Суруди 53
Дар ягонагӣ ҳамкорӣ мекунем
1. Мо аз он чӣ гуфт Худованд
Ҳастем якҷоя баҳраманд.
Байнамон ҳаст ягонагӣ,
Ин орад хушбахтӣ.
Бародарият ҳаст
Баҳри мо азиз.
«Кор бисёр аст»,— гӯяд Худо.
Шуд ба мо Писараш Пешво.
Бигзор бошем итоаткор,
Бо якдигар ҳамкор.
2. Дар гуфтор ва ҳам дар рафтор
Гар бо ҳам мо бошем созгор,
Мегардад афзун шодмонӣ
Ва осоиштагӣ.
Гар бо ҳам якдилем,
Шавем рӯҳбаланд.
Дорем байни худ муҳаббат,
Орад ин ба мо баракат.
Хоҳем зист бо ҳам то абад —
Диҳад Худо мадад.
(Ҳамчунин нигаред ба Мико 2:12; Саф. 3:9; 1 Қӯр. 1:10.)