ОНЛАЙН-КИТОБХОНАИ Бурҷи дидбонӣ
ОНЛАЙН-КИТОБХОНАИ
Бурҷи дидбонӣ
тоҷикӣ
ӯ
  • ғ
  • ӣ
  • қ
  • ӯ
  • ҳ
  • ҷ
  • КИТОБИ МУҚАДДАС
  • АДАБИЁТ
  • ВОХӮРИҲО
  • lr боби 21 саҳ. 11-116
  • Оё манманӣ кардан дуруст аст?

Видеонавор вуҷуд надорад.

Бубахшед, видеонавор боргирӣ нашуд.

  • Оё манманӣ кардан дуруст аст?
  • Устоди Бузургро гӯш кун
  • Маводи монанд
  • Дуо ва фурӯтанӣ муҳиманд
    Ҳазрати Исо — роҳ, ростӣ ва ҳаёт
  • Исо Матторо даъват мекунад
    Ҳазрати Исо — роҳ, ростӣ ва ҳаёт
  • «Аз хамиртуруши фарисиён... ҳазар кунед»
    Бурҷи дидбонӣ Салтанати Яҳуваро эълон мекунад — 2012
Устоди Бузургро гӯш кун
lr боби 21 саҳ. 11-116

БОБИ 21

Оё манманӣ кардан дуруст аст?

ОЁ ТУ медонӣ, ки манманӣ кардан чӣ маъно дорад? ~ Барои фаҳмидани ин, биё дар бораи коре фикр мекунем, ки дигарон онро нисбат ба ту нағзтар мекунанд, масалан, ланка ё резинкабозӣ. Оё ягон бор дар вақти бозӣ ҷӯра ё дугонаат ба ту ин хел гуфта буд: «Ҳа-ҳа-ҳа! Ман аз ту нағзтар бозӣ мекунам!»? ~ Ана ин рафторро манманӣ мегӯянд.

2 Оё одамоне, ки манманӣ мекунанд, ба ту маъқуланд? ~ Ба фикрат, вақте ки худи ту манманӣ мекунӣ, дигарон чӣ ҳис мекунанд? ~ Оё дуруст аст, ки мо ба дигарон ин хел гӯем: «Ман аз ту зӯртарам»? ~

3 Устоди Бузург одамонеро мешинохт, ки худашонро аз дигарон боло мегирифтанд. Онҳо манманӣ мекарданд ва дигаронро паст мезаданд. Барои ҳамин, рӯзе Исо ба ин одамон як ҳикояро нақл кард ва нишон дод, ки манманӣ кардан нодуруст аст. Биё ман ба ту ин ҳикояро нақл мекунам.

4 Ин ҳикоя дар бораи фарисӣ ва боҷгир аст. Фарисиён муаллимони динӣ буданд ва худашонро хеле худотарс ҳисоб мекарданд. Рӯзе як фарисӣ барои дуогӯӣ ба маъбади Худо, ки дар Ерусалим буд, меравад.

Фарисӣ ва боҷгир

Барои чӣ боҷгир ба Худо маъқул буду фарисӣ не?

5 Боҷгир ҳам ҳамон рӯз барои дуогӯӣ ба маъбад меравад. Боҷгирон вазифадор буданд, ки аз халқ пул ҷамъ карда ба подшоҳ диҳанд. Одатан одамон боҷгиронро нағз намедиданд, зеро медонистанд, ки бисёри онҳо фиребгаранд ва аз мардум пули зиёд мегиранд.

6 Дар маъбад фарисӣ ба Худо чунин дуо мегӯяд: «Худоё, раҳмат, ки ман мисли дигар одамон гунаҳкор нестам. Ман одамонро фиреб намедиҳам ва корҳои бад намекунам. Ман мисли ин боҷгир нестам, балки шахси худотарс мебошам. Дар як ҳафта ду бор рӯза медорам, то ки дар бораи ту бисёртар фикр кунам. Ва аз ҳар даҳ чизи бадастовардаам яктоашро ба хонаи Ту меорам». Фарисӣ дар ҳақиқат фикр мекард, ки вай аз дигарон беҳтар аст, ҳамин тавр-не? ~ Вай ҳатто дар дуояш инро ба Худо мегӯяд.

7 Лекин боҷгир дигар хел рафтор мекунад. Вай дар вақти дуо гуфтанаш ҳатто чашмашро сӯи осмон намебардорад ва сарашро хам карда дар як тараф меистад. Вай аз гуноҳҳои кардааш сахт пушаймон аст ва бо дарду алам дасташро ба синааш мезанад. Ӯ ба Худо худашро таъриф намекунад. Баръакс, вай ин хел мегӯяд: «Худоё, ба мани гунаҳкор раҳм кун».

8 Ба фикри ту, кадоме аз ин ду мард ба Худо маъқул буд? Фарисие, ки худашро одами нағз фикр мекард ё боҷгире, ки аз гуноҳҳояш пушаймон буд? ~

9 Исо гуфт, ки ба Худо боҷгир маъқул буд. Барои чӣ? Ӯ фаҳмонд: «Зеро касе, ки худро баланд мегирад, паст мешавад ва касе, ки худро паст меҳисобад, болобардор карда мешавад» (Луқо 18:9–14).

10 Ту аз ин ҳикояи Исо чӣ дарс мегирӣ? ~ Аз ин ҳикоя мо мефаҳмем, ки худро аз дигарон беҳтар ҳисоб кардан ба Худо маъқул нест. Мумкин мо мисли фарисӣ рӯирост намегӯем, ки аз дигарон беҳтарем, лекин шояд аз рафтори мо маълум аст, ки мо худро аз дигарон беҳтар меҳисобем. Оё ту ягон бор ин хел рафтор карда будӣ? ~ Биё мисоли Петруси ҳаввориро дида мебароем.

11 Вақте Исо ба шогирдонаш гуфт, ки ҳамаи онҳо ӯро дар вақти ҳабс шуданаш партофта мераванд, Петрус манманӣ карда гуфт: «Ҳатто агар ҳама туро партофта раванд ҳам, ман туро намепартоям». Лекин ӯ дар гапаш наистод. Каме пас, чӣ хеле ки Исо гуфта буд, Петрус ӯро партофта рафт. Ҳа, Петрус худбоварӣ кард. Баъдтар бошад, вай гашта омад. Аз боби 30-юми ин китоб мо дар ин бора бисёртар мефаҳмем (Матто 26:31–33).

12 Биё аз рӯзҳои худамон як мисолро дида мебароем. Фарз кун, ки муаллим дар мактаб ба ту ва ҳамсинфонат якчанд савол медиҳад. Чӣ мешавад, агар ту ба ин саволҳо тез ҷавоб ёбию ҳамсинфонат бошанд, не? Албатта, вақте ки ту ҷавоби саволҳоро медонӣ, ту аз ин хурсандӣ. Лекин оё хуб мебуд, ки ту худро бо шахсе, ки тез ҷавоб дода наметавонад, муқоиса кунӣ? ~ Оё дуруст аст, ки ту худро доно гирифта дигаронро паст занӣ? ~

13 Марди фарисӣ айнан ҳамин хел карда буд. Ӯ манманӣ карда гуфт, ки аз боҷгир беҳтар аст. Лекин Устоди Бузург гуфт, ки рафтори фарисӣ нодуруст аст. Рост аст, ки як кас назар ба каси дигар ин ё он корро беҳтар карда метавонад, лекин ин маънои онро надорад, ки ӯ одами хубтар аст.

Духтараке дар синф дасташро бардошта истодааст

Агар ту аз дигарон бисёртар донӣ, оё ин маънои онро дорад, ки ту одами хубтар ҳастӣ?

14 Пас, агар мо аз дигарон бисёртар донем, оё мо бояд бо ин фахр карда манманӣ кунем? ~ Биё дар бораи ин камтар фикр мекунем. Оё мо худамон майнаи сарамонро сохтем? ~ Не. Майнаи сари моро Худо сохтааст. Беш аз ин, бисёр чизҳоеро, ки мо медонем, мо аз дигарон ёд гирифтем. Масалан, чизи медонистагиамонро мо мумкин аз китоб хондем ё аз ягон кас фаҳмидем. Ҳатто агар мо худамон ягон чизро фаҳмида бошем ҳам, оё бо ин фахр кардан дуруст аст? ~ Не, чунки бе майнаи сар мо ҳеҷ чизро фаҳмида наметавонем. Майнаи сарро бошад, Худо ба мо додааст.

15 Вақте ки касе барои кардани ягон кор сахт кӯшиш мекунад, хуб мебуд, ки ту вайро таъриф кунӣ. Масалан, ту гуфта метавонӣ, ки кори ӯ ба ту маъқул аст. Ту ҳатто ба вай ёрдам карда метавонӣ, ки ин корро боз ҳам беҳтар иҷро кунад. Албатта, ба ҳар яки мо маъқул аст, ки дигарон бо мо ҳамин хел рафтор кунанд, ту бо ин розиӣ? ~

Бачае мушакҳои худро ба  бачаи дигар нишон дода истодааст

Агар мо аз дигарон бақувваттар бошем, чаро бо ин фахр кардан нодуруст аст?

16 Баъзе одамон аз дигарон бақувваттаранд. Мумкин худи ту аз додарча ё хоҳарчаат бақувваттарӣ. Лекин оё аз ин фахр кардан дуруст аст? ~ Не. Барои он ки қуввати мо аз хӯрдани хӯрок вобаста аст. Ва барои доштани хӯрок офтоб, борон ва дигар чизҳо даркоранд. Ҳамаи инро Худо ба мо медиҳад, ҳамин хел-не? ~ Барои ҳамин, агар мо бақувват бошем, мо бояд барои ин ба Худо раҳмат гӯем (Аъмол 14:16, 17).

17 Ба ҳеҷ кадоми мо маъқул нест, ки дигарон манманӣ карда бо худашон фахр кунанд, ҳамин тавр-не? ~ Биё суханони Исоро ба ёд меорем. Ӯ гуфта буд: «Чӣ хеле мехоҳед, ки одамон бо шумо рафтор кунанд, шумо ҳам бо онҳо ҳамин хел рафтор кунед». Агар мо ҳамин тавр кунем, мо ҳеҷ вақт мисли фарисие, ки Исо дар борааш нақл карда буд, манманӣ карда бо худамон фахр намекунем (Луқо 6:31).

18 Як бор касе Исоро Устоди нек номид. Оё Исо дар ҷавоб ин хел гуфт: «Ҳа, рост мегӯӣ, ман некам»? ~ Не. Ба ҷои ин ӯ чунин гуфт: «Ҳеҷ кас ғайр аз Худо нек нест» (Марқӯс 10:18). Нигоҳ накарда ба он ки Устоди Бузург шахси бегуноҳу беайб буд, вай ҳеҷ гоҳ манманӣ намекард. Баръакс, ӯ пеш аз ҳама номи Худоро болобардор мекард.

19 Лекин оё мо бо ягон шахс фахр карда метавонем? ~ Ҳа. Мо метавонем бо Офаридгори тамоми чизҳо, яъне бо Яҳува Худо фахр кунем. Масалан, вақте ки мо осмони рангоранг ё дигар офаридаҳои аҷоиби Худоро мебинем, мо метавонем ба ҷӯра ё дугонаамон гӯем: «Инро Худои бузурги мо — Яҳува офаридааст!» Биё ҳама вақт тайёр бошем, ки дар бораи чизҳои аҷоибе, ки Яҳува барои мо кардааст ва дар оянда боз мекунад, ба дигарон нақл кунем.

Ду писар нишастани офтобро тамошо карда истодаанд

Ин писарча бо кӣ фахр мекунад?

Биё аз ин оятҳо мефаҳмем, ки дар Китоби Муқаддас дар бораи манманӣ чӣ гуфта шудааст ва барои чӣ мо бояд ин хел накунем: Масалҳо 16:5, 18; Ирмиё 9:23, 24 ва 1 Қӯринтиён 4:7; 13:4.

    Адабиёт дар забони тоҷикӣ (2000–2025)
    Баромадан
    Даромадан
    • тоҷикӣ
    • Фиристодан
    • Ҷӯркунӣ
    • Copyright © 2025 Watch Tower Bible and Tract Society of Pennsylvania
    • Шарти истифодабарӣ
    • Сиёсати ҳифзи асрор
    • Танзимоти ҳифзи асрор
    • JW.ORG
    • Даромадан
    Фиристодан