ОНЛАЙН-КИТОБХОНАИ Бурҷи дидбонӣ
ОНЛАЙН-КИТОБХОНАИ
Бурҷи дидбонӣ
тоҷикӣ
ӯ
  • ғ
  • ӣ
  • қ
  • ӯ
  • ҳ
  • ҷ
  • КИТОБИ МУҚАДДАС
  • АДАБИЁТ
  • ВОХӮРИҲО
  • lr боби 10 саҳ. 57-61
  • Исо аз девҳо пурзӯртар аст

Видеонавор вуҷуд надорад.

Бубахшед, видеонавор боргирӣ нашуд.

  • Исо аз девҳо пурзӯртар аст
  • Устоди Бузургро гӯш кун
  • Маводи монанд
  • Ҳақиқат дар бораи фариштагон ва девҳо
    Китоби Муқаддас ба мо чиро таълим медиҳад?
  • Ҳақиқат дар бораи фариштагон
    То абад зинда бошед! Омӯзиши Китоби Муқаддас
  • Махлуқоти рӯҳӣ. Оё онҳо ба мо таъсир мерасонанд?
    Таълимоти Китоби Муқаддас
  • Ояндаи олӣ
    Арвоҳи мурдагон. Оё онҳо ба шумо кӯмак ё зарар расонида метавонанд? Оё онҳо дар ҳақиқат вуҷуд доранд?
Маълумоти бештар
Устоди Бузургро гӯш кун
lr боби 10 саҳ. 57-61

БОБИ 10

Исо аз девҳо пурзӯртар аст

ОЁ ДАР хотир дорӣ, ки чаро яке аз фариштагони Худо Шайтон шуд? ~ Вай ба хоҳишҳои нодуруст роҳ дод ва бар зидди Худо баромад. Шайтон мехост, ки одамон ӯро парастиш кунанд. Оё дигар фариштаҳо ба Шайтон ҳамроҳ шуданд? ~ Ҳа. Дар Китоби Муқаддас онҳо фариштаҳои Шайтон ё девҳо номида шудаанд (Ваҳй 12:9).

2 Оё ин фариштагони бад, яъне девҳо ба вуҷуд доштани Худо боварӣ доранд? ~ Ҳа ва мо инро аз Китоби Муқаддас медонем (Яъқуб 2:19). Лекин ҳоло девҳо аз тарс меларзанд, зеро медонанд, ки Худо барои корҳои бадашон онҳоро ҷазо медиҳад. Оё ту медонӣ, ки девҳо чӣ кори бад карданд? ~

3 Яҳува фариштагонро барои он офарид, ки дар осмон зиндагӣ кунанд ва дар он ҷо ба Ӯ хизмат кунанд. Лекин дар Китоби Муқаддас гуфта мешавад, ки баъзе фариштагон ҷои худро партофта ба замин омаданд. Онҳо бадани мардона гирифтанд ва дар замин бо занони хушрӯй алоқаи ҷинсӣ карданд (Ҳастӣ 6:1, 2; Яҳудо 6). Ту дар бораи алоқаи ҷинсӣ чӣ медонӣ? ~

4 Алоқаи ҷинсӣ — ин муносибатҳои махсуси ҷисмонӣ байни марду зан мебошад. Баъди ин хел муносибатҳо дар шиками модар кӯдакча пайдо шуда метавонад. Лекин барои фариштагон алоқаи ҷинсӣ кардан мумкин нест. Худо мехоҳад, ки алоқаи ҷинсӣ танҳо байни зану шӯ бошад, то агар кӯдак таваллуд шавад, вай ҳам падар дошта бошад ва ҳам модар.

Фариштагони бад аз осмон ба занони хушрӯй нигоҳ карда истодаанд

Ин фариштаҳо чӣ кори бад карданд?

5 Он фариштаҳои бад бадани одамӣ гирифта, бо занон алоқаи ҷинсӣ мекарданд. Ва фарзандоне, ки аз онҳо таваллуд мешуданд, калон шуда, бузургҷусса мегаштанд. Онҳо хеле бераҳм буданд ва одамонро азоб медоданд. Барои ҳамин Худо бар замин тӯфони бузург, яъне обхезии калон овард, то ки бузургҷуссаҳо ва ҳамаи дигар одамони бадро несту нобуд кунад. Лекин ба Нӯҳ-пайғамбар гуфт, ки киштии калон созад, то одамоне, ки Ӯро гӯш мекунанд, наҷот ёбанд. Устоди Бузург гуфт, ки ин воқеаи замони Нӯҳро дар хотир нигоҳ доштан муҳим аст (Ҳастӣ 6:3, 4, 13, 14; Луқо 17:26, 27).

6 Ту медонӣ, ки ҳангоми омадани Тӯфон бо фариштагони бад чӣ рӯй дод? ~ Онҳо бадани одамиашонро партофтанд ва ба осмон баргаштанд. Лекин акнун онҳо фариштагони Худо буда наметавонистанд ва барои ҳамин онҳо фариштагони Шайтон, яъне дев шуданд. Вале бо фарзандони фариштагони бад чӣ шуд? ~ Онҳо дар Тӯфон нест шуданд. Ва ҳамаи дигар одамоне, ки Худоро гӯш намекарданд, ҳамроҳи онҳо мурданд.

Шайтон ва девҳои ӯ аз осмон ба замин ронда шуданд

Барои чӣ имрӯз зиндагӣ дар рӯи замин аз пештара душвортар аст?

7 Баъди Тӯфон Худо ба девҳо иҷозат надод, ки ба худ бадани одамӣ гиранд. Лекин нигоҳ накарда ба ин, онҳо то ҳол одамонро ба корҳои хеле бад тела медиҳанд. Имрӯз девҳо аз пештара дида бисёртар зарар мерасонанд. Сабаб дар он аст, ки онҳо аз осмон ба замин партофта шудаанд.

8 Ба фикри ту, барои чӣ мо девҳоро дида наметавонем? ~ Барои он ки онҳо нонамоёнанд, яъне онҳоро бо чашм дида намешавад. Лекин мо боварӣ дошта метавонем, ки онҳо вуҷуд доранд. Дар Китоби Муқаддас гуфта мешавад, ки Шайтон одамони «тамоми ҷаҳонро фиреб мекунад» ва девҳо ба ӯ ёрӣ медиҳанд (Ваҳй 12:9, 12).

9 Оё Шайтон ва девҳояш моро ҳам фиреб карда метавонанд? ~ Ҳа, метавонанд, агар мо ҳушёру эҳтиёткор набошем. Вале ба мо аз онҳо тарсидан лозим нест. Устоди Бузург дар бораи Шайтон гуфта буд: «Вай бар ман таъсире надорад». Агар мо бо Худо дӯстӣ кунем, Ӯ моро аз Иблис ва девҳояш муҳофизат мекунад (Юҳанно 14:30).

10 Мо бояд донем, ки девҳо моро ба кадом корҳои бад тела додан мехоҳанд. Биё дар бораи ин фикр кунем. Вақте ки девҳо пеш аз Тӯфон ба замин фаромада буданд, онҳо кадом корҳои бадро мекарданд?~ Онҳо бо занон алоқаи ҷинсӣ мекарданд, ки ин барои фариштаҳо мумкин тамоман нест. Имрӯз ҳам, вақте ки одамон ба қонуни Худо дар бораи алоқаи ҷинсӣ гӯш намекунанд, девҳо аз ин хурсанд мешаванд. Канӣ гӯй, фақат киҳо байни худ алоқаи ҷинсӣ дошта метавонанд? ~ Дуруст гуфтӣ, фақат зану шӯ.

11 Имрӯз баъзе писарону духтарон алоқаи ҷинсӣ мекунанд, лекин ин нодуруст аст. Аз Китоби Муқаддас мо мефаҳмем, ки узвҳои ҷинсиро Яҳува офаридааст. Ва Ӯ ин узвҳои баданро танҳо барои он офарид, ки зану шӯ аз онҳо истифода баранд. Вақте ки одамон кореро, ки Яҳува ганда мебинад, мекунанд девҳо аз ин хурсанд мешаванд. Масалан, агар писарчаю духтарча бо узвҳои ҷинсии якдигар бозӣ кунанд, ин ба девҳо маъқул мешавад. Лекин мо девҳоро хурсанд кардан намехоҳем, ҳамин тавр-не? ~

12 Боз чизи дигаре ҳаст, ки девҳо онро нағз мебинанд, лекин Яҳува аз он нафрат дорад. Оё медонӣ, ки ин чист? ~ Ин зӯроварӣ аст (Забур 10:5). Зӯроварӣ — ин вақте ки ягон кас шахси дигарро бераҳмона мезанад ё бо ягон роҳи дигар ба вай дарди ҷисмонӣ мерасонад. Ба хотир биёр, ки бузургҷуссагон, яъне писарони девҳо айнан ҳамин хел рафтор мекарданд.

13 Ғайр аз ин, ба девҳо одамонро тарсондан маъқул аст. Баъзан онҳо худро чун шахсони мурдагӣ нишон медиҳанд. Девҳо ҳатто мисли одамони мурда гап зада метавонанд. Бо ин роҳ онҳо одамонро фиреб медиҳанд, ки гӯё одам баъд аз мурдан ҳам, зиндагиро давом медиҳад ва бо зиндаҳо гап мезанад. Бале, девҳо бисёриҳоро ба вуҷуд доштани арвоҳи мурдагон бовар мекунонанд.

14 Мо бояд хеле боэҳтиёт бошем, то ки Шайтон ва девҳояш моро фиреб надиҳанд. Китоби Муқаддас огоҳ мекунад, ки Шайтон худро чун фариштаи нағз нишон медиҳад. Ва хизматгоронаш ҳам ҳамин хел рафтор мекунанд (2 Қӯринтиён 11:14, 15). Дар ҳақиқат бошад, девҳо хеле баданд. Биё мебинем, ки чӣ тавр онҳо моро ба кардани корҳои бад тела медиҳанд.

15 Фикр кун: бисёр вақт одамон аз куҷо зӯроварӣ ва алоқаи ҷинсии номумкинро ёд мегиранд ва дар бораи рӯҳу арвоҳ мефаҳманд? ~ Аз баъзе барномаҳои телевизионӣ, филмҳо, бозиҳои компютерӣ ва сайтҳои интернетӣ. Набошад, ба фикри ту, ин чизҳо моро ба кӣ наздик мекунанд — ба Худо ё ба Иблис ва девҳояш? ~

Ду бача аз телевизион зӯровариро тамошо карда, такрор карда истодаанд

Агар мо зӯровариро тамошо кунем, чӣ рӯй дода метавонад?

16 Ба фикри ту, кӣ мехоҳад, ки мо чизҳои бадро гӯш кунем ва тамошо кунем? ~ Ҳа, Шайтон ва девҳояш. Ин хел бошад, ману ту бояд чӣ кор кунем? ~ Мо бояд он чизҳоеро гӯш кунем, хонем ва тамошо кунем, ки ба фоидаи мо мебошанд ва ба мо ёрӣ мерасонанд, ки ба Яҳува хизмат кунем. Ба фикри ту, ин чӣ гуна чизҳо мебошанд? ~

Ду духтарак якҷоя китоб хонда истодаанд

Кардани кадом корҳо ба мо фоида меорад?

17 Агар мо дуруст рафтор кунем, ба мо аз девҳо тарсидан лозим намешавад. Исо аз девҳо дида зӯртар аст ва онҳо аз вай сахт метарсанд. Як бор девҳо бо тарсу ҳарос ба Исо гуфтанд: «Ту барои нест кардани мо омадаӣ!» (Марқӯс 1:24). Вақте ки Исо Шайтону девҳояшро несту нобуд мекунад, оё мо хурсанд намешавем? ~ Ҳоло бошад, мо боварӣ дошта метавонем, ки Исо моро аз девҳо муҳофизат мекунад. Барои ин ба мо лозим аст, ки бо ӯ ва Падари осмониаш дӯстӣ кунем.

Биё мефаҳмем, ки барои худро аз Шайтон ва девҳояш муҳофизат намудан, ба мо чӣ кор кардан лозим аст: 1 Петрус 5:8, 9 ва Яъқуб 4:7, 8.

    Адабиёт дар забони тоҷикӣ (2000–2025)
    Баромадан
    Даромадан
    • тоҷикӣ
    • Фиристодан
    • Ҷӯркунӣ
    • Copyright © 2025 Watch Tower Bible and Tract Society of Pennsylvania
    • Шарти истифодабарӣ
    • Сиёсати ҳифзи асрор
    • Танзимоти ҳифзи асрор
    • JW.ORG
    • Даромадан
    Фиристодан