ОНЛАЙН-КИТОБХОНАИ Бурҷи дидбонӣ
ОНЛАЙН-КИТОБХОНАИ
Бурҷи дидбонӣ
тоҷикӣ
ӯ
  • ғ
  • ӣ
  • қ
  • ӯ
  • ҳ
  • ҷ
  • КИТОБИ МУҚАДДАС
  • АДАБИЁТ
  • ВОХӮРИҲО
  • lr боби 6 саҳ. 37-41
  • Устоди бузург ба дигарон хизмат мекард

Видеонавор вуҷуд надорад.

Бубахшед, видеонавор боргирӣ нашуд.

  • Устоди бузург ба дигарон хизмат мекард
  • Устоди Бузургро гӯш кун
  • Маводи монанд
  • Барои чӣ Исо Устоди бузург буд?
    Устоди Бузургро гӯш кун
  • Исо пойҳои расулонро мешӯяд
    Ҳазрати Исо — роҳ, ростӣ ва ҳаёт
  • Оё ту дар ҳама чиз якум будан мехоҳӣ?
    Устоди Бузургро гӯш кун
Устоди Бузургро гӯш кун
lr боби 6 саҳ. 37-41

БОБИ 6

Устоди бузург ба дигарон хизмат мекард

ВАҚТЕ КИ касе ба ту ягон кори нағз мекунад, оё ин ба ту маъқул аст? ~ Ин ба ҳама маъқул аст. Устоди Бузург инро медонист ва ҳамеша ба одамон корҳои нағз мекард. Ӯ гуфта буд: «Ман на барои он омадам, ки ба ман хизмат кунанд, балки барои он ки ба дигарон хизмат кунам» (Матто 20:28).

Исо баҳс кардани ду шогирдашро дида истодааст

Пайравони Исо дар бораи чӣ ҷанҷол мекарданд?

2 Ба фикри ту, барои ба Устоди Бузург монанд шудан, мо бояд чӣ кор кунем? ~ Мо бояд ба дигарон хизмат кунем, яъне барои онҳо корҳои нағз кунем. Рост аст, ки бисёриҳо ин хел намекунанд. Баръакс, бисёри одамон мехоҳанд, ки дигарон ба онҳо хизмат кунанд. Вақте буд, ки ҳатто шогирдони Исо чунин фикр мекарданд. Ҳар яки онҳо мехост, ки аз дигарон баланд бошад.

3 Рӯзе Исо ва шогирдонаш ба шаҳри Кафарнаҳум, ки дар наздикии баҳри Ҷалил буд, рафтанд. Дар он ҷо онҳо ба як хонае даромаданд. Ва Исо аз онҳо пурсид: «Шумо дар роҳ дар бораи чӣ баҳсу ҷанҷол кардед?» Онҳо ҷим мешиштанд, зеро дар роҳ байни худ дар бораи он ки кӣ аз ҳама муҳим аст, ҷанҷол карда буданд (Марқӯс 9:33, 34).

4 Исо намехост, ки ягон шогирди вай худро аз дигарон баланд ҳисоб кунад. Барои ҳамин вай кӯдаки хурдеро гирифта дар миёни шогирдонаш монд ва гуфт, ки онҳо бояд мисли вай фурӯтан бошанд. Мумкин ту дар ёд дорӣ, ки мо аллакай дар бораи ин дар боби якуми ин китоб хондем. Лекин шогирдони Исо ин дарсро аз худ накарданд. Аз ин сабаб баъдтар, каме пеш аз мурданаш, Исо кореро кард, ки он то охири умрашон дар ёди онҳо монд. Ӯ чӣ кор кард? ~

5 Вақте ки ҳамаи онҳо якҷоя хӯрок мехӯрданд, Исо аз сари миз хеста, либоси болоии худро кашид ва сачоқеро гирифта ба миёнаш баст. Баъд ӯ тағораеро гирифту ба он об рехт. Шогирдонаш шояд намефаҳмиданд, ки ҳозир ӯ чӣ кор мекунад. Исо бошад, ба пеши ҳар яки онҳо омад ва хам шуда бонавбат пойҳояшонро шушт. Баъди ин, ӯ сачоқро гирифта пойҳои онҳоро хушк кард. Чӣ хел аҷоиб, ки худи Устоди Бузург ин корро кард! Агар ту ҳам он ҷо мебудиву Исо пойҳои туро низ мешушт, ту чӣ ҳис мекардӣ? ~

Исо пойҳои шогирдонашро шуста истодааст

Исо ба шогирдонаш кадом дарси муҳимро таълим дод?

6 Пайравони Исо нахостанд, ки Устоди Бузург ин кори пастро иҷро кунад. Петрус ҳатто дар аввал намонд, ки Исо ба вай хизмат кунад, яъне пойҳои вайро шӯяд. Лекин Исо фаҳмонд, ки ин хеле муҳим аст.

7 Дар рӯзҳои мо одамон пойҳои якдигарро намешӯянд. Лекин дар замоне, ки Исо дар замин зиндагӣ мекард, ин кор одат буд. Медонӣ барои чӣ? ~ Дар мамлакате, ки Исо ва пайравонаш зиндагӣ мекарданд, одамон пойафзоли болояш кушодагӣ мепӯшиданд. Барои ҳамин, вақте ки онҳо дар роҳи пурчанг мегаштанд, пойҳояшон чиркин мешуданд. Ва шуштани пойҳои шахсе, ки ба хона медаромад, кори нек ҳисоб мешуд.

8 Вале он рӯз ягон шогирди Исо чунин хизматро ба гардан нагирифт ва пойҳои дигаронро нашушт. Барои ҳамин Исо худаш ин корро кард. Бо ин роҳ Исо ба пайравонаш дарси муҳимеро таълим дод. Аз худ кардани ин дарс барои онҳо муҳим буд. Ва мо низ бояд ин дарсро аз худ кунем.

9 Оё ту медонӣ, ки ин дарс чист? ~ Баъди он ки Исо либоси болоии худро аз нав пӯшида ба ҷояш шишт, вай фаҳмонд: «Оё медонед, ки ман барои шумо чӣ кор кардам? Шумо маро Устод мегӯед ва рост мегӯед, зеро ки ҳамин хел аст. Агар ман, Устоди шумо, пойҳои шуморо шушта бошам, пас шумо ҳам бояд пойҳои якдигарро шӯед» (Юҳанно 13:2–14).

Писараке зарфро барои ду зани хӯрок тайёркардаистода  меорад

Ту чӣ тавр ба дигарон ёрдам дода метавонӣ?

10 Ин ҷо Устоди Бузург нишон дод, ки пайравонаш бояд ба якдигар хизмат кунанд. Ӯ намехост, ки онҳо фақат дар бораи худашон фикр кунанд ва худро шахси муҳим ҳисобанд. Ҳа, ба ҷои он ки хизмати дигаронро интизор шаванд, онҳо бояд худашон бо тайёрӣ ба дигарон хизмат мекарданд.

11 Ин дарси хубест, ҳамин хел-не? ~ Оё ту ҳам мехоҳӣ, ки ба Устоди Бузург монанд бошӣ ва ба дигарон хизмат кунӣ? ~ Ҳамаи мо метавонем барои дигарон корҳои нағз кунем ва онҳо аз ин шод мешаванд. Вале аз ҳама муҳимаш Исо ва Падари ӯ аз ин хурсанд мешаванд.

Кӯдакон барои тоза кардани хона ба модарашон ёрдам карда истодаанд

12 Ба дигарон хизмат кардан кори душвор нест. Агар дар ин бора фикр кунӣ, ту барои ин роҳҳои бисёр меёбӣ. Масалан, фикр кун, ки чӣ тавр ту ба модарат ёрдам дода метавонӣ. Ӯ барои ту ва дигар аъзоёни оилаатон корҳои бисёреро мекунад. Оё ту дар ин корҳо ба модарат кӯмак карда метавонӣ? ~ Пас хуб мебуд, ки аз худи вай пурсӣ, ки ту кадом корро карда метавонӣ.

13 Мумкин ту метавонӣ пеш аз хӯрдани хӯрок дастархон кушоӣ. Ё ин ки баъди хӯрдани хӯрок дастархонро ғундорӣ ва косаву табақро шӯӣ. Баъзе бачаҳо ҳар рӯз хона мерӯбанд. Нигоҳ накарда ба он ки ту дар кадом кор ба дигарон кӯмак мекунӣ, бо ин рафторат ту нишон медиҳӣ, ки мисли Исо ба дигарон хизмат кардан мехоҳӣ.

Бачаи калон барои ба тартиб даровардани бистараш кӯмак мекунад

14 Агар ту хоҳарчаву додарча дошта бошӣ, оё ту ба онҳо хизмат карда метавонӣ? Дар ёд дор, ки ҳатто Исо, Устоди Бузург, ба шогирдонаш хизмат мекард. Ва ба хоҳаракону додараконат хизмат карда ту ба Исо пайравӣ мекунӣ. Ту барои онҳо чӣ кор карда метавонӣ? ~ Масалан, ту метавонӣ ба онҳо кӯмак кунӣ, ки баъди бозӣ карданашон бозичаҳоро ҷамъ кунанд. Ё мумкин ту ба онҳо барои либос пӯшидан ё ҷои хобашонро ба тартиб овардан ёрдам карда метавонӣ. Ба фикрат, ту барои хоҳараку додараконат боз чӣ кор карда метавонӣ? ~ Барои чунин корҳоят онҳо туро боз ҳам бисёртар нағз мебинанд, чӣ тавре ки пайравонаш Исоро нағз медиданд.

15 Дар мактаб ҳам ту метавонӣ ба дигарон, масалан, ба ҳамсинфонат ё ба муаллимонат хизмат кунӣ. Агар касе китобҳояшро афтонаду ту ба бардоштани онҳо ёрдам диҳӣ, ин кори хеле нағз мебуд. Ту метавонӣ тахтаи синфро тоза кунӣ ё барои муаллим боз ягон кори дигаре кунӣ. Ҳатто дарро барои касе дошта истодан кори хуб аст.

Писараке тахтаи синфро тоза карда истодааст; духтараке барои зане, ки маъюб аст хӯрока оварда истодааст

16 Баъзан одамон барои корҳои некамон ба мо раҳмат намегӯянд. Ба фикри ту, оё мо бояд аз ин сабаб корҳои нағз карданро бас кунем? ~ Не! Бисёр одамон ба Исо барои корҳои нағзаш раҳмат намегуфтанд, вале ӯ некӣ карданро бас намекард.

17 Барои ҳамин, биё ҳамеша кӯшиш кунем, ки ба дигарон хизмат кунем. Биё намунаи Устоди Бузургро дар ёд дорем ва ҳамеша ба ӯ пайравӣ кунем.

Аз оятҳои Масалҳо 3:27, 28; Румиён 15:1, 2 ва Ғалотиён 6:2 ту дар бораи ба дигарон ёрдам додан бисёртар мефаҳмӣ.

    Адабиёт дар забони тоҷикӣ (2000–2025)
    Баромадан
    Даромадан
    • тоҷикӣ
    • Фиристодан
    • Ҷӯркунӣ
    • Copyright © 2025 Watch Tower Bible and Tract Society of Pennsylvania
    • Шарти истифодабарӣ
    • Сиёсати ҳифзи асрор
    • Танзимоти ҳифзи асрор
    • JW.ORG
    • Даромадан
    Фиристодан