Бародарони ҷавон, оё шумо ба ин кӯшиш карда истодаед?
1. Аз кадом вақт бародари ҷавон бояд маслиҳати 1 Тимотиюс 3:1-ро ба кор барад?
1 «Агар касе усқуфиро орзу кунад», яъне барои ба ӯҳда гирифтани масъулият кӯшиш намояд, «кори хубе орзу мекунад» (1 Тим. 3:1). Ин суханони илҳомбахшида бародаронро ба кӯшиш намудан бармеангезад, то барои ба ӯҳда гирифтани масъулият дар ҷамъомад мувофиқат кунанд. Магар танҳо баъд аз ба синни балоғат расидан шумо ба ин кӯшиш карда метавонед? Дар асл, барои ба ин мақсад расидан шумо аз айёми ҷавониатон аллакай кӯшиш карда метавонед. Чаро инро вақти беҳтарин гуфтан мумкин аст? Чунки дар айёми ҷавонӣ таълиму таҷриба гирифта метавонед ва вақте ба синни балоғат мерасед шумо аллакай нишон медиҳед, ки барои чун ходими ёвар хизмат намудан мувофиқат мекунед (1 Тим. 3:10). Агар шумо бародари ҷавони таъмидёфтаед, чӣ тавр барои мувофиқат намудан кӯшиш карда метавонед?
2. Чӣ тавр рӯҳияи фидокориро инкишоф ва нишон додан мумкин аст?
2 Рӯҳияи фидокорӣ. Дар хотир доред, ки шумо на ба унвон, балки ба кори хуб кӯшиш мекунед. Бинобар ин, хоҳиши ба бародарону хоҳарон ёрдам карданро дар худ инкишоф диҳед. Яке аз роҳҳо барои зиёд намудани чунин хоҳиш — ин мулоҳизаронӣ оиди намунаи олиҷаноби Исо мебошад (Мат. 20:28; Юҳ. 4:6, 7; 13:4, 5). Аз Яҳува барои нисбати дигарон ғамхор будан, кӯмак пурсед (1 Қӯр. 10:24). Оё шумо ба бародарону хоҳарони пиронсол ва онҳое, ки беморанд, дасти ёрӣ дароз карда метавонед? Оё шумо дар рӯбучини ҷои вохӯрии ҷамъомад кӯмаки худро пешкаш менамоед? Агар дар Мактаби таълими мавъиза ба ҷои ягон кас бо нутқ баромад кардан лозим ояд, оё шумо ба кӯмак омодаед? Шумо дарк хоҳед кард, ки баҳри дигарон хизмат намудан хурсандӣ меорад (Аъм. 20:35).
3. То чӣ андоза рушди рӯҳонӣ муҳим аст ва чӣ тавр онро инкишоф дода метавонем?
3 Инкишофёбии рӯҳонӣ. Барои ходими ҷамъомад на доштани қобилияту истеъдод, балки итоаткорӣ ба Худо муҳим мебошад. Шахси рӯҳан баркамол мекӯшад, то ба ҳама чиз аз нуқтаи назари Яҳува ва Исо муносибат кунад (1 Қӯр. 2:15, 16). Ӯ «самари Рӯҳ»-ро зоҳир мекунад (Ғал. 5:22, 23). Манфиатҳои Салтанати Худоро дар ҷои аввал гузошта, боғайратона мавъиза мекунад (Мат. 6:33). Агар мунтазам омӯзиши шахсӣ гузаронед, шумо дар худ хислатҳои ба Худо писандро инкишоф дода метавонед. Ба ин омӯзиш, ҳар рӯз хондани Китоби Муқаддас, хондани ҳар як нашри маҷаллаҳои «Бурҷи дидбонӣ» ва «Бедор шавед!», тайёрӣ ва ташрифорӣ ба вохӯриҳои ҷамъомад дохил мешавад (Заб. 1:1, 2; Ибр. 10:24, 25). Вақте Павлус Тимотиюси ҷавонро ба рушди рӯҳонӣ бармеангехт, ба ӯ чунин навишт: «Ба таълим[ат] диққат деҳ» (1 Тим. 4:15, 16). Пас дар иҷрои супоришҳои дар Мактаби таълими мавъиза гирифтаатон саъю кӯшиш намоед. Ба хизмати мавъиза тайёрӣ дида, дар он мунтазам иштирок кунед. Барои худ мақсадҳои рӯҳонӣ гузоред ва ба он расидан кӯшиш намоед. Баъзе аз мақсадҳо инҳоянд: чун пешрав хизмат кардан, хизмат дар Байт-Ил ва таҳсил дар Мактаби бар Навиштаҳо асосёфта барои бародарони безан. Рӯҳан инкишоф ёфтан барои «аз шаҳавоти ҷавонӣ» даргурез будан ба шумо кӯмак мерасонад (2 Тим. 2:22).
4. Эътимоднокӣ ва садоқатмандӣ чӣ арзише доранд?
4 Эътимоднокӣ ва садоқатмандӣ. Дар асри як бародарони таъиншуда, ки дар тақсим намудани ризқу рӯзӣ ба масеҳиёнӣ эҳтиёҷдошта иштирок мекарданд, «некном» буданд, яъне онҳоро чун шахсони эътимоднок ва содиқ медонистанд. Барои ҳамин ҳаввориён дилпур буданд, ки ин кор хуб иҷро карда мешавад. Ба шарофати ин, ҳаввориён диққати худро ба дигар масъалаҳои муҳим равона карданд (Аъм. 6:1–4). Аз ин рӯ, вақте ба шумо супорише дар ҷамъомад дода мешавад, барои иҷрои он аз таҳти дил кӯшиш кунед. Ба Нӯҳ, ки мувофиқи дастурот барои сохтани киштӣ амал намуда буд, пайравӣ кунед (Ҳас. 6:22). Дар назари Яҳува садоқатмандӣ арзиши баланде дорад ва аз рӯҳан баркамол будани шахс шаҳодат медиҳад (1 Қӯр. 4:2). Ба чорчӯба нигаред «Манфиат аз таълимдиҳӣ».
5. Чаро бародарони ҷавон барои ба ӯҳда гирифтани масъулият бояд кӯшиш кунанд?
5 Мувофиқи пешгӯӣ, Яҳува суръати кори ҷамъовариро тезонида истодааст (Иш. 60:22). Барои ҳамин ба ҳисоби миёна ҳар сол 250 000 нафар одамон таъмид мегиранд. Азбаски одамони зиёд ҳақиқатро қабул мекунанд, ба мардони рӯҳан баркамол, ки ба ӯҳда гирифтани масъулият дар ҷамъомад мувофиқат мекунанд, ниёз вуҷуд дорад. Имрӯз, беш аз пеш дар хизмати Яҳува кор хеле бисёр аст (1 Қӯр. 15:58). Бародарони ҷавон, оё шумо ба ин кӯшиш карда истодаед? Агар ин тавр бошад, шумо дар ҳақиқат кори хеле хубе орзу мекунед!
[Замима дар саҳифаи 2]
Азбаски одамони зиёд ҳақиқатро қабул мекунанд, ба мардони рӯҳан баркамол, ки ба ӯҳда гирифтани масъулият дар ҷамъомад мувофиқат мекунанд, ниёз вуҷуд дорад.
[Чорчӯба дар саҳифаи 3]
Манфиат аз таълимдиҳӣ
Бародарони ҷавон он вақт манфиат мегиранд, агар пирони ҷамъомад ба онҳо супориш диҳанд ва чӣ тавр иҷро кардани онро ёд диҳанд. Мисоли зерин инро тасдиқ мекунад. Баъд аз вохӯрӣ, нозири ноҳиявӣ дар саҳна нишаста, воизеро рӯҳбаланд мекард. Ӯ пай бурд, ки назди саҳна ҷавонписаре истодааст, бинобар ин аз ӯ пурсид, ки оё бо ӯ сӯҳбат кардан мехоҳад. Бародари ҷавон гуфт, ки ба ӯ супориш додаанд, ки баъд аз ҳар вохӯрӣ саҳнаро тоза кунад. Волидонаш аллакай ба хона рафтанӣ будан, аммо ӯ бошад, аввал супоришашро иҷро кардан мехост. Аз ин кӯшиши бародар нозири ноҳиявӣ хеле хурсанд шуд. Ӯ чунин гуфт: «Пирони ин ҷамъомад дар таълимдиҳии бародарони ҷавон бодиққат буданд ва ба онҳо дар ҷамъомад супоришҳои гуногунро медоданд. Бинобар ин ҳангоми ба ин ҷамъомад ташриф оварданам, онҳо ягон бародари ҷавонеро тавсия медоданд, то чун ходими ёвар хизмат кунад. Ин гуна тавсияҳо барои ин пирон ғайриоддӣ набуд».