ОНЛАЙН-КИТОБХОНАИ Бурҷи дидбонӣ
ОНЛАЙН-КИТОБХОНАИ
Бурҷи дидбонӣ
тоҷикӣ
ӯ
  • ғ
  • ӣ
  • қ
  • ӯ
  • ҳ
  • ҷ
  • КИТОБИ МУҚАДДАС
  • АДАБИЁТ
  • ВОХӮРИҲО
  • kl боби 5 саҳ. 43-52
  • Худо талабгори чӣ гуна ибодат аст?

Видеонавор вуҷуд надорад.

Бубахшед, видеонавор боргирӣ нашуд.

  • Худо талабгори чӣ гуна ибодат аст?
  • Донише, ки роҳнамои ҳаёти ҷовидонист
  • Зерсарлавҳаҳо
  • Маводи монанд
  • ПАРАСТИШ ДАР РӮҲ ВА РОСТӢ
  • БА ҶО ОВАРДАНИ ИРОДАИ ПАДАР
  • ДОНИШИ ДАҚИҚ — МУҲОФИЗ АСТ
  • ТАЪЛИМОТ — АҲКОМИ ИНСОНИСТ
  • АЗ ОЗУРДАНИ ХУДО БАРҲАЗАР БОШЕД
  • БА МЕЪЁРҲОИ БАЛАНДИ ХУДО ПАЙРАВӢ КУНЕД
  • ИБОДАТ БО ҶОНУ ДИЛ
  • Чӣ тавр бояд Худоро парастем?
    Китоби Муқаддас ба мо чиро таълим медиҳад?
  • Ибодати ҳақиқӣ ба шумо хурсандии бештар мебахшад
    Бурҷи дидбонӣ Подшоҳии Яҳуваро эълон мекунад — (нашри омӯзишӣ) 2022
  • Исо зани сомариро таълим медиҳад
    Ҳазрати Исо — роҳ, ростӣ ва ҳаёт
  • Чӣ гуна парастиш ба Худо писанд аст?
    То абад зинда бошед! Омӯзиши Китоби Муқаддас
Маълумоти бештар
Донише, ки роҳнамои ҳаёти ҷовидонист
kl боби 5 саҳ. 43-52

Боби 5

Худо талабгори чӣ гуна ибодат аст?

1. Зани сомарӣ дар бораи ибодат чиро донистан мехост?

ОЁ ТО ҲОЛ аз худ пурсидаед, ки чӣ гуна ибодатро Худо мепазирад? Яқинан, чунин савол дар зане, ки дар назди кӯҳи Ҷаризим, дар Сомария бо Исои Масеҳ сӯҳбат мекард, ба вуҷуд омад. Ӯ бо ишора ба он ки ибодати яҳудиён ва сомариён аз ҳам тафовут дорад, гуфт: «Падарони мо дар болои ин кӯҳ парастиш мекарданд, вале шумо мегӯед, ки ҷое ки дар он бояд парастиш кард, дар Ерусалим мебошад» (Юҳанно 4:20). Магар ҷавоби Исо чунин буд, ки Худо ҳар гуна ибодатро мепазирад? Ё ӯ гуфт, ки барои ба даст овардани ризоияти Худо чизи махсусе дар талаб аст?

2. Ҷавоби Исо ба зани сомарӣ чӣ гуна буд?

2 Посухи Исо занро ба тааҷҷуб овард: «Соате мерасад, ки на дар болои ин кӯҳ ва на дар Ерусалим Падарро парастиш хоҳед кард» (Юҳанно 4:21). Сомариён муддати зиёде Йеҳӯваро мепарастиданд ва ба худоёни дигар низ дар кӯҳи Ҷаризим ибодат мекарданд (4 Подшоҳон 17:33). Ҳоло бошад Исо мегӯяд, ки на ин кӯҳ ва на Ерусалим ба ибодати ҳақиқӣ ҳеҷ умумияте нахоҳад дошт.

ПАРАСТИШ ДАР РӮҲ ВА РОСТӢ

3. a) Чаро сомариён аслан Худоро намешинохтанд? б) Чӣ тавр яҳудиёни содиқ ва одамони дигар метавонистанд дар бораи Худо дониш гиранд?

3 Исо дар давоми сухани худ ба зани сомарӣ гуфт: «Шумо он чиро, ки намедонед, парастиш мекунед, вале мо он чиро ки медонем парастиш мекунем, зеро ки наҷот аз яҳудиён аст» (Юҳанно 4:22). Сомариён ақоиди нодурусти мазҳабӣ доштанд ва фақат панҷ китоби аввали Китоби Муқаддасро ба унвони Каломи илҳомшуда эътироф мекарданд ва он ҳам танҳо дар таҳрири махсуси худашон, ки чун Панҷкитоби сомарӣ машҳур буд. Аз ин лиҳоз, онҳо Худоро ба хубӣ намешинохтанд. Яҳудиён бошад, Каломи Худоро дар ихтиёр доштанд (Румиён 3:1, 2). Навиштаҳо он чӣ ки барои шинохтани Худо лозим аст, ба пуррагӣ дар худ доштанд, то ки яҳудиёни вафодор ва одамоне, ки ба Каломи Худо гӯш фаро медиҳанд, тавонанд бо Худо ошно гарданд.

4. Аз рӯи суханони Исо яҳудиён ва сомариён барои он ки ибодати эшон мақбули Худо бошад, бояд чӣ кор мекарданд?

4 Дарвоқеъ, Исо нишон дод, ки яҳудиён ва сомариён мебоист равиши ибодати худро ислоҳ кунанд, то ки ризоияти Худоро ба даст оранд. Ӯ гуфт: «Соате мерасад, ва аллакай расидааст, ки парастандагони ҳақиқӣ Падарро ба рӯҳ ва ростӣ парастиш хоҳанд кард, зеро ки Падар толиби ин гуна парастандагони Худ мебошад: Худо рӯҳ аст, ва онҳое ки Ӯро парастиш мекунанд, бояд ба рӯҳ ва ростӣ парастиш кунанд» (Юҳанно 4:23, 24). То ки Худоро «ба рӯҳ» ибодат кунем, бояд рӯҳи Ӯро дошта бошем ва ин рӯҳ роҳбалади мо бошад. Ибодат «ба ростӣ» маънои онро дорад, ки мо бояд Каломи Худо, Китоби Муқаддасро омӯзем ва мувофиқи ҳақиқате, ки он бароямон ошкор мекунад, Ӯро ибодат намоем. Оё хоҳиш доред, ки чунин бикунед?

5. a) Калимаи “ибодат” чӣ маъно дорад? б) Чӣ бояд кард, то ибодати мо мақбули Худо бошад?

5 Исо таъкид кард, ки Худо хоҳони ибодати ҳақиқӣ аст. Аз ин маълум аст, ки шаклҳои ибодате вуҷуд доранд, ки мавриди қабули Йеҳӯва нестанд. Ибодат ба Худо маънои Ӯро боэҳтиром гиромӣ доштан ва хидмати муқаддаси худро нисбат ба ӯ адо карданро дорад. Агар хоҳиши изҳори ҳурмат ба ҳокими қудратманд медоштед, яқинан кӯшиши ба ӯ хидмат намуданро мекардед. Зиёда аз ин, мо хоҳиши ба Худо писанд афтодан дорем. Ба ҷои он ки бидуни андеша бигӯед, ки “дини худам маро қонеъ мегардонад”,— метавонед ибодати худро дар асоси талаботи Худо бисанҷед.

БА ҶО ОВАРДАНИ ИРОДАИ ПАДАР

6, 7. Барои чӣ Исо баъзе касонеро, ки худро шогирди ӯ меҳисобанд, эътироф намекунад?

6 Биёед аз Матто 7:21–23 бубинем, ки чӣ ба таври қатъӣ муайян месозад, ки кадом тарзи ибодат мавриди пазируфтани Худост. Исо гуфт: «На ҳар касе, ки ба Ман “Худовандо! Худовандо!” мегӯяд, ба Малакути Осмон дохил хоҳад шуд, балки он касе ки иродаи Падари Маро, ки дар осмон аст, ба ҷо меоварад. Бисёр касон дар он рӯз ба Ман хоҳанд гуфт: “Худовандо! Худовандо! Оё ба исми Ту нубувват накардаем? Оё ба исми Ту девҳоро нарондем? Оё ба исми Ту мӯъҷизоти зиёде нишон надодаем?” Он гоҳ дар ҷавоби онҳо хоҳам гуфт: “Ман ҳаргиз шуморо намешинохтам; аз Ман дур шавед, эй бадкорон!”».

7 Дар ибодати ҳақиқӣ муҳим аст, ки Исои Масеҳро чун сарвари амрӣ эътироф кунем. Аммо чӣ тавре ки аз суханони боло маълум аст, дар ибодати бисёр касоне ки худро шогирди Исо меҳисобанд, нуқсе вуҷуд дорад. Исо гуфт, ки баъзеи онҳо «мӯъҷизаҳо» нишон медиҳанд, аз қабили шифои фавқуттабиӣ. Аммо онҳо он чиро, ки Исо муҳим мешуморад, аз доираи назар берун мондаанд. Онҳо «иродаи Падар [-и ӯро] иҷро намекунанд». Агар мо ба Худо писанд афтодан хоҳем, аввалан бояд иродаи Ӯро омӯзем ва аз рӯи он амал кунем.

ДОНИШИ ДАҚИҚ — МУҲОФИЗ АСТ

8. Агар иродаи Худоро ба ҷо овардан хоҳем, аз мо чӣ талаб карда мешавад ва аз кадом ақидаҳои нодуруст дур бояд шуд?

8 Барои иҷрои иродаи Худо лозим аст, ки дар бораи Йеҳӯва Худо ва Исои Масеҳ дониш андӯзем. Ин дониш роҳнамои ҳаёти ҷовидонист. Бад ин сабаб, ба омӯзиши Каломи Худо — Китоби Муқаддас албатта ҷиддӣ рафтор бояд кард. Баъзеҳо андеша доранд, ки агар дар ибодаташон самимӣ ва ғаюр бошанд, дониш на он қадар муҳим аст. Ақидаи иддаи дигар чунин аст, ки “касе камтар бидонад, аз ӯ пурсиш низ ҳамон андоза аст”. Дар ҳоле ки Китоби Муқаддас моро ташвиқ мекунад, то маърифати хешро дар мавриди Худо ва мақсадҳои ӯ биафзоем (Эфсӯсиён 4:13; Филиппиён 1:9; Қӯлассиён 1:9).

9. Дониш моро аз чӣ ҳимоя мекунад ва чаро мо ба чунин ҳимоя ниёз дорем?

9 Чунин маърифат ибодати моро аз нопокӣ эмин медорад. Павлуси ҳавворӣ дар дар бораи як махлуқи рӯҳӣ, ки шакли «фариштаи нур»-ро мегирад, ёдрас кард (2 Қӯринтиён 11:14). Зери чунин ниқоб ин махлуқи рӯҳӣ — Шайтон — кӯшиш мекунад, ки моро ба гумроҳӣ кашида, водор созад, то бар хилофи иродаи Худо рафтор кунем. Он тавре, ки аз суханони Павлус бармеояд, махлуқоти дигари рӯҳӣ, ки бо Шайтон ҳамкорӣ доранд, ҳамчунин ибодати одамонро нопок мекунанд: «Он чӣ онҳо қурбонӣ мекунанд, ба девҳо қурбонӣ мекунанд, на ба Худо» (1 Қӯринтиён 10:20). Аксарият шояд чунин ақида доштанд, ки Худоро ба дурустӣ ибодат мекунанд, аммо он кореро, ки Худо аз онҳо интизор буд, иҷро намекарданд. Худ пай набурда, онҳо ба ибодати нопок ва иштибоҳ олуда буданд. Баъдтар дар бораи Шайтон ва девҳои ӯ бештар хоҳем донист ва аллакай ҳоло маълум аст, ки душманони Худо ибодати одамизодро олуда гардонидаанд.

10. Агар касе барқасдона чашмаи обро заҳролуд кунад, шумо чӣ кор мекунед ва он донише ки аз Каломи Худо меомӯзем, чӣ тавр ба мо кӯмак мерасонад?

10 Агар медонистед, ки касе барқасдона чашмаи обро заҳролуд кардааст, оё ба нӯшидани он идома медодед? Албатта шумо таъхир накарда, чашмаи оби тозаро меёфтед. Дониши дақиқи Каломи Худо барои шиносоии дини ҳақиқӣ ва рад кардани нопокиҳое, ки ибодатро дар назари Худо нописанд месозанд, омода мекунад.

ТАЪЛИМОТ — АҲКОМИ ИНСОНИСТ

11. Дар ибодати яҳудиён чӣ нодурустӣ ҷой дошт?

11 Вақте ки Исо дар рӯи замин буд, бисёре аз яҳудиён мувофиқи дониши дақиқ доир ба Худо рафтор намекарданд. Бо ин сабаб, онҳо дар назди Йеҳӯва аз номи неки худ маҳрум гаштанд. Павлус дар бораи онҳо навиштааст: «Дар бораи онҳо шаҳодат медиҳам, ки рашки Худоро доранд, аммо на аз рӯи фаҳм» (Румиён 10:2). Ба ҷои он ки ба Худо гӯш диҳанд, онҳо худ қарор мекарданд, ки чӣ гуна ба Худо ибодат кунанд.

12. Ибодати исроилиёнро чӣ палид мекард ва ин бо чӣ анҷом ёфт?

12 Аз ибтидо исроилиён дини поки Худо додаро пайравӣ мекарданд, аммо бо мурури замон онҳо ба он таълимот ва фалсафаи бофтаи инсониро дароварданд (Ирмиё 8:8, 9; Малокӣ 2:8, 9; Луқо 11:52). Бо вуҷуди он ки роҳбарони мазҳабии яҳудӣ, ки чун фарисиён маъруф буданд, ибодати худро мавриди қабули Худо меҳисобиданд, Исо ба онҳо гуфт: «Ишаъё дар бораи шумо, эй риёкорон, некӯ пайғом додааст, чунон ки навишта шудааст: “Ин мардум бо лабони худ Маро парастиш мекунанд, лекин дилашон аз Ман дур аст; пас Маро бар абас парастиш мекунанд, зеро ки таълимоту аҳкоми инсониро таълим медиҳанд”» (Марқӯс 7:6, 7).

13. Чӣ гуна метавонад воқеъ гардад, ки мо низ монанди фарисиён амал кунем?

13 Оё метавонад чунин воқеъ гардад, ки мо низ монанди фарисиён амал кунем? Бале, агар ба расму одатҳои устуворгаштаи динӣ пайравӣ кунем, ба ҷои он ки ба гуфтаҳои Худо нисбати ибодат рӯй оварем. Дар бораи ин хатари воқеӣ Павлус огоҳ карда, навишта буд: «Аммо Рӯҳ кушоду равшан мегӯяд, ки дар замонҳои охир баъзе касон аз имон баргашта, ба арвоҳи фиребанда ва таълимоти шаётин гӯш хоҳанд андохт» (1 Тимотиюс 4:1). Чунон ки аён аст, худбоварона фикри он кардан, ки ибодати мо ба Худо писанд аст, кофӣ нест. Мисли он зани сомарие, ки бо Исо вохӯрда буд, шояд мо низ аз волидонамон ибодатеро мерос гирифтаем. Вале итминон ҳосил бояд кард, ки ҳар коре ки мекунем, ба Худо писанд меояд.

АЗ ОЗУРДАНИ ХУДО БАРҲАЗАР БОШЕД

14, 15. Барои чӣ ҳушёр бояд буд, ҳатто агар донише дар бораи иродаи Худо дорем?

14 Агар боэҳтиёт набошем, метавонем ба осонӣ коре бикунем, ки ба Худо мақбул нест. Масалан, Юҳаннои ҳавворӣ ба пеши фаришта афтода, «ба ӯ таъзим карданӣ шуд». Аммо фаришта ӯро огоҳ кард: «Зинҳор чунин накун; ман ба ту ва бародарони ту, ки шаҳодати Исоро доранд, ҳамкор ҳастам; ба Худо таъзим намо» (Ваҳй 19:10). Пай бурдед, ки ибодати худро бояд санҷид, ки оё ба ягон намуди бутпарастӣ олуда нест? (1 Қӯринтиён 10:14).

15 Вақте ки баъзе масеҳиён ба риояи урфу одатҳои динии ба Худо мақбул набуда оғоз карданд, Павлус аз онҳо пурсид: «Чӣ гуна аз нав сӯи он аносири заифу фақир баргашта, худро боз ба онҳо ғулом кардан мехоҳед? Рӯзҳо, моҳҳо, фаслҳо ва солҳоро риоя мекунед. Аз шумо хавотир дорам, ки мабодо дар миёни шумо беҳуда меҳнат карда бошам» (Ғалотиён 4:8–11). Ин одамон дониши Худоро аз худ карданд, аммо баъдтар бемулоҳиза рафтор карда, идҳои динӣ ва урфу одатҳои ба Йеҳӯва номақбулро риоя мекарданд. Он тавре ки Павлус гуфт, бояд «таҳқиқ кунем, ки писандидаи Худо чист» (Эфсӯсиён 5:10).

16. Чӣ тавр оятҳои Юҳанно 17:16 ва 1 Петрус 4:3 ба мо барои таҳлили он, ки кадом урфу одатҳо ва ҷашнҳо ба Худо мақбуланд ва кадоме номақбул, ёрӣ медиҳанд?

16 Аз идҳо ва маросимҳои диние, ки мухолифи ақидаҳои Худоянд, канорагирӣ бояд кард (1 Таслӯникиён 5:21). Масалан, Исо дар бораи пайравони худ гуфт: «Онҳо аз ҷаҳон нестанд, чунон ки Ман низ аз ҷаҳон нестам» (Юҳанно 17:16). Оё дар дини шумо чунин расму таомул ва идҳое, ки бо мавқеи бетарафӣ ба корҳои ин ҷаҳон муқобиланд, мавҷуданд? Ё ҳаводорони дини шумо дар маросим ва ҷашнҳое, ки дар онҳо рафтори одамон ҳамон таврест, ки Петруси ҳавворӣ тасвир карда буд, ширкат меварзанд? Ӯ навишт: «Шумо дар замони гузашта ба андозаи кофӣ мисли халқҳо рафтор кардаед, ба нопокиҳо ва ҳавасҳо, ба мастигарӣ, ба ифроткорӣ дар хӯрдан ва нӯшидан ва ба бутпарастии зишт дода шудаед» (1 Петрус 4:3).

17. Чаро аз ҳар чизе ки дар худ рӯҳи ин ҷаҳонро дорад, эҳтиёт бояд шуд?

17 Юҳаннои ҳавворӣ таъкид кард, ки аз рафторҳое, ки ба рӯҳи ин дунёи худоношинос хос аст, канорагирӣ бояд намуд. Юҳанно навишт: «Ҷаҳонро дӯст надоред, на он чиро, ки дар ҷаҳон аст: касе, ки ҷаҳонро дӯст медорад, дар вай муҳаббати Падар нест; зеро ҳар чӣ дар ҷаҳон аст: шаҳвати ҷисм, ҳаваси чашмон ва ғурури зиндагонӣ — аз Падар нест, балки аз ин ҷаҳон аст. Ва ҷаҳон бо ҳавасҳояш гузарон аст, аммо касе ки иродаи Худоро ба ҷо меоварад, то абад боқист» (1 Юҳанно 2:15–17). Оё аҳамият додед, «касе, ки иродаи Худоро ба ҷо меоварад», то абад боқист? Оре, агар мо иродаи Худоро иҷро кунем ва аз аъмоле, ки ба рӯҳи ин ҷаҳон хос аст, худдорӣ намоем, метавонем ба зиндагии ҷовидонӣ умед бандем!

БА МЕЪЁРҲОИ БАЛАНДИ ХУДО ПАЙРАВӢ КУНЕД

18. Нисбати рафтор баъзе қӯринтиён дар чӣ иштибоҳ мекарданд ва мо аз ин чӣ меомӯзем?

18 Худо мехоҳад, ки парастандагони Ӯ меъёрҳои баланди ахлоқиро риоя намоянд. Дар Қӯринти қадим баъзеҳо боиштибоҳ мепиндоштанд, ки Худо ба рафтори фосиқонаи онҳо таҳаммул мекунад. Аммо чӣ тавре ки аз 1 Қӯринтиён 6:9, 10 маълум мешавад, онҳо хеле саҳв мекарданд. Агар хоҳем, ки ибодати мо қобили қабули Худо бошад, бояд на танҳо дар гуфтор, балки дар рафтор низ писанди Ӯ гардем. Оё тариқи ибодати шумо ба Худо чунин аст? (Матто 15:8; 23:1–3).

19. Чӣ тавр ибодати ҳақиқӣ ба муносибати мо бо дигарон таъсир мерасонад?

19 Муносибати мо бо одамон низ бояд меъёрҳои Худоро инъикос кунад. Исои Масеҳ моро тарғиб кард, ки бо дигарон чунон рафтор кунем, чӣ тавре ки мехостем онҳо бо мо рафтор кунанд — ин қисми муҳими ибодати ҳақиқӣ мебошад (Матто 7:12). Таваҷҷӯҳ кунед, ки дар бораи ибрози муҳаббати бародарона ӯ чӣ мегӯяд: «Аз рӯи ҳамин ҳама хоҳанд донист, ки шогирдони Ман ҳастед, агар якдигарро дӯст доред» (Юҳанно 13:35). Шогирдони Исо бояд ҳамдигарро дӯст доранд, ба ҳамимонони худ ва дигарон некӣ кунанд (Ғалотиён 6:10).

ИБОДАТ БО ҶОНУ ДИЛ

20, 21. a) Чӣ гуна ибодатро Худо дар талаб аст? б) Чаро Йеҳӯва дар рӯзҳои Малокӣ парастиши Исроилро рад кард?

20 Шояд бихоҳед, ки тариқи ибодататон мақбули Худо бошад. Агар чунин аст, бояд мувофиқи нуқтаи назари Йеҳӯва дар бобати ибодат амал кунед. Яъқуби шогирд таъкид кардааст, ки нуқтаи назари Худо ба ин ё он савол аз нуқтаи назари мо муҳимтар аст. Яъқуб гуфт: «Дини пок ва беайб ба ҳузури Худо ва Падар ин аст, ки ятимон ва бевазанонро дар андӯҳи онҳо парасторӣ кунем ва худро аз олам олуда накарда нигоҳ дорем» (Яъқуб 1:27). Кӯшиши мақбули Худо гаштан ҳар яки моро водор мекунад, ки ибодати худро санҷида бароем ва итминон ҳосил кунем, ки ба аъмоли ғайрихудоӣ олуда набошем ва ё ягон чизи дар назари Худо муҳимбударо фаромӯш насозем (Яъқуб 1:26).

21 Йеҳӯва танҳо ибодати пок ва содиқонаро қабул мекунад (Матто 22:37; Қӯлассиён 3:23). Вақте ки халқи исроил аз ибодати муносиб ба Худо даст кашид, Йеҳӯва гуфт: «Писар падарро иззат мекунад ва ғулом — оғои худро; пас агар Ман падар бошам, иззати Ман куҷост? Ва агар Ман оғо бошам, ҳайбати Ман куҷост?» Онҳо ба Худо ҳайвоноти кӯр, ланг ва беморро ба қурбонӣ оварда, ӯро меозурданд ва Худо ин гуна ибодатро рад кард (Малокӣ 1:6–8). Йеҳӯва сазовори ибодати ниҳоят пок аст ва Ӯ танҳо садоқати беназирро қабул мекунад (Хуруҷ 20:5; Масалҳо 3:9; Ваҳй 4:11).

22. Аз чӣ худдорӣ бояд намуд ва чӣ бояд кард, то ибодати моро Худо қабул созад?

22 Аз сӯҳбати зани сомарӣ бо Исо маълум мешавад, ки зан ба ибодате ки писанди Худо аст, рағбат зоҳир кард. Агар мо низ чунин рағбат дорем, бояд аз ҳама таълимот ва урфу одатҳои нопок канорагирӣ намуда, барои дониши Худоро андӯхтан ва иродаи Ӯро ба ҷо овардан ҷидду ҷаҳд кунем (2 Қӯринтиён 6:14–18). Мо саъй хоҳем кард, то мувофиқи талаботе, ки барои ибодати ба Худо писандбуда вуҷуд дорад, амал кунем (1 Тимотиюс 2:3, 4). Шоҳидони Йеҳӯва мекӯшанд, ки ҳамин тавр кунанд ва онҳо шуморо самимона даъват мекунанд, ки ба онҳо дар ибодати Худо «ба рӯҳ ва ростӣ» ҳамроҳ шавед (Юҳанно 4:24). Исо гуфт: «Падар толиби ин гуна парастандагони Худ мебошад» (Юҳанно 4:23). Умедворем, ки шумо яке аз онҳоед. Мисли он зани сомарӣ шумо ҳам яқин майли ҷовидона зиндагӣ кардан доред (Юҳанно 4:13–15). Вале пӯшида нест, ки одамон пир мешаванд ва мемиранд. Боби оянда сабаби инро мефаҳмонад.

ДОНИШИ ХУДРО БИОЗМОЕД

Он тавре ки аз Юҳанно 4:23, 24 бармеояд, чӣ гуна ибодат мақбули Худост?

Чӣ гуна метавон фаҳмид, ки баъзе аз ҷашнҳо ва урфу одатҳо ба Худо писанданд ё не?

Чӣ гуна талабот барои ибодате, ки писанди Худост, мавҷуд аст?

[Тасвири саҳифаи 44]

    Адабиёт дар забони тоҷикӣ (2000–2025)
    Баромадан
    Даромадан
    • тоҷикӣ
    • Фиристодан
    • Ҷӯркунӣ
    • Copyright © 2025 Watch Tower Bible and Tract Society of Pennsylvania
    • Шарти истифодабарӣ
    • Сиёсати ҳифзи асрор
    • Танзимоти ҳифзи асрор
    • JW.ORG
    • Даромадан
    Фиристодан