ОНЛАЙН-КИТОБХОНАИ Бурҷи дидбонӣ
ОНЛАЙН-КИТОБХОНАИ
Бурҷи дидбонӣ
тоҷикӣ
ӯ
  • ғ
  • ӣ
  • қ
  • ӯ
  • ҳ
  • ҷ
  • КИТОБИ МУҚАДДАС
  • АДАБИЁТ
  • ВОХӮРИҲО
  • kl боби 4 саҳ. 32-42
  • Исои Масеҳ — калиди дониш доир ба Худост

Видеонавор вуҷуд надорад.

Бубахшед, видеонавор боргирӣ нашуд.

  • Исои Масеҳ — калиди дониш доир ба Худост
  • Донише, ки роҳнамои ҳаёти ҷовидонист
  • Зерсарлавҳаҳо
  • Маводи монанд
  • МАСЕҲИ ВАЪДАШУДА
  • ДАЛЕЛҲОИ МАСЕҲ БУДАНИ ИСО
  • МАВҶУДИЯТИ ҚАБЛ АЗ ИНСОНИИ ИСО
  • ҲАЁТИ ИСО ДАР РӮИ ЗАМИН
  • ИСО ДАР ИН АЙЁМ
  • ОҒОЗИ ЗИНДАГИИ Ӯ
  • ХИДМАТИ Ӯ
  • ХИЁНАТ БА Ӯ ВА МАРГАШ
  • Исои Масеҳ кист?
    Китоби Муқаддас ба мо чиро таълим медиҳад?
  • Исои Масеҳ кист?
    Таълимоти Китоби Муқаддас
  • Онҳо интизори Масеҳ буданд
    Бурҷи дидбонӣ Салтанати Яҳуваро эълон мекунад — 2011
  • Масеҳ — воситаи наҷот аз ҷониби Худост
    Бурҷи дидбонӣ Салтанати Яҳуваро эълон мекунад — 2009
Маълумоти бештар
Донише, ки роҳнамои ҳаёти ҷовидонист
kl боби 4 саҳ. 32-42

Боби 4

Исои Масеҳ — калиди дониш доир ба Худост

1, 2. Чӣ тавр динҳои ҷаҳон калиди расидан ба дониш доир ба Худоро вайрон кардаанд?

ТАСАВВУР кунед, ки назди дари хонаи худ истодаед ва калиди даркориро меҷӯед. Ҳаво сард ва торик аст ва шумо мехоҳед зудтар вориди хона шавед, аммо дар ҳеҷ кушода намешавад. Гӯё калиди ҳамин қулф аст, аммо он ҳеҷ кушода намешавад. Ҳолати хеле ногувор. Дубора ба калидҳои худ менигаред. Оё калиди муносибро дарёфтаед? Ё шояд онро касе вайрон кардааст?

2 Ин мисол бесарусомониеро, ки дар динҳои ин ҷаҳон нисбати дониш дар бораи Худо ҳукмфармост, хуб тасвир мекунад. Дар ҳақиқат, бисёриҳо калидеро, ки дари ин донишро мекушояд, вайрон кардаанд, яъне нақши Исои Масеҳро нодуруст фаҳмонидаанд. Баъзе динҳо ин калидро аз миён бардошта, Исоро инкор кардаанд. Бархи дигаре нақши Исоро ғалат маънидод карда, ба ӯ ҳамчун ба Худои Қодир саҷда мекунанд. Ба ҳар сурат, агар мо нақши муҳими Исои Масеҳро таҳлил накунем, дониш доир ба Худо барои мо пӯшида хоҳад монд.

3. Чаро метавон Исоро калиди расидан ба дониш доир ба Худо номид?

3 Ба хотир биоваред, ки Исо гуфта буд: «Ва ҳаёти ҷовидонӣ ин аст, ки Туро, ки Худои ягонаи ҳақиқӣ ҳастӣ ва Исои Масеҳро, ки фиристодӣ, бишносанд» (Юҳанно 17:3). Вақти гуфтани ин суханон Исо худситоӣ намекард. Китоби Муқаддас муҳим будани дониши саҳеҳро дар бораи Масеҳ чандин бор таъкид мекунад (2 Петрус 1:8; 2:20; Эфсӯсиён 4:13; Қӯлассиён 2:2). «Тамоми анбиё бар Ӯ [Исои Масеҳ] шаҳодат медиҳанд»,— қайд мекунад Петруси ҳавворӣ (Аъмол 10:43). Ва Павлуси ҳавворӣ навишта: «Дар Ӯ [Исо] ҳамаи ганҷҳои ҳикмат ва дониш ниҳон аст» (Қӯлассиён 2:3). Ғайр аз ин, Павлус гуфт, ки Йеҳӯва ҳамаи ниятҳои худро ба воситаи Исо ба амал меоварад (2 Қӯринтиён 1:20). Бинобар ин, Исои Масеҳ — калиди дари дониш доир ба Худо аст. Дониши мо дар бораи Исо набояд ягон зарра ғалат бошад: на дар хусуси моҳияти ӯ ва на дар хусуси нақши ӯ дар анҷоми иродаи Худо. Аммо барои чӣ пайравони Исо дар иҷрошавии иродаи Худо нақши асосиро ба ӯ медиҳанд?

МАСЕҲИ ВАЪДАШУДА

4, 5. Чиҳоро аз Масеҳ умедвор буданд ва шогирдонаш ӯро кӣ меҳисобиданд?

4 Аз замонҳои Ҳобил ходимони содиқи Худо Наслеро бесаброна интизор буданд, ки Йеҳӯва Худо худ пешгӯӣ карда буд (Ҳастӣ 3:15; 4:1–8; Ибриён 11:4). Худо ошкор намуд, ки Насл мақсуди Ӯро ба унвони Масеҳ, яъне «Тадҳиншуда» иҷро мекунад. Масеҳ «гуноҳро нест мекунад» ва ҳамчунин дар Забур ҷалоли Малакути ӯ пешгӯӣ шуда буд (Дониёл 9:24–26; Забур 71:1–20). Ин Масеҳ чӣ гуна касе буд?

5 Ҳаяҷони Андриёси ҷавони яҳудиро тасаввур кунед, ҳангоме ки ӯ суханони Исои Носириро шунида, бошитоб назди бародари худ Шимъӯни Петрус омада гуфт: «Мо Масеҳро ёфтем» (Юҳанно 1:41). Шогирдони Исо мӯътакид буданд, ки ӯ — Масеҳи ваъдашуда аст (Матто 16:16). Масеҳиёни ҳақиқӣ омода буданд, ки ҳатто ҳаёти худашонро ба ин эътиқод, ки Исо ҳақиқатан Масеҳи пешгӯишуда аст, бубахшанд. Ин эътимоди онҳо чӣ гуна асосҳо дошт? Биёед се далели асосии Масеҳ будани Исоро мавриди назар қарор диҳем.

ДАЛЕЛҲОИ МАСЕҲ БУДАНИ ИСО

6. а) Насли ваъдашуда аз кадом силсила бояд пайдо мешуд ва мо аз куҷо медонем, ки Исо маҳз аз ҳамин авлод ба дунё омад? б) Чаро баъди соли 70-уми д. мо дигар касе Масеҳ будани худро собит карда наметавонад?

6 Насабномаи Исо — нахустин далели Масеҳ будани Исо мебошад. Йеҳӯва ба ходими худ Иброҳим гуфт, ки Насли ваъдашуда аз авлоди ӯ мебарояд. Ба Исҳоқ, писари Иброҳим, Яъқуб писари Исҳоқ, Яҳудо писари Яъқуб низ чунин ваъда аз ҷониби Худо дода шуда буд (Ҳастӣ 22:18; 26:2–5; 28:12–15; 49:10). Бо гузашти садсолаҳо насабномаи Масеҳ ба подшоҳ Довуд омада расид, ки ба ӯ низ гуфта шуда буд, ки Насле ки дер боз интизораш буданд, аз хонаводаи ӯ зуҳур хоҳад кард (Забур 131:11; Ишаъё 11:1, 10). Инҷили Матто ва Луқо тасдиқ мекунад, ки Исо айнан аз ҳамин авлод баромад (Матто 1:1–16; Луқо 3:23–38). Бо вуҷуди он ки Исо душманони зиёде дошт, ҳеҷ яке аз онҳо дар бобати аслу насаби маъруфи ӯ ёрои мунозира кардан надошт (Матто 21:9, 15). Маълум аст, ки нисбати насабномаи ӯ ягон шубҳае мавҷуд набуд. Аммо соли 70-уми д. мо, вақте ки румиён Ерусалимро забт карданд, дастхатҳои насабномаи яҳудиён нест карда шуданд. Аз ҳамон вақт касе наметавонист даъвои Масеҳ будан карда, ин даъворо исбот кунад.

7. а) Далели дуюми Масеҳ будани Исо кадом аст? б) Чӣ тавр нубуввати Мико 5:2 дар Исо иҷро шуд?

7 Пешгӯиҳои иҷрошуда — далели дуюм аст. Пешгӯиҳои сершумори Навиштаҳои Ибронӣ ба ҳаёти Масеҳ аз ҳар тараф рӯшанӣ андохтанд. Дар асри VIII қ. д. мо Мико пайғамбар пешгӯӣ кард, ки ин ҳокими бузург дар шаҳраки Байт-Лаҳм ба дунё меояд. Дар Исроил ду шаҳр бо номи Байт-Лаҳм мавҷуд буд, бинобар ин пешгӯӣ мушаххас намуд, ки кадоме аз онҳо дар назар аст: Байт-Лаҳми Эфрот, шаҳре, ки дар он Подшоҳ Довуд ба дунё омада буд (Мико 5:2). Волидайни Исо — Юсуф ва Марям дар Носира, ки тақрибан 150 километр дар самти шимол аз Байт-Лаҳм буд, зиндагӣ мекарданд. Вақте ки Марям ҳомиладор буд, императори Рум Августи қайсар фармон дод, ки ҳамаи мардум дар зодгоҳашон ба рӯйхат гирифта шавандa. Бинобар он, Юсуф маҷбур шуд, ки зани ҳомилаашро ба Байт-Лаҳм бубарад ва дар он ҷо Исо таваллуд шуд (Луқо 2:1–7).

8. а) Кай ва бо кадом рӯйдод 69 «ҳафтсола» оғоз гашт? б) 69 «ҳафтсола» чӣ қадар давом кард ва дар поёни он чӣ рӯй дод?

8 Дар асри VI қ. д. мо Дониёл пайғамбар пешгӯӣ кард, ки «Масеҳи Раис» баъд аз 69 «ҳафтсола», пас аз баромадани фармон дар бораи таъмир ва бозсозии Ерусалим зоҳир хоҳад шуд (Дониёл 9:24, 25). Тибқи гуфтаи Китоби Муқаддас ва таърихи дунявӣ маълум аст, ки фармон дар бораи бозсозии Ерусалим дар соли 455 қ. д. мо баромада буд (Наҳемё 2:1–8). Бинобар ин Масеҳ мебоист 483 сол (69×7) пас аз соли 455-и қ. д. мо зоҳир мешуд, ки мутобиқ ба соли 29-уми д. мо мебошад, яъне ҳамон соле, ки Йеҳӯва Исоро бо рӯҳулқудс тадҳин кард. Ба ин тартиб, Исо «Масеҳ» (яъне «Тадҳиншуда») гашт (Луқо 3:15, 16, 21, 22).

9. а) Забур 2:2 чӣ гуна ба анҷом расид? б) Баъзе нубувватҳои дигаре ки дар Исо иҷро шуданд, кадомҳоянд? (Ба замима нигаред.)

9 Албатта, ҳама Исоро чун Масеҳи ваъдашуда напазируфтанд ва ин чиз дар Навиштаҳои Ибронӣ пешгӯӣ шуда буд. Ҳамон тавре ки дар Забур 2:2 омадааст, ба подшоҳ Довуд илҳом шуда буд, ки пешгӯӣ кунад: «Подшоҳони замин қиём мекунанд ва мирон бо ҳам машварат менамоянд бар зидди Худованд ва бар зидди Масеҳи Ӯ». Ин пешгӯӣ ба он ишора мекунад, ки барои ҳамла кардан ба Тадҳиншудаи Йеҳӯва ё ки Масеҳ сарварони чанд давлат муттаҳид мешаванд. Ва ҳамин тавр шуд. Сарварони дини яҳудӣ, подшоҳ Ҳиродус ва ҳокими Рум Понтий Пилат дар куштори Исо то андозае даст доштанд. Ҳатто душмании онҳо дар он замон баногоҳ ба дӯстӣ мубаддал шуд (Матто 27:1, 2; Луқо 23:10–12; Аъмол 4:25–28). Барои фаҳмидани далелҳои минбаъда дар хусуси Масеҳ будани Исо ба замимаи «Баъзе пешгӯиҳои баргузидаи Масеҳ будани Исо» нигаред.

10. Чӣ гуна Йеҳӯва дар бораи он ки Исо Тадҳиншудаи Ӯст шаҳодат дод?

10 Шаҳодати Йеҳӯва Худо — сеюмин гувоҳи Масеҳ будани Исо аст. Йеҳӯва фариштаҳоро фиристод, то ки ба мардум хабар диҳанд, ки Исо Масеҳи ваъдашуда мебошад (Луқо 2:10–14). Ғайр аз ин, вақте ки Исо дар рӯи замин зиндагӣ мекард, Йеҳӯва илтифоту ризоияти худро нисбати ӯ, аз осмон сухан гуфта иброз кард (Матто 3:16, 17; 17:1–5). Йеҳӯва Худо ба Исо қудрати иҷрои мӯъҷизотро бахшид. Ҳар яки ин мӯъҷизаҳо Масеҳ будани Исоро собит мекарданд, чунки Худо ҳеҷ вақт ба қаллобон қудрати мӯъҷиза карданро намебахшад. Йеҳӯва ҳамчунин аз рӯҳулқудс барои илҳом додани нависандагони Инҷил истифода бурд ва ҳамин тавр далелҳои Масеҳ будани Исо ба сурати бахше ба Китоби Муқаддас даромаданд, яъне бахши китобе, ки беш аз ҳама китобҳои дигар тарҷума ва паҳншуда дар таърих аст (Юҳанно 4:25, 26).

11. Масеҳ будани Исо то чӣ андоза асоснок аст?

11 Ин далелҳои асосӣ дар худ садҳо санади мӯътамад доранд, ки Исоро чун Масеҳи ваъдашуда шинос мекунанд. Пас рӯшан аст, ки масеҳиёни ҳақиқӣ ҳамаи асосҳоро доранд, ки ӯро ҳамоне ҳисобанд, ки дар борааш «тамоми анбиё шаҳодат медиҳанд», бале, масеҳиён дар ӯ калиди расидан ба ҳикмати Худоро мебинанд (Аъмол 10:43). Дар бораи Исои Масеҳ — ғайр аз далелҳои Масеҳ будани ӯ, метавон маълумоти зиёде гирифт. Аслу насабаш чӣ гуна аст? Чӣ шахсияте буд ӯ?

МАВҶУДИЯТИ ҚАБЛ АЗ ИНСОНИИ ИСО

12, 13. а) Аз куҷо медонем, ки Исо то омадан ба замин дар осмон зиндагӣ мекард? б) «Калом» кист ва ӯ то вақте ки ба сурати инсон ба рӯи замин биёяд, чӣ кор мекард?

12 Ҳаёти Исоро метавон ба се марҳила тақсим кард. Давраи нахустини он хеле пеш аз дар рӯи замин таваллуд шуданаш оғоз шудааст. Дар Мико 5:2 омада, ки Масеҳ «аз қадим, аз айёми азал аст». Ва худи Исо низ равшан иброз дошт, ки ӯ «аз боло», яъне аз осмон омадааст (Юҳанно 8:23; 16:28). Ӯ чанд муддат пеш аз омадан ба рӯи замин дар осмон зистааст?

13 Исо писари ягоназоди Худо номида шуда буд, зеро Йеҳӯва ӯро бо дасти худ офарид (Юҳанно 3:16). Пас аз он, Йеҳӯва тавассути Исо, ки «нахустзодаи тамоми махлуқот аст», ҳамаи чизҳои дигарро офарид (Қӯлассиён 1:15; Ваҳй 3:14). Дар Юҳанно 1:1 омадааст, ки «Калом» (яъне Исо дар ҳаёти қабл аз инсонӣ) «дар ибтидо» бо Худо буд. Аз ин бармеояд, ки Калом дар вақти офариниши «осмон ва замин» бо Худо буд. Вақте ки Худо «Одамро ба сурати Мо ... биофарем» гуфт, ӯ ба Калом муроҷиат мекард (Ҳастӣ 1:1, 26). Ғайр аз ин, Калом «меъмори моҳир»-и Худо (ТОН) буд. Ӯ дар Масалҳо 8:22–31 ба сурати ҳикмате муҷассам шудааст, ки зери роҳбарии Йеҳӯва дар офариниши тамоми мавҷудот ҷаҳд мекард. Баъд аз он ки Йеҳӯва ба Калом ҳастӣ бахшид, то вақти ба рӯи замин омадан ӯ муддати тӯлонӣ бо Худо дар осмон мезист.

14. Барои чӣ Исо «сурати Худои нонамоён» номида шудааст?

14 Тааҷҷубовар нест, ки дар Қӯлассиён 1:15 Исо «сурати Худои нонамоён» номида шудааст! Тавассути муоширати наздик дар тӯли солҳои бешумор Писари итоаткор ба Падари худ Йеҳӯва хеле монанд гашт. Ва ин далели дигарест бар он, ки Исо калиди дониши ҳаётбахш дар бораи Худост. Ҳар он чӣ ки Исо дар муддати дар рӯи замин буданаш анҷом медод, айнан ҳамон аст, ки агар Йеҳӯва мебуду мекард. Бо ин сабаб шиносоӣ бо Исо дониши моро доир ба Худо меафзояд (Юҳанно 8:28; 14:8–10). Инак, комилан равшан аст, ки хубтар шинохтани Исои Масеҳ муҳим аст.

ҲАЁТИ ИСО ДАР РӮИ ЗАМИН

15. Чаро Исо инсони комил таваллуд шуд?

15 Марҳилаи дуюми ҳаёти Исо дар рӯи замин сипарӣ шуд. Вақте ки Худо ирода кард, ки ҳаёти ӯро аз осмон ба батни яҳудидухтари бокираю худотарс — Марям гузаронад, Исо бо ризои хотир омода гашт. Рӯҳулқудси пурқудрати Йеҳӯва, яъне нерӯи фаъоли вай, бар сари Марям «соя афканд» ва ӯ ҳомила шуда, тифли комилро ба дунё овард (Луқо 1:34, 35). Исо ҳеҷ гуна нокомилиро мерос нагирифт, чунки ҳаёташ аз Сарчашмаи комил оғоз ёфт. Исо дар оилаи оддии Юсуфи наҷҷор чун писархонд ва фарзанди нахустини ӯ тарбия меёфт (Ишаъё 7:14; Матто 1:22, 23; Марқӯс 6:3).

16, 17. а) Исо аз куҷо қудрати мӯъҷизаофарӣ гирифт ва чӣ гуна мӯъҷизаҳо ба амал овард? б) Исо чӣ гуна хусусиятҳоро зоҳир мекард?

16 Ҳанӯз дар айёми 12-солагии Исо, вафодории содиқонаи ӯ ба Йеҳӯва Худо аён гашт (Луқо 2:41–49). Вақте ки Исо ба воя расид ва дар синни сисолагӣ хидмати рӯҳонии худро оғоз намуд, ӯ муҳаббати амиқи худро нисбат ба одамон зоҳир мекард. Вақте ки рӯҳулқудси Худо ба ӯ қудрати анҷоми мӯъҷизотро дод, ӯ дилсӯзона беморон, лангон, гунгон, нобиноён, ношунавоён ва махавонро шифо мебахшид (Матто 8:2–4; 15:30). Исо ҳазорон гуруснагонро сер мекард (Матто 15:35–38). Боре ӯ тӯфони баҳрро, ки ба ҷони дӯстонаш таҳдид мекард, ором сохт (Марқӯс 4:37–39). Беш аз ин, ӯ ҳатто мурдагонро эҳё мекард (Юҳанно 11:43, 44). Ин мӯъҷизоти ҳақиқӣ санадҳои саҳеҳи таърихиянд. Ҳатто душманони Исо маҷбур буданд эътироф кунанд, ки ӯ «мӯъҷизоти зиёде нишон медиҳад» (Юҳанно 11:47, 48).

17 Исо дар диёри худ сафар карда, ба мардум дар бораи Салтанати Худо меомӯзонд (Матто 4:17). Ӯ ҳамчунин намунае дар бурдборӣ ва оқилӣ гузошт. Ҳатто он вақте ки шогирдонаш ӯро хиҷолатманд карданд, ӯ бо ҳамдардӣ гуфт: «Рӯҳ бардам аст, лекин ҷисм нотавон» (Марқӯс 14:37, 38). Бо вуҷуди ин, Исо дар муқобили шахсоне, ки аз ҳақиқат нафрат доштанд ва ба дармондагон ситам мекарданд, мардонавор ва қотеъона амал мекард (Матто 23:27–33). Ҳамчунин ӯ ба таври комил муҳаббати Падари худро инъикос мекард. Исо барои он ки инсони нокомил умеде барои оянда дошта бошад, ба марг розӣ шуд. Пас, тааҷҷубовар нест, агар Исоро калиди дониши Худо шуморем! Оре, ӯ — калиди зинда аст! Аммо чаро зинда? Барои ҷавоби ин савол бо давраи сеюми ҳаёти ӯ ошно мегардем.

ИСО ДАР ИН АЙЁМ

18. Исои Масеҳро чӣ гуна тасаввур бояд кард?

18 Гарчанде ки Китоби Муқаддас дар бораи марги Исо хабар медиҳад, ӯ зинда аст! Садҳо нафар аз шахсоне ки дар асри I д. мо зиндагӣ мекарданд, шоҳиди эҳёшавии ӯ буданд (1 Қӯринтиён 15:3–8). Ҳамон тавре ки пешгӯӣ шуда буд, баъд аз ин ӯ ба ямини Падари худ бинишаст ва интизори он вақте буд, ки Худо қудрати подшоҳиро дар осмон ба ӯ диҳад (Забур 109:1; Ибриён 10:12, 13). Пас, кунун Исоро чӣ тавр бояд тасаввур кунем? Магар чун кӯдаки нотавони дар охур хобида ё чун марди ранҷкашидае, ки ба марг месупорандаш? Албатта, не. Ӯ кунун подшоҳи қудратманди ҳукмфармост ва дар ояндаи хеле наздик ҳокимияти худро дар замини мусибатзадаи мо барпо хоҳад кард.

19. Дар ояндаи наздик Исо чӣ кор хоҳад кард?

19 Дар Ваҳй 19:11–15 Исои Масеҳ чун подшоҳи пурқудрате, ки бо тавоноии бузург барои нобуд кардани шарирон меояд, тасвир шудааст. Ин ҳокими пурмеҳри осмонӣ чӣ қадар саъй дорад, ки ба ранҷи миллионҳо нафар поён диҳад! Ҳамчунин ӯ хоҳиши кӯмак кардан ба онҳоеро дорад, ки кӯшиши пайравӣ ба намунаи комили ӯ доранд. Ин намунаро ӯ замони дар рӯи замин зистанаш гузошта буд (1 Петрус 2:21). Ӯ мехоҳад ин одамонро дар «ҷанги рӯзи бузурги Худои Қодири мутлақ», ки «Ҳармиҷидӯн» меноманд ва он босуръат наздик мешавад, ҳифз кунад, то битавонанд ҷовидона чун тобеони Малакути осмонии Худо зиндагӣ кунанд (Ваҳй 7:9, 14; 16:14, 16).

20. Дар вақти ҳукмронии ҳазорсолаи худ Исо барои инсоният чӣ кор мекунад?

20 Дар замони пешгӯишудаи ҳукмронии ҳазорсолаи Исо, вақте ки сулҳу осоиштагӣ ҳукмфармо мегардад, ӯ ба нафъи аҳли башар мӯъҷизот ба амал хоҳад овард (Ишаъё 9:6, 7; 11:1–10; Ваҳй 20:6). Исо ба ҳама дардҳо шифо хоҳад бахшид ва ба марг хотима хоҳад дод. Ӯ миллиардҳо мурдагонро эҳё хоҳад кард, то ки онҳо низ битавонанд, аз айёми зиндагии абадӣ бар рӯи замин баҳравар шаванд (Юҳанно 5:28, 29). Шояд он чизе ки аз ин китоб дар бораи Салтанати Масеҳӣ мефаҳмед, шуморо мутаассир созад. Мо ҳатто наметавонем тасаввур намоем, ки зиндагӣ таҳти ҳукмронии Малакут то чӣ андоза олӣ ва ҳайратангез мегардад. Аз ин лиҳоз, ҳар чӣ бештар доир ба Исо бояд дониш омӯхт. Оре, муҳим аст, то мо ҳеҷ гоҳ аз назари хотир дур насозем, ки Исо — калиди маърифати Худост, ки моро ба ҳаёти ҷовидонӣ ҳидоят мекунад.

[Поварақ]

a Ин гуна рӯйхатгирӣ ба империяи Рум имкон медод, ки аз аҳолӣ андоз ҷамъ кунад. Ҳамин тавр Августус, ноогоҳона дар иҷрои як пешгӯӣ дар хусуси ҳокиме, ки «боҷгиронро ба тамоми мамлакат равона мекунад» (ТОН), ширкат кард. Дар ҳамин нубувват пешгӯӣ шуд, ки «раиси аҳду паймон» ё Масеҳ дар рӯзҳои вориси ин подшоҳ «шикаст» хоҳад хӯрд. Исо дар замони подшоҳии Тиберий, яъне вориси Августус кушта шуд (Дониёл 11:20–22).

ДОНИШИ ХУДРО БИСАНҶЕД

Насабномаи Исо чӣ гуна ба Масеҳ будани ӯ шаҳодат медиҳад?

Кадом нубувватҳои марбут ба Масеҳ дар Исо иҷро шуданд?

Чӣ тавр Худо худ мустақиман нишон дод, ки Исо Тадҳиншудаи Ӯст?

Чаро Исо калиди зиндаи расидан ба дониш доир ба Худо аст?

[Замимаи саҳифаи 37]

БАЪЗЕ ПЕШГӮИҲОИ БАРГУЗИДАИ МАСЕҲ БУДАНИ ИСО

ПЕШГӮӢ РӮЙДОД ИҶРОШАВӢ

ОҒОЗИ ЗИНДАГИИ Ӯ

Ишаъё 7:14 Таваллуд аз бокира Матто 1:18–23

Ирмиё 31:15 Куштори навзодон баъд аз тавлиди ӯ Матто 2:16–18

ХИДМАТИ Ӯ

Ишаъё 61:1, 2 Худо ӯро соҳиби ваколат гардонид Луқо 4:18–21

Ишаъё 9:1, 2 Хидмати рӯҳонии ӯ боис Матто 4:13–16

шуд, ки мардум партави нури азимро диданд

Забур 68:10 Рашки ӯ барои хонаи Худо Юҳанно 2:13–17

Ишаъё 53:1 Ба ӯ имон намеоваранд Юҳанно 12:37, 38

Закарё 9:9 Вуруд ба Ерусалим савори Maтто 21:1–9

Забур 117:26 курраи хар; Ӯро чун

подшоҳе, ки ба исми Йеҳӯва

меояд, мадҳ мекарданд

ХИЁНАТ БА Ӯ ВА МАРГАШ

Забур 40:10; 108:8 Яке аз ҳаввориён ба Исо Aъмол 1:15–20

хиёнат мекунад ва ба ҷои ӯ

дигаре таъин мешавад

Закарё 11:12 Ба 30 тангаи нуқра Maтто 26:14, 15

фурӯхта шуд

Забур 26:12 Истифодаи шоҳидони Maтто 26:59–61

дурӯғин бар зидди ӯ

Забур 21:19 Қуръа андохтан барои Юҳанно 19:23, 24

либосҳои вай

Ишаъё 53:12 Ҷинояткор шуморида шуд Maтто 27:38

Забур 21:8, 9 Пеш аз маргаш таҳқир Mарқӯс 15:29–32

карданд

Забур 68:22 Ба ӯ сирко доданд Марқӯс 15:23, 36

Ишаъё 53:5; Ба ӯ найза заданд Юҳанно 19:34, 37

Закарё 12:10

Ишаъё 53:9 Дар қабри давлатманд дафн Maтто 27:57–60

карда шуд

Забур 15:8–11 Фаноро надида эҳё шуд Aъмол 2:25–32;

Ac 13:34–37

[Тасвири саҳифаи 35]

Худо ба Исо қудрати шифои беморонро дод.

    Адабиёт дар забони тоҷикӣ (2000–2025)
    Баромадан
    Даромадан
    • тоҷикӣ
    • Фиристодан
    • Ҷӯркунӣ
    • Copyright © 2025 Watch Tower Bible and Tract Society of Pennsylvania
    • Шарти истифодабарӣ
    • Сиёсати ҳифзи асрор
    • Танзимоти ҳифзи асрор
    • JW.ORG
    • Даромадан
    Фиристодан