқуб дар сари миз хоҳанд нишаст, 12 лекин писарони Подшоҳӣ ба берун, ба торикӣ, партофта хоҳанд шуд ва онҳо дар он ҷо гиря мекунанду дандонҳояшонро ғиҷиррос мезанонанд». 13 Сипас Исо ба мирисад гуфт: «Бирав ва бигзор ба ту мувофиқи имонат дода шавад». Ҳамон соат хизматгори ӯ шифо ёфт. 14 Вақте Исо ба хонаи Петрус омад, хушдомани ӯро дид, ки таб карда дар бистар хоб аст. 15 Он гоҳ Исо дасти вайро ламс кард ва таби ӯ фаромад ва зан аз ҷояш хеста, ба Исо хизмат кард. 16 Вақте ки бегоҳ шуд, ба назди ӯ одамони зиёдеро оварданд, ки дар банди дев қарор доштанд, ва Исо амр дода девҳоро аз онҳо берун мекард ва ҳамаи беморонро шифо медод, 17 то суханони ба воситаи Ишаъё-пайғамбар гуфташуда иҷро шаванд: «Ӯ касалиҳоямонро гирифт ва дардҳои моро бардошт».
29 ЯНВАР — 4 ФЕВРАЛ
ГАНҶҲОИ КАЛОМИ ХУДО | МАТТО 10, 11
«Исо аз нав қувват гирифтанро пешниҳод кард»
(Матто 10:29, 30) Магар ду гунҷишкро ба як тин намефурӯшанд? Бо вуҷуди ин, агар ягонтои онҳо ба замин афтад, ин аз назари Падаратон дур намемонад. 30 Аммо ҳар як тори мӯйи шумо шумурда шудааст.
nwtsty маълумоти омӯзишӣ оиди Мт 10:29, 30
гунҷишк: Калимаи юнонии «струти́он» шакли навозишӣ буда маънои паррандаи майдаякро дорад. Одатан ин калимаро нисбати гунҷишк истифода мебурданд, ки он паррандаи аз ҳама арзон буду барои хӯрдан фурӯхта мешуд.
ба як тин: Дар матни аслӣ «ассарион» омадааст. Он ба музди корие ишора менамуд, ки мардикор дар давоми 45 дақиқа ба даст меовард. (Ба «Маълумотнома барои омӯзиши Каломи Худо», мавзӯи «Андоза ва воҳидҳои вазну пул» нигаред.) Вақте Исо ба Ҷалил бори сеюм сафар мекард, гуфта буд, ки ду гунҷишк як ассарион арзиш дорад. Тақрибан баъди як сол, ҳангоми дар Яҳудо хизмат карданаш, Исо гуфт, ки панҷ гунҷишк ду ассарион арзиш дорад (Лқ 12:6). Ин ду гуфтаҳои Исоро муқоиса карда мо мефаҳмем, ки гунҷишк чунон арзон буд, ки фурӯшанда панҷумашро бепул медод.
ҳар як тори мӯйи шумо шумурда шудааст: Ба ҳисоби миёна шумораи торҳои мӯйи сари инсон зиёда аз 100 000 мебошад. Дар бораи мо чунин маълумоти дақиқро донистани Яҳува исбот мекунад, ки Ӯ нисбати ҳар як хизматгораш самимона ғамхорӣ мекунад.
nwtsty расм
Гунҷишк
Гунҷишк паррандаи аз ҳама арзоне буд, ки барои хӯрдан фурӯхта мешуд. Дутои онро бо маблағе харида мешуд, ки мардикор дар давоми 45 дақиқа ба даст меовард. Ин ибораи юнонӣ барои тасвир кардани паррандаҳои гуногуни майда истифода мешуд. Масалан, гунҷишки маҳаллӣ (Passer domesticus biblicus) ва гунҷишки испанӣ (Passer hispaniolensis), ки то ҳол дар Исроил зиёд аст.
(Матто 11:28) Назди ман оед, эй заҳматкашон ва касоне, ки зери бори вазнин қарор доред, ва ман ба шумо қувват хоҳам бахшид.
nwtsty маълумоти омӯзишӣ оиди Мт 11:28
зери бори вазнин қарор доред: Касоне, ки Исо даъват мекард, зери бори ташвиш ва меҳнати сахт қарор доштанд. Ҳамчунин ба онҳо Яҳуваро ибодат кардан, бори вазнин буд, чунки ба Қонуни Мӯсо урфу одатҳои инсонӣ илова шуда буданд (Мт 23:4). Ҳатто риояи рӯзи шанбе, ки ба онҳо бояд қувват мебахшид, бори вазнин гашт (Хр 23:12; Мқ 2:23–28; Лқ 6:1–11).
ман ба шумо қувват хоҳам бахшид: Калимаи юноние, ки чун «қувват бахшидан» тарҷума шудааст, метавонад ба ду чиз ишора кунад: ба дамгирӣ (Мт 26:45; Мқ 6:31) ва ба сабукие, ки баъд аз заҳмат ҳис мекунию аз нав қувват пайдо мекунӣ (2Қр 7:13; Фм 7). Контекст нишон медиҳад, ки гирифтани юғи Исо (Мт 11:29) дамгирӣ неву хизматро дар бар мегирад. Ин феъли юнонӣ фикри онро медиҳад, ки Исо ба касони хаста қуввату тароват мебахшад, то онҳо хоҳиш пайдо кунанд, ки юғи сабук ва қулайи Исоро ба гардан гиранд.
(Матто 11:29, 30) Юғи маро ба гардани худ гиред ва аз ман таълим ёбед, зеро ман ҳалим ва фурӯтан ҳастам ва шумо қувват хоҳед ёфт. 30 Зеро юғи ман қулай ва бори ман сабук аст.
nwtsty маълумоти омӯзишӣ оиди Мт 11:29
Юғи маро ба гардани худ гиред: Исо «юғ»-ро ба маънои маҷозӣ истифода бурд, ки ин ба ҳокимияту дастурот итоат карданро нишон медиҳад. Агар ӯ юғеро дар назар дошт, ки ба ду ҳайвон мегузоштанд, яъне юғе, ки Худо ба ӯ гузошт, он гоҳ суханонаш маънои онро дорад, ки шогирдон метавонанд бо ӯ зери ин юғ бошанд ва ӯ онҳоро дастгирӣ мекунад. Дар ин маврид ибораро чунин тарҷума карданд: «Бо ман зери як юғ бошед». Агар Исо юғеро дар назар дошт, ки худаш ба дигарон гузошт, он гоҳ гап дар бораи чун шогирд итоат кардан ба ҳокимияту дастуроти Исо меравад.
Ҷустуҷӯйи ганҷҳои рӯҳонӣ
(Матто 11:2, 3) Вақте ки Яҳё дар зиндон оиди корҳои Масеҳ шунид, шогирдони худро фиристод, 3 то аз ӯ пурсанд: «Оё ту ҳамоне ҳастӣ, ки бояд биёяд, ё каси дигареро мунтазир шавем?»
Саволи Яҳё ба Исо
Барои чӣ Яҳё чунин савол медиҳад? Оё ӯ аз Исо шубҳа дорад? Тахминан ду сол пеш, вақте Яҳё Исоро таъмид дод, ӯ бо чашмони худ дид, ки рӯҳи Худо бар Исо мефарояд, ва бо гӯшҳои худ шаҳодати Худоро шунид. Ҳоло низ имони Яҳё суст нашудааст. Агар ин хел мебуд, баъдтар Исо ин марди худотарсро таъриф намекард. Пас, барои чӣ Яҳё ба Исо чунин савол дод?
Шояд, Яҳё мехоҳад аз худи Исо шунавад, ки ӯ Масеҳ аст. Ин ба Яҳё, ки аз занҷиру завлонаҳои зиндон хаста шудааст, қувват хоҳад бахшид. Аз афташ, чунин савол додани Яҳё сабаби дигар ҳам дорад. Шояд, ӯ ин хел фикр мекунад: «Дар Навиштаҳои Муқаддас пешгӯйӣ шудааст, ки Масеҳ подшоҳ ва халосгар мешавад. Ман бошам, моҳҳои зиёд аст, ки дар зиндонам. Оё баъди Исо боз каси дигаре меояду ҳамаи ин пешгӯйиҳоро иҷро мекунад?»
(Матто 11:16–19) Ин наслро бо кӣ муқоиса кунам? Он мисли кӯдаконест, ки дар бозорҳо мешинанд ва ба рафиқонашон фарёд зада 17 мегӯянд: «Барои шумо най навохтем, вале шумо рақс накардед. Мо навҳагарӣ кардем, вале шумо аз ғаму андӯҳ ба синаатон назадед». 18 Ба ин монанд, Яҳё хӯрок намехӯрад ва шароб наменӯшад, вале одамон мегӯянд: «Вай дев дорад». 19 Писари одам бошад, ҳам мехӯрад ва ҳам менӯшад, вале боз одамон мегӯянд: «Ана, одами пурхӯр ва майпараст, дӯсти ҷамъкунандагони андоз ва гунаҳкорон». Лекин бохирад будани одам аз корҳои дурусти ӯ маълум мегардад.
Вой бар ҳоли насли саркаш
Исо Яҳёро иззату эҳтиром мекунад, лекин аксари одамон ба ӯ чунин муносибат намекунанд. Исо мисоле оварда мегӯяд: «Ин насл... мисли кӯдаконест, ки дар бозорҳо мешинанд ва ба рафиқонашон фарёд зада мегӯянд: “Барои шумо най навохтем, вале шумо рақс накардед. Мо навҳагарӣ кардем, вале шумо аз ғаму андӯҳ ба синаатон назадед”» (Матто 11:16, 17).
Ин суханони Исо чӣ маъно доранд? Ӯ мефаҳмонад: «Яҳё хӯрок намехӯрад ва шароб наменӯшад, вале одамон мегӯянд: “Вай дев дорад”. Писари одам бошад, ҳам мехӯрад ва ҳам менӯшад, вале боз одамон мегӯянд: “Ана, одами пурхӯр ва майпараст, дӯсти ҷамъкунандагони андоз ва гунаҳкорон”» (Матто 11:18, 19). Яҳё назир аст. Ӯ чун назирони дигар умр ба сар мебарад ва шароб наменӯшад, лекин ин мардум мегӯяд, ки вай дев дорад (Ададҳо 6:2, 3; Луқо 1:15). Исо бошад, мисли дигарон мехӯраду менӯшад, лекин одамон мегӯянд, ки вай пурхӯру майпараст аст. Дар ҳақиқат, дили одамонро ёфтан душвор аст.
Хониши Китоби Муқаддас
(Матто 11:1–19) Пас аз он ки Исо ба дувоздаҳ шогирди худ дастур доданро тамом кард, аз он ҷо баромада, барои таълим додан ва мавъиза кардан ба шаҳрҳои гирду атроф рафт. 2 Вақте ки Яҳё дар зиндон оиди корҳои Масеҳ шунид, шогирдони худро фиристод, 3 то аз ӯ пурсанд: «Оё ту ҳамоне ҳастӣ, ки бояд биёяд, ё каси дигареро мунтазир шавем?» 4 Исо ба онҳо ҷавоб дод: «Биравед ва он чиро, ки мебинеду мешунавед, ба Яҳё хабар диҳед: 5 кӯрон мебинанд, лангон роҳ мегарданд, махавиён пок мешаванд, карон мешунаванд, мурдагон зинда мешаванд ва ба камбағалон хушхабар эълон мегардад. 6 Хушбахт аст касе, ки дар ҳаққи ман ба шубҳа намеафтад». 7 Ҳамин ки онҳо рафтанд, Исо ба мардум дар бораи Яҳё гуфт: «Шумо ба биёбон барои дидани чӣ рафта будед? Магар барои дидани қамише, ки аз шамол ба ҷунбиш меояд? 8 Пас, барои дидани чӣ рафта будед? Барои дидани марде, ки дар тан либоси нафису мулоим дорад? Онҳое, ки чунин либос мепӯшанд, дар қасрҳои подшоҳон зиндагӣ мекунанд. 9 Пас, барои чӣ рафта будед? Барои дидани пайғамбар? Ба шумо мегӯям, ки ӯ дар ҳақиқат пайғамбар аст ва ҳатто аз пайғамбар ҳам бузургтар. 10 Ӯ ҳамон шахсест, ки дар борааш навишта шудааст: “Инак, Ман пешопеши ту хабаррасони Худро мефиристам, то барои ту роҳ тайёр кунад!” 11 Ба ростӣ ба шумо мегӯям, ки дар байни онҳое, ки аз зан таваллуд шудаанд, шахси аз Яҳёи Таъмиддиҳанда бузургтаре ба миён наомадааст, лекин шахсе, ки дар Подшоҳии осмон хурдтарин мебошад, аз вай бузургтар аст. 12 Аз рӯзҳои Яҳёи Таъмиддиҳанда то ба имрӯз Подшоҳии осмон мақсадест, ки одамон бо ҷидду ҷаҳд сӯйи он мешитобанд, ва онҳое, ки ин тавр мекунанд, онро ба даст оварда истодаанд, 13 зеро ҳам Навиштаҳои пайғамбарон ва ҳам Таврот то замони Яҳё ояндаро пешгӯйӣ мекарданд. 14 Хоҳ инро қабул кунед, хоҳ не — ӯ ҳамон “Илёс аст, ки бояд биёяд”. 15 Ҳар кӣ гӯши шунаво дорад, бигзор гӯш диҳад. 16 Ин наслро бо кӣ муқоиса кунам? Он мисли кӯдаконест, ки дар бозорҳо мешинанд ва ба рафиқонашон фарёд зада 17 мегӯянд: “Барои шумо най навохтем, вале шумо рақс накардед. Мо навҳагарӣ кардем, вале шумо аз ғаму андӯҳ ба синаатон назадед”. 18 Ба ин монанд, Яҳё хӯрок намехӯрад ва шароб наменӯшад, вале одамон мегӯянд: “Вай дев дорад”. 19 Писари одам бошад, ҳам мехӯрад ва ҳам менӯшад, вале боз одамон мегӯянд: “Ана, одами пурхӯр ва майпараст, дӯсти ҷамъкунандагони андоз ва гунаҳкорон”. Лекин бохирад будани одам аз корҳои дурусти ӯ маълум мегардад”».