ОНЛАЙН-КИТОБХОНАИ Бурҷи дидбонӣ
ОНЛАЙН-КИТОБХОНАИ
Бурҷи дидбонӣ
тоҷикӣ
ӯ
  • ғ
  • ӣ
  • қ
  • ӯ
  • ҳ
  • ҷ
  • КИТОБИ МУҚАДДАС
  • АДАБИЁТ
  • ВОХӮРИҲО
  • lr боби 32 саҳ. 167-171
  • Чӣ тавр Худо Исоро муҳофизат мекард?

Видеонавор вуҷуд надорад.

Бубахшед, видеонавор боргирӣ нашуд.

  • Чӣ тавр Худо Исоро муҳофизат мекард?
  • Устоди Бузургро гӯш кун
  • Маводи монанд
  • Ба назди Исо ситорашиносон меоянд
    Ҳазрати Исо — роҳ, ростӣ ва ҳаёт
  • Ситорае, ки мардонро роҳнамоӣ мекард
    Ҳикояҳо аз Китоби Муқаддас
  • Халосӣ аз шоҳи золим
    Ҳазрати Исо — роҳ, ростӣ ва ҳаёт
  • Исо аз девҳо пурзӯртар аст
    Устоди Бузургро гӯш кун
Устоди Бузургро гӯш кун
lr боби 32 саҳ. 167-171

БОБИ 32

Чӣ тавр Худо Исоро муҳофизат мекард?

БАЪЗАН Яҳува барои кӯдакон, ки худро муҳофизат карда наметавонанд, корҳои аҷоиб мекунад. Дар табиат мо чизи ба ин монандро дида метавонем.

2 Тасаввур кун, ки ту дар қишлоқ сайругашт мекунӣ ва аз пешат нохост паррандае мебарояд. Ба назарат чунин метобад, ки як қаноти вай шикастааст. Вақте ки ту ба парранда наздик шудан мехоҳӣ, вай қаноташро кашолакунон аз пешат мегурезад. Ва чӣ қадаре ки ту ба вай наздик мешавӣ, ҳамон қадар вай аз ту дур шудан мегирад. Баъд, нохост парранда парида меравад. Он вақт ту мефаҳмӣ, ки қаноти вай шикаста набудааст. Оё ту медонӣ, ки барои чӣ ин парранда ин хел кард? ~

3 Дар ин маврид агар шахс бодиққат ба гирду атроф нигоҳ кунад, вай дар қабати алафҳо чӯҷаҳои он паррандаро мебинад. Парранда аз тарси он, ки бачаҳояшро мебинанду ба онҳо зарар мерасонанд, худашро захмдор нишон медиҳад ва шахсро аз пеши чӯҷаҳояш дуртар мебарад. Оё ту медонӣ, ки кӣ мисли ин парранда моро муҳофизат мекунад? ~ Китоби Муқаддас Яҳуваро ба уқобе, ки ба фарзандонаш ғамхорӣ менамояд, монанд мекунад (Такрори Шариат 32:11, 12).

Парранда худашро захмдор нишон дода истодааст, вақте ки кӯдакон ба бачаҳояш наздик мешаванд

Чӣ тавр ин парранда чӯҷаҳояшро муҳофизат мекунад?

4 Аз ҳама фарзанди азизтарини Яҳува ин Писари Ӯ — Исо мебошад. Вақте ки Исо дар осмон буд, вай монанди Падараш шахсияти пурзӯри рӯҳӣ буд. Вай метавонист бемалол худашро муҳофизат кунад. Лекин вақте ки Исо чун кӯдак дар замин таваллуд шуд, ӯ ба ёрдами дигарон мӯҳтоҷ буд ва касе бояд ӯро муҳофизат мекард.

5 Барои иҷро кардани хости Худо Исои кӯдак аввал бояд калон мешуд. Шайтон инро медонист ва барои ҳамин кӯшиш мекард, ки Исоро дар хурдсолиаш кушад. Лекин ҳар дафъа Яҳува ӯро муҳофизат мекард. Воқеаҳое, ки бо Исо рӯй доданд, хеле шавқоваранд. Мехоҳӣ, ки ман ба ту дар бораи онҳо нақл кунам? ~

6 Чанде пас аз таваллуд шудани Исо Шайтон тавре кард, ки дар тарафи шарқ гӯё ситораи дурахшоне пайдо шуд. Ситорашиносон, яъне мардоне, ки ситорагонро меомӯхтанд, аз пушти он ситора равона шуда садҳо километр роҳро тай карданд ва ба Ерусалим омаданд. Дар он ҷо онҳо аз одамон пурсиданд, ки шоҳи яҳудиён бояд дар куҷо таваллуд шавад. Ва одамоне, ки Китоби Муқаддасро нағз медонистанд, ин хел ҷавоб доданд: «Дар Байт-Лаҳм» (Матто 2:1–6).

Ситорашиносон барои Марям, Юсуф ва Исо тӯҳфаҳо оварда истодаанд

Баъди он ки ситорашиносон ба дидани Исои кӯдак меоянд, Худо барои муҳофизат кардани Писараш ба онҳо чӣ мегӯяд?

7 Баъди он ки Ҳиродус — подшоҳи золими Ерусалим фаҳмид, ки дар шаҳри Байт-Лаҳм подшоҳи нав таваллуд шудааст, вай ба ситорашиносон гуфт: «Он кӯдакро кобед ва ҳамин ки ёфтед, ба ман хабар диҳед». Оё ту медонӣ, ки барои чӣ Ҳиродус Исоро ёфтан мехост? ~ Барои он ки подшоҳ ба Исо бахилӣ кард ва ӯро куштанӣ буд.

8 Лекин чӣ тавр Худо Писарашро муҳофизат кард? ~ Вақте ки ситорашиносон Исоро ёфтанд, онҳо ба вай тӯҳфаҳо доданд. Баъдтар Худо дар хоб ба ситорашиносон гуфт, ки гашта ба пеши Ҳиродус нараванд. Барои ҳамин, онҳо ба Ерусалим нарафтанд ва ба хонаашон бо роҳи дигаре равона шуданд. Вақте ки Ҳиродус инро фаҳмид, вай сахт дарғазаб шуд. Бо мақсади куштани Исо Ҳиродус фармон дод, ки дар Байт-Лаҳм ҳамаи писарчаҳои то дусола кушта шаванд. Лекин, он вақт Исо аллакай аз Байт-Лаҳм дур буд.

9 Оё ту медонӣ, ки чӣ тавр ин хел шуд? ~ Баъди рафтани ситорашиносон Яҳува ба шавҳари Марям — Юсуф гуфт, ки ҳамроҳи оилааш ба Миср гурезад. Ана ҳамин хел Исо аз дасти Ҳиродус халос шуд. Баъди якчанд сол, вақте ки Юсуфу Марям ҳамроҳи Исо аз Миср гашта омаданд, Худо бори дигар ба Юсуф гап зад. Яҳува дар хоб ба вай гуфт, ки ба шаҳри Носира кӯчад, то ки Исо дар бехатарӣ бошад (Матто 2:7–23).

Юсуф барои ҳимоя кардани Исо, ӯро бо модараш ба Миср мебарад

Баъди он ки ситорашиносон ба дидани Исои кӯдак меоянд, Худо барои муҳофизат кардани Писараш ба онҳо чӣ мегӯяд?

10 Оё ту акнун мефаҳмӣ, ки чӣ тавр Яҳува Писарашро муҳофизат мекард? ~ Ба фикри ту, киро ба Исои кӯдак ё ба чӯҷаҳои паррандае, ки дар боло оиди онҳо гап зада будем, монанд кардан мумкин аст? Оё ту мисли онҳо нестӣ? ~ Ҳастанд шахсоне, ки ба ту зарар расонидан мехоҳанд. Ту медонӣ, ки онҳо кистанд? ~

11 Китоби Муқаддас Шайтонро ба шери ғурроне, ки моро хӯрдан мехоҳад, монанд мекунад. Ва чӣ тавре ки шерон одатан ба бачаҳои ҳайвонҳо ҳамла мекунанд, Шайтон ва девҳояш ҳам бисёр вақт ба кӯдакон ҳамла мекунанд (1 Петрус 5:8). Лекин Яҳува аз Шайтон пурзӯртар аст. Ӯ метавонад фарзандонашро муҳофизат кунад ва ҳар гуна зарареро, ки Шайтон ба онҳо мерасонад, бартараф созад.

12 Оё ту аз боби 10-уми ин китоб дар хотир дорӣ, ки Шайтон ва девҳояш моро ба кардани кадом кор тела додан мехоҳанд? ~ Ҳа, онҳо мехоҳанд, ки мо ба алоқаи ҷинсии норавою номумкин даст занем. Лекин танҳо ба кадом шахсон алоқаи ҷинсӣ кардан мумкин аст? ~ Дуруст, танҳо ба ду шахси калонсоли оиладор, яъне ба зану шӯи қонунӣ.

13 Лекин сад афсӯс, ки ба баъзе калонсолон бо кӯдакон алоқаи ҷинсӣ кардан маъқул аст. Вақте ки калонсолон ин корро мекунанд, он писарчаю духтарчаҳо ҳам мумкин аз онҳо ёд гирифта ба чунин корҳои даҳшатовар даст мезананд. Ин кӯдакон ҳам узвҳои ҷинсиашонро ба таври нодуруст истифода мебаранд. Дар замонҳои қадим дар шаҳри Садӯм одамон ба чунин корҳои бад даст мезаданд. Дар Китоби Муқаддас гуфта шудааст, ки одамони он ҷо «аз писарча то пирамард» бо меҳмонони Лут алоқаи ҷинсӣ карданӣ буданд (Ҳастӣ 19:4, 5, ТДН).

14 Дар вақти кӯдакиаш Исо ба муҳофизат мӯҳтоҷ буд. Мисли ин, туро ҳам касе бояд аз калонсолон ва ҳатто аз кӯдаконе, ки шояд бо ту алоқаи ҷинсӣ кардан мехоҳанд, муҳофизат кунад. Одатан ин хел одамон худашонро ба ту дӯст нишон медиҳанд. Онҳо ҳатто метавонанд ба ту ягон чизро ваъда диҳанд, то ки ту дар бораи он коре, ки онҳо бо ту кардан мехоҳанд, ба дигарон ҳеҷ чиз нагӯӣ. Лекин ин одамон мисли Шайтону девҳояш худпарастанд, онҳо фақат дар бораи кайфу сафои худашон фикр мекунанд. Ва барои иҷро кардани хоҳишҳояшон онҳо бо кӯдакон алоқаи ҷинсӣ кардан мехоҳанд. Ин кор хеле бад аст!

15 Оё ту медонӣ, ки онҳо барои кайфу сафои худашон чӣ кор карда метавонанд? ~ Онҳо метавонанд ба узвҳои ҷинсии ту расанд, бо онҳо бозӣ кунанд ва ё узвҳои ҷинсии худашонро ба узвҳои ҷинсии ту моланд. Лекин асло ба ҳеҷ кас намон, ки бо узвҳои ҷинсии ту бозӣ кунад. Ба ҳеҷ кас — ҳатто агар вай бародару хоҳарат ё падару модарат бошад ҳам!

Духтарак мардеро, ки ба ӯ расидан мехоҳад, бо дасташ тела карда истодааст

Агар касе бо нияти бад ба ягон ҷои ту расидан хоҳад, ту бояд чӣ кор кунӣ??

16 Чӣ тавр ту баданатро аз одамоне, ки чунин корҳои бад мекунанд, муҳофизат карда метавонӣ? ~ Пеш аз ҳама, ба ҳеҷ кас иҷозат надеҳ, ки бо узвҳои ҷинсии ту бозӣ кунад. Агар ягон кас ба узви ҷинсии ту расиданӣ шавад, бо овози ҷиддӣ ва баланд ин хел гӯй: «Ба ман нарас! Ман ҳамаашро ба дигарон мегӯям!» Ва агар он шахс гӯяд, ки дар ин кор худи ту айбдор ҳастӣ, бовар накун. Ин дурӯғ аст! Нигоҳ накарда ба он ки ин шахс кист ва чӣ мегӯяд, рафта ҳамаашро ба ягон одами калонсол нақл кун. Ҳатто агар он одами бад гӯяд, ки кори кардаашро ғайр аз ҳардуи шумо набояд каси дигаре донад, гапи ӯро гӯш накун. Вай метавонад туро тарсонад ё баръакс ба ту тӯҳфаҳои қиматбаҳо ваъда диҳад, лекин ба ҳеҷ чиз нигоҳ накарда ту тез аз пешаш раву ҳамаашро ба ягон шахси калонсол нақл кун.

17 Ба тарсу ваҳм афтодан лозим нест, эҳтиёт шудан даркор аст! Агар падару модарат ба ту гӯянд, ки бо ин ё он шахс бозӣ накун ё ба ин ё он ҷо нарав, ту бояд ба гапи онҳо гӯш диҳӣ. Агар ту ин хел кунӣ, одамони бад ба ту зарар расонида наметавонанд.

Ин оятҳо нишон медиҳанд, ки ту бояд худатро аз алоқаи ҷинсии нораво муҳофизат кунӣ: Ҳастӣ 39:7–12; Масалҳо 4:14–16; 14:15, 16; 1 Қӯринтиён 6:18 ва 2 Петрус 2:14.

    Адабиёт дар забони тоҷикӣ (2000–2025)
    Баромадан
    Даромадан
    • тоҷикӣ
    • Фиристодан
    • Ҷӯркунӣ
    • Copyright © 2025 Watch Tower Bible and Tract Society of Pennsylvania
    • Шарти истифодабарӣ
    • Сиёсати ҳифзи асрор
    • Танзимоти ҳифзи асрор
    • JW.ORG
    • Даромадан
    Фиристодан