ОНЛАЙН-КИТОБХОНАИ Бурҷи дидбонӣ
ОНЛАЙН-КИТОБХОНАИ
Бурҷи дидбонӣ
тоҷикӣ
ӯ
  • ғ
  • ӣ
  • қ
  • ӯ
  • ҳ
  • ҷ
  • КИТОБИ МУҚАДДАС
  • АДАБИЁТ
  • ВОХӮРИҲО
  • th дарси 19 саҳ. 22
  • Ба дили кас роҳ ёбед

Видеонавор вуҷуд надорад.

Бубахшед, видеонавор боргирӣ нашуд.

  • Ба дили кас роҳ ёбед
  • Дар хониш ва таълим моҳир шавед
  • Маводи монанд
  • Бо шавқу завқ гап занед
    Дар хониш ва таълим моҳир шавед
  • Фоидаи мавзӯъро нишон диҳед
    Дар хониш ва таълим моҳир шавед
  • Рӯҳбаланд кунед
    Дар хониш ва таълим моҳир шавед
  • Бо меҳрубонӣ гап занед
    Дар хониш ва таълим моҳир шавед
Маълумоти бештар
Дар хониш ва таълим моҳир шавед
th дарси 19 саҳ. 22

ДАРСИ 19

Ба дили кас роҳ ёбед

Ояти овардашуда

Масалҳо 3:1

МАҚСАДИ ДАРС: Ба шунавандагон кӯмак кунед, ки чизҳои шунидаашонро қадр кунанд ва аз рӯйи он зиндагӣ кунанд.

ИНРО ЧӢ ТАВР КУНЕМ?

  • Ба шунавандагон ёрдам кунед, ки худро тафтиш кунанд. Ба онҳо саволҳо диҳед, то фикру ҳиссиёташонро санҷанд.

  • Барангезед, ки бо нияти дуруст амал кунанд. Шунавандагонро даъват кунед, ки дар бораи бо кадом ният ба Худо итоат карданашон фикр кунанд. Ба онҳо ёрдам кунед, ки корҳояшонро аз муҳаббат ба Яҳува, одамон ва таълимоти Китоби Муқаддас кунанд. Онҳоро насиҳати бисёр ва сарзаниш накунед, балки ҳамроҳашон мулоҳиза ронед. Инчунин тавре гап занед, ки шунавандагон дар хиҷолат намонанд ва худро гунаҳкор ҳис накунанд. Баръакс, онҳоро рӯҳбаланд кунед, то пас аз суханони шумо дар дилашон хоҳиши дуруст амал кардан пайдо шавад.

  • Диққати шунавандагонро ба Яҳува равона кунед. Қайд кунед, ки чӣ тавр таълимот, принсипҳо ва қонунҳои Китоби Муқаддас хислатҳои беҳамтои Яҳува ва муҳаббаташро нисбати мо нишон медиҳад. Ба шунавандагон ёрӣ диҳед, ки Яҳуваро дӯст доранд, ҳиссиёташро ба назар гиранд ва кӯшиш кунанд, ки ба Ӯ писанд оянд.

    Маслиҳат

    Фаромӯш накунед, ки Яҳува одамонро ба худаш ҷалб мекунад. Аз ин рӯ барои ба амал барангехтани шунавандагон аз Каломи Ӯ истифода баред.

ДАР ХИЗМАТ

Агар имкон бошад, аз саволҳо истифода бурда ба чӣ бовар доштани ҳамсӯҳбататонро фаҳмед. Ҳамчунин барои фаҳмидани фикру ҳиссиёти ӯ ба қиёфа ва оҳанги овозаш аҳамият диҳед. Пуртоқат бошед, зеро, барои он ки одам дили худро ба шумо кушояд, вақт лозим аст.

    Адабиёт дар забони тоҷикӣ (2000–2025)
    Баромадан
    Даромадан
    • тоҷикӣ
    • Фиристодан
    • Ҷӯркунӣ
    • Copyright © 2025 Watch Tower Bible and Tract Society of Pennsylvania
    • Шарти истифодабарӣ
    • Сиёсати ҳифзи асрор
    • Танзимоти ҳифзи асрор
    • JW.ORG
    • Даромадан
    Фиристодан