ОНЛАЙН-КИТОБХОНАИ Бурҷи дидбонӣ
ОНЛАЙН-КИТОБХОНАИ
Бурҷи дидбонӣ
Тоҷикӣ
ӯ
  • ғ
  • ӣ
  • қ
  • ӯ
  • ҳ
  • ҷ
  • КИТОБИ МУҚАДДАС
  • АДАБИЁТ
  • ВОХӮРИҲО
  • g22 № 1 саҳ. 13-15
  • 4 Умеди худро қавӣ нигоҳ доред

Видеонавор вуҷуд надорад.

Бубахшед, видеонавор боргирӣ нашуд.

  • 4 Умеди худро қавӣ нигоҳ доред
  • Бедор шавед!—2022
  • Зерсарлавҳаҳо
  • Маводи монанд
  • ЧАРО ИН МУҲИМ АСТ?
  • Маълумоти муфид
  • Чораҳое, ки андешида метавонед
  • Китоби Муқаддас умеди ҳақиқӣ мебахшад
  • Китоби Муқаддас умед мебахшад
    То абад зинда бошед! Омӯзиши Китоби Муқаддас
  • Китоби Муқаддас умед мебахшад
    То абад зинда бошед! — Омӯзиши Китоби Муқаддас (дарсҳои аввал)
  • Соли 2024 ба чӣ умед бандем? Китоби Муқаддас дар ин бора чӣ мегӯяд?
    Мавзуъҳои гуногун
  • Умеди ҳақиқиро аз куҷо ёфтан мумкин аст?
    Бедор шавед!—2004
Бедор шавед!—2022
g22 № 1 саҳ. 13-15
Дар пеши кӯзаи гул Китоби Муқаддаси кушода.

ДУНЁ НООРОМ АСТ

4 | Умеди худро қавӣ нигоҳ доред

ЧАРО ИН МУҲИМ АСТ?

Аз сабаби нооромии ин ҷаҳон одамон аз ҷиҳати ҷисмонӣ ва равонӣ зарар мебинанд. Дар чунин муҳит бисёр касон аз оянда ноумед мегарданд. Ин ҳолат чӣ тавр ба онҳо таъсир мекунад?

  • Баъзе одамон дар бораи оянда ҳатто фикр кардан намехоҳанд.

  • Дигарон барои ғаму ташвишро фаромӯш кардан даст ба шароб ё нашъа мезананд.

  • Баъзеҳо мегӯянд, ки «аз чунин ҳаёт марг беҳтар аст», барои ҳамин дар бораи худкушӣ фикр мекунанд.

Маълумоти муфид

  • Баъзе мушкилиҳое, ки доред, муваққатианд ва ногаҳон роҳи ҳалли худро ёфта метавонанд.

  • Ҳатто агар вазъиятатон тағйир наёбад, шумо барои истодагӣ кардан чораҳои заруриро андешида метавонед.

  • Дар Китоби Муқаддас ваъда дода шудааст, ки мушкилиҳои одамизод пурра бартараф мегардад.

Чораҳое, ки андешида метавонед

Дар Китоби Муқаддас гуфта шудааст: «Ҳеҷ гоҳ ғами фардоро нахӯред, зеро фардо ғаму ташвишҳои худро дорад. Ташвиши имрӯза барои ҳамин рӯз басанда аст» (Матто 6:34).

Дар бораи фардо ғам нахӯред. Нагузоред, ки ташвишу хавотирӣ дар бораи фардо шуморо аз иҷрои корҳои имрӯза боздорад.

Дар бораи чизҳои нохуше, ки рӯй доданашон ба гумон аст, аз ҳад зиёд ташвиш хӯрдан аҳволатонро бадтар мегардонад ва шумо ба ояндаи нек умедатонро гум мекунед.

ХУДРО ҲИФЗ НАМОЕД. Маслиҳатҳои муфид

БА ЧИЗҲОИ ХУБ ДИҚҚАТ КУНЕД

Зане бо қаноатмандӣ ба берун нигоҳ мекунад.

Дар Китоби Муқаддас гуфта шудааст: «Ғамзада якумр рӯзаш сиёҳ аст, аммо дилшод ҳар рӯз тӯй дорад» (Панднома 15:15). Фикрҳои манфӣ ақли моро тира мекунад ва мо ҳалли мушкилиро намебинем. Баръакси ин, некбинӣ кумак мекунад, ки роҳи ҳалли мушкилиамонро ёбем.

  • Ба хондану тамошои ахбор вақти бисёр сарф накунед.

  • Дар охири ҳар рӯз дар бораи ду-се чизе фикр кунед, ки барояшон миннатдор буда метавонед.

  • Рӯйхати корҳоеро тартиб диҳед, ки имрӯз карда метавонед. Сипас корҳои калонро ба якчанд кори хурд тақсим кунед. Он гоҳ дар охири рӯз натиҷаи меҳнататонро дида қаноатманд мешавед.

КУМАК ПУРСЕД

Марди калонсол ҷавонеро дилбардорӣ карда истодааст.

Дар Китоби Муқаддас гуфта шудааст: «Одамгурез... зидди фаҳму хирад рафтор мекунад» (Панднома 18:1). Аз чоҳи чуқур шумо худатон баромада наметавонед, лекин, агар касе дасти ёрӣ дароз кунад, мебароед.

  • Аз наздикон ва дӯстонатон кумак пурсед.

  • Инчунин фикр кунед, ки чӣ тавр шумо ба онҳо кумак карда метавонед. Ин тавр карда шумо фақат андармони мушкилиҳои худ намешавед.

  • Агар шумо ноумед гашта, ҳис кунед, ки мурдан мехоҳед, ба духтур муроҷиат намоед. Зеро баъзан сабаби дилшикастагӣ афсурдаҳолӣ (депрессия) аст. Бисёр одамон табобат гирифта худро беҳтар ҳис кардаандa.

a Маҷаллаи «Бедор шавед!» ягон намуди табобатро маслиҳат намедиҳад.

Китоби Муқаддас умеди ҳақиқӣ мебахшад

Дар замонҳои қадим як хизматгори Худо чунин дуо гуфта буд: «Каломи ту чароғ аст барои поям ва рӯшноист барои роҳам» (Забур 119:105). Дар бораи Каломи Худо ин тавр гуфтан меарзад. Барои чӣ?

Чи хеле ки чароғ дар шаби торик пеши поямонро равшан мекунад, ба ин монанд хираде, ки дар Китоби Муқаддас ҳаст, ҳангоми қабули қарори душвор моро роҳнамоӣ мекунад.

Рӯшноӣ кумак мекунад, то бинем, ки дар пеш чӣ аст. Ҳамин тавр Китоби Муқаддас ба мо ёрӣ медиҳад, то фаҳмем, ки моро чӣ гуна ояндаи нек интизор аст.

Китоби Муқаддас, китоби илоҳист, ки на танҳо дар бораи оғози таърихи инсоният нақл мекунад, он инчунин ба ояндаи дурахшон умед мебахшад. Дар он ба саволҳои зерин ҷавоб гуфта мешавад:

Чӣ тавр?

Чӣ тавр ранҷу азоб пайдо шуд? Дар Китоби Муқаддас гуфта мешавад: «Ба воситаи як одам гуноҳ ба ҷаҳон даромад ва ба воситаи гуноҳ марг омад. Ҳамин тавр марг ба тамоми одамон гузашт, зеро ҳама гуноҳ карданд» (Румиён 5:12).

Чаро?

Чаро ҳокимияти инсонӣ мушкилиҳои моро бартараф карда наметавонад? Дар Китоби Муқаддас омадааст: «Касе, ки роҳ меравад, наметавонад қадамҳояшро роҳнамоӣ кунад» (Ирмиё 10:23). Вазъияти ин ҷаҳон исботи ин суханон аст.

Чӣ?

Худо барои ҳалли ин мушкилиҳо чӣ кор мекунад? Мувофиқи Китоби Муқаддас «ӯ ҳар ашкро аз чашмони онҳо пок мекунад ва марг дигар намешавад, гиря, фиғон ва дард дигар намешавад» (Ошкорсозӣ 21:4).

Саҳнае аз видеонавори «Чаро Китоби Муқаддасро бояд омӯхт?». Зане ба шавҳари худ нақл мекунад, ки аз Китоби Муқаддас чӣ фаҳмид.

БИСЁРТАР ФАҲМЕД. Видеонавори «Чаро Китоби Муқаддасро бояд омӯхт?»-ро аз сомонаи jw.org тамошо кунед.

    Адабиёт дар забони тоҷикӣ (2000–2025)
    Баромадан
    Даромадан
    • Тоҷикӣ
    • Фиристодан
    • Ҷӯркунӣ
    • Copyright © 2025 Watch Tower Bible and Tract Society of Pennsylvania
    • Шарти истифодабарӣ
    • Сиёсати ҳифзи асрор
    • Танзимоти ҳифзи асрор
    • JW.ORG
    • Даромадан
    Фиристодан