ОНЛАЙН-КИТОБХОНАИ Бурҷи дидбонӣ
ОНЛАЙН-КИТОБХОНАИ
Бурҷи дидбонӣ
тоҷикӣ
ӯ
  • ғ
  • ӣ
  • қ
  • ӯ
  • ҳ
  • ҷ
  • КИТОБИ МУҚАДДАС
  • АДАБИЁТ
  • ВОХӮРИҲО
  • g23 № 1 саҳ. 3-5
  • Оби ширин

Видеонавор вуҷуд надорад.

Бубахшед, видеонавор боргирӣ нашуд.

  • Оби ширин
  • Бедор шавед!—2023
  • Зерсарлавҳаҳо
  • Ифлосшавии оби нӯшокӣ
  • Сайёраи «ҷонсахт»
  • Кадом чораҳо андешида мешаванд?
  • Китоби Муқаддас умед мебахшад
Бедор шавед!—2023
g23 № 1 саҳ. 3-5
Зане дар кафи дасташ об гирифтааст.

САЙЁРАИ МОРО ЧӢ ИНТИЗОР АСТ?

ОБИ ШИРИН

ОБ МАНБАИ ҳаёт аст. Бе об, хусусан оби ширин, олами зинда вуҷуд дошта наметавонад. Ҳама мавҷудоти зинда асосан аз об иборат аст. Кӯлҳо, дарёҳо, ботлоқзорҳо ва обҳои зеризаминӣ одамон ва ҳайвонҳоро бо оби нӯшокӣ таъмин мекунанд. Ҳамчунин бе об кори ягон саноат пеш намеравад.

Ифлосшавии оби нӯшокӣ

Қисми зиёди сайёраи мо обпӯш аст. Лекин мувофиқи маълумоти Созмони Ҷаҳонии обу ҳавошиносӣ танҳо нисфи оби замин дастрасу нӯшиданӣ мебошаду халос. Ҳарчанд ин миқдори об ба назар кам метобад, он барои идома ёфтани ҳаёт дар замин кифоя аст. Лекин дар натиҷаи афзоиши эҳтиёҷ ба он ва тағйирёбии иқлим, қисми зиёди оби нӯшокӣ ифлос ё дастнорас шуда истодааст. Мутахассисон тахмин мекунанд, ки баъди 30 сол, панҷ миллиард одам аз норасоии оби ширин танқисӣ кашида метавонад.

Сайёраи «ҷонсахт»

Дар Замин равандҳои табиие мавҷуданд, ки ба туфайли онҳо захираҳои об тамом намешаванд. Инчунин хок, ҷонварони обӣ ва нури офтоб обро тоза мекунанд. Биёед бо баъзе далелҳо шинос шуда, бубинем, ки сайёраи мо чӣ қадар тобовару барои ҳаёт созгор аст.

  • Исбот шудааст, ки об аз қабати хок гузашта, аз бисёр олудагиҳо пок мегардад. Баъзе растаниҳои ботлоқ бошанд, обро аз нитроген, фосфор ва моддаҳои заҳрдор тоза мекунанд.

  • Олимон муайян карданд, ки баъзе равандҳои физикиву биологӣ обро аз партовҳои табиӣ тоза мекунанд. Ин чирку ифлосиҳо дар оби равон ҳал мешаванд ва баъд бактерияҳо онҳоро мехӯранд.

  • Садафи сиёҳ ва як навъи гӯшмоҳӣ, ки дар оби ширин зиндагӣ мекунанд, метавонанд дар давоми чанд рӯз обро аз баъзе моддаҳои кимиёии зараровар тоза кунанд. Шояд онҳо ин корро аз дастгоҳҳои обполоӣ ҳам тозатар иҷро мекунанд.

  • Гардиши об намемонад, ки захираҳои он дар сайёраи мо тамом шавад. Ин ва дигар равандҳои табиӣ намегузоранд, ки об аз атмосфера берун барояд ё ба таври дигар гум шавад.

    ОЁ ШУМО МЕДОНЕД?

    Хок полоишгари табиист

    Хок оберо, ки аз он мегузарад аз металҳо, моддаҳои кимиёии заҳрнок, партовҳои табиӣ ва дигар олудагиҳо тоза мекунад. Вақте об аз чанд қабати хок гузашта, дар таги замин ҷамъ мешавад, он ба оби тозаву нӯшиданӣ табдил меёбад.

    Дар расм нишон дод шудааст, ки чӣ хел хок обро тоза мекунад. Оби борон аз қабати хок, санг ва лой мегузарад ва то обанбори зеризаминӣ мерасад.

    Полоишгарони физикӣ

    Қуму сангрезаҳо мисли ғалбер баъзе олудагиҳоро аз об ҷудо мекунанд.

    Полоишгарони биологӣ

    Баъзе бактерияҳое, ки дар хок зиндагӣ мекунанд, моддаҳоеро, ки барои одам хавфноканд, безарар мегардонанд.

    Полоишгарони кимиёӣ

    Баъзе бактерияҳо ҳатто метавонанд равғанҳои заҳрнокро ба гази карбонат ва об табдил диҳанд. Хоке, ки ҳатто андак бори (заряди) электрикӣ дорад, метавонад моддаҳои кимиёии заҳролудро, ки бори электрикияшон фарқ мекунад, қапида гирад. Масалан, лойе, ки бори манфӣ дорад, метавонад обро аз зарраҳои аммоний, ки бори мусбат доранду барои ҷонварони обӣ зарароваранд, тоза кунад.

Кадом чораҳо андешида мешаванд?

Расмҳо: 1. Марде мошинашро таъмир дорад ва аз таги он равған мечакад. Ӯ барои ба замин нарехтани равған тағорачаеро истифода мебарад. 2. Марде зарфҳои маҳлули кимиёиро ба маркази коркарди партов супорида истодааст.

Вақте равғани мошинро ба замин намерезем ва моддаҳои зарароварро дар қуттиҳои муайян мепартоем, сарчашмаҳои оби ширинро тоза нигоҳ медорем

Мутахассисон маслиҳат медиҳанд, ки обро ба қадри имкон сарфакорона истифода барем. Онҳо мегӯянд, ки барои кам кардани ифлосшавии об ба замин рехтани равғани мошинро бояд пешгирӣ кунем ва доруҳо ё моддаҳои заҳролудро ба канализатсия напартоем.

Мутахассисон роҳҳои нави намакзудоиро (аз минералҳо тоза кардани оби баҳрро) ихтироъ карда истодаанд, то шӯрии обро пасттар намуда, онро ба оби ширин табдил диҳанд.

Аммо ин ҳалли мушкилӣ нест. Намакзудоӣ дар миқёси калон кори ғайриимкон метобад, зеро он маблағ ва энергияи аз ҳад зиёдро талаб мекунад. Соли 2021 дар ҳисоботи Созмони Милали Муттаҳид дар мавзуи ҳифзи об гуфта шуда буд, ки барои дар тамоми ҷаҳон зиёдтар шудани оби ширин бояд дучанд меҳнат кард.

Китоби Муқаддас умед мебахшад

«Худо... қатраҳои обро боло мебардорад ва сипас буғ ҷамъ шуда, борон ба амал меояд. Абрҳо онро меборонанд ва бар сари одамон мерезанд» (Айюб 36:26–28).

Худо дар табиат гардиши обро ба роҳ мондааст, то дар Замин ҳамеша захираи об бошад (Пандгӯ 1:7).

Мулоҳиза ронед: Офаридгори мо равандҳоеро офаридаааст, ки обро тоза мекунанд. Барои ҳамин мо дилпурем, ки ӯ тамоми зарареро, ки одамон ба сайёраамон мерасонанд, бартараф месозад, зеро барои ин ҳам хоҳиш ва ҳам қудрат дорад. Ба мақолаи «Худо ваъда медиҳад, ки Замин нест намешавад» нигаред, ки дар саҳифаи 15 омадааст.

БЕШТАР ФАҲМЕД

Молекулаҳои об зиёд мешаванд.

Об ки хусусиятҳои беҳамто дорад, дар Замин ҳаётро нигоҳ медорад. Видеонавори «Аҷоиботи офариниш Яҳуваро ҷалол медиҳад. Об»-ро дар сомонаи jw.org тамошо кунед.

    Адабиёт дар забони тоҷикӣ (2000–2025)
    Баромадан
    Даромадан
    • тоҷикӣ
    • Фиристодан
    • Ҷӯркунӣ
    • Copyright © 2025 Watch Tower Bible and Tract Society of Pennsylvania
    • Шарти истифодабарӣ
    • Сиёсати ҳифзи асрор
    • Танзимоти ҳифзи асрор
    • JW.ORG
    • Даромадан
    Фиристодан