ОНЛАЙН-КИТОБХОНАИ Бурҷи дидбонӣ
ОНЛАЙН-КИТОБХОНАИ
Бурҷи дидбонӣ
тоҷикӣ
ӯ
  • ғ
  • ӣ
  • қ
  • ӯ
  • ҳ
  • ҷ
  • КИТОБИ МУҚАДДАС
  • АДАБИЁТ
  • ВОХӮРИҲО
  • mwbr25 январ саҳ. 1-10
  • Мавод барои дафтари вохӯрии «Ҳаёт ва хизмат»

Видеонавор вуҷуд надорад.

Бубахшед, видеонавор боргирӣ нашуд.

  • Мавод барои дафтари вохӯрии «Ҳаёт ва хизмат»
  • Мавод барои дафтари вохӯрии «Ҳаёт ва хизмати мо»—2025
  • Зерсарлавҳаҳо
  • 6–12 ЯНВАР
  • 13–19 ЯНВАР
  • 20–26 ЯНВАР
  • 27 ЯНВАР — 2 ФЕВРАЛ
  • 3–9 ФЕВРАЛ
  • 10–16 ФЕВРАЛ
  • 24 ФЕВРАЛ—2 МАРТ
Мавод барои дафтари вохӯрии «Ҳаёт ва хизмати мо»—2025
mwbr25 январ саҳ. 1-10

Мавод барои дафтари вохӯрии «Ҳаёт ва хизмат»

© 2024 Watch Tower Bible and Tract Society of Pennsylvania

6–12 ЯНВАР

ГАНҶҲОИ КАЛОМИ ХУДО ЗАБУР 127–134

Волидон, ба мероси бебаҳои худ ғамхорӣ карданро давом диҳед

w21.08 саҳ. 5, сарх. 9

Ҷойи худро дар оилаи Яҳува қадр кунед

9 Яҳува ба одамон қобилияти фарзанддор шуданро дод, ҳамчунин онҳоро вазифадор кард, ки фарзандонашонро таълим диҳанд, то ӯро дӯст доранд ва хизматашро ба ҷо оранд. Агар шумо волид бошед, оё аз ин туҳфаи бебаҳои Яҳува миннатдоред? Яҳува ба фариштагон бисёр қобилиятҳои аҷоиб дода бошад ҳам, онҳо фарзанддор шуда наметавонанд. Аз ин рӯ, агар шумо волид бошед, имконияти ба воя расондани фарзандонатонро қадр кунед. Ба волидон масъулияти ҷиддӣ дода шудааст, то фарзандонашонро «дар таълим ва насиҳати Яҳува» тарбия кунанд (Эфс. 6:4; 5 Мӯсо 6:5–7; Заб. 127:3). Барои ба волидон ёрӣ додан ташкилоти Яҳува бисёр маводи ба Китоби Муқаддас асосёфта, аз ҷумла адабиёт, видеонаворҳо, мусиқӣ ва маводи интернетиро тайёр кардааст. Маълум аст, ки ҳам Падари осмониамон ва ҳам Писараш фарзандони азизамонро хеле дӯст медоранд (Луқ. 18:15–17). Вақте Яҳува мебинад, ки волидон ба ӯ такя карда, дар бораи ҷигарбандонашон аз таҳти дил ғамхорӣ мекунанд, хеле хурсанд мешавад. Ҳамин тавр волидон ба фарзандони худ имконият медиҳанд, ки абадан аъзои оилаи Яҳува гарданд.

w19.12 саҳ. 27, сарх. 20

Волидон, фарзандонатонро таълим диҳед, то Яҳуваро дӯст доранд!

20 Бомулоҳиза бошед. Дар Забур боби 126 кӯдакон ба тирҳои камон монанд карда шудаанд. (Забур 126:4-ро хонед.) Дар замони қадим тирҳои камонро аз маводҳои гуногун месохтанд ва ҳаҷмашон низ ҳархела буда метавонист. Ба ин монанд, ду кӯдак дар як оила айнан якхела буда наметавонанд. Шояд фаҳмиш ва қобилияти онҳо гуногун аст. Барои ҳамин волидон бояд муайян кунанд, ки ҳар як фарзандашонро чӣ тавр таълим диҳанд. Як ҷуфти ҳамсарон аз Исроил, ки писар ва духтарашонро хуб ба воя расондаанд, нақл мекунанд, ки чӣ ба онҳо кӯмак кард. Онҳо мегӯянд: «Мо бо ҳар як фарзандамон дар алоҳидагӣ омӯзиш мекардем». Ҳоло фарзандони онҳо ба Яҳува хизмат мекунанд. Албатта, ҳар як сардори оила худаш қарор мекунад, ки бо ин тарз омӯзиш гузарондан лозим аст ё не.

Ҷустуҷӯйи ганҷҳои Калом

it «Набототи Китоби Муқаддас»

Таронасаро баъзе хусусиятҳои зайтунро пеши назар оварда, ба худотарсон чунин ваъда медиҳад: «Писаронат дар сари дастархонат мисли навдаҳои зайтун хоҳанд буд» (Зб 128:1–3). Барои шинондани дарахти нав аз дарахти куҳна қаламча ё навда мегиранд. Инчунин аз решаҳои дарахти пир навдаҳо баромада, ӯро аз нав тару тоза гардонда метавонанд. Ба ин монанд, писарон падарро чун навдаҳое, ки гирдогирди дарахт мерӯянд, иҳота карда, ба хушбахтии оила мусоидат мекунанд.

13–19 ЯНВАР

ГАНҶҲОИ КАЛОМИ ХУДО ЗАБУР 135–137

«Худованди мо аз ҳамаи дигар худоҳо бузургтар аст»

w15 15.6 саҳ. 6, сарх. 15

Масеҳ қуввати Худост

15 Кӣ ба Исо чунин қудрати бузургро ато карда буд? Яҳува. Барои ҳамин мо боварӣ дошта метавонем, ки Худои Қодир қувваҳои табиатро идора карда метавонад. Биёед якчанд мисолро аз гузашта ба хотир меорем. Масалан, пеш аз Тӯфон Яҳува гуфт: «Баъд аз ҳафт рӯз, Ман чил рӯз ва чил шаб ба замин борон меборонам» (Ҳас. 7:4). Ҳамчунин дар Хуруҷ 14:21 мо мехонем: «Худованд баҳрро бо боди шарқии сахте... ба ҳаракат даровард». Дар Юнус 1:4 навишта шудааст: «Худованд боди тунде бар баҳр бархезонд ва тӯфони бузурге дар баҳр ба амал омад ва киштӣ ба шикастан наздик буд». Донистани он ки ояндаи мо дар дасти чунин Худои пурқудрат аст, моро хотирҷамъ ва дилпур мекунад.

w21.11 саҳ. 6, сарх. 16

Меҳру вафои Яҳува ба шумо чӣ аҳамият дорад?

16 Агар Яҳува Паноҳгоҳамон бошад, мо худро ором ҳис мекунем. Лекин, эҳтимол, баъзан чунин мешавад, ки мо худро рӯҳафтода ё бепушту паноҳ ҳис мекунем. Дар чунин мавридҳо Яҳува барои мо чӣ кор мекунад? (Забур 136:23-ро хонед.) Ӯ бо дастони худ моро оҳиста мебардорад ва ёрӣ медиҳад, ки ба по хезем (Заб. 28:9; 94:18). Мо аз ин чӣ манфиат мегирем: Мо медонем, ки ҳамеша ба Яҳува такя карда метавонем ва ин ба мо аз ду ҷиҳат ёрдам мекунад. Якум, дар куҷое, ки зиндагӣ накунем, Яҳува ҳамеша моро ҳимоя мекунад ва дуюм, Падари осмонии меҳрубонамон дар бораи мо аз таҳти дил ғамхорӣ менамояд.

Ҷустуҷӯйи ганҷҳои Калом

it «Ёҳ»

Шакли кӯтоҳи номи Яҳува, яъне «Ёҳ», дар сурудҳои ситоишӣ ва дуову илтиҷо ҳангоми изҳори ҳиссиёти пурзӯр истифода мешавад. Одатан ин шакл дар зафарномаҳо ё матнҳое вомехӯранд, ки қуввати бузурги Худо болобардор карда мешавад. Барои тасдиқи ин фикр мисолҳои зиёде ҳастанд. Ибораи «Ёҳро ситоиш намоед!» дар китоби Забур барои ҳамди Худо истифода мешавад. Дар ин китоб он бори аввал дар боби 104 ояти 35 вомехӯрад. Дар баъзе таронаҳои Забур ин ибораро танҳо дар саршавӣ (Зб 111, 112), дар байн (Зб 135:3) ва баъзан танҳо дар охир дидан мумкин аст (Зб 104, 105, 115–117), лекин одатан он ҳам дар саршавӣ ва ҳам дар охири тарона меояд (Зб 106, 113, 135, 146–150). Дар китоби Ошкорсозӣ офаридаҳои рӯҳӣ Яҳуваро ситоиш намуда якчанд маротиба ин ибораро такрор мекунанд (Ошк 19:1–6).

Дар дигар ҷойҳои Китоби Муқаддас низ шакли кӯтоҳи номи Яҳува — «Ёҳ», дар сурудҳои ҳамду сано ва дуову илтиҷо истифода мешавад. Масалан, дар суруди Мӯсо, ки баъди наҷоти халқаш сароида буд (2Мс 15:2). Дар сурудҳои Ишаъё ҳар ду шакли номи Худо, «Ёҳ, Яҳува»-ро, дидан мумкин аст. Ӯ барои қайд кардани фикре ин ду шаклро якҷоя истифода бурдааст (Иш 12:2; 26:4). Вақте Ҳизқиё муъҷизавор шифо ёфту аз марг раҳо шуд, аз хурсандӣ якчанд бор калимаи «Ёҳ»-ро такрор карда, ҳиссиёташро шоирона баён намуд (Иш 38:9, 11). Дар Китоби Муқаддас мурдагоне, ки Ёҳро ситоиш карда наметавонанд, бо касоне, ки тамоми ҳаёташонро ба ситоиши Яҳува бахшидаанд, муқоиса карда шудаанд (Зб 115:17, 18; 118:17–19). Калимаи «Ёҳ» ҳамчунин дар таронаҳое, ки ба Яҳува барои наҷот, ҳимоя ва ислоҳаш миннатдорӣ баён карда мешавад, истифода шудааст (Зб 94:12; 118:5, 14).

20–26 ЯНВАР

ГАНҶҲОИ КАЛОМИ ХУДО ЗАБУР 138, 139

Нагузоред, ки тарсу ҳаяҷон садди роҳатон шавад

w19.01 саҳ. 10, сарх. 10

Дар ҷамъомад Яҳуваро ҳамд гӯед

10 Мумкин вақте шумо барои ҷавоб додан даст мебардоред, дилатон ба тапиш медарояд ва шуморо ларза фаро мегирад. Лекин шумо танҳо нестед. Дар асл, аксарияти мо ҳангоми ҷавоб додан каме тарс ҳис мекунем. Барои ба чунин тарс ғолиб омадан, шумо аввал бояд сабаби онро муайян кунед. Оё шумо аз он метарсед, ки гапатонро фаромӯш мекунед ё нодуруст ҷавоб медиҳед? Ё фикр мекунед, ки мисли дигарон шарҳи хуб дода наметавонед? Аслан аз ин чизҳо ба ташвиш омадан он қадар нодуруст нест. Чунки ин нишон медиҳад, ки шумо фурӯтанед ва дигаронро аз худ боло медонед. Яҳува ин хислатро қадр мекунад (Заб. 137:6; Флп. 2:3). Вале Яҳува инчунин мехоҳад, ки шумо бо шарҳҳои худ Ӯро ҷалол диҳед ва бародарону хоҳаронро рӯҳбаланд кунед (1 Тас. 5:11). Ӯ шуморо дӯст медорад ва чи қадаре ки даркор бошад, далерӣ медиҳад.

w23.04 саҳ. 21, сарх. 7

Дар вохӯриҳои ҷамоат якдигарро рӯҳбаланд кунед

7 Маслиҳатҳои баъзе нашрҳои «Бурҷи дидбонӣ»-ро аз назар гузарондан манфиатовар аст. Мисол, маслиҳат дода шуда буд, ки ба вохӯриҳо нағз тайёрӣ бинем (Пнм. 21:5). Чи қадаре маводро нағз аз худ кунем, ҳамон қадар шарҳ додан бароямон осон мешавад. Инчунин кӯшиш кунед, ки шарҳатон кӯтоҳ бошад (Пнм. 15:23; 17:27). Аз шарҳи кӯтоҳ додан шахс камтар ба ҳаяҷон меояд. Ба бародару хоҳарон ҳам мазмуни ҷавоби кӯтоҳи шуморо, ки шояд аз як ё ду ҷумла иборат аст, фаҳмидан осонтар мешавад. Баръакси ин мазмуни ҷавоби дуру дарозеро, ки фикрҳои бисёрро дар бар мегирад, фаҳмидан душвор аст. Ғайр аз ин, вақте шумо бо суханҳои худ шарҳи кӯтоҳ медиҳед, маълум мешавад, ки хуб тайёрӣ дидаед ва маводи омӯзиширо аз худ кардаед.

Ҷустуҷӯйи ганҷҳои Калом

it «Бахшидан»

Ғайр аз ин, аз масеҳиён талаб карда мешавад, ки дигаронро бахшанд ва кинаву хафагиро хоҳ кам бошад, хоҳ зиёд аз дилашон берун созанд (Лқ 17:3, 4; Эф 4:32; Қл 3:13). Худо касонеро, ки дигаронро бахшидан намехоҳанд, намебахшад (Мф 6:14, 15). Ӯ ҳатто гунаҳкореро, ки аз ҷамоат хориҷ мешавад, бо гузашти вақт мебахшад, ба шарте ки аз таҳти дил тавба кунад. Он гоҳ аҳли ҷамоат метавонад, муҳаббати худро ба ӯ нишон диҳад (1Қр 5:13; 2Қр 2:6–11). Ҳамзамон масеҳиён ба бахшидани бадхоҳон, ки қасдан гуноҳ мекунанду дар бораи тавба фикр ҳам намекунанд, вазифадор нестанд. Чунин бадкорон душмани Худо мегарданд (Ибр 10:26–31; Зб 139:21, 22).

27 ЯНВАР — 2 ФЕВРАЛ

ГАНҶҲОИ КАЛОМИ ХУДО ЗАБУР 140–143

Мувофиқи дуоҳоятон амал кунед

w22.02 саҳ. 12, сарх. 13, 14

«Суханони хирадмандонро бишнав»

13 Маслиҳатро чун нишонаи муҳаббати Яҳува қабул кунед. Яҳува беҳбудии моро мехоҳад (Пнм. 4:20–22). Вақте ӯ ба воситаи Каломаш, адабиёти бар он асосёфта ё масеҳии баркамоле ба мо маслиҳат медиҳад, бо ин муҳаббаташро изҳор мекунад. Дар Ибриён 12:9, 10 гуфта мешавад, ки «ӯ моро доимо ба фоидаи худамон ислоҳ мекунад».

14 Ба маслиҳат диққат диҳед, на ба тарзи додани он. Баъзан мо фикр карда метавонем, ки тарзи додани маслиҳат нодуруст буд. Албатта, шахсе, ки маслиҳат медиҳад, бояд кӯшиш кунад, ки қабул кардани он осон шавад (Ғал. 6:1). Лекин, вақте касе ба мо маслиҳат медиҳад, беҳтараш диққатро ба худи маслиҳат равона кунем, ҳатто агар ба ақидаамон тарзи додани он начандон дуруст буд. Дар ин гуна мавридҳо хуб мебуд аз худ пурсем: «Тарзи дода шудани маслиҳат ба ман маъқул нашуда бошад ҳам, оё аз он барои худ ягон манфиат гирифта метавонам? Оё метавонам ба нокомилии маслиҳатдиҳанда неву ба худи маслиҳат диққат дода аз он манфиат гирам?» Бале, агар мо роҳи аз маслиҳат манфиат гирифтанро ёбем, аз рӯйи хирад амал мекунем (Пнм. 15:31).

w10 15.3 саҳ. 32, сарх. 4

Дар ин замонҳои душвор «покдил» бимонед

Зиддиятҳо, душвориҳои иқтисодӣ ва бемориҳои ҷиддӣ сабаби рӯҳафтодагии баъзе ходимони Худо гаштаанд. Баъзан ин ҳолат ба дили рамзии онҳо таъсири бад мерасонад. Ҳатто шоҳ Довуд чунин душвориҳо дошт, ӯ гуфтааст: «Ҷонам аз ҳол рафтааст, дилам таҳ кашидааст» (Заб. 143:4). Чӣ ба вай кумак кард, ки бар чунин эҳсосоташ ғалаба кунад? Довуд ба хотир меовард, ки чӣ хел Яҳува бо хидматгоронаш рафтор мекард ва чӣ тавр Худо худи ӯро аз хатарҳо раҳо намуда буд. Инчунин Довуд мулоҳиза меронд, ки Яҳува ба хотири номи бузургаш чӣ корҳо карда буд. Фикри ӯ ҳамеша ба корҳои Яҳува банд буд (Заб. 143:5). Ба ин монанд, мулоҳиза дар бораи Офаридгорамон ва он чӣ ӯ барои мо карду ҳоло ҳам карда истодааст, дар вақти душвориҳо ба мо қувват мебахшад.

w15 15.3 саҳ. 32, сарх. 2

Издивоҷ «фақат дар Худованд» ҳоло ҳам имконпазир аст?

Баъзан шумо шояд худро мисли Довуди забурнавис ҳис мекунед. Ӯ гуфта буд: «Ба зудӣ маро иҷобат намо, эй Худованд! Рӯҳам хаста шудааст; рӯи Худро аз ман пинҳон надор» (Заб. 143:5–7, 10). Дар чунин лаҳзаҳо ба Падари осмониатон вақт диҳед, то иродаи худро нисбати шумо нишон диҳад. Бо он ки Каломи Худоро мехонеду дар бораи чизҳои хондаатон мулоҳиза меронед, шумо нишон медиҳед, ки Ӯро гӯш мекунед. Ҳамин тавр шумо мефаҳмед, ки Яҳува аз шумо чӣ интизор аст ва чӣ тавр Ӯ дар гузашта ба хизматгоронаш кӯмак мекард. Вақте Яҳуваро гӯш мекунед, хоҳиши ба Ӯ итоаткор монданатон қавитар мегардад.

Ҷустуҷӯйи ганҷҳои Калом

it «Заҳри ҳайвонот»

Маънои маҷозӣ. Дар Китоби Муқаддас дурӯғ ва туҳмати бадкорон, ки обрӯйи касро мерезонад, ба заҳри марговари мор монанд карда мешавад (Зб 58:3, 4). Он ҷо дар бораи туҳматгарон чунин гуфта шудааст: «Заҳри мори шибо зери лабонашон аст» (Зб 140:3; Рм 3:13). Агар донем, ки дар ҷоғи болои мори шибо, дар пушти ду дандони ашкаш, ғадудҳои заҳрбарор ҷойгиранд, ин ташбеҳ бароямон фаҳмотар мешавад. Забоне, ки барои туҳмат, бадгӯйӣ, паҳн кардани таълимоти дурӯғ ва ё барои бо ягон роҳи дигар осеб расонидан истифода мешавад, «зиёновар ва пур аз заҳри марговар» номида шудааст (Яқ 3:8).

3–9 ФЕВРАЛ

ГАНҶҲОИ КАЛОМИ ХУДО ЗАБУР 144–146

«Хушбахт аст халқе, ки Худояш Яҳува аст!»

w18.04 саҳ. 32, сарх. 3, 4

Саволҳои хонандагон

2. Тарҷумаи ҳозира бо дигар қисми таронаи 143 мувофиқ аст. Дар ояти 12 «он гоҳ» тарҷума шудани калимаи «ашер» нишон медиҳад, ки баракатҳои дар оятҳои 12 то 14 номбаршуда ба одамони росткор, яъне ба онҳое, ки аз дасти бадкорон халосӣ ёфтан мехоҳанд, дахл дорад (ояти 11). Ин тавр тарҷума шудани калимаи «ашер» ҳамчунин ба ояти 15 таъсир кард. Дар ин оят ду бор калимаи «хушо», ё «хушбахтанд», оварда шудааст. Ҳоло ду ҷумлаи ин оят, ки бо калимаи «хушо» сар мешаванд, бо ҳам алоқаманданд ва фикр равшантар шудааст. Акнун дар ҳар ду ҷумла сухан дар бораи хушбахтии танҳо як халқ меравад, ки Худояшон Яҳува аст. Инчунин ба назар гиред, ки матни аслии ибронӣ аломатҳои китобат, аз он ҷумла аломати нохунак, надошт. Бинобар ин тарҷумонон бояд шакли шеърии матни ибронӣ, оятҳои пасу пеш ва дигар порчаҳои монанди Китоби Муқаддасро ба инобат гирифта, маънои дурусти матнро муайян мекарданд.

3. Тарҷумаи ҳозира бо дигар порчаҳои Китоби Муқаддас, ки дар бораи баракатҳои ояндаи ходимони содиқи Худо мебошанд, мувофиқ аст. Азбаски калимаи «ашер» дигар хел тарҷума шуд, ҳоло ин таронаи Забур умедеро, ки Довуд ба Худо дошт, равшан нишон медиҳад. Ӯ умедвор буд, ки Худо исроилиёнро аз дасти душманон наҷот медиҳад ва ба халқаш хушбахтиву фаровонӣ ато мекунад (Ибд. 26:9, 10; Такр. Ш. 7:13; Заб. 128:1–6). Дар Такрори Шариат 28:4 низ гуфта шудааст: «Меваи батни ту ва ҳосили замини ту ва самараи чорпоёни ту, зоиши говони ту ва афзоиши гӯсфандони ту бобаракот хоҳад буд». Ҳамаи ин ваъдаҳо ҳангоми ҳукмронии писари Довуд, Сулаймон, иҷро шуданд, зеро халқи Худо дар сулҳу осоиштагӣ ва серию пурие, ки мислашро надида буданд, зиндагӣ мекард. Беш аз ин, подшоҳии Сулаймон ба ҳукмронии ояндаи Масеҳ ишора мекунад (3 Подш. 4:20, 21; Заб. 71:1–20).

w22.10 саҳ. 28, сарх. 16, 17

Умедатонро устувор нигоҳ доред

16 Умед ба ояндаи абадӣ ҳадияи беҳамтоест аз ҷониби Худо. Мо бесаброна ин ояндаи олиҷанобро интизорем — он ҳатман меояд. Умедамон лангарест, ки дар озмоишҳо ба мо қувват мебахшад, кумак мекунад, ки ба озору азият тоб орем ва ҳатто аз марг натарсем. Он монанди кулоҳест, ки фикррониямонро муҳофизат мекунад, то бадиро рад намоему ба некӣ бичаспем. Умеди мо, ки бар Китоби Муқаддас асос меёбад, моро ба Худо наздиктар мегардонад ва ошкор месозад, ки ӯ моро беҳад дӯст медорад. Бале, агар умедамонро зинда ва қавӣ нигоҳ дорем, манфиати зиёд мегирем.

17 Павлуси расул дар номааш ба румиён гуфта буд: «Аз умедатон хурсандӣ ёбед» (Рум. 12:12). Павлус хурсанд буда метавонист, зеро ӯ боварӣ дошт, ки агар то охир содиқ монад, ниҳоят, дар осмон соҳиби ҳаёти ҷовидонӣ мегардад. Мо низ имрӯз аз умеди худ шодӣ карда метавонем, зеро заррае ҳам шубҳа надорем, ки Яҳува ваъдаҳояшро иҷро мекунад. Забурнавис гуфтааст: «Хушбахт аст касе, ки... умеди ӯ Худояш Яҳува аст... Он кӣ ҳамеша бовафост» (Заб. 146:5, 6).

w18.01 саҳ. 26, сарх. 19, 20

Муҳаббате, ки хушбахтии ҳақиқӣ меорад

19 Тахминан 6000 сол аст, ки одамизод зери ҳукмронии Шайтон азобу уқубат мекашад. Дар ин рӯзҳои охир замин пур аз одамони худбин, пулпараст ва ишратдӯст гаштааст. Ин гуна одамон фақат дар бораи фоидаи худ фикр карда хоҳишҳои худро аз ҳама чиз боло мемонанд. Онҳо ҳеҷ гоҳ хушбахтии ҳақиқиро ба даст оварда наметавонанд. Вале забурнавис мегӯяд, ки кадом одамон ҳақиқатан хушбахт мебошанд: «Хушо касе ки Худои Яъқуб мададгори ӯст, ва умеди ӯ бар Худованд Худои ӯст» (Заб. 145:5).

20 Муҳаббате, ки мо ба Яҳува дорем, рӯз аз рӯз меафзояд. Сафи ходимони Худо низ ҳар сол зиёд мешавад. Ин далели он аст, ки Подшоҳии Худо ҳукмронӣ карда истодааст ва ба наздикӣ ба сокинони замин баракатҳои бешумор меорад. Онҳое, ки хости Худоро ба ҷо меоранд ва розигии Ӯро соҳиб мешаванд, шодиву хурсандии бепоён меёбанд. Муҳаббат ба Яҳува ба онҳо хушбахтии абадӣ меорад! Дар мақолаи навбатӣ мо баъзе хислатҳоеро дида мебароем, ки ба одамони худбин хосанд. Инчунин мебинем, ки ходимони Яҳува бо кадом хислатҳои некашон аз дигарон фарқ мекунанд.

Ҷустуҷӯйи ганҷҳои Калом

it «Ҳайвонот»

Китоби Муқаддас таълим медиҳад, ки бо ҳайвонҳо дуруст муносибат намоем ва ба онҳо раҳм кунем. Яҳува ба тамоми ҷонварон ғамхор аст ва дар ин кор ба мо намуна гузоштааст (Пнм 12:10; Зб 145:15, 16). Дар Шариати Мӯсо навишта шуда буд, ки бо ҳайвонҳои хонагӣ чӣ хел муносибат кардан даркор аст. Шахсе, агар ҳайвони роҳгумзадаро меёфт, бояд онро ба соҳибаш бармегардонд. Агар медид, ки ҳайвоне зери бораш афтодааст, бояд борашро мефаровард (2Мс 23:4, 5). Ҳайвонро бераҳмона кор фармудан мумкин набуд (5Мс 22:10; 25:4). Ҳайвонҳо мисли одамон рӯзи шанбе дам мегирифтанд (2Мс 20:10; 23:12; 5Мс 5:14). Ҳайвони бадхашмро назорат кардан лозим буд, чунки, агар ба касе осеб мерасонд, онро мекуштанд (1Мс 9:5; 2Мс 21:28, 29). Чорпои ҳархеларо ҷуфт кардан манъ буд (3Мс 19:19).

10–16 ФЕВРАЛ

ГАНҶҲОИ КАЛОМИ ХУДО ЗАБУР 147–150

Мо барои ҷалол додани Ёҳ сабабҳои бисёр дорем

w17.07 саҳ. 18, сарх. 5, 6

Чаро мо бояд Яҳуваро ҳамд гӯем?

5 Яҳува на фақат халқи Исроилро тасаллӣ медод. Инчунин Ӯ ҳар як шахсро дар алоҳидагӣ тасаллӣ медод. Имрӯз ҳам Худо ҳамин хел амал мекунад. Забурнавис дар бораи Яҳува навишта буд: «Дилшикастагонро шифо мебахшад, ва ҷароҳатҳои онҳоро мебандад» (Заб. 146:3). Дар вақти касалӣ ва ё рӯҳафтодагӣ мо дилпур буда метавонем, ки Худо дар бораамон ғамхорӣ мекунад. Яҳува сахт мехоҳад, ки моро тасаллӣ диҳад ва дарду азобамонро кам кунад (Заб. 33:19; Иш. 57:15). Ӯ ба мо хирад ва қувват медиҳад, то ҳар гуна душвориҳоро паси сар карда тавонем (Яъқ. 1:5).

6 Забурнавис ба осмон нигоҳ карда гуфт, ки Яҳува «миқдори ситораҳоро ба ҳисоб мегирад» ва «ҳамаи онҳоро бо номҳошон мехонад» (Заб. 146:4). Таронасаро ситораҳоро медид, аммо ҳатто тасаввур намекард, ки то чӣ андоза онҳо сершуморанд. Дар рӯзҳои мо олимон муайян кардаанд, ки шумораи ситораҳо хеле зиёд аст. Баъзеи онҳо тахмин мекунанд, ки танҳо дар галактикаи Роҳи Каҳкашон миллиардҳо ситора вуҷуд дорад. Дар коинот бошад, шояд садҳо миллиард галактика мавҷуд аст. Дар ҳақиқат, мо ситораҳоро ҳисоб карда наметавонем, аммо Яҳува на танҳо шумораашонро, балки номи ҳар яки онҳоро медонад (1 Қӯр. 15:41). Дар бораи одамон, ки офаридаҳои заминии Ӯ мебошанд, чӣ гуфтан мумкин аст? Оё Худое, ки ҳар як ситораро бо номаш медонад, шуморо намешиносад? Бале, Худо медонад, ки шумо дар куҷоед, худро чӣ хел ҳис мекунед ва ба чӣ мӯҳтоҷед. Ӯ ҳама вақт аз ҳолу аҳволи шумо бохабар аст.

w17.07 саҳ. 18, сарх. 7

Чаро мо бояд Яҳуваро ҳамд гӯем?

7 Яҳува на фақат шуморо мешиносад, балки қудрат ва хоҳиши ба шумо ёрдам карданро дорад. (Забур 146:5-ро хонед.) Шояд шумо фикр кунед, ки вазъиятатон аз ҳад душвор аст ва шумо қувваи онро бардоштан надоред. Яҳува шуморо нағз мефаҳмад, Ӯ «дар хотир дорад, ки мо хок ҳастем» (Заб. 102:14). Мо аз рӯйи нокомилиамон такрор ба такрор хато мекунем. Чӣ қадар мо аз суханон, хоҳишҳо ва рашку ҳасади нодурустамон пушаймонем! Ҳарчанд Яҳува ҳеҷ гоҳ хато намекунад, Ӯ ҳиссиёти моро нағз мефаҳмад, зеро хиради бепоён дорад (Иш. 40:28).

w17.07 саҳ. 21, сарх. 18

Чаро мо бояд Яҳуваро ҳамд гӯем?

18 Таронасаро медонист, ки Яҳува аз байни халқҳо халқи Исроилро чун халқи худ интихоб кардааст. Исроил ягона халқе буд, ки Худо «калом», «фароиз... ва дастурҳои Худро» ба онҳо дода буд. (Забур 147:8, 9-ро хонед.) Имрӯз низ мо ягона халқе мебошем, ки бо исми Худо хонда шудаем. Мо хеле хурсандем, ки Яҳуваро мешиносем ва Каломашро дар ҳаёт истифода мебарем, ҳамчунин имконияти бо Ӯ наздик шуданро дорем. Бешубҳа, мо низ мисли нависандаи Забур 146 ва 147 барои Яҳуваро ҳамду сано хондан ва дигаронро ба ин кор барангехтан сабабҳои зиёд дорем.

Ҷустуҷӯйи ганҷҳои Калом

it «Парандагон»

Таронанавис «парандагони болдор»-ро даъват мекард, ки Яҳуваро ситоиш кунанд (Зб 148:1, 10). Онҳо бо сохти мураккабашон, дар ҳақиқат, Худоро ҷалол медиҳанд. Як паранда метавонад аз 1000 то 20 000 ё аз ин ҳам зиёдтар пар дошта бошад. Ҳар як пар аз тири асосӣ ва бодбезакҳо иборат аст. Бодбезаки пар дар навбати худ аз садҳо мӯякчаҳо иборат аст, ки ҳар яки он боз ба садҳо мӯякчаҳои майдаи дигар рӯпӯш шудааст, ҳар яки ин мӯякчаҳо бошанд, садҳо чангакҳо доранд. Барои мисол, пари кабӯтар, ки 15 см дарозӣ дорад, аз садҳо ҳазор мӯякчаҳо ва миллионҳо чангакҳо иборат аст. Аз нуқтаи назари илми аэродинамика, сохти бол ва бадани паранда аз сохти ҳавопаймои замонавӣ мураккабтар асту дақиқтар кор мекунад. Устухонҳои ковоки паранда скелеташро сабуктар мегардонанд. Масалан, боли парандаи синабодкунак (фрегат) қариб 2 метр дарозӣ дорад, вале вазнаш тақрибан 110 граммро ташкил медиҳад. Устухонҳои боли парандаҳои калон, ки дурудароз парвоз мекунанд, баъзеяшон ковоканд ва ҳатто девораҳо доранд. Ин девораҳо ба тиргакҳои боли ҳавопаймо монанданд.

17–23 ФЕВРАЛ

ГАНҶҲОИ КАЛОМИ ХУДО ПАНДНОМА 1

Ҷавонон, шумо ба кӣ гӯш медиҳед?

w17.11 саҳ. 29, сарх. 16, 17

Ба ҳеҷ чиз роҳ надиҳед, ки шуморо аз мукофот маҳрум созад

16 Шояд шумо ҳоло наврас ҳастед ва ҳис мекунед, ки падару модаратон шуморо намефаҳманд ё сахтгиранд. Шумо аз ин сахт зиқ шуда, ҳатто шубҳа карда метавонед, ки хизмат ба Яҳува роҳи беҳтарини ҳаёт аст. Лекин, агар шумо хизмати Яҳуваро бас кунед, пушаймон мешавед, зеро ягон кас дар ин дунё шуморо мисли волидон ва ёру дӯстони масеҳиатон нағз намебинад.

17 Агар волидонатон боре ҳам шуморо ислоҳ накунанд, аз куҷо мефаҳмед, ки онҳо дар бораатон ғамхорӣ мекунанд (Ибр. 12:8). Падару модаратон нокомиланд, барои ҳамин шояд тарзи тарбияи онҳо ба шумо маъқул нашавад. Ба ҷойи диққати худро ба тарзи тарбияи онҳо равона кардан, беҳтараш сабаби чунин рафтор кардани онҳоро фаҳмед. Оромиро нигоҳ доред ва, агар хатогиатонро ислоҳ кунанд, зуд ба хашм наоед. Китоби Муқаддас чунин мегӯяд: «Соҳиби дониш суханони худро бозмедорад, ва шахси хирадманд хунсард аст» (Мас. 17:27). Дар пеши худ мақсад гузоред, ки шахси баркамол мешавед ва новобаста аз он ки бо кадом тарз ба шумо маслиҳат медиҳанд, аз он манфиат мегиред (Мас. 1:8). Ҳеҷ гоҳ фаромӯш накунед, ки волидони худотарс атои бебаҳо мебошанд. Онҳо мехоҳанд, ки барои ба даст овардани ҳаёти ҷовидона ба шумо ёрдам кунанд.

w05 15.2 саҳ. 19, 20, сарх. 11, 12

Беайбии худро нигоҳ доред

11 Розигии Худоро биҷӯед, на одамонро. Табиист, ки мо мехоҳем ҷомеа ва дӯстон моро қабул кунанд. Ҳар як шахс ба дӯст ниёз дорад ва, вақте ба гурӯҳи онҳо пазируфта мешавем, худро нағз ҳис мекунем. Фишори ҳамсолон на танҳо дар давраи наврасӣ, балки дар давраҳои дигар низ пурзӯр аст. Аз ин сабаб мо мехоҳем, ки ҳамранги дигарон бошем ва ба онҳо писанд оем. Аммо дӯстон ва ҳамсолон на ҳама вақт дар бораи манфиати мо фикр мекунанд. Баъзан ба онҳо дар корҳои нодурусташон шарик лозим асту халос (Панднома 1:11–19). Вақте масеҳӣ ба фишори ҳамсолонаш дода мешавад, вай одатан кӣ буданашро пинҳон мекунад (Забур 26:4). Павлуси расул моро огоҳ карда буд: «Дигар худро ба одамони ин ҷаҳон ҳамшакл насозед» (Румиён 12:2). Барои мубориза бо ин гуна фишорҳо Яҳува ба мо қувватеро, ки ба он эҳтиёҷ дорем, саховатмандона медиҳад (Ибриён 13:6).

12 Вақте ин гуна фишорҳо шахсияти мо, масеҳиёнро, вайрон мекунанд, бояд дар хотир дошта бошем, ки вафодорӣ ба Яҳува аз фикри дигарон дар бораи мо ё аз хоҳиши ба аксарият пайравӣ кардан, муҳимтар аст. Дар 2 Мӯсо 23:2 чунин гуфта мешавад: «Дар кори бад аз пайи бисёриҳо нарав». Вақте аксари яҳудиён шак оварда, фикр карданд, ки Яҳува ба иҷрои ваъдааш қодир нест, Колеб ба фикри онҳо зид баромад. Ӯ бовар дошт, ки ваъдаҳои Худо ҳатман иҷро мешаванд ва барои ин кораш Яҳува ӯро баракати бисёр дод (4 Мӯсо 13:30; Юшаъ 14:6–11). Оё шумо низ барои нигоҳ доштани дӯстии худ бо Яҳува, тайёред, ки ба ақидаи аксарият ва фишори ҳамранги дигарон шудан муқобилат кунед?

Ҷустуҷӯйи ганҷҳои Калом

it «Аблаҳ»

Дар Китоби Муқаддас зери калимаи «аблаҳ» на одами камақл, балки одаме дар назар дошта шудааст, ки хирадро рад мекунад, бадахлоқиро пеша менамояд ва зидди меъёрҳои одилонаи Худо амал мекунад. Дар забони ибронӣ ва юнонӣ барои тасвири чунин шахсон якчанд калима истифода мешавад. Калимаи ибронии кеси́л ва эви́л — «содда» (Пнм 1:22; 12:15), нава́л — «аблаҳ» (Пнм 17:7) ва летс — «нописанд» тарҷума мешаванд (Пнм 13:1). Калимаи юнонии а́фрон ва ано́етос — «нодон» (Лқ 12:20; Ғл 3:1), моро́с бошад, «бефаҳм» ё «бехирад» тарҷума шудааст (Мт 23:17; 25:2).

24 ФЕВРАЛ—2 МАРТ

ГАНҶҲОИ КАЛОМИ ХУДО ПАНДНОМА 2

Чаро бояд ба омӯзиши шахсӣ ҷиддӣ назар кунем?

w22.08 саҳ. 18, сарх. 16

«Бо роҳи ростӣ рав»

16 На ба ҳар яки мо хондан ё омӯхтан маъқул аст, лекин Яҳува моро даъват мекунад, ки барои хубтар фаҳмидани ҳақиқат минбаъд низ «ҷустуҷӯ» намоем ва «кофтуков» кунем. (Панднома 2:4–6-ро хонед.) Ин меҳнат фоидаи зиёд меорад. Масалан, Коре ном бародаре ҳангоми хониши Китоби Муқаддас ҳар як оятро таҳқиқ мекунад. Ӯ мефаҳмонад: «Ман ҳар як поварақ ва оятҳои паралеллиро аз назар мегузаронам, инчунин оятро нағзакак таҳқиқ мекунам... Ин усулро ба кор бурда ман бисёр чизро мефаҳмам». Кадом усулеро ба кор набарем, агар барои таҳқиқ вақт ҷудо намоем, нишон медиҳем, ки ҳақиқатро қадр мекунем (Заб. 1:1–3).

w22.10 саҳ. 19, сарх. 3, 4

Ҳикмат нидо карда истодааст

3 Хирад ин қобилияти донишро ба кор бурда қарорҳои хуб қабул кардан мебошад. Лекин хиради ҳақиқӣ чизи бештарро дар бар мегирад. Дар Китоби Муқаддас гуфта мешавад: «Тарс аз Яҳува оғози хирад аст ва дониши Худованди Пок фаҳм мебахшад» (Пнм. 9:10). Барои ҳамин, вақте қарорҳои муҳим қабул мекунем, мо бояд «дониши Худованди Пок», яъне пеш аз ҳама нуқтаи назари Яҳуваро ба инобат гирем. Дар ин кор ба мо омӯхтани Китоби Муқаддас ва адабиёти ташкилот ёрдам мекунад. Ин тавр кардан нишонаи хирадмандист (Пнм. 2:5–7).

4 Танҳо Яҳува ба мо хиради ҳақиқиро дода метавонад (Рум. 16:27). Чаро гуфтан мумкин аст, ки ӯ Сарчашмаи хирад аст? Якум, азбаски ӯ Офаридгор мебошад, дорои дониши бемаҳдуд аст ва офаридаҳояшро нағз медонад (Заб. 104:24). Дуюм, дар тамоми амалҳои ӯ хирадашро дидан мумкин (Рум. 11:33). Сеюм, маслиҳати хирадмандонаи Яҳува ба онҳое, ки аз рӯйи он зиндагӣ мекунанд, ҳамеша манфиат меорад (Пнм. 2:10–12). Агар мо хоҳем, ки хиради ҳақиқиро ба даст орем, бояд ин ҳақиқатҳои муҳимро қабул кунем, то онҳо моро ҳангоми қарор баровардан роҳнамоӣ кунанд ва ба амалҳоямон таъсир расонанд.

w16.09 саҳ. 23, сарх. 2, 3

Ҷавонон, имонатонро қавӣ кунед!

2 Шояд ба шумо чун ба ходими ҷавони Яҳува ё омӯзандаи Каломи Худо фишор оранд, ки назарияи эволютсияро қабул кунед. Агар ин тавр бошад, қадамҳое ҳастанд, ки барои истодагарӣ кардан ба шумо кӯмак мекунанд. Яке аз қадамҳо ин истифодаи қобилияти фикрроние мебошад, ки Худо бароятон ато кардааст. Он шуморо «нигаҳбонӣ хоҳад намуд» ва имонатонро аз таъсири фалсафаҳои ҷаҳонӣ муҳофизат хоҳад кард. (Масалҳо 2:10–12-ро хонед.)

3 Имони ҳақиқӣ бар дониши ростӣ дар бораи Худо асос ёфтааст (1 Тим. 2:4). Барои ҳамин Каломи Худо ва адабиётамонро саросемавор нахонед, балки қобилияти фикрронии худро истифода бурда ба маънои чизи хондаатон сарфаҳм равед (Мат. 13:23). Биёед бинем, ки чӣ тавр ба воситаи ин имонатонро ба Офаридгор ва ба Китоби Муқаддас қавӣ карда метавонед (Ибр. 11:1).

Ҷустуҷӯйи ганҷҳои Калом

it «Беайбӣ»

Шахс беайбияшро бо иродаи оҳанин нигоҳ дошта наметавонад. Пас, чӣ ба ӯ кумак мекунад, ки беайб монад? Дилпурӣ аз Яҳува, имони қавӣ ва такя ба қуввати бузурги ӯ (Зб 25:21). Худо ваъда медиҳад, ки барои беайбон «сипар» ва «қалъа» мешавад, яъне онҳоро муҳофизат мекунад (Пнм 2:6–8; 10:29; Зб 41:12). Хоҳиши доимо ба Яҳува писанд омадан ҳаёти чунин нафаронро бехатар мегардонад ва кумак мекунад, ки бо дилпурӣ сӯйи мақсадҳои худ ҳаракат кунанд (Зб 26:1–3; Пнм 11:5; 28:18). Ба гуфти Айюб одами беайб зери ҳукмронии бадкор азоб мекашад ва дар қатори бадкорон аз олам мегузарад, аммо Яҳува моро дилпур месозад, ки аз душвориҳои беайбон бохабар аст, ӯ ваъда медиҳад, ки мероси онҳоро то абад пойдору ояндаашонро осоишта мегардонад ва онҳо аз некуии бисёр бархурдор мешаванд (Аб 9:20–22; Зб 37:18, 19, 37; 84:11; Пнм 28:10). Чи хеле ки аз мисоли Айюб мебинем, шахсро на боигарӣ, балки беайбияш болобардор намуда, сазовори ҳурмат мегардонад (Пнм 19:1; 28:6). Фарзандони чунин нафарон хушбахтанд (Пнм 20:7), чунки онҳоро чун фарзандони одами баобрӯ ва соҳибэҳтиром мешиносанд.

    Адабиёт дар забони тоҷикӣ (2000–2025)
    Баромадан
    Даромадан
    • тоҷикӣ
    • Фиристодан
    • Ҷӯркунӣ
    • Copyright © 2025 Watch Tower Bible and Tract Society of Pennsylvania
    • Шарти истифодабарӣ
    • Сиёсати ҳифзи асрор
    • Танзимоти ҳифзи асрор
    • JW.ORG
    • Даромадан
    Фиристодан