ДАРСИ 3
Истифодаи саволҳо
Матто 16:13–16
МАҚСАДИ ДАРС: Бо эҳтиром савол дода, шавқи шунавандагонро бедор кунед, бо онҳо мулоҳиза ронед ва диққатро ба фикрҳои асосӣ равона созед.
ИНРО ЧӢ ТАВР КУНЕМ?
Шавқи шунавандаро бедор кунед. Саволҳое диҳед, ки шахсро ба фикр кардан водор кунанд ва кунҷкобиашро бедор созанд.
Якҷоя мулоҳиза ронед. Як қатор саволҳо дода, ба шунаванда ёрӣ диҳед, ки пайдарҳамии фикрҳоро фаҳмад ва хулосаи дуруст барорад.
Диққатро ба фикрҳои асосӣ равона кунед. Пеш аз гуфтани фикри асосӣ саволе диҳед, ки диққати шахсро ҷалб кунад. Пас аз ҳар як фикри муҳим ё дар охири баромадатон барои такрор кардан аз саволҳо истифода баред.