ГАНҶҲОИ КАЛОМИ ХУДО | ХУРУҶ 6, 7
«Алҳол хоҳӣ дид, ки Ман ба фиръавн чиҳо мекунам»
Яҳува аввал ба исроилиён нияташро ошкор намуд ва баъд даҳ балоро ба сари мисриён оварда халқашро аз ғуломӣ озод кард. Ӯ қудрати худро бо роҳе нишон дод, ки исроилиён аз ин пеш ягон бор надида буданд ва дар натиҷаи он ҳатто мисриён кӣ будани Яҳуваро фаҳмиданд. Вақте нияту ваъдаҳои Худо амалӣ гаштанд, имони исроилиён мустаҳкам шуд ва ин ба онҳо ёрдам дод, то ба таъсири динҳои дурӯғе, ки дар Миср буданд, муқобилат намоянд.
Чӣ тавр ин воқеаи Китоби Муқаддас имони шуморо ба иҷрошавии ваъдаҳои Яҳува қавӣ мегардонад?